• Статистика

  • Blog Stats

    • 523,781 hits
  • Flag Counter

ПРИТИ ЗИНТА: «ИШҚ ВОЛОТАР АЗ ҲАМА ЭҲСОСОТ АСТ»

Прити Зинта-Preity Zinta

Прити Зинта-Preity Zinta

Прити Зинта (исми  пуррааш Притам Сингх)  31 январи соли 1975 дар оилаи афсари ҳарбӣ  ба дунё омадааст. ӯ зодаи шаҳри Шимлеи Ҳиндустон аст. Вақте бо ҳаёти шахсии ҳунармандони шинохта ошно мегардӣ, дарк мекунӣ, ки ситораи синамо гаштан орзуи деринаи ҳар яки онҳост. Вале Прити аз хурдӣ дар дил орзуи психолог шуданро мепарварид ва мехост, ки бо ҳолати рӯҳии инсонҳо ошно бошад. Ҳатто бо тахассуси психолог-криминалист донишгоҳи Мумбайро хатм намуд. Вале тақдир ӯро ба олами синамо овард.

ӯ ҳатто тасаввур намекард, ки чунин шӯҳрати бемисл насибаш мегардад.  Прити ду бародар дорад. Яке аз онҳо мисли падараш ҳарбӣ аст. Бародари хурдиаш дар Лос-Анҷелос зиндагиро ихтиёр намудааст.  Боре дар Деҳлӣ Прити дар рекламаи як ширкати истеҳсоли шоколад иштирок намуд  ва бо ин тақдири минбаъдаи ӯ дар ҷодаи синамо ҳал гардид. Нахустин филмҳое, ки дар он Прити нақш офарида сазовори ҷоиза гаштааст, ин  «Дилси» ва «Ҷанговар» мебошад.

               ҲАЁТ ВА ФАЪОЛИЯТ

     Ин зебосанам ҳанӯз дар айёми наврасӣ аз зарбаи ногаҳонии тақдир навмеду дилсард гардида буд. Яъне дар синни 13-солагӣ аз падар ятим монда буд. Падараш Дургананд Зинта афсари ҳарбӣ буд ва дар садамаи автомобилӣ  ба ҳалокат расид. Вале тақдир нисбати Прити боз ҳам бераҳмиҳояшро  давом медод. Дере нагузашта Прити  ягона такягоҳи худ баъди падар — модараш Нилпрабхаро низ аз даст дод. Зеро модар низ зимни он садама ҳамроҳи падар ҷароҳат бардошта буд ва муддати мадиде бистарӣ буд. Ин имтиҳони зиндагӣ барояш хеле гаронӣ дошт. Ин аст, ки ӯ имрӯз аз ҷудоиву танҳоӣ  дар ҳарос аст. Чеҳраи зебо, истеъдоди фавқулодда ва ҷозибаи ба худаш хоси ин париваш ҳамаро мафтуни худ кардааст.

Прити соли 1998 фаъолияти хешро ба сифати модели сурат оғоз намуд. ӯ пеш аз ҳама ба синамогар Шекхар Капур писанд омада буд. Капур ӯро барои иштирок дар мелодрамаи «Taru Ram Pam Pam» даъват намуд ва бо ин ҳамкории онҳо идома ёфт. Дӯстону наздиконаш Притиро чун як духтари оддӣ, хоксор ва ниҳоят ҳассос медонанд. Табассуми малеҳу зебояш ва чуқураки ҳар ду рухсораш ӯро боз ҳам зеботару ҷаззобтар мекунанд. ӯро ба тамоми базмҳои зебоӣ ва рекламаҳо даъват мекарданд. Махсусан рекламаи  собун ӯро боз ҳам машҳуртар гардонид. Имрӯзҳо Прити яке аз маҳбубтарин ва машҳуртарин ситораҳои синамои Ҳиндустон аст. Гарчи  дар ҷодаи ҳунар ӯ хеле комёб гардида буд, аммо дар ҳаёти шахсӣ ӯ хушбахтӣ насиб нагаштааст.

