• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,309 hits
  • Flag Counter

МУНТАЗИРИ РУЗИ ОЗОДИИ ФАРЗОНА ҲАСТЕМ

Фарзонаи Хуршед - Farzonai Khurshed

Фарзонаи Хуршед - Farzonai Khurshed

Чандест, ки дар мусофират қарор дорам. Яъне мисли аксари ҷавонҳои тоҷик муҳоҷират намудаву дар Руссия  машғули кор ҳастам. Як нафар мухлиси ашаддии Фарзонаи Хуршед ҳастам. Садои маҳину гӯшнавозашро  мепарастам. Аз он ки ӯ дар маҳбас қарор дораду дигар таронаи наве эҷод намесозад, беҳад андӯҳгинам. Ману рафиқонам сабтҳои пешинаи ӯро бо ташнагиҳои зиёд гӯш мекунему мунтазири фаро расидани рӯзе мебошем, ки ин бонуи нозанини соҳиби овози ширин боз дар озодӣ бошаду моро бо таронаҳои тозатарини хеш сарфароз гардонад.


Охир мо натанҳо  як худи Фарзона, инчунин ҳунари нотакрорашро зиндонӣ кардаем афсӯс…


Бо ихлос ва муҳаббати бепоён нисбати Фарзонаи Хуршед – Хайёми Сӯҳроб, аз шаҳри Сургут

МО ДИЛХУНЕМ, АПАИ СУРАЙЁ ДИЛХУНТАР АЗ МО

Вақте ин сатрҳоро менависам, дили пурхун дорам. Зеро айни замон фасли баҳори нозанин дар кишвари мо доман паҳн кардааст. Аммо сарояндаи маҳбуби дилҳо, Фарзонаи Хуршед, ки худ зодаи ин фасли  баҳори гулфишон аст, ин лаҳзаҳо дар озодӣ нест ва наметавонад аз накҳати атрогини нозанинбаҳор машоми хешро муаттар созад.

Номи  ин духтари баҳорӣ   дар байни мардум, хоса байни ҷавонон машҳуру наздику  қарин аст. Мо мухлисон, ки ӯро аз наздик намешиносем ва танҳо ошиқи ҳунараш ҳастем, имрӯзҳо  аз дурии ӯ дили пурхуну ҷигари садпора дорем. Наметавонем  бо он муросо кунем, ки ҳунарманди нозуктабъу хушсалиқа ( муаррифгари санъати эстрадаи тоҷик дар давлатҳои Аврупо!) зиндонӣ асту наметавонад бо садои нафису нарми худ қалбу рӯҳи моро навозиш кунад.

Охир ӯ бо садои дилнишинаш ба дарди ҳазорҳо нафар ҳаводорони асилаш, ошиқони аз ишқ нокомгашта, модарони дилреш, маҳбубаҳои дар нимароҳмонда малҳам мебахшад. Шояд дар давлатҳои дигар бо ҳунарманди асиле чунин рафтор намекарданд?  Охир ӯ тамоман ҷавон аст ва кӣ дар ҷавонӣ саҳв накардааст?   Аммо тасаввур карда наметавонем, ки модари ӯ– апаи Сурайё дар ин рӯзҳо , ки худ бемор ҳастанд, дарди фироқро чӣ гуна таҳаммул карда истода бошанд.

Мадина Кароматова , сокини пойтахт

МОДАР ҲАСТАМУ ДАРДИ МОДАРРО ХУБ ЭҲСОС МЕКУНАМ

Ман яке аз ихлосмандони оилаи Сурайё Қосимова мебошам. Зеро ҳам Шабнам ва ҳам Фарзона тавонистанд бо сурудҳои ҷаззобу форами худ дар дилҳои мо ҷой гиранд. Фаҳмидам, ки бонуи ҳунарманд Сурайё Қосимова бо иллат ёфтани пояшон бистарӣ ҳастанду наметавонанд бо мо мухлисонашон рӯ ба рӯ бошанд.

Худам, ки модар ҳастам ва бо тақозои рӯзгор дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дораму дур аз ҷигарбандонам ҳастам ва  дарди он касро хеле зиёд  ҳис мекунам. Вақте модар бемор мешавад, ҷудоӣ аз фарзанди ҷигарбанд мисли теғи алмос ҷонсӯз мешавад. Ман аз рӯзе, ки хабари ноомади ба сари апаи Сурайё омадаро шунидаам, дилам абгор асту ашк мерезам ва тасаввур карда наметавонам ҳолати рӯҳии он касро.

Хеле мушкил аст, ҳангоми беморӣ бештар эҳсос мешавад дарди фироқи фарзанд. Зеро одам дар ғарибӣ бештар дилаш об мешудаасту дарди дигаронро низ эҳсос мекардааст. Ман барои апаи Сурайё шифои комилро ва ҳарчи зудтар расидан ба дидори Фарзонаи азизашонро аз даргоҳи Парвардигор дар талабам. Худоё, ҳеҷ як модарро аз ҷигарбандаш ҷудо масоз! Ба умеди Наврӯзҳои ояндаи пурсаодат дар Ватан ҳастем мо муҳоҷирони дур аз Ватан.

Муаттара Хӯҷаева, аз шаҳри Москва

ПОСУХ БА НОМАҲОИ МУХЛИСОН

Фарзонаи Хуршед дар ҷодаи санъат модари ҳунарманди хеш Сурайё Қосимова ва хоҳараш Шабнамро пайравӣ намуда, ба мақсади хеш расидааст. Суруди нахустини хешро Фарзона бо номи «Модар» ҳангоми тамоман хурдакак буданаш дар консерти «Аз Сурайё то Сурайё» пинҳонӣ аз модар омода намуда, мисли тӯҳфаи ногаҳонӣ сароида буд.

Бонуи ҳунар Сурайё ин сурудро шунида аз шодӣ ашк рехта буд. Ҳаводорону дилбохтагони ҳунараш баъди консертҳо мисли занбӯри асале, ки шираи гулҳоро мехоҳанд аз худ кунанд, ӯро иҳота намуда соядаст мегирифтанд. Сафи ошиқони ҳунари Фарзона на танҳо дар як худи Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ, ҳатто берун аз он ҳатто дар давлатҳои Ғарб  низ зиёд гаштаву ҳаводорони хешро мафтуни худ гардонида буд,  ки ин боиси ифтихори мо мардуми тоҷик аст. Фарзона ошиқи фасли баҳор аст. Боре дар як сӯҳбати худ бо мо иброз намуда буд, ки: «Ман худ ошиқи ин фасли нозанин ҳастам. Зеро дар ин фасли зебо чашм ба олами ҳастӣ боз намудаам».

Мактубҳои бешумори мухлисони Фарзонаро варақ зада дар арафаи Рӯзи Модар ба модари Фарзона – бонуи ҳунар Сурайё Қосимова, ки айни замон бемор ҳастанд, занг зада аз саломатиашон пурсон шудем ва ҳамчунин номаҳои пурмуҳаббати мухлисонро, ки ҳамарӯза ба унвони ҳафтаномаи мо ирсол медоранд, гӯшрас намуда чунин посух гирифтем:

– Мухлисони азизу қадрдон! Ман аз таваҷҷӯҳу эҳтироми шумо беҳад сарбаландаму миннатдор. Барои қадршиносиатон ва дар ин рӯзи ҷашни зебои баҳорӣ табрик намуданатон сипосгузорам. Ман ҳам орзу дорам, ки дар хонадони ҳар яки шумо ҳамеша саодату сурур бошад ва зиндагии шумо ҳамеша Наврӯз бошаду дастурхонатон ҳамеша пурфайзу бобаракат. Номаҳои  пур аз меҳру садоқати  шумо водор месозад, ки зудтар шифо ёбаму ба дидори мубораки шумо бирасам. Бо дуову меҳру ихлоси шумо саломатиам беҳтар гаштааст.

Ҳамин умеду қадршиносиҳои шумо маро бештар аз хастагиҳо, дилмондагиҳо, озурдагиҳо дур медорад ва ман бештар ба хубӣ меандешам ва мушкилиҳоро камтар пеши рӯй меорам. Мушкилӣ ва навмедиҳо  ҳамеша пайгири инсон аст. Ҳамеша кӯшиш мекунам, ки дар бораи хубиҳои зиндагӣ андеша созам ва додаву надодаи Парвардигор шукргузорӣ мекунам. Зеро дар паҳлӯи рӯшноӣ ҳамеша торикӣ ҳаст. Мегӯянд-ку «ҳарҷо, ки ҳабибест дар паҳлӯш рақибест».

Агар мо ҳамеша дар бораи торикӣ ва мушкилиҳо андешем, зебогиҳои зиндагиро дарк карда наметавонем. Ман ба худам, фарзандонам, хешу пайвандонам ва дӯстонам ҳамеша талқин менамоям, ки матинирода бошанд ва иродаи устувор худаш мушкилиҳоро маҳв месозад. Дардро метавон бо дарки ҳақиқати зиндагӣ аз байн бурд. Инсон метавонад бо иродаи матини хеш зиндагии худро зебову ороста бигардонад ва аз зиндагӣ хаста ва дилгир нашаванд. Зеро зиндагӣ ба инсон як навбат эҳдо мешавад. Бояд шоиста зист. Қуръон низ талқин менамояд, ки  инсон бояд  аз ҳама зиштиҳои зиндагӣ озоду покиза бошад. Албатта, ман модар ҳастам ва таҳаммул кардани дурӣ аз ҷигарбандам дар ин рӯзҳое, ки ранҷур ҳастам, осон нест.

Дарди маро касе метавонад эҳсос намояд, ки  аққалан як рӯзаке аз фарзанди азизаш дур афтода бошад ва дарди фироқро чашида бошад.  Аммо бо вуҷуди ҳамаи ин ман умед аз Кирдигор дорам, ки он рӯзе ҳатман фаро хоҳад расид, ки мо ҳамаи аҳли оила сари дастурхони хонадон нишаста хурсандӣ хоҳем кард ва якҷоя барои мухлисони ҳақиқии хеш таронаҳои тоза ба тоза пешкаш месозем. Иди Наврӯзи гетиафрӯзро ба ҳамаи ҳаводорони хеш ва кулли мардуми азизи кишварам самимона муборакбод мегӯям. Бигзор ҳама рӯзашон Наврӯз бошаду дилҳошон пирӯз!

«ДИЛКУШО»

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст.

Один ответ

  1. Ман яке аз ихлосмандони оилаи Сурайё Қосимова мебошам. Зеро ҳам Шабнам ва ҳам Фарзона натавонистанд бо сурудҳои ҷаззобу форами худ дар дилҳои мо ҷой гиранд. Ин «ситорахо»-и сохта хам обуруи апаи Сураё-ситораи санъати точикро ва хам обуруи миллати точикро дар арсаи байналхалки резониданд.Синахои урёну ронхои урёни онхо онхоро аз телевизиону радио дур сохтанд. Охир магар апаи Сурайё боре хам рони пояшро ба мухлисонаш нишон дода буд?

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s