• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,359 hits
  • Flag Counter

ИШҚИ НАВИ ШАБНАМИ СУРАЙЁ

Шабнами Сурайё-- Shabnami Surayo

Шабнами Сурайё-- Shabnami Surayo

Шабнами Сурайё. Ин ном ба маънои томаш ниёз ба муаррифӣ надорад. Аммо хонандаи азиз, фикр мекунам, ки ту хеле зиёд ниёз дорӣ, ки бо дунёи ӯ ошноӣ дошта бошӣ ва лаҳзаяке дар сӯҳбати сарояндаи маҳбуби дилат бошӣ. Шабнам ҳамеша кӯшишу талоши зиёде мекунад, ки ҳунараш равнақ бигирад  ва ӯ бо навгоние назди мухлисони азизаш  барояд. ӯ орзу дорад филмеро ба навор гирад, ки  дар он ҳам коргардон, ҳам муаллиф ва ҳам қаҳрамони асосиаш Шабнам бошад. Чӣ орзуи аҷибе! Ва мо ҳаводоронаш орзуву итминон дорем, ки ӯ метавонад ба орзуяш бирасад.

Зеро хеле бонуи заҳматкашу ҳассос ва дар қавли хеш устувор аст. Иродаи мустаҳкам дорад. Аммо имрӯзҳо ӯ изҳор медорад, ки ишқи зебое, гуворое ӯро думболагир аст, ва китфони қавие омодаанд ӯро ба канор гиранд ва дастони навозишгаре сӯяш барои меҳрубониву  навозиш  дароз аст.

Зеро ҳар як бонуро новобаста аз касбу кор дар ҳамаи давраи зиндагиаш чунин нозбардоре,  пуштибоне, ҳимоятгаре, ошиқе ва ғамхоре зарур аст. Шабнам ҳам, новобаста аз он ки ҳунарманди нотакрорест, инсони хокӣ аст ва ниёз ба дастгириву меҳрубонӣ дорад.

— Санаи 31 декабри соли 2010 аз тақдими ангуштарини алмосии ӯ ва гулҳои садбарги сурх, ҳамчун рамзи изҳори муҳаббат, як сол сипарӣ гардид. Чун имсол барои ман соли хеле душвор буд, муносибат ва дастгирии маънавии дӯстдоштаам ба ман қувват бахшид, то ҳама мушкилотро паси сар кунам. Ман аслан худро дар назди ӯ хеле бароҳат ҳис мекунам.

Зеро ӯ маро бо ҳама буду набудам дӯст медорад. Аз ҳеҷ кас пӯшида нест, ки ошиқи санъаткор будан осон нест. Чун ман ҳаводорони бешуморе дорам, ки эҳсосоти худро бо ҳар тарзе зоҳир карданӣ мешаванд. Яке бо меҳр навозиш мекунад, дигаре бо муҳаббат.

Таҳаммул ин ҳама таваҷӯҳҳо ба азизи дили ман албатта душвор аст. Бо вуҷуди ин ӯ ҳамеша мекӯшад маро бифаҳмад ва нороҳат насозад. Аммо баръакс, рашки ман нисбати ӯ барояш азиятовар аст. Маҳз ҳамин гуна муносибати устувори ӯ маро барои дубора либоси арӯсӣ ба бар кардан умедвор кардааст.

Охир мисли ҳар як зан ман низ орзуи оилаи солим ва хушбахт доштанро дорам. Мисли аксари бонувон кӯшиш мекунам дар хона ҳама чизро барои дӯстдоштаам бо меҳр омода кунам. Чи як қаҳваи оддӣ бошад ва  ё хӯроки шоми хоса. Бароям эҳсосоти гуворо миёни мо хеле гиромӣ ва азиз аст.

— Шабнамбону, аз эҳсосоти ниҳонии қалбат огоҳ кардӣ, аммо кист он марди соҳиби қалби зебо?

— Бубахшед, ки ин ҷо аллакай марзи дахолатнопазири ҳаёти ман аст. Ба худ қарор додам, ки ҳоло дар ин бора батафсил гап назанам. Чун дар бораи ман ва наздиконам ҳамеша овозаҳое паҳн мегарданд, ки баъзан нороҳаткунандаанд.

— Воқеан, мардум ба ту чӣ «хусумат» доранд, ки ҳамеша дар бораат овозаҳои гуногун паҳн менамоянд?

— Аслан рӯзе дар бораи худ ягон овозае нашунавам, нороҳат мешавам (механдад). Зеро мавриди овоза қарор гирифтан – маънии ҷолиб буданро дорад. Агар овозае нашунавам, ки мухлисон фаромӯшам кардаанд. Охир дар бораи ҳар нафари тасодуфӣ овоза паҳн намешавад-ку.

Рости гап, баъзан мухлисон аз ҳад мегузаронанд. Ҳатто овоза ҳам шудааст, ки гӯё бо озод шудани хоҳарам Фарзона тарки Тоҷикистон мекарда бошам, ки албатта  аз ҳақиқат дур аст. Ҳеҷ гоҳ ин фикри ботилро дар сар надоштаам. Зеро ҳар ҷое, ки рафтаам, маро чун Шабнами Тоҷикистон истиқбол кардаанд. Ман маҳз дар Ватан рушду нумӯ кардам. Агарчи пешниҳодҳои он, ки дар дигар ҷо зиндагӣ ва фаъолият намоям, зиёданд…

Махсусан аз ҷониби ҳамкасбони мо дар тамоми ҷаҳон, аз қабили продюсерҳои муқими Амрико ва Аврупо. Аммо ман муваффақият ва пешрафти худро танҳо дар Ватан тасаввур мекунам, агарчи инҷо мушкилот кам нест. Шарту шароити зарури эҷодӣ муҳайё нест.

— Дарвоқеъ, вақтҳои охир чунин ба назар мерасад, ки ҳарчанд инҷо зиндагӣ дорӣ, вале фаъолияти эҷодият аслан дар Аврупо сурат мегирад…

— Бале, воқеият ҳаминро мехоҳад. Зеро ба фаъолияти эҷодии ман талабот дар сатҳи меъёрҳои мусиқии аврупоист ва ман бояд ба он ҷавобгӯ бошам. Аз ин рӯ лозим меояд, ки дар Ватан зиндагӣ намуда, дар Аврупо фаъолияти эҷодӣ намоям. Ин ҷост, ки аз тарроҳ то ба бастакорони ман ҳамагӣ ҳунармандони хориҷиянд. Аммо дар оянда мехоҳам барои рушди санъати мусиқии тоҷик дар Ватан як студияи муосири сабти овоз таъсис намоям, ки барои овозхонҳои ҷавон шароит фароҳам ояд.

— Таманнои Шабнам ба кулли мардуми кишвар?

— Ман ба ҳаводорони санъати худ ва кулли мардумони Тоҷикистон бахт, саломатӣ  ва иқболро таманно дорам ва гуфтаниам, ки хеле зиёд дӯсташон медорам.

Маҷаллаи «Элита» тарҷумаи “Дилкушо”

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст.

 

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s