• Статистика

  • Blog Stats

    • 523,781 hits
  • Flag Counter

ГУГУШИ ТОҶИК КИСТ?

МАНИЖА, ШАБНАМ, МЕХРИНИГОР, НОЗИЯ-MANIJA-MEHRNIGOR-NOZIYA-SHABNAM

Замоне садои дилошӯби Манижа Давлатова тавонист диққати тамоми Шарқ ва хусусан форсизабононро ба санъати кишвари мо ва тавассути ин ба худи Тоҷикистон ҷалб намояд. Ба туфайли кадом хислатҳояш Манижа тавонист дили миллионҳоро тасхир намояд? Дар навбати аввал, албатта, тавассути садои фораму дилнишин ва таронаҳои марғуб. Симои зебои ӯ, ҷаззобияти занонаи ӯ ҳам дар ин кор саҳми худро гузошт. Ва боз санъати симоофарияш, яъне дар саҳна офаридани образи мувофиқи матну навои тарона. Вай аз интихоби таронаҳои пурдард сар намепечид ва ҳангоми иҷрои онҳо аз симою садои ӯ воқеан дард эҳсос мешуд. Ҳангоми сароидани сурудҳои ба шодӣ омехтааш ҳам эҳсосоти ӯ табиӣ ба назар мерасид. Манижа нафаре буд, ки воқеан метавонист барои форсзабонон Гугуш ё Лайлои нав шавад. Аммо ӯ саҳнаро тарк гуфт.

Ба дараҷаи наздик ба Манижа аз байни сарояндаҳо танҳо Шабнами Сурайё тавонист машҳур шавад. Ба ин комёбӣ вай ҳам ба туфайли садою симои зебо, рақсҳои марғуб ва интихоби таронаҳои хубу то андозае кори продюсерҳо тавонист ноил шавад.

Лекин суруди Шабнам ғолибан дискотекагӣ ва тӯёна асту ӯ ҳам аксаран дар саҳна ба рақсу шодӣ машғул аст. Ин камбудӣ нест, албатта. Зиёда аз ин, Ш. Сурайё бо ин тарз тавонистааст сарояндаи дӯстдоштатарини ҷавонон дар кишвар шавад. Вале шояд ба як равия майл кардани Шабнам сафи ҳаводорони ӯро андаке танг карда бошад.

Ҳоло чандин сарояндаи ҷавони дигар давои пештозиро дар саҳнаи тоҷик карда, ба сатҳҳои баланди маъруфият дар байни мардум расидаанд. Аз ин зумра шояд беш аз ҳама Нозияи Кароматулло лоиқи қайд бошад, ки бо консерти чанде пеш барпокардааш тавонистааст зинаи нави шӯҳратро фатҳ намояд. Вале ба гумон аст, ӯ тавонад ба он дараҷае, ки Манижа тавассути истеъдоду зебоии худододаш ва дардфаҳмии табииаш расид, наздик шавад.

Пас магар ягон нафаре нест, ки ситорааш тавонад мисли Гугушу Лайло дар олами санъати эстрадии форсӣ дурахшон шавад? Охир аз байни эрониҳою афғонҳо ба сабабҳои гуногун вақтҳои охир ситораи ҳунарпешазане зуҳур накардааст ва ин шансест барои санъаткордухтарони тоҷик барои ишғол кардани ҷои холимонда. (Ҳадафи ман зану духтарҳо мебошанд, чунки тавре гуфтам, маҳз ҷойгоҳи ситорае аз занҳо дар олами мусиқии форсзабон холӣ аст, мардҳоямон бо Муину Фарҳоди Дарё ба гумон аст, рақобат карда тавонанд.) Нест духтари истеъдодманде, ки дар ҷодаи санъат тавонад, тавре Аҳмад Зоҳир Афғонистонро ва Гугушу Муин Эронро машҳуру маҳбуби мо гардонда буданд, Тоҷикистонро диёри орзуҳои ҳамзабононамон гардонад?

Фикр мекунам, ҳаст. Вай садои нотакрор дорад, ки имкониятҳои ин садо хеле васеъ мебошанд. Ин садо метавонад ҳар эҳсосро – аз дарду ғаму хаёлмандии чуқур то шодию фараҳи беканор ифода созад, касро ба қаъри уқёнуси ғам ворид карда, боз ба баландиҳои самои хушҳолӣ бардорад. Вай духтари қадрас шудаасту ҳусни духтаронааш, самимияти табассумаш ва ҳаракатҳои саҳназебаш дар баробари овози бемислаш мухлисони худро пайдо карда истодааст. (Воқеан, нафаре аз журналистони забондон боре мусоҳибаи ӯро дар телевизион шунида, аз озоду зебо ба тоҷикӣ ҳарф задани ин духтарак ҳам изҳори қаноатмандӣ карда буд – аз ин ҷиҳат ҳам ӯ метавонад муаррифгари Тоҷикистону тоҷикистониён бошад.)

Ҳамаи ин суханҳо дар бораи сарояндаи ҷавону хушсалиқа Меҳринигори Рустам буданд, ки фикр мекунем, дар сурате ба ӯ ёрӣ расонанд ва худаш ҳам меҳнат намояд, метавонад дар олами мусиқии эстрадии Шарқ хеле маъруф шавад ва шояд ҳатто ба пояи Гугуш расад. Чаро не?

Танҳо дар хотир доштан лозим, ки барои Гугуш шоирони суруднавис (маҳз, суруднавис!) ва оҳангсозони беҳтарин эҷод мекарданд. Дар муваффақияти Манижа ҳам саҳми оҳангсозони моҳире мисли Зикриоллоҳ Ҳакимов кам набуд. Ва барои нишон додани маҳорату малакаҳои Меҳринигор ҳам заҳмати беҳтаринҳо лозим аст.

Он қаламбадастоне, ки бисёр аз номукаммалии матнҳои суруду таронаҳо шиква мекунанд, имконияти хубе доранд барои намоиш додани он, ки матни суруди дилошӯб, ба ҳамагон наздику фаҳмо ва дар баробари ин босифат чӣ гуна бояд бошад. Ва оҳангсозоне, ки маҳорати худро нишон додану муаррифӣ кардан мехоҳанд, метавонанд ба қатораи Меҳринигор вагон ё ҳатто локомотиви худро пайваст кунанд. Фикр мекунем, ки ин духтари боистеъдод аз таронаҳои хуби пешкашкарда рӯ намегардонад. Ва агар продюсери касбие ёфт мешуд, ки ба ҳамкорӣ бо ӯ Меҳринигор розӣ шавад, шояд шӯҳрати ӯ боз зудтар оламгир мешуд.

Ин буданд андешаҳои мо дар бораи як нафар сарояндаи боистеъдоди тоҷик ва як паҳлӯи ҳаёти эстрадаи тоҷик. Боқӣ, то вохӯрӣ дар ҳафтаи оянда дар гӯшаи ситораҳои «Садои дил».

 

«Мушфиқӣ»

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Мушфиқӣ» хатми аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s