• Статистика

  • Blog Stats

    • 523,781 hits
  • Flag Counter

CУРУШ ХОЛОВ: «ТУҲФАИ АВВАЛИНИ МАН АТР БУД»

Суруш Холов -Surush Kholov

Суруш Холов -Surush Kholov

Номи ин оилаи ҳунармандон, яъне Исматулло, Суруш ва Нигора кайҳост, ки  ба хурду калон ошносту маҳбубияти зиёде дорад. Воқеан ҳам, Худованд ба Cуруш  лутфро арзонӣ доштаву ҳанӯз аз овони кӯдакӣ овози фораму лаҳни ширине ато намудааст. ӯ ба ҷавониаш нигоҳ накарда, сабку услуби ба худ хосе дорад ва дар олами ҳунар мавқеи худро ёфтаасту бе санъат зиндагии худро тасаввур карда наметавонад. Суруд маънои зиндагиаш аст. Вай ҳанӯз ҳам худро дар олами афсонаҳои зебои кӯдакӣ тасаввур мекунад. Зеро хеле ҷавон аст. Бо вуҷуди ҳамаи ин, Суруш  як нафар ҷавони хоксору меҳрубонест. Ботамкинона сухан мегӯяд. Кибру ғурур барояш бегона аст.


У хатмкардаи мактаб-интернати мусиқии ба номи Малика Собирова буда, айни замон донишҷӯи Консерваторияи миллӣ аст. Бо дархости хонандагони азизи ҳафтаномаамон лозим донистем, ки бо ин ҳунарманди ҷавону хушсалиқа пеш аз барномаи консертии оилавиашон ҳамсӯҳбат гардида,  пешкаши ҳаводоронаш гардонем.

– Сурушҷон, дар зиндагӣ ба кӣ эътиқод доред?

– Аввал ба Худованд, сипас ба падари азизам эътиқод дорам.

– Шинохта будани номи падар шуморо мададгор аст?

– Албатта, ҳам номи падар ва ҳам худашон дар ҷодаи ҳунар моро хеле зиёд мададгору  маслиҳатгаранд. Дар ин ҷода моро бо заҳмати беандоза роҳгардон намуданд гӯем, хато нахоҳад буд. Акнун мо якҷоя суруду мусиқиро коркард мекунем ва пешкаши мухлисони азиз хоҳем гардонд.

 – Тозатарин таронае, ки дар ин шабу рӯз таҳия гардид?

– Он суруди «Ёри ман» ном дошта, ба қалами шоири ширинбаён Ҳабибулло Нозирӣ тааллуқ дорад ва оҳангаш аз падарам аст. Мухлисони азиз метавонанд онро рӯзи консерти якҷояи мо дар санаи 1-май дар  Кохи Борбад шунаванд.

– Ин консерти шуморо сарпарасте ҳаст?

– Сарпарасти асосӣ падари азизам ва инчунин Шабакаи аввали Телевизиони Тоҷикистон моро сарпарасти иттилоотӣ аст. Барои чунин як дастгирӣ миннатдорам аз ҳафтаномаи шумо ва аҳли эҷодатон барои тарғиби ҳамешагии мо.

– Албатта, ишқ ҳиссиёти ҷигарсӯзест. Инсонро зебо мегардонад ва зиндагиро низ рангу тобиши дигар зам намуда, ширину гуворо месозад. Ин ҳиссиёти гуворо низ доди Худованд аст.

  —Шумо бо Нигора зиёд баҳс мекунед ё ки байни шумоён рақобате вуҷуд дорад?

— Не, ҳаргиз Худо нишон надиҳад рақобати акаву хоҳарро. Мо умуман баҳс намекунем. Дар бораи суруду оҳанг аҳли оила ба якдигар маслиҳат медиҳем, ҳамдигарро пурра мекунем, ҳатто модарам маслиҳатгари моанд.

– Аввалин тӯҳфаи тақдимкардаатонро ёд доред?

– Бале, ба модари азизам атр тӯҳфа карда будам ва наметавонам бароятон ҳиссиёти онлаҳзаинаи модарро тасвир кунам. Зеро вақте фарзанди нахустин ба воя мерасаду мисли мард заҳматҳои модарро қадр мекунад ва ба ӯ бо нишони қадрдонӣ ва таваҷҷӯҳи хос чизе тақдим медорад, барои модар бахти бузурге аст.

— Пас модар дар зиндагии шумо мавқеи махсусе доранд?

— Фикр мекунам, барои ҳар як фарзанд модар беназиру якто аст. Барои ман ҳам модарҷони меҳрубонам, ягона мӯнису ғамхорам. Чӣ қадар меҳри беандоза дорам нисбати ин шахси соҳиби дили бузург. Барои мо ҷонашонро дареғ намедоранду заҳмати беандоза мекашанд. Агар дер оем, дилхун мешаванд, аз муваффақияту барори кори мо мисли кӯдак шод мешаванд. Илоҳо модари ман ва тамоми модарони дунё ҳамеша саломат бошанду моро парасторӣ кунанд.

— Кадом чизро дар худ меписандед?

— Магар кас метавонад худаш ба худ баҳо диҳад? Дар ин бора чизе наметавонам бигӯям.

 — Агар шуморо озурда созанд, чӣ гуна ҷавоб мегардонед?

— Ҳаволаи бадкоронро ба Худованд месупорам.

— Боре аз ягон рафтори хеш эҳсоси пушаймонӣ кардаед? Аз интихоби касбатон чӣ?

— Албатта, инсон дар бисёр маврид аз ҳарфи ноҷогуфтааш изҳори пушаймонӣ мекунад. Аммо ман он қадар беандеша нестам, ки касеро сахт ранҷонам. Аз ин хотир чунин эҳсос бароям бегона аст. Аз пешаи худ қаноатмандам ва аз Кирдигор барои атои ҳунар шукргузорам.

— Нисбати Шумо хиёнатро раво дидаанд?

— На, чунин ҳолат нашудааст.

– Агар хиёнат кунанд чӣ? Бахшида метавонед?

– Дар  ин бора пешакӣ чизе гуфтан мушкил аст. Гарчӣ мегӯянд, ки хиёнат чизи нобахшиданӣ аст, аммо фикр мекунам, ки агар хиёнати касеро бубахшӣ, Худованд  дӯстат медорад. Баъзан инсонҳо саҳван хатову хиёнат мекунанд нисбати якдигар.

– Аз фардо чӣ мехоҳед?

– Аз фардои наздиктарин орзу дорам, ки шоми бофароғати суруду тарона, ки танҳо ба хотири болидагии рӯҳи ҳаводорони асили хеш омода намудаем, хотирмон гузарад ва нақше аз худ дар лавҳи хотири онҳо гузорад. Яъне орзуманди писанди тамошобини нуктасанҷ гардидани консертамон ҳастем.

– Ин орзуи шумо, инчунин орзуи деринтизори мардуми Тоҷикистон низ ҳаст. Онҳо дер боз муштоқи шунидани садои форами падаратон Исматулло Холов ва ҳардуи шумо, ҷигарбандони ҳунармандашон ҳастанд. Номаҳои бешумори ба унвони ҳафтаномаи мо воридшаванда гувоҳи ин гуфтаҳоянд.

– Сипосгузорам.

 – Таманиёти шумо ба мухлисонатон?

– Ба мухлисони азизам ва ҳамаи хонандагони ҳафтаномаи «Дилкушо» таманнои онро дорам, ки ҳамеша дар хонадонашон тинҷиву оромӣ ва ҷашну хурсандиҳо шавад ва мо ҳозирем, ки шарики шодию фараҳи онҳо бошем. Сиҳатмандиву ободии тамоми мардуми рӯи олам орзуи ҳамешагии мо, ҳунармандон аст. Инчунин орзуҳои боқимондаи нисбаташон доштаамро ва ҳамчунин як «сюрприз»-и арзандаеро ба онҳо омода кардаем, рӯзи якуми май дар Кохи Борбад метавонанд аз он огоҳ гарданд.

— Ташаккур барои сӯҳбати самимӣ! Ҳеҷ гоҳ овозатон хаста нагардад!

— Саломат бошед.

Дилкушо

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s