• Статистика

  • Blog Stats

    • 523,781 hits
  • Flag Counter

ФАХРИДДИНИ МАЛИК: «БОНУВОН ҲАМЕША НИЁЗМАНДИ МЕҲРУБОНИИ МАРДОНАНД»

Фахридини Малик-Fahriddini Malik

Фахридини Малик-Fahriddini Malik

Ҳунарманди хушсалиқа шунавандаи асили хешро дорад. ӯ мисли дурдонаест, ки аз қаъри баҳр низ бо ҷилои  худ аён мегардад.  Фахриддин низ дар олами ҳунар мисли  ситораи тобнок  медурахшаду қалбҳои мухлисони хешро мунаввар месозад. Садои нотакрору форами ӯ мисли боронаки баҳорӣ нарм-нармак рӯҳи инсонро навозиш мекунад ва ба ҷони кас роҳат мебахшад. Ба  ӯ Худованд садои нотакрору истеъдоди нодирро ато фармудааст. Чун садои ӯро гӯш мекунӣ ба гумонат ӯ аз дарди дилат  огоҳ асту ғаму дарди туро нола мекунад. Сурудҳояш ғами ниҳонии дилро зудуда сохта ба ҷойи он фараҳ ва умеди тозаро ба зиндагӣ бедор месозад.

Халқ саррофи гавҳаршинос аст, зуд метавонад ташхис кунад, ки ҳар нафаре, ки худро муаррифӣ месозад, чӣ суратеву сиратеро доро аст. Фахриддини Малик ҳунармандест бо хушсалиқагиву ҳунари нотакрораш дар мизони шинохти мардум арзиши гароне дорад.

ӯ яке аз маҳбубтарин ҳофизонест, ки оҳангҳои рӯҳнавозу садои марғубаш дилҳоро тасхир намудаву ба шӯр овардааст. Ҳамагон ӯро мешиносему дӯсташ медорем.  Табиат Фахриддинро гӯё маҳз барои сароидан офаридааст. Зеро хеле овози фораму нотакрорро барояш ато намудаву сурудаҳояш ба дили инсонҳо хеле наздику ошно гардидааст.  Вуруди ӯ  ба олами ҳунар бо таронаҳои шӯрангез ва ба дили мардум наздику ошно чун дурахши ситораи тобноке қабул гардид.  ӯ аслан ниёз ба муаррифӣ  надорад.

Зеро  бо як таронаи хеш аллакай маҳубуби дили мардум гашта буд ва  бо як тарона тамоми орзуву фараҳу шодмонии миллати азизашро ифода намуд.   Суруди   ӯ мисли қалби пуршӯраш ошиқона аст.  ӯ мувофиқи завқу дарки худ сурудро ва либоси саҳнавиашро  интихоб менамояд. Аз дигарон фарқ мекунад.   Дар сурудаш садои дил ва розу ниёзҳо ниҳон аст. Садояш  фораму гӯшнавоз аст, ки нарм-нармак ба хилватгаҳи қалби  кас ворид мешавад ва шунавандаро ба дуриҳои дур  мебарад ва боз танҳотару ошиқтар месозад.

Аз ин хотир ӯро  ҳунарманди писандидаву эътирофгардида  мегӯянд ва ин ҳақ асту рост зеро байни мардум маҳбубияти хосе дорад.  Вақте ба ӯ занг задем, бо узри бисёр маъзарат хост, ки дар фурудгоҳ қарор дорад ва нияти  сафари Эронро дорад. Аммо бо вуҷуди хеле саросема будан ба чанд саволи мо посух доду Худоҳофизӣ кард. Зеро ӯ хуб дарк м екард, ки ҳаводорони ҳунараш ташнаи ҳарфҳояш ва розу ниёзҳояш ҳастанд ва ба хотири мухлисони хеш лаҳзаеро аз вақти пурқимати хеш ба мо бахшид.

– Ба андешаи шумо ҳунарманд  дар зиндагӣ бештар ба чӣ ниёз дорад?

– Барои ҳунарманд қабл аз ҳама муҳити солими эҷодӣ зарур аст.

Ҳунармандро бояд шинохт ва ҳунари ӯро қадр кард. Фикр мекунам таваҷҷӯҳу қадршиносии мардум ниёзи аввалиндараҷаи ҳунарманд аст.

–Имрӯз чӣ орзуву ниятҳо шуморо дар дил аст?

– Чӣ хеле ки гуфтам мехоҳам миллати азизам ин кишвари биҳиштосоямон ҳамеша тинҷу обод бошад ва ин боиси солимии муҳит аст.  Орзуи асосиам ин аст, ки бисёр мехоҳам тоҷиконро миллати баркамол, худшинос ва банангу ор бубинам.

–        Бештари мардони  тоҷик аз баёни муҳаббат ба ҳамсарашон истиҳола мекунанд

– Аммо на ҳамаи мардон чунинанд. Ҳамсар пеш аз ҳама маҳрами роз, чун олиҳаи зиндагии мард аст. Онҳо ба муҳаббату навозишҳои мо мардон бештар ниёз доранд. Бояд ба ӯ ҳар лаҳза суханони пурмуҳаббат гуфт ва орзуҳояшро болу пар бахшид.

– Баъзан мешавад, ки  бедиққативу бетаваҷҷӯҳии мардон  хотири зан-модарро озурда месозад. Оё месазад, ки барои хотири ӯро шод кардану  дилашро ба даст овардан ва тӯҳфа харидан танҳо рӯзҳои иду айёмро мунтазир шавем?

– Албатта ин тавр нест.  Барои оне, ки ба мо ҷон бахшид, шабҳо нахуфт, бо аллаҳояш моро навозиш кард, бо дасти меҳрбораш  сарамонро сила кард, барои ҳар як дарди мо, бетоқатии шабҳо баробарамон дард кашид бояд ҳамеша эҳт ироми махсус зоҳир кард.

Аслан ҳар шахс ба қадри фаҳмишу парастиши худ метавонад дар қалби худ нисбати модар эҳсоси гуворо дошта бошад ва он эҳсосоти қалбии худро бо ҳар намуд пеши модар ифшо созад. Ҳама вақт ва ҳама рӯзи зиндагӣ метавонад фурсати муносиб бошад барои таваҷҷӯҳ зоҳир кардан нисбати модари азиз ва умуман волидайн.

Барои ин  ҷашни зодрӯз ҳаст, солгарди зиндагии муштараки волидайн ва чандин ҷашну рӯзҳои пурфараҳи зиндагӣ мавҷуд аст, ки     модару хоҳару ҳамсар ва тамоми бонувонро болидарӯҳ гардонӣ. Ҳастанд нафароне, ки дар ин  як рӯз низ тӯҳфа он тараф истад, ҳатто як ҳарфи хубу гуворои худро, як сухани  фараҳбашхро барои модари худ раво намедоранд. Аммо зан-модар бузург аст ва ҳамеша арзандаи таваҷҷӯҳу ғамхориву парастории мо мардон аст.

– Барои интихоби матни таронаҳои хеш бештар бо кӣ ҳамкорӣ доред?

– Бо аксари шоирон ҳамкорӣ дорам. Бо шоираи ширинкалом  Меҳринисо, ки хеле як бонуи нармгуфтору меҳрубон ҳастанд, ҳамкорӣ намудан бароям гуворо аст.

– Ин сафаре, ки ҳоло шуморо дар пеш аст, сафари эҷодӣ аст?

– Бо даъвати дӯсти ҳунармандам барои ширкат дар барномаи ҳунариаш меравам.

– Орзу дорем, ки сафаратон бобарор бошад ва сиҳату саломат ба ватан баргардед. Ва мурғи илҳоми эҷодиатон ҳаме ша дар парвоз бошад.

– Ташаккур ба аҳли қалами ҳафтаномаи шумо ва хонандагони сершуморатон  барои қадршиносӣ.

Андешаҳои шоира Меҳринисо:

Фаҳриддини Малик бисёр як ҳунарманди муаддаб ва ороста аст. Мақому мавқеи як ҳунармандро дар ҷоме хеле хуб дарк мекунад, ки  як ҳунарманд бояд чӣ гуна  бошад. Барои ман ӯ аз ҷиҳат хеле зиёд писанд аст, ки ӯ ҳамакора аст. Ҳам зебо сухан гуфта метавонад, ҳам эҷод мекунад ва ҳам метавонад оҳангҳои ба худ мувофиқро пайдо намуда пешкаши мухлисон гардонад. ӯ ҳар чизи сабукро намесарояд. Нисбати ҳунараш сахтгир аст. Ҳам ба қадри хеш мерасад, ҳам ба қадри ҳунараш, ки на ҳар як ҷавон чунин ҳунарро дорад.

Фахриддин ҳунарманди огоҳ аст, ғофил нест ва ҳамин огоҳӣ ӯро ба қуллаҳои баланди ҳунар мебарад. Баъдан ба ҳунарманд хеле зиёд эътиқоду эътимод дорад. Мехоҳад воло будани санъати моро ба мардуми ҷаҳон муаррифӣ кунад. ӯ наметавонад танҳо бо он қонеъ шавад, ки танҳо дар ҳудуди ҷумҳурӣ ҳунармандони моро бишносанду муаррифӣ кунанд. Инчунин мехоҳад берун аз кишвар низ ҳунармандони  моро бишнаванду бишносанд.

Барномаи «Маҳбуби дилҳо» низ эҷоди фикри ӯст. Меҳоҳад бо ин барномаи дидании хеш ҳунармандонро бо ин роҳ ҳам таблиғ кунад ва ҳам  ташвиқ намояд, ки нисбати худу ҳунарашон сахтгир бошанд, сухандон бошанд, шеърфаҳм бошанд ва бо мухлисони хеш рӯбарӯ бошанд. Барои худи  ӯ Худованд симои зебои саҳназеб, садои мақбул додааст. Дар баробари ин сирати зебо низ дорад. Ман зимни ҳамкориҳо бо ӯ ва дар  меҳмониаш қарор доштан ин хислатҳои неки инсонии ӯро ва муаддабиашро эҳсос кардам.

Ду шеъри маро, яъне «Парвоз» ва «Бо туву бе ту»-ро ҳунармандона месарояд ва ин яке аз сурудҳои машҳуру ба дили ҳаводоронаш писанди ӯст.  Аз таъсири дӯстӣ бо ҳунармандони эронӣ ӯ муваффақ гаштааст ва барои худ бисёр чизҳоро ҳунармандона кашф кардааст.  Аммо ҳамчун як нафар мухлиси ҳунараш аз ӯ гилаҳо дорам, ки чаро бо вуҷуди ин қадар байни ҷомеа мақоми худро доштан, дар дили мардум ҷой гирифтан ва ҳунарманди хеле хуб будан мутаассифона кам эҷод  мекунад. Шояд андеша мекунад, ки кам бошаду хуб бошад ва ё ӯ хеле зиёд эҷод мекунаду ӯро кам таблиғ мекунанд. Ба андешаи ман агар шахси эҷодкор пайваста эҷод накунад аз назарҳо дур мегардад.

Дилкушо               

 

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s