• Статистика

  • Blog Stats

    • 523,781 hits
  • Flag Counter

Фирӯза Ҳафизова: «ТУҲФАИ БЕҲТАРИН — САДОҚАТИ МУХЛИСОН»

Фируза Хафизова  Firuza Hafizova

Фируза Хафизова Firuza Hafizova

Номи Фирӯза Ҳафизова ниёз ба муаррифӣ надорад. Аммо ман фикр мекунам, ки ману ту, хонандаи азиз, ниёз ба он дорем, ки аз розу ниёзи ин бонуи нозанину наҳифпайкари ҷодаи ҳунар огоҳӣ дошта бошем. Ўро Худованд ба ҷуз ҳусни беназир инчунин ҳунари нотакрор  ато намудааст. Фирӯза бо ин ҳусни оламгиру садои дилпазир гӯё маҳз барои саҳна офарида шудааст. Дар саҳна хиромидану нозу адои ба худаш зебандааш ҳаводоронашро мафтуни худ намудаву маҳбуби дилҳошон гаштааст.

Овозаи ҳунари ӯ то дуриҳои дур расида мухлисонашро рӯз аз рӯз бештар мегардонад. Ин бонуи ҳунарманд дар арафаи ҷашни Наврӯзи гетиафрӯз дар қатори як зумра ҳунармандон дар Фестивали дуюми байналмилалии «Дӯстии халқҳо», ки дар варзишгоҳи Лужникии Маскав рӯзҳои 19-20 марти соли равон  баргузор гардид, иштирок намуда хотири ҳаводорони хешро бо садои форамаш шодоб гардонид.

Пеш аз ин сафар тасмим гирифтем бо ин бонуи нозанини малеҳпайкар дар тамос гардида ба саволҳои мухлисони ҳунараш посух бигирем.

– Фирӯзабону, дар ин ҷашнвораи бузурги байналхалқӣ– Наврӯзи оламафрӯз, ки дар пойтахти Федератсияи Русия баргузор мегардад, аз Тоҷикистон танҳо шумо даъватӣ ҳастед?

– Дар он аз Тоҷикистон ҳамроҳи ман Шабнами Сурайё, Валиҷон Азизов ва гурӯҳи «Шамс» низ ҳунарнамоӣ карданд. Истиқболи гарми мухлисони азиз, дар кадом гӯшаи дунё, ки бошед, ба кас фараҳу шодӣ мебахшад ва боиси ифтихорамон аст.

–Беҳтарин тӯҳфае, ки шумо ҳамеша интизораш ҳастед?

— Ба тӯҳфа аслан ниёз надорам. Чеҳраи кушодаву  шукуфони ёру дӯстон ва мухлисони асилам бароям беҳтарин тӯҳфа аст.

– Бо шумо зистан осон аст?

– Чаро осон набошад? Ман ҳам мисли ҳамаи бонувон кӯшиш мекунам, ки модари меҳрубон бошам ва дар оилаам як рӯҳияи солиму оромӣ ҳукмфармо бошад. Зани пурсабру тоқат ҳастам.

— Шумо модари сахтгиред?

— Не, сахтгир нестам. Ба ҳарфи дили фарзанди ягонаам – Шаҳнозаҷони азизам гӯш медиҳам. ӯ низ меҳрубонии маро дида, нисбатам эҳтироми махсусро ба ҷо меорад.

— Аз чӣ парҳез мекунед?

— Аз  хиёнату дурӯғ парҳез дорам.

— Моро баъзе аз мардон ҳамеша муштипару оҷиз мегӯянд. Шумо ба ин ақида розӣ шуда метавонед?

— Ман фикр мекунам, ки мо муштипару оҷиз нестем. Мо ҳам мисли онҳо ҷон меканему заҳмат мекашем ва худрову зиндагиро таъмин месозем. Имрӯзҳо аксари бонувон бори гарони зиндагиро бар дӯш доранд. Онҳо чӣ гуна оҷизанду муштипар?

Бо вуҷуди ҳамаи ин барои ҳар як бону нозбардоре ва дастони қавию ҳимоятгари марде зарур аст. Бе мард будан, албатта, осон нест. Мардҳо низ бе навозиши дастони нозуки бонувон будан наметавонанд. Ҳардуро Худованд барои якдигар офаридааст. Аммо ман шукрона аз он мекунам, ки дӯстону бародарони меҳрубон дорам ва онҳо маро ҳамеша дастгиру мададгоранд ва намегузоранд, ки худро танҳову оҷизу муштипар ҳис намоям.

– Зиндагии шумо аз дигарон бо чӣ фарқ мекунад?

– Агар фарқ намекунад гӯям, хато нахоҳад буд. Ман ҳам мисли ҳамаи инсонҳо аз субҳи содиқ то анҷоми он дар пайи кору бору ташвиши рӯзгор ҳастам. Танҳо ҳунармандон заҳмати бештар доранд ва ҳамеша рӯзашон барои дарёфти савти наве, ки дили мардумро ба шӯр оварад ва табъашро болида гардонад,  бештар талош мекунанду ранҷ мекашанд.

– Мардум чунин ақида доранд, ки шумо ба тиҷорат низ машғул ҳастед?

– Аммо чунин нест. Ба ҷуз дар тӯю маъракаҳои мардум хизмат намудан дигар ба ҳеҷ гуна тиҷорат машғул нестам. Обод бошанд мардуми азизи мо, ки моро дастгириву қадрдонӣ мекунанд.

Хотирмонтарин Наврӯзи зиндагии шумо кадом аст?

– Наврӯзҳои зиёде буданд хеле хотирмону фаромӯшношуданӣ. Зеро Наврӯз низ дар айёми зебои баҳор, ки фасли ишқ аст, ҷашн гирифта мешавад. Ин фасл бевосита дар дили кас ишқро тавлид  мекунад ва баъди сардиҳои фасли сармо дасту дили инсонро ба зиндагӣ гармтар месозад. Аммо фикр мекунам, ки ин Наврӯз, ки аз ин сол сар карда Иди Умумиҷаҳонӣ эълон карда шуд, бароям хотирмонтарин Наврӯз аст.

– Таманниёти наврӯзии шумо ба мухлисонатон?

– Бигзор мухлисони азизи ман ва тамоми мардумони дунё орому осудаву тансиҳату обод бошанд ва ҳеҷ гоҳе рӯи каму ғамро набинанд. Дастурхонашон ҳамеша пур аз нозу неъмат, рӯзгорашон обод  ва дар хонадонашон фаровониву файзу баракат бошад. Агар хотири инсон осуда бошад, он замон дар дилаш шодиву ҷашнҳо мерасанд. Ниёзманди онам, ки дар  хонадони тамоми мардуми азизам ҳамеша ид болои ид бошад.

– Шумо низ ба орзуҳои некатон бирасед. Худованд мададгор бошад ва  мисли имрӯза ҳамеша маҳбубу писандидаи  дилҳоямон монед.

– Саломат бошед!

«ДИЛКУШО»

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: