• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,359 hits
  • Flag Counter

БАҲРОМИ ҒАФУРИ: «СУРУДИ «МОДАР» ТАҚОЗОИ ФИЛМИ «СУКУТ» БУД»

Бахром Гафури - Bahrom Ghafuri

Бахром Гафури - Bahrom Ghafuri

Ин ном ба маънои томаш ба муаррифӣ  ниёз надорад. Аммо ман эҳсос мекунам, ки хеле ниёз дорам, то ба дунёи ӯ ошноӣ дошта бошам. Ва шояд хонандаи азиз, ту орзуманди лаҳзае дар сӯҳбати ҳунарманди ба дил наздикат ҳастӣ. Барои ман муҳим он нест, ки ӯ хатмкардаи кадом мактаб аст ва чӣ унвонҳое дорад. Бароям муҳим аз ҳама он ки ӯ як нафар ҳунарманди тавонову инсони самимӣ аст. Ва инсони озод низ. Суруди ӯ мисли қалби пуршӯраш ошиқона аст. ӯ мувофиқи завқу дарки худ сурудро интихоб менамояд.  Дар сурудаш садои дил ва розу ниёзҳои ошиқона маҳфуз аст. Садояш ончунон фораму гӯшнавоз аст, ки нарм-нармак ба хилватгаҳи қалби кас ворид мешавад ва шунавандаро ба дуриҳои дур мебарад ва боз танҳотару ошиқтар месозад.

Аз олами ботинии у касе огаҳ нест ба ҷуз худашу Худованд. Аммо барои чӣ он садо мисли оҳанрабо шунавандаашро ба сӯи худ мекашад? Оё ҷозиба дорад он? Ба кулли ин саволҳо посухро метавонед дар ин саҳифа пайдо намоед… Ба наздикӣ ӯ дар филми «Сукут» -и Сироҷиддини Ғафурӣ нақши ҷолибе офарид. Дар филм низ нақши худро самимиву ҳунармандона бозид. Моро насиб гардид бо ин ҳунраманди нотакрор дар ин фасли баҳори нозанин дар тамос гардида аз розу ниёзҳояш огоҳ гардем ва пешкаши ту – хонандаи азиз гардонем.

Баҳромҷон, бисёриҳо бар он ақидаанд, ки ҳамсари шумо зани хушбахт аст. Зани ҳунарманди шинохта будан кори саҳл аст?

– Инро метавонед аз худаш бипурсед. Хушбахтии ҳар як зан дар дасти марди ӯст ва аз они мард ҳам ба зан вобастагӣ дорад. Агар сад хонаю дар, обрӯву эътибор ва давлат дошта бошию азизи худро надошта бошӣ, хушбахтӣ нест он. Албатта, қарсак аз ду тараф мешавад. Агар бонуи хонадонатро парастишу дастгирӣ накунӣ, дӯсташ надорӣ  меҳраша кам  мекунад аз ту. Дар чеҳраи зан модарро, хоҳарро дидан лозим ва ӯро низ мисли онҳо ҳурмату азиз мебояд дошт. Фикр мекунам, ки ҳамсарам хушбахт аст. Зеро дӯсташ медорам ва барои ду писари нозанинро тақдим карданаш миннатдорам.

 – Филми «Сукут», ки имрӯз дар бозор хеле серхаридор аст, ба андешаи бисёриҳо ба туфайли шумо чунин мақомро касб кардааст?

– Шумо хуб медонед, ки ман дар соҳаи синамо ҳунарманди касбӣ нестам ва барои он кӯшише ҳам накардаам. Суруду мусиқӣ бароям  ҳамеша дар ҷои аввал аст. Маро дар ин филм даъват карданд ва хоҳиши коргардон ва муаллифи он Сироҷиддин Ғафуриро пазируфта нақш офаридам.

Ҳар як коргардон бо умед ва ихлоси нисбати кас доштааш чунин пешниҳодро мекунад ва ман наметавонам касеро озурда созам ва ё навмед гардонам. Агар нақши дар филм доштаам писанди тамошобини нуктасанҷ гашта бошад, сарбаландам.

— Сироҷиддин Ғафурӣ бо шумо пайвандие дорад?

— Бале, пайванди дӯстию бародарӣ. Бисёриҳо бар он андешаанд, ки ӯ бародари ман аст. Кошки чунин мебуд ва як бародари ҳунарпешаи дигар медоштам. ӯ инсони хуб ва ҳунарманди комил аст.

— Нақше, ки дар ин филм офаридаед, ба зиндагиатон иртиботе дорад ва  худатон ҳамчун як тамошобин аз он нақш қонеъ гардидед?

— Аввал ин ки он танҳо нақш аст ва ба зиндагиам наздикие надорад. То рӯзи нахустнамоиш онро надида будам ва мисли ҳамаи тамошобинон бори аввал онро дидам. Албатта, ягон коре нест, ки дар оғоз камбудӣ надошта бошад. Он камбудиеро, ки ҳис кардам, мекӯшам, ки дар филми дигар ислоҳ намоям.

— Модар дар зиндагии шумо чӣ гуна мавқеъ доранд?

— Модар бароям азизу муқаддас аст. Тамоми мардуми олам нисбати модар меҳри беандоза доранд. Модар мисли Худованд беназир аст. Агар дуои неки модарҷонам намебуд, шояд ба чунин дараҷа намерасидам. ӯ ягона мӯнису ғамбарору дуогӯву маслиҳатгарам аст. Бо дуои неки модарон мо сафар мекунем, бо ин дуо кору зиндагиамонро пеш мебарем.  Суханҳои ширини  модар ба фарзанд мисли малҳам ва ҷонро навозишгар аст.