ИШҚИ ҲАҚИҚИИ ПРИТИ ЗИНТА

ӯ дар интихоби дӯст ва хусусан нисбати мардон хеле ҷиддӣ аст. Ҳаёти шахсии Прити Зинта то ҳол барои касе пурра равшан нест. ӯ ба ҳеҷ кас иҷозат намедиҳад, ки ба он дахолат кунанд. На ҳар кас метавонад ба боварии ӯ ноил гардад. Вале соли 2005 ӯ ишқи ҳақиқӣ ва марди идеалиашро пайдо кард.

Ин ҷавони хушбахт тоҷири муваффақ Несс Вадиа буд, ки бо меҳрубониву нармдилиаш дили духтарро ба худ моил карда буд. Онҳо мехостанд соли 2009 бо ҳам издивоҷ кунанд. Аммо Несс назди духтар шарт гузошт, ки пас аз издивоҷ Прити дигар аз баҳри синамо бояд барояд. Ҳарчанд духтар ба ӯ мехост фаҳмонад, ки танҳо дар лоиҳаҳои интихобӣ иштирок мекунад, вале Несс мехост дари синаморо ба рӯи духтар ба пуррагӣ  бубандад.

 

– Прити, рост аст, ки шумо замоне барои ишқи худ саҳнаро тарк карданӣ будед?

– Ишқ волотар аз ҳамаи эҳсосоти ширини зиндагии мост. Он шӯълаест аз шафақи субҳи фараҳбахши умри инсонӣ ва ҳадяест аз нури Илоҳӣ. Ишқи пок  метавонад солҳои сол дар қалби кас маскун гардида зиндагиашро гуворо созад.

Ман ҳам соли 2005 ба ишқи ҳақиқӣ дучор гашта марди идеалиамро пайдо намудам. Бо ӯ ҳатто қарори издивоҷро низ кардем. Бароям ӯ хеле азиз буд. Аммо афсӯс, ки ӯ тоҷир асту аз нозукиҳои касби ман дар канор. Мехост маликаи зиндагиашро дур аз саҳнаи синамо бубинад. Аммо ман  бе санъат ва синамо зиндагии хешро тасаввур карда наметавонистам.

Ин хеле қарори бераҳмона буд нисбати ҳунарманд. Бо ҳамин ба ин ишқи зебо ва пурмуҳаббати мо хотима бахшида шуд.

– Бисёриҳо гумон доранд, ки  барои бартараф кардани аламҳои дилатон дари дили  хешро ба рӯйи ишқи наве боз кардед, яъне ба Викрам Чатвал?

– Ин албатта овозае беш нест. Аввал ин ки Викрам оиладор аст ва ман ҳеҷ гоҳ  боиси хонавайронии касе шудан намехоҳам. Зеро сангдил нестам ва намехоҳам аз ҳисоби бадбахтии дигарон худро хушбахт бубинам.

– Пас ишқи навбатии Прити кист?

– Имрӯз зиндагии фориғ аз ҳама шӯру валвалаҳоро, ки байни дилдодагон мавҷуд аст, ихтиёр кардаам. Эҳсоси ошиқӣ ҳарчанд, ки нарм аст, аммо пас аз анҷом ба кас таъсири  манфӣ расонида ба навмедиҳо мебарад инсонро. Гоҳе дурӣ меҷӯям аз нафароне, ки бо ман наздикӣ меҷӯянд, вале гоҳе аз танҳоӣ ранҷ мекашам.

– Лаҳзаи фароғати шумо чӣ гуна сипарӣ мешавад?

