• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,359 hits
  • Flag Counter

Гулру Табарова: ДАР ДИЛИ МАН ИШҚИ НАВ АСТ

Гулру Табарова - Gulru Tabarova

Гулру Табарова - Gulru Tabarova

Ин духтараки нозанини малеҳпайкарро Худованд ба ҷуз ҳусни расо инчунин овози фораму рӯҳнавоз ато намудааст. Гулрӯ дар муддати начандон тӯлонии рӯйи саҳна будан тавонист, ки бо садои махмалину  чеҳраи ҷаззобаш дар дили мухлисони бешумор ҷой гирифта маҳбуби дилашон гардад. Бо вуҷуди хеле маъруф буданаш духтари нармдилу хоксоре ҳаст. Моро насиб гардид, ки дар рӯзҳои аввали баҳори нозанин бо ин бонуи нозанини ҳунарманд ҳамсӯҳбат гардида аз розу ниёзҳояш огоҳ гардем.

— Шояд Шумо ҳис карда бошед, ки одамон хамеша ба ҳаёти шахсии чеҳраҳои шинохта таваҷҷӯҳи зиёд доранд. Мехостам дар бораи ҳаёти шахсиатон чанд сухан бигӯед?


— Соли 1989 ба дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омада, дар Душанбе ба воя расидам. Оиладор нестам ҳоло. Донишҷӯи факултаи коргардонии Донишкадаи ҳунарҳои зебо ҳастам. Мо дар оила чор фарзандем. Ману хоҳаракам Зайнабҷон ва додаракони ширинам Ҳабибҷону Нуралиҷон. Инчунин модари ба ҷону дил баробар дорам, ки бароям на танҳо модар ва инсони ба дил наздик, балки дӯсти наздиктарин, дастгиру сарпараст ва роҳнишондеҳи беминнатам дар ҷодаи ҳунар ҳам ҳастанд. Он кас ҳам соҳиби овози фораманд. Аммо ҳамаи орзуҳои ниҳонии дили хешро дар симои ман амалӣ дидан мехоҳанд.


— Зангҳои бешумори  «фанат»-ҳо  ба рӯҳияи шумо чӣ гуна таъсире мерасонанд?


— Зангҳои онҳо мисли худашон бароям азизанд. Аз он табъам болидаву қалбам лабрези фараҳ мегардад.


— Баҳорро фасли ишқ мегӯянд…


— Ман ишорати шуморо фаҳмидам. Ин фасли нозанини сол дар дили ман ҳам  ишқи зебоеро офаридааст. Ва он муҳаббат бароям азизу муқаддас аст.


— Бонуи эҷодкор, умуман аҳли ҳунар будан чӣ дарде дораду чӣ роҳате?


— Рости гап, агар роҳат надорад гӯям, хато нахоҳад буд. Зеро заҳматаш бештар аз роҳат аст. Аммо вақте меҳри ин касб дар дили кас маскан бигирад, ҳамаи он душвориву ранҷҳо дар назар наменамояд.


— Агар зиндагӣ ба қафо мерафт, шумо кадом пешаро интихоб мекардед?


Ҳам сарояндаву ҳам табиб мешудам.


— Эҷодкорон инсонҳои ҳассосанд, дили шумо аз кадом рӯйдоди нохуш фиғон мекашад?


— Вақте инсони нотавону оҷизеро ё худ тифлакони ятими бекасро бубинам ва ҳатто ба ҳайвоноти бемору ранҷур чашмам афтад, дилам об мешавад ва то имкон дорам, дасти мадад сӯяшон дароз мекунам.


— Барои бартараф кардани рӯҳафтодагӣ ва хастагиҳо рӯй ба чӣ меоред?


— Бештар мусиқӣ гӯш мекунам ва мошин меронаму дар паси чанбараки рул андешаҳои бекарона, хотироти неку ширин мисли лентаи кино аз лавҳи хотир гузашта асабҳоямро ва тамоми хастагиҳои рӯҳамро бартараф месозанд.


— Суруде доред, ки танҳо барои худ эҷод кардаеду намехоҳед, ки онро каси дигар шунавад?


— На, ҳоло чунин суруд эҷод нашудааст. Мо, ҳунармандон, аслан барои мардум, барои болидаву пурсурур гардонидани хотири онҳо талошу кӯшиш мекунем на барои худ.


— Дар хона кӯмакрасоне (хизматгор) доред?


— Кӯмакрасон надорем, аммо хоҳараки ширинам аллакай тамоми корҳои рӯзгорро бе мушкилӣ ба сомон расонида, маро аз ҳамаи ташвишҳои хона озод кардааст. То бузург шудани ӯ тамоми корҳо ба зиммаи ман буд.


— Чӣ гуна хислатро дар инсонҳо меписандед?


— Бекинаву покизаву як дилу якрӯй буданро.


— Аз зиндагӣ барои худ чӣ панде бардоштаед?


— Донистам, ки мардум ҳамеша аз каси ғайбатчиву суханчин парҳез намуда, инсонҳои дар роҳаш росту худотарс ва поктинатро мепарастанд ва бо некӣ ёд мекардаанд.


— Беҳтарин коре, ки анҷом додаед?


— Ба фикрам, барои ин кор ҳоло фурсати зиёде дар ихтиёр дорам. Ҳамеша мекӯшам танҳо кори неку савоберо анҷом диҳам.


— Мегӯянд, ки ба хонаи кӯдакон низ кӯмак мерасонед?


— Албатта он хайру саховатеро, ки шумо дар назар доред, ман танҳо ба хотири хайрхоҳиву савоб кардаам, на баҳри худнамоӣ. Фикр мекунам, ин вазифаи муқаддаси ҳар фарди мусулмон аст ва ҳамеша кӯшиш мекунам, ки чун имкони муносиб даст диҳад, бештар дасти эҳсон сӯйи ниёзмандон дароз хоҳам кард.



— Дар рӯзи  иди бонувон чӣ тӯҳфае шуморо насиб гашт?


Як нафар мухлиси ашаддиам гӯшвору ангуштарини тиллоӣ тӯҳфа намуд ва боз чандин тӯҳфаҳои дигар.


— Ман тӯҳфаи онеро дар назар дорам, ки  маҳбуби дил номаш мебаред.


ӯ бароям дар ин рӯз як «сюрприз» кард, аммо бигзор он мисли сюрприз муаммо бимонад.


— Имрӯз шуморо чӣ орзуву ниятҳо дар дил аст?


— Мехоҳам дар ҷодаи коргардонӣ муваффақ гардида, филмҳои хубу ҷолибу диданӣ, ки мисли имрӯза филмҳои туркӣ дар сатҳи олӣ бошанду талабгорони беш дошта бошанд, таҳия созам.


— Таманниёти шумо ҳамчун бону ба хонандагони доимии ҳафтаномаи мо.


— Хонандагони азизи ҳафтаномаи писандидаи мардум  «Дилкушо» ва кулли мардуми кишвари биҳиштосоям! Таманнои ман ҳамеша дидани хонаободиву пирӯзии шумост. Бигзор дар бозорҳои Тоҷикистон нархҳо арзон гарданду дастурхони шумо пур аз нозу неъмати фаровон!


Мо ҳам дасти дуо дорем, ки ниятҳои аз сидқи дил кардаатон амалӣ гарданд ва ҳунаратон ба авҷи аъло бирасад.

«ДИЛКУШО»

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст.

комментария 2

  1. Salam Gulru jan name khoda shoma cheqadar maqbol asted. Wa hamchinan ahanhay tan. Muafaq bashed.

  2. гулручон

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s