– Муносибати он кас бо ҳамсари шумо чӣ гуна аст?

– Натанҳо бо як ҳамсари ман, балки бо ҳарсе келинҳояшон модарам мисли дугона дастгиру маслиҳатгаранд.

Баъди сароидани суруди «Модар» дар филми «Сукут», ки хеле таъсирбахш аст, бисёриҳо  ашк мерезанд ва ба андеша рафтаанд

– Бале, ман мақсадатонро фаҳмидам. Ба ман ҳам савол медиҳанд, ки чаро модар дориву дар ҳаққи модар чунин сурудро ва бо чунин эҳсосоти таъсирбахш месароӣ. Худоро шукр давлати сарам – модару падари беназир дорам. Мо санъаткорем ва ҳунарманд бояд дар иҷрои ҳар як суруд  ҳунарашро нишон диҳад.  Ин суруд тақозои он филм буд ва мо онро низ бо дуои додаи модари азизам омода сохтем. Агар дили ҳаводоронамро тасхир намуда бошад, рӯҳбаландам. Модарҷони ман ва тамоми модарони дунё ҳамеша  хушбахту саломат бошанд ва ҳар гоҳе ашкашон мерезад, он ашки шодӣ бошад.

Мегӯянд, ки замоне дар Афғонистон мухлисдухтарони ашаддии Аҳмад Зоҳир мехостаанд барои ишқи ӯ худро қурбон созанд, Имрӯз бошад дар Тоҷикистон мегӯянд, ки духтарони мухлиси ашаддии шумо худро  қурбони ҳунари Баҳром карданианд?

– Аммо ман чунин орзуро надорам.  Ҳаргиз худро қурбон накунанд. Ҳар як суруд, ки эҷод мешавад барои мухлисони азиз аст. Агар онҳо худро қурбон кунанд, пас барои кӣ месароям ман?

– «Умри ман мераваду ёди ту ҳаргиз наравад» — ҳар касе онро шунавад, гумон мекунад, ки садои дили худаш аст. Он чӣ гуна эҷод шудааст? Дар пеши назар шахси азизтарине ҳаст?

– Ин суруди зиндагии  ман, умри ман аст. Ягона суруде, ки ифодагари зиндагии аслиам аст.  Мусиқӣ ҳам мисли шеър аслан зодаи дард аст. Мусиқӣ танаи ҷон аст. Вақте ки дард намешавад, он ба шунаванда таъсире ҳам надорад. Зеро шунавандаи асил, ки аслан ба қадри шеъру суруд мерасад,  наметавонад як оҳанги сабуки холӣ аз эҳсосотро қабул намояд. Ман ҳам боре  ду рӯз ба хона наомада будам ва  ба кору бори эҷодӣ машғул будам. Ҳамсарам бароям ду мисраи ин шеърро бо SMS равон кард.

Умри ман мераваду ёди ту ҳаргиз наравад,

Аз дили ғамзадаам меҳри ту берун наравад.

 

Бовар кунед, ин шеър водорам намуд, ки қаҳри доштаамро фаромӯш  сохта зуд ба хонаам оям ва рост ба сари асбоби мусиқӣ нишаста ин шеърро бисароям. Онро аслан як шоира бо номи Хаймагул аз шаҳри Сарбанд дар рӯзи консертам тақдим намуда буд.

– «Бубахшо азизам, хато кардам» мегӯед. Дар асл азизеро сахт озурдаед, ё аз муҳаббати хеш навмед сохтаед?

– Ҳолате, ки инсонро фаро мегирад, фазои андешаҳояш бекарон аст ва дар ихтиёри эҷодкор  нест он. Шояд дар ихтиёри Худованд бошад. Ҳунарманд бо тавоноии худ ва дарёфти оҳангҳои беҳтарин, ки ҳам муносибу ҳам мутаносиб буда, он лаҳзаҳо касро фаро гирифтааст ё ягон дарде, ки ӯро ҳамон лаҳза дарёфтааст, эҳсосоти дилашро ҷамъбаст намуда, бо мусиқӣ  баён месозад. Ин суруд дар Дубай рӯйи кор омад ва ҳолати рӯҳии  як рафиқам буд, ки он лаҳза бо маҳбубааш нофаҳмиҳо дошт ва дарди фироқро мечашид. Ман дарди дили дӯстамро байн кардам.

Ҳаводорони худро бо чӣ гуна навгоние хурсанд карданӣ ҳастед?

– Ду албоми навам, ки сартопо ифодагари дарду эҳсосҳояшон аст, барои онҳо омодаи таҳия аст. Худо хоҳад ҳамин моҳи апрел барояшон як шоми гуворои мусиқиро пешниҳод хоҳам кард.

Ҳар як ҳунарманди эҷодкор беҳтарин офаридаи хешро ба азизтарин 

 касаш ҳадя месозад ва ин шоми ҳунари шумо ба кӣ бахшида  хоҳад шуд ва онро чӣ ном мениҳед?

– Азизтарин касони ман мухлисони азизам мебошанд. Ман ин шоми пур аз меҳри худро барояшон тақдим хоҳам кард. Ҳоло ном нагузоштаам онро. Аввалин касе ҳастед, ки аз он огоҳатон намудам.

– Саломат бошед, ба модаратон миннатдории маро расонед барои чунин ҳунарманди нотакрорро ба дунё оварданашон.

– Шумо ҳам бо аҳли эҷоди ҳафтаномаи «Дилкушо» саломат бошеду обод!

Дилкушо

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s