• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,359 hits
  • Flag Counter

ШАБНАМИ ТОҶИДДИН: «РОЗИ ДИЛИ ХЕШРО БА ОҲАНГ МЕГУЯМ»

Шабнами Точиддин - Shabnami Tojiddin

Шабнами Точиддин - Shabnami Tojiddin

Кайҳост, ки   номи Шабнами Тоҷиддин барои тамоми мардуми тоҷик наздику ошност. Бисёриҳо дар симои зебою беғубори  ӯ маликаи зебоиро мебинанд. Бар замми як духтари ҳунарманди хушсадо  будан ӯ як бонуи хеле ширинсухану меҳрубон ва беозорест, ки кас аз сӯҳбати ин бонуи нозанин як ҷаҳон маънӣ мебардорад. Чун дар сӯҳбати Шабнам  нишинӣ, мехоҳӣ, ки ҳаргиз барнахезӣ. Бо як лаҳни ба худ зебандаю ширину шевою гуворо  ҳарф мезанад, ки аз шуниданаш асаби кас ором мегардад. Ҳарфҳояш мисли чеҳраи банураш ҷаззобанд, ки касро ба сӯяшон мекашанд. ӯро садои фораму рӯҳнавоз мерос аз падари шодравонаш– ҳунарманди нотакрор Тоҷиддини Муҳиддин аст.


  Дерест, ки орзуи сӯҳбати ин бонуи ҳунармандро доштаму имконият даст намедод. Ниҳоят бо ин духти ширинсадо  ҳамсӯҳбат гашта ба орзуи дилам расидам. Инак фишурдаи ин сӯҳбатро ба ту, хонандаи азиз, пешкаш намуда, имон бар он дорам, ки табъи ту низ мисли ман болида хоҳад гардид.

– Субҳи шумо чӣ гуна оғоз мешавад?

– Ҳар субҳ бо рӯҳи ношикаста ва сукути сеҳрноке, ки субҳидам дорад, рӯзи ман сар мешавад. Баъдан ман рӯзи дароз чизеро ки худ намедонам, интизор мешавам. Ҳангоме ки аз ҷомеа дур монам ва дар байни мардум набошам, хеле дилтанг мешавам. Аз ин хотир ҳамеша мекӯшам байни мардуми азизам бошам ва шарики рӯзҳои пурфараҳу шодиашон гардам.

– Алла Пугачёва дар як мусоҳибаи телевизиониаш гуфтааст: «Вақте дар паҳлӯи худ марди дилхоҳро мебинӣ, гузаштани вақти дилгиркунандаро ҳис намекунӣ». Шумо ҳам нозбардоре доред?

– Нозбардори инсон баъди модар Худованд аст. Ба дигарҳо  бошад, дар лаҳзаҳои душворӣ  кас метавонад такя намояд. Дӯстони наздикам  ҳамзамон такягоҳу нозбардорам  ҳастанд. Шукри буданашон.

– Муҳаббат метавонад зиндагии касро дигаргун созад?

– Албатта. Агар дар хонадон муҳаббат набошад, он зиндагӣ нест. Муҳаббат воситаи пешрафти зиндагист. Ва зиндагии касро рангу ҷилои тоза мебахшад.

– Суруд барои шумо зиндагист?

– Суруд  маънои зиндагиам аст. Бе он зиндагиро наметавонам тасаввур кардан. Зеро асоси суруд шеър аст ва шеър худ зиндагист.  Ва метавон дар чор мисраъ шеър ё як суруд зиндагии як асрро  ифода кард.

–  Шумо суруде доред, ки ифодагари зиндагиатон бошад?

– Бале, суруди нави ман, ки дар арафаи ҷашни Наврӯз пешкаши мухлисони азизам гардонидам бо номи «Дили ман». Он бар матни шеъри Маҳзун буда, Диловари Зуҳуриён оҳангаш бастааст. Ин суруди дили ман аст.

– Кадом чиз инсонро ба зиндагӣ дилгарм месозад?

–  Эътиқод ба инсонҳо, ба зиндагӣ, ба зинда будан, ба Худованд ва худ инсонро дилгарм месозад. Инсон худ офаридаи беҳтарини Худост ва бо ҳама каму камбудиҳояш  комил аст. Ба ин шукргузор мебояд буд.  Ҳамеша  бояд кӯшиш бар он намуд, ки  касеро озор надиҳем ва барои ҳама кас сухани хушеро ҳадя созем. Зеро одам на ҳамеша метавонад ба  инсонҳо кӯмаки моддӣ расонад, аз ин рӯ кӯмаки маънавии мо бо ҳарфи хуше гуфтан, бо таронаи дилпазире сароидан  болида гардонидани хотиру рӯҳи инсонҳост.

– Агар дил пурғусса гардад, онро ба кӣ холӣ мекунед?

– Аввалан, ҳамеша мекӯшам бо инсонҳои дилозор рӯ ба рӯ нашавам, то ки озурда нагардам.  Ва агар  бо қазовати қисмат  дилам озоре ёбад, ба модари азиз ва дӯстони беҳтар  аз ҷон дил холӣ мекунам. Умуман рози дили хешро  ба оҳангу суруд  низ   мегӯям.

– Кадом рӯзро бобарор меҳисобед?

– Рӯзеро, ки аз аввали субҳ ягон  савти наве ва мисраи ба дил наздике пеши назар меояд. Ё худ агар муждаи хуше шунавам, ба ягон ҷамъомади дӯстони меҳрубону мухлисони қадрдонам даъват гардам, рӯзи хушу бобарор аст.

– Вақте айёми тифлиро пеши назар меоред, бештар кадом лаҳзаҳо ба ёдатон меояд?

– Албатта айёми падардорӣ ва навозишҳои дастони  падар ҳамеша дар пеши назарам ҳастанд.   Ҳамеша вақте ки замони бачагиамро ёд мекунам, дилам барои он гум мезанад, ки раваму сояи баргҳои зардолу ва офтоберо, ки аз лобалои дарахтон рӯи ҳавлӣ мерезанд ва он шабҳои маҳтобӣ, ки осмон пури ситораҳосту дар хотирам ба таври ҳамешагӣ нақш бастааст, боз бубинам.

Як оилаи хушбахте   будем. Аллаҳои модарро хуб дар хотир надорам, лекин сурудҳои падарамро хеле хуб дар ёд дораму ҳамеша замзама менамоям. Ҳамон симои падарам, маърифаташон, садои форамашон ва ҳунари нотакрорашон, ки ба ман мерос мондааст, ҳамеша маро талқин мекунанд, ки шоистаи номи он падари номдору ҳалиму бообрӯ бошам. То имрӯз агар ба Ҳисор  равам  ва умуман дар тамоми гӯшаю канори Тоҷикистон падарамро– Тоҷиддин Муҳиддини соҳиби садои нотакрорро  мардум бо некӣ ёдовар мешаванд. Ва ин боиси ифтихори мо, фарзандонашон, аст.

— Дар бораи падар китоби хотираҳоро навиштанӣ нестед?

– Бале, чунин ниятҳо ҳастанд. Соли оянда дар арафаи  шаступанҷсолагии зодрӯзи падари бузургворам  мехоҳем чунин як китоби хотиравиро омода созем.

– Ба андешаи шумо барои падаратон ҳунар аввал буд ё оила? Барои шумо чӣ?

– Барои ман ҳунар бо оила дар як сатҳ меистад ва наметавонам якеро аз дигаре болотар гузорам. Барои падарам, ки як шахси меҳрубону дилсӯзи фарзандон буданд ба фикрам оила дар ҷойи аввал буд. Зеро барои мо махсус вақт ҷудо намуда, кӯшиш мекарданд, ки зиндагиамонро зебою гуворо  намоянд. Ва ҳамеша дар рӯзҳои истироҳат моро аз Ҳисор ба Душанбе барои тамошои боғи ҳайвонот, боғҳои истироҳатӣ ва барномаҳои сирк  меоварданд. Ҳамеша дар ҷойи аввал мо ҷигарбандонашон будем.

-Таманниёти шумо ба мухлисони ҳунаратон?

-Мехоҳам, ки ҳамеша бо умеди муждаҳо , бо умеди он ки ҳамаи лаҳзаҳои ноҷӯр гузарон аст, бошанд. Ба  норасоиҳои зиндагӣ камтар аҳамият диҳанд . Бештар меҳрубону тифоқ бошанд. Зеро умри азиз хеле кӯтоҳ аст  ва ҳар лаҳзааш ғанимат. Ҳамеша фараҳу шодиҳо насибашон бошаду ниёз ба савту наво дошта бошанд.

– Саломат бошед.

Дилкушо

 

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s