• Статистика

  • Blog Stats

    • 523,781 hits
  • Flag Counter

БА САИДА КИ ХИЁНАТ КАРДААСТ?

Саидаи Сирочиддин-  Saidai Sirojiddin 1

Саидаи Сирочиддин- Saidai Sirojiddin 1

Кӣ ба Саида бевафоӣ карда бошад? Кӣ аз ин бонуи хушчақчақ, зиндадил, хандонрӯ ва шӯх норизогӣ карда бошад? Он ҷавони ношукр кӣ бошад, ки аз чунин  духтар норозӣ буда, бевафоӣ кардааст? Чаро оташи ишқашро дар қалби Саида фурӯзон кардаю оқибат дарду доғ, алам ва интизориро раво дидааст? Беҳтараш аз Саидаи Сироҷиддин пурсем, шояд ҳақиқатро аз забони ӯ шунавем…

— Саидабону, кӣ ба шумо бевафоӣ кардааст?

— Нафаҳмидам, чӣ хел бевафоӣ?

— Ҳамон гуна бевафоие, ки дар сурудатон васф кардаед?

— Суруди «Бевафо»- ро дар назар доред?

— Бале, онҷо бо дард аз бевафоии ёр шикоят мекунед, аз оне, ки шуморо тарк гуфтааст, аз оне, ки аз шумо норозӣ рафтааст…

Ин суруд тамоман ба ман тааллуқ надорад.

— Пас чаро онро сурудед?

— Ман ҳунармандам ва кадом шеъре, ки писандам омад, ба оҳанг дароварда мехонам, ин маънои онро надорад, ки аз касе бевафоӣ дидааму онро махсус барои худ сароидаам.

— Аммо мегӯянд, ки инсон то ошиқ нашуда бошад, ишқро васф карда наметавонад ва ё аз нафаре бевафоӣ надида бошад, наметавонад аз бевафоӣ ҳарф занад…

— Дуруст, вале ҳунарманд агар ошиқ нашудаю бевафоӣ надида бошад ҳам, метавонад дар сурудҳояш аз бевафоӣ шикоят кунад, дар васфи ишқу муҳаббат суруд сарояд, ҳатто бо дард, бо алам, бо тамоми ҳастӣ…

— Агар ҳамон дардро надида эҳсос накарда бошӣ, пас чӣ тавр метавон ҳатто ҳангоми сурудан дард кашид?

— Санъаткор вақте суруди ҳузнангез мехонад, ба матну оҳанги он дода мешавад, мисли як қаҳрамон ба образ даромада, метавонад худро ғамгин нишон диҳад, чун шахси хиёнату бевафоидида дард кашад. Бубинед, вақте ман сурудҳои шӯх мехонам, бо тамоми ҳастӣ, аз самими қалб мерақсаму ханда мекунам, вале чун суруди дардолуд мехонам, наметавонам бирақсам, ханда кунам ва чеҳраамро хушҳолу кушода нишон диҳам.

— Суруди шӯху рақсу ханда гуфтед, таронаи «Гулбоғ»-атон ба хотирам омад, ҳамон таронае, ки шуморо ба мардум муаррифӣ намуд. Фикр мекунам, ки дар баробари суруди шӯху оҳанги форами ана ҳамин тарона, ҳамзамон шуморо ҳамон рақсиданҳо машҳур намуданд. Бигӯед, ки чӣ гуна тавлид меёбанд ҳамон рақсҳою калаҷунбониҳо ва қошпаронию ишораҳои гуногунатон?

— Вақте суруди шӯх мехонам, гӯё як қуввае маро ба рақсидан водор месозад, мехоҳам бо тамоми ҳастӣ бирақсам, ишора кунам, аҷибаш ин аст, ки ҳамин рақсҳо танҳо дар саҳна пайдо мешаванд. Вақте дар ягон барнома ё чорабиние сурудамро мехонаму ба хона бармегардам, он рақсҳое, ки дар саҳна вуҷудамро ором намегузоштанд, маро тарк мекунанд, нест мешаванд. Ҳарчанд ҳаракат мекунам, ки дар хона ҳангоми машқи овоз кардан бирақсам, вале наметавонам.

— Яъне дар саҳна бе омодагии пешакӣ мерақсед, ҳамин тавр?

— Бале.

— Чаро бештар сурудҳои шӯх мехонед?

— Суруди шӯх тез ба дили мардум роҳ ёфта, шунавандаи худро пайдо мекунад, баъдан худ, ки ҷавон ҳастам, фикр мекунам, қисми зиёди шунавандагонам ҷавононанд.

— Либосҳои аҷоиб низ мепӯшед, кӣ интихоб мекунад онҳоро?

— Худам нақша  мекашаму ба дӯзандаам пешниҳод мекунам ва ӯ мувофиқи хоҳишам медӯзад.

— Ба фикрам нархи дӯхти куртаҳоятон қиммат аст…

— Хайр худатон медонед-ку, ҳоло дӯхтани як куртаи оддӣ аз 30 сомонӣ болост…

— Саидабону, биёед каме дар бораи консертатон сӯҳбат кунем…

— Марҳамат.

— Тавре худи санъаткорон мегӯянд, барои омода намудани як суруд камаш 500 – 600$ сарф мекунанд. Ба таври маълум як барнома камаш 13 – 14 сурудро дар бар мегирад, оё баргузор кардани  барномаи консертӣ дар ин солу замон душвор нест?

— Албатта душвор аст, вале ба хотири мухлисонам ба душвориҳои зиндагӣ нигоҳ накарда, ба хулосае омадам, ки барномаи консертии алоҳидаи худро пешкаш гардонам. Худованд меҳрубон аст, иншооллоҳ кӯмак мекунад. Боварӣ дорам, ки ҳаводоронам маро дастгирӣ мекунанд.

— Шояд баргузор намудани барномаи мазкур низ пешниҳоди мухлисонатон бошад?

— Ростӣ, чанд нафар аз ҳаводоронам чандин маротиба ҳангоми сӯҳбатҳои телефонӣ савол доданд, ки чаро барномаи ҳунарӣ пешкаш намегардонам? Албатта, ҳар як ҳунарманд мехоҳад, ки тез – тез дар толорҳои консертӣ баромад кунад ва ё барномаи консертии алоҳидаи худро пешкаш созад, вале ку шароит? Имрӯз, ки вақт ва шароит бароям имкон додааст, бо ҷону дил хоҳиши мухлисони дӯстдоштаниамро иҷро мекунам.

— Барои барпо намудани барномаи мазкур кӣ шуморо дастгирӣ мекунад?

— Худованд.

— Тавре дар баннератон  навишта шудааст, дар барномаатон ду сарояндаи махфӣ низ ҷой доштааст, кӣ бошанд ин ду сароянда?

— Бигзор инро мухлисонам рӯзи консерт фаҳманд. Ғайр аз ин беҳтарин сурудҳо, навигариҳо, ҳаҷву ханда ва «сюрприз» — е ҳаводоронамро интизор аст. Иншооллоҳ онҳо аз барнома хушҳол бармегарданд.

— Чаро маҳз рӯзи 10 – уми апрелро барои консертатон интихоб кардаед?

— Чунки рӯзи зодрӯзам аст, мехоҳам ин рӯзи хурсандиамро бо мухлисонам пешвоз ва ҷашн гирам.

— Аз чӣ ғамгин мешавед ва чӣ ё кӣ метавонад шуморо аз ҳолати рӯҳафтодагӣ раҳо созад?

— Вақте мебинам, ки як зан дар кӯча рӯи замини сард нишаста, ниёз ба кӯмак дорад, ғамгин мешавам. Аз ҳолати ғамгинӣ бошад, танҳо суруду мусиқӣ метавонад маро раҳо созад.

— Таманниёти Саида ба мухлисону хонандагони маҷаллаи  «Дилкушо»?

— Пеш аз ҳама ба тамоми аҳли эҷоди ин маҷаллаи хонданибоб арзи сипос мегӯям ва ба хонандагонаш бошад, гуфтаниам, ки ҳамеша сурудҳои маро гӯш карда, «Дилкушо» хонанд. Ҳамаи шуморо рӯзи 10 – уми апрел, соати 16:00 дар Кохи Борбад интизорам.

— Ташаккур.

Дилкушо

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s