• Статистика

  • Blog Stats

    • 523,781 hits
  • Flag Counter

ШАШГОНАИ БЕҲТАРИНИ ЭСТРАДАИ ТОҶИК

Шабнам- Фируза-Манижа-Фарзона-Чонибек-Нигина-

Шабнам- Фируза-Манижа-Фарзона-Чонибек-Нигина-

Мо қарор додем шашгонаи комёбтарин сарояндагони тоҷикро аз рӯи шумори бинандаҳои наворҳои ҷудогонаи онҳо дар сомонаи интернетии «Ютуб» тартиб диҳем. Инак, бештар аз ҳама бинандаҳо дар «Ютуб» аз миёни наворҳои сарояндаҳои тоҷик ба кадоме таваҷҷӯҳ доштаанд? Беҳтарини беҳтаринҳо аз назари муштариёни «Ютуб» кист? Манижа Давлатова? Нозияи Кароматулло? Ё шояд Садриддини Наҷмиддин? Не-не! Рақами 1 – Шабнами Сурайё! Фақат яке аз сабтҳои таронаи машҳури вай «Аз қудуми сафар» дар «Ютуб» медонед чанд бор мавриди тамошо қарор гирифтааст? Ба ҳоли 10 июн 1 588 212 бор! Ин рекорди мутлақ аст барои наворҳои мусиқии тоҷикӣ!

 

Шояд барои баъзеҳо ғайри чашмдошт бошад, аммо дар ҷои дуюми рейтинги мо аз рӯи натиҷаҳои «Ютуб» Нигина Амонқулова ҷой гирифтааст! Бале-бале, Нигина Амонқулова бо сабти ҳамон ҳунарнамоии тасхиркунанда, садои дилфиреб ва ғамзаю абрӯпаррониҳои ҷаззобаш дар саҳнаи «Андалеб» бо таронаи «Дар лаби обӣ» тавонист диққати 440 604 бинандаро ҷалб созад! Таъкид кардан ҷоиз аст, ки як сабти дигари айнан ҳамин баромади ӯ боз тақрибан ҳамин миқдор тамошобин ҷамъ овардааст. Яъне, агар сабти ин баромад дар «Ютуб» дуто не, якто мебуд, шумори бинандагонаш мумкин буд имрӯз беш аз 800 ҳазор қайд мешуд. Аммо азбаски дигар сарояндаҳо ҳам ба ин мушкилӣ дучоранд, чарт- рейтингро аз рӯи шумори бинандагони танҳо як сабти сароянда тартиб медиҳем.

Хуб, дар ҷои сеюм кист? Дар мавқеи сеюм нафаре ҷой гирифтааст, ки бисёриҳо шояд чашмдор буданд ӯро дар зинаи баландтарини ин рейтинг бинанд. Аммо ӯ – Манижа Давлатова бо навори яке аз таронаҳояш — «Сӯзи дил» бо 288 899 бинанда хеле аз Нигина ва Шабнам ақиб монда, танҳо дар мавқеи сеюм аст. Лозим ба қайд аст, ки сабти боз якчанд таронаи дигари Манижа ҳам таваҷҷӯҳи беш аз 250 ҳазор бинандаро ҷалб кардааст.

Навбат ба ҷои чорум. Акнун, хонандагони азиз, боз бештар ба ҳайрат меоед, зеро мавқеи чаҳорумро сарояндае ишғол мекунад, ки шояд аз хотири бисёр касон имрӯзҳо рафтааст. Бо вуҷуди ин, сабте таҳти унвони «Tajik klip», ки дар он навори як таронаи хонуми бисёр зебо Фирӯза Алифова бо номи «Дарё дилам» манзур гардидааст, 245 738 бинанда ҷамъ кардааст. Лек бояд гуфт, ки ба ин навор солҳои пешин бештар диққат дода шудааст ва таронаҳои дигари сарояндаи мазкур хеле камтар барои меҳмонони «Ютуб» ҷолиб будаанд. Аз ҳама беш, бино ба қайдҳои бинандагон, ба мухлисон ҳусн ва садои Фирӯза маъқул афтодааст, на худи тарона.

Дар хотима хабар медиҳем, ки Фарзонаи Хуршед бо клип ба таронаи «Бар ман дуо гӯед» (164 722 бинанда) дар мавқеи панҷум ва Ҷонибек Муродов бо «Масти мастам» (127267) ҷои фахрии шашумро дар чарти мо ишғол кардаанд.

Инак, рӯйхати 6 навори писандидатарини сарояндаҳои эстрадаи тоҷикро бо такя ба маводи «Ютуб» ба пуррагӣ манзуратон мегардонем:

1. Шабнами Сурайё — 1 588 212

2. Нигина Амонқулова  — 440 604

3. Манижа Давлатова — 288 899

4. Фирӯза Алифова — 245 738

5. Фарзонаи Хуршед — 164 722

6. Ҷонибеки Мурод – 127267

 

Тавре мебинем, панҷ ҷои аввалро духтарони зебои мо ишғол кардаанд ва беҳтарини ҷавонҳо (аз рӯи чарти мо) Ҷонибеки Мурод танҳо тавонистааст дар дунболи онҳо ҷой гирад. Сарояндагони дигари лаёқатманди тоҷик – Садриддини Наҷмиддин, Баҳром Ғафурӣ, Сироҷиддини Фозил ва дигарон натавонистаанд бо зебосанамон рақобат кунанд.

Тартиб додани сегонаи писандидатарин клипу наворҳои тоҷикӣ ҳам бо такя ба маводи «Ютуб» ба мо даст дод. Инак, се таронае, ки ба дидани онҳо муштариёни сомона майли бештар доштаанд:

1. «То қудуми сафар» (Шабнами Сурайё) — 1 588 212 бинанда

2. «Биё, ки бурем боғ» (Шабнами Сурайё)  — 1 277 756 бинанда

3. «Куҷо-куҷо» (Дуэти Шабнами Сурайё ва Ҷонибеки Мурод)- 815 344 

 

Тавре мебинем, се ҷои аввалро таронаҳои сароидаи Шабнами Сурайё ишғол кардаанд. ӯ бешубҳа миёни мардуми Тоҷикистон хеле шӯҳратёр аст, вале лозим ба қайд аст, ки ин гуна шумори зиёди мухлисони ӯро сабаб силсилаконсертҳои ӯву Ҷонибек дар