• Статистика

  • Blog Stats

    • 523,781 hits
  • Flag Counter

АЕША ТАКИА: «ЯК НАФАР МУХЛИС ТАҲДИД БА ҶОНИ МО ДОРАД»

Аеша Такия Ayesha Takia

Аеша Такия Ayesha Takia

Аеша зодаи шаҳри Мумбай буда, ҳанӯз аз тифлӣ, яъне чорсолагиаш ба саҳнаи ҳунар ҷалб карда шудааст. Дар айёми тифлӣ ӯро барои намоишҳои рекламавӣ ҷалб мекарданд ва хеле хуб аз ӯҳдааш мебаромад ва то кунун миқдори рекломҳояш ба 60 расидаанд. Аллакай дар синни панҷсолагӣ ба волидонаш эълон дошт, ки хоҳиши актриса шуданро дорад. Маълумоти миёнаро дар м актаби Энтонии муқаддас гирифтааст. Аиша табассуми малеҳу чеҳраи хандон дорад. Ҳамин зиндадилиаш касро ба зудӣ мафтун мегардонад. Дар чеҳраи нозанинаш ҳеҷ гоҳе ғубори ғамро эҳсос намекунӣ. Гумон меравад, ки ӯ танҳо барои шодию нишот офарида шудааст. Вақте ба чеҳраи беғашу пуртабассумаш менигарӣ гумон мекунӣ, ки дунё аслан холӣ аз ҳама ранҷу дарду ғам аст ва зиндагӣ ҳамеша зебо ва назаррабо аст.

 

Номи пуррааш   – Аиша Такиа

Санаи таваллуд  – 10 апрели соли 1986

Падараш: Нишит Такиа

Модараш : Фарида Такиа

Филми нахустинаш – «Тарзан»

Коргардони аввалин – Аббос Мастон

Филми дӯстдоштааш «Титаник»

Мавзеи мақбули дилаш – Гоа

Ҳунарманди писандидааш – Ритик Рошан

Идеалаш дар зиндагӣ – модар

Автомобили писанди дилаш – ХОНДА СИТИ

Ҳамсараш    – Фархон Азми

 

ЗИНДАГИИ ШАХСӣ ВА ШУҲРАТ 

 Аиша зодаи шаҳри Мумбай буда, ҳанӯз аз тифлӣ, яъне чорсолагиаш ба саҳнаи ҳунар ҷалб карда шудааст. Дар айёми тифлӣ ӯро барои намоишҳои рекламавӣ ҷалб мекарданд ва хеле хуб аз ӯҳдааш мебаромад ва то кунун миқдори рекломҳояш ба 60 расидаанд. Аллакай дар синни панҷсолагӣ ба волидонаш эълон дошт, ки хоҳиши актриса шуданро дорад. Маълумоти миёнаро дар м актаби Энтонии муқаддас гирифтааст.

 Аиша табассуми малеҳу чеҳраи хандон дорад. Ҳамин зиндадилиаш касро ба зудӣ мафтун мегардонад. Дар чеҳраи нозанинаш ҳеҷ гоҳе ғубори ғамро эҳсос намекунӣ. Гумон меравад, ки ӯ танҳо барои шодию нишот офарида шудааст. Вақте ба чеҳраи беғашу пуртабассумаш менигарӣ гумон мекунӣ, ки дунё аслан холӣ аз ҳама ранҷу дарду ғам аст ва зиндагӣ ҳамеша зебо ва назаррабо аст.

Дар баробари ин Аиша бонуи ниҳоят хоксор ва заминӣ аст. Ҳеҷ гоҳ дар экранҳо бо либоси нимбараҳна баромаданро барои худ ҷоиз намешуморад ва нақшҳои бешарму ҳаёгиро, ки тамошобини имрӯзро бештар ба худ ҷалб месозад ба хотири шӯҳрат шуда намебозад. Духтари ҷиддӣ ва серталаб аст. Пеш аз шартнома бастан бо коргардон ӯ аввал сенарияи филми пешниҳодшударо ба пуррагӣ азхуд  менамояд ва агар дар сенария лаҳзаҳои айшу ишрат ва бӯсобӯсӣ бошад, аз он филм даст мекашад.

Гарчанде Аиша аз синни хурдсолӣ дар рӯйи саҳна бошад ҳам,  вале шӯҳрат каме дертар, яъне соли 2004 ба суроғаш омад. Зеро баъди ҳамкорӣ бо коргардони машҳури ҳинд Имтоз Алӣ ӯ соҳиби унвони   «шоҳбонуи синамои Ҳинд» гардид. ӯ ҳамчунин соҳиби як қатор ҷойизаҳои ҷаҳонӣ ба мисли « Filmfare»,  « Best» ва ғ. гардид.  ӯро барҳақ маликаи синамои Ҳинд ном мебаранд, ки хато нест. Зеро  ҷозиба дорад ва зимни иҷрои нақш тамошобинро метавонад ба худ ҷалб созад ва ҳам ошиқ кунад. Аиша намояндагии якчанд ширкатҳои азими ҷаҳониро ба ӯҳда дорад ва ҳамзамон ба эҳсонкорӣ машғул аст. Вақтҳои холигиашро ба мутолиаи китоб ва шиносоӣ бо дӯстони наваш сарф мекунад. Айни замон ӯ бо Фархон Азмӣ оиладор аст. Онҳо соли 2009 издивоҷ карданд.

