• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,359 hits
  • Flag Counter

БОҒИГУЛ САИДОВА: «ШАВҲАРРО МАЪРИФАТАШ МУҲИМ АСТ, НА КАСБАШ»

Богигул Саидова-Boghigul Saidova

Богигул Саидова-Boghigul Saidova

Боғигул Саидова. Зодаи Душанбешаҳр. Хатмкардаи мактаби рақами 10-и пойтахт. Ҳанӯз аз овони мактабхониаш ба савту мусиқӣ дилбастагии беандоза дошта маҳфилҳои мактабро бо садои форамаш рангину гуворо мегардонид. Дар ансамбли тарона ва рақси «Машъал»-и назди  Хонаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе шомил буд.  У пеш аз он ки  ҳунарманди писандида  ва аз тарафи мардум эътирофгардида бошад, модар аст. Модари се фарзанди нозанину муаддаб бо номи Наимҷон, Сиёвуш ва Шаҳзод. Ифтихор аз он дорад, ки Худованд ба ҳар сеи онҳо меҳри донишомӯзиро ба фаровонӣ додааст. Нахустфарзандаш Наимҷон мутахассиси соҳаи компютер шуданӣ асту Сиёвуш табиб ва Шаҳзод орзуи актёр шуданро дар дил мепарварад.

Садои форами ин бонуи ҳунарманд ба гӯши шунавандагони бешумор чун навозишгари рӯҳу ҷисм  таъсир гузошта ба дарди қалбҳои реши ошиқони бевафоидида  малҳам гаштаст. ӯро мухлисон барои сабки ба худ хос доштанаш зиёдтар мепарастанд.  Ин бонуи ҳунарманд бо тарзи нави ба худаш зебанда ба саҳнаи ҳунар ворид гардида бо тозабаёнии хеш мухлисони ҳунарашро мафтуни худ гардонидааст.

–Боғигул, шумо зани  озодед?

– Бале озодам.

– Шуморо дигарон  мефаҳманд?

– Ба дигарон кор надорам. Аммо аз ҳама муҳимаш шавҳарам маро мефаҳмад. Фарзандонам  мефаҳманд. Барои модар ин хеле гуворо аст.

– Дӯстони худро чӣ гуна интихоб менамоед?

–Аслан ман дӯсту дугонаи зиёд надорам. Онҳо ду-се нафаранд вале самимианд. Метавонам бигуям, ки шавҳарам дӯсти наздикам ҳастанд. Инчунин модарҷонам аниси розҳоям мебошанд.

– Ба андешаи шумо ба як нафар бонуи ҳунарманд шавҳари  эҷодкор доштан хуб аст ё дур аз он?

– Фикр мекунам, ки касбу кори ӯ муҳим нест. Аслан гап дар сари маърифати ӯст. Шавҳари ман аз аҳли ҳунар нестанд, вале бо маърифати баланди хеш маро бештар аз худам дарк мекунанд ва ҳунарамро қадр менамоянд.

– Бадрашканд?

– Албатта мард бе рашк намешавад. Вале ман ҳам хеле зиёд мекӯшам, ки сазовори бовариашон бошам ва барои рашк кардан асос пеш нагузорам. Мехоҳам чӣ хеле ки ӯ сазовори бовариам аст, ман ҳам сазовори бовариву арзандаи муҳаббати зебояш бошам.

— Зиндагӣ албатта бе камию костагӣ намешавад. Агар хотири шавҳаратон озурда гардад дилашонро  бо чӣ ба даст меоред?

— Албатта бо табассум  ва ҳарфҳои хуш,  инчунин бо пухтани таоми лазизе дили ӯро ба даст меорам.

– Суруде, ки бо Матлюба Раҳимова месароед эҷоду идеяи кист? Чаро Матлюба бо як рӯҳияи шодию фараҳ мехонаду мисраҳои шумо навмедона ҳас танд?

– Ин суруд ифодагари зиндагӣ аст ва дарди дили ду бонаи ҳунар. Магар ин зиндагӣ андӯҳу дард надорад? Ин шеъри «Зиндагӣ» ба бонуи эҷодкори хушсалиқа Шоираи Раҳимҷон тааллуқ дорад ва хеле писанди ман аст.

– Беҳтарин коре, ки анҷом додаед?

– Дили Матлюбаро ба даст овардан оё кори беҳтарин нест? ӯро чун як ҳунарманди хушсалиқа қадр мекунам. Фикр мекунам, ки ҳоло анҷоми корҳои беҳтарин дар пешанд.

–Хушбахтии бонуи ҳунар дар чист?

– Албатта пеш аз ҳама дар оилаи ободу шавҳари арзанда ва фарзандони солеҳ доштан аст. Дар ҷодаи ҳунар бошад, вақте мухлисон туро мефаҳманду қадр мекунанд ва ба қадри заҳматҳои шабонарӯзиат мерасанд бахти бузург аст. Дар саҳна танҳо мухлисон метавонанд  бонуи ҳунармандро хушбахт гардонанд. Зинда бошанд ҳамеша ҳаводорони азизам, ки бо қадршиносиашон дили моро ба зиндагиву эҷод гарм месозанд ва водорамон месозанд, ки фориғбол нагашта, пайваста заҳмат кашем ва баҳрашон сурудҳои наву тозаву дилписандро пешкаш созем.

– Андӯҳи дилро бо чӣ метавон берун сохт?

 

-Вақте ки нафаре аз  фарзандонам бемор мешаванд дилам лабрези ғаму андӯҳ мегардад ва хеле озурдахотир мегардам. Охир кадом модар дили сангин дорад, ки аз бемории фарзанд бепарво бошад. Албатта баҳри шифояшон мекӯшам ва беҳтарин тасаллӣ барои модар сиҳатии фарзанд аст. Инчунин ҳамзамон  дар вақтҳои озурдагиҳо модари 63-солаам тассаллибахши дили ман мебошанд. Зинда бошанд модарҷони ба ҷону дил баробарам, ки дуогӯи мо фарзандонашон ва наберагонашон ҳастанд.

 –Сарпарасту такягоҳ низ доред?

— Такягоҳи ҳар як банда Худованди бузург аст, аммо сарпарасте надорам. Шояд дар оянда пайдо шавад. Ду албоми сурудҳоямро бо кӯмаки худ баровардам. Аввалинаш «Ишқи пок» буда соли 2007 таҳия гардид ва албоми дуюмам «Дастагули баҳор» низ ба дасти  мухлисони азизам расид.

– Чӣ нақшаву ниятҳо шуморо дар дил аст?

– Албатта орзуи ҳамешагии ҳар як ҳунарманд рӯ ба рӯ шудан бо мухлисонаш аст. Дар пеш иду  ҷашнҳои бошукӯҳи ватан истодааст. Ният дорам бахшида ба ин ҷашнҳо таронаҳои нав таҳия сохта ба  мухлисони азизам пешкаш созам.

-Ба ишқ боварӣ доред?

— Аввалҳо боварӣ надоштам, ҳоло бошад боварам ҳаст, ки ишқи ҳақиқӣ мавҷуд асту қалби ошиқони асилро таскин медиҳад ва ба дардҳояшон даво аст. Мавҷудияти ишқ зиндагиро рангину пурҷило мегардонад ва медонӣ, ки касе ҳаст, ки туро дӯст медораду дар ҳама ҳолат мунтазират ҳаст.Эҳсосоти гуворо аст ишқ.

 — Лаҳзаҳои кӯдакиро хуб дар хотир доред?

— Лаҳзаҳои хуши ҳам буданд албатта дар айёми тифлиам. Вале ҳанӯз хеле хурд будам, ки  падари меҳрубонам олами ҳастиро падруд гуфт. Шумо тасаввур мекунед, ки барои фарзанд то чӣ андоза душвор аст дар сесолагӣ маҳрум гаштан аз навозиши дастони падар . Азобҳои модарро дида, дили ман ҳам фиғон мекашид ва аз дасти тифл чӣ коре ҳам меояд ба ҷуз оҳу афсӯс. Ҳамаи он дарду, озорҳо маро ба олами ҳунар овард ва онро тавонистам бо оҳанг тараннум созам. Имрӯзҳо шукрона дорам, ки ҳамааш паси сар гашта модарҷони азизам дуогӯи мананд.

— Ба шумоён низ изҳори миннатдорӣ намуда таманнои онро дорам, ки  сафи ҳаводорони «Дилкушо» аз ин ҳам бештар гардад. Зеро хеле аҷоибу писандида аст.

Дилкушо               

 Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст.

Один ответ

  1. Салом апаи Богигул сурудхоятонро дар соли нав тамошо кардем ба мо бисёр хам хуш омад интизори баромад ва сурудхои нави шумо хастем зодрузатон хам наздик аст чи тайёри дида истодаед сурудхои нави шумо бесаброна интизорем

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s