– Бештар дар ҳавои тоза ва беғубори берун аз ошӯбҳои Мумбай истироҳат карданро меписандам. Аз рӯи ташхиси экологӣ Мумбай яке аз шаҳрҳои ифлостарини ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Ман намехоҳам, ки оянда кӯдаконам дар чунин муҳити аз ҷиҳати экологӣ вайрон ба воя расанд. Ҳатто барои худ автомобили аз ҷиҳати экологӣ тозаро ҷустуҷӯ мекунам. Дар Мумбай ҳатто нафас кашидан душвор аст. Мо ҳунармандон аз сабаби он, ки хеле вақти кӯтоҳ дорем, ҳатто фурсати дар бобати саломатии худ фикр карданро ҳам надорем. Бештар табиати зебои зодгоҳам Шимлеро дӯст медорам.  Аз ин хотир  дар зодгоҳи худ Шимле дар замине, ки  аз гузаштагонам ба мерос гирифтаам, барои худ хона бунёд кардам. Орзу доштам, ки дар ин хонаи худ ҳамроҳи азизи дилам Несс Вадиа умр ба сар бурда дар ин ҷо тифлакони хешро ба дунё биёварам ва ба воя расонам. Аммо тақдири бераҳм инро қабул надошт.

Прити ва синамо

Прити аслан дар филмҳо нақши  мусбатро мебозид. Вале соли 2007  ӯ хост худро дар образи нав бубинад ва дар филми англисии «The last lear» ҳамроҳи  ҳунарманди намоёни Ҳиндустон Амитабх Баччан нақши манфиро офарид. Ва аҷибаш он буд, ки дар офаридани нақши манфӣ низ ӯ ҳамто надошт. Баъди ин коргардон Дипа Мехта ӯро барои иштирок дар филми «Паноҳгоҳ дар рӯи замин» даъват кард.

Нақш дар филми «Вир ва Зара» ба ӯ шӯҳрати оламгир овард. Соли 2003 Прити Зинта барои офаридани нақш дар филми «Фардо фаро мерасад ё не?» ҷоизаи «Ҳунарманди беҳтарини сол»- ро сазовор гардид.

 Ҳар нақше, ки ӯ меофарад бо як маҳорати нотакрор ба иҷро расонида, тамошобинро мафтуни худ менамояд.

Прити магар доктори илм аст?

Ҳамчунин расонаҳои хабарӣ навиштанд, гӯё Прити Зинта айни замон бо тоҷири ҳиндутабори муқими Ню-Йорк Викрам Чатвал рӯзгори ошиқӣ дорад. Викрам оиладор буда дар арафаи бекор кардани ақди никоҳи худ бо ҳамсараш Прия аст. Аммо Прити ҳамаи ин овозаҳоро ботил ҳисобида рӯзноманигоронро ба тӯҳматгарӣ айбдор мекунад ва мегӯяд, ки ӯ танҳо Нессро дӯст медораду халос. ӯ ҳамчунин таҳдид мекунад, ки рӯзноманигоронро барои дурӯғашон ба ҷавобгарӣ хоҳад кашид.

Аммо тозатарин хабаре, ки вақтҳои охир дар бораи ӯ менависанд, ин соҳиби унвони доктори фахрии Донишгоҳи Лондони Ғарбӣ гаштани Прити Зинта  мебошад. ӯ ин унвонро барои  эҳсонкориаш ва хайру саховати хеш сазовор гаштааст. Притиро ин унвон хеле зиёд ба ҳаяҷон овардааст, ки худи ҳамон рӯз  дар блоги худ чунин менависад:

-Аз ин бахти бузург меболам ва дар ҳаяҷон ҳастам. Ин хушбахтии бузург аст, вақте ки туро на танҳо барои муваффақиятҳои ҷодаи ҳунар инчунин барои корҳои хайру саховат низ  қадрдонӣ мекунанд».

31 январи соли 2011 Прити Зинта зодрӯзи 35-солагии хешро дар истироҳатгоҳи Малдив ҷашн гирифт. ӯ ҳамроҳи чор нафар дӯстони наздики хеш дар ин ҷо  муддати як ҳафта қарор дошта аз табиати нотакрору ҳавои тоза баҳраманд гардид. Онҳоро дар ин рӯз  бо хӯрокҳои итолиёвӣ, ки Притиро хеле зиёд  писанд аст, зиёфат карданд.

Дилкушо               

 

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s