 

Овозаҳо ин навбат дурУғ нестанд

– Аиша, шумо дар офаридани нақшҳои мухталиф маҳорати хос доред. Хонандагони густох мехоҳанд симои аслии шумо ва асрори  зиндагиатонро бидонанд?

 

– Аслан зиндагиам ягон ҷойи норӯшанӣ надорад. Як духтари шӯхтабиати зиндагидӯстдор ҳастам. Ҳамеша табассум дар лабонам аст. Асрори ниҳоне ҳам надорам.

– Чиро мепарастед ва аз чӣ парҳез мекунед?

 

– Рақсиданро хеле зиёд дӯст медорам. Вақте мерақсам, ҷисму ҷонам, тамоми ҳастиам роҳат мекунад. Мехоҳам мисли ҳамкор ва  дӯсти наздикам – Шаҳид Капур  раққоси моҳир бошам. Новобаста аз он, ки дар саҳна нақшофаринӣ мекунам ё дар зиндагии оддӣ бошам, мехоҳам як нафар бонуи хоксор ва заминӣ бошам. Мехоҳам мухлисонам маро пеш аз ҳама як зани боиффату хоксор ва субботкор ба ёд оранд.

– Агар гӯям, ки чеҳраи шумо шабеҳи кӯдак аст намеранҷед?

 

– Не, баръакс ба шумо ташаккур мегӯям ва умед дорам, ки ҳамеша чунин ҷавон монам.

– Кадом чиз шуморо нороҳат месозад?

 

– Агар бо шахсе рӯбарӯ гардам, ки абрӯи гиреҳ дорад, хеле нороҳату дилгир мешавам.

– Сабаби асосии дар айни авҷи ҳунару шӯҳрат қарор доштан ба ҳаёти оилавӣ қадам ниҳоданатон дар чист? Муҳаббати ҷигарсӯз ё ягон чизи дигар?

 

– Ишқ бебаҳотарин неъмати Илоҳӣ аст ва чизе азизтару муҳимтаре аз он ба фикри ман дар рӯйи замин вуҷуд надорад. Ишқи поку беолоиш метавонад солҳои сол дар қалби инсонҳо маскан гирифта касро ба сӯйи умеди тоза бибарад. Зебогии ишқ пеш аз ҳама дар иффату ҳаё ва аз назарҳо пинҳон буданаш аст. Муносибатҳои мо низ бо азизи дилам Фархон аз рӯйи ишқу муҳаббати бепоён ва самимияти зиёд барпо шудаанд. Дар асл оиди ҳаёти шахсиам ҳарф задан писанди ман нест.

– Бисёриҳо чунин андеша доранд, ки модар дар зиндагии шумо нақши созгор доранд?

 

– Аз лаҳзае, ки чашм ба олами ҳастӣ во намудам, аз модар дида  чеҳраи дилкашу азизу меҳрубону наздиктареро надидам. Барҳақ бо тамоми ҳастӣ дӯсташ медорам. Маҳз модар зиндагии касро рангу маънӣ мебахшад. Гарчи дар ҳаёти шахсӣ бо Фархони азизам зиндагии гуворое дорам  ва воқеан хушбахт ҳам ҳастам, вале бе ёди рӯйи модари нозанинам зиндагӣ  бе рӯҳу бемаъно аст. Ҳангоме, ки дур аз модар мезистам, яъне ман дар Колабу ӯ дар Бандра,  ба дурии роҳ ва сарфи вақт нигоҳ накарда ба дидори ӯ мешитофтам.

Мо бештар дар тарабхонаи модарам, ки дар Бандра аст, соатҳо нишаста сӯҳбат мекардем. Хушбахтона ҳоло модарам дар наздикии мо сукунат дорад ва ҳар рӯз метавонам ӯро бубинаму аз меҳри саршораш ва сӯҳбати ширинаш баҳраманд гардам.

– Вақтҳои охир овозаҳое мавҷуданд, ки гӯё шахсони номаълум ба зиндагии ороми шумо тариқи телефон таҳдид мекунанд. Ин овозаҳо ба ҳақиқат наздиканд?

 

– Албатта дар бораи шахсиятҳои намоён овозаҳои бардурӯғ низ паҳн мекунанд. Аммо ин дафъа овозаҳо дурӯғ нестанд. Ду моҳ мешавад, ки(яъне аз моҳи марти 2011 инҷониб) тариқи телефон нафарони номаълум ва ноинсоф ба ҳар як аъзои оилаи мо, ҳам ба шавҳарам Фархон, ба хусурам– сиёсатмадори Ҳиндустон Абӯ Асим Азмӣ таҳдиди куштанро мекунад. Таҳдидгар гоҳе худро мухлиси (фанат) ҳунари ман ном мебарад, ки бароям хеле аламовар аст.

Зеро мухлиси ҳақиқӣ ҳеҷ гоҳ таҳдиди ҷони ҳунарманди дӯстдоштааш ё пайвандони ӯро набояд кунад Ин яке аз пасттарин хислатҳои инсонӣ аст. Ман фикр мекунам, ки ин шахс «фанат» неву шояд бемории рӯҳӣ дорад ва мисли  «маняк» аст. Ман ки бо мақсади ба наворгирӣ хеле зиёд аз хона берун мешавам, аз ин шавҳарам дар хавотир аст ва бароям ҳимоятгаронро киро кардааст, ки ҳамеша ҳамроҳам мебошанд.

Дилкушо

 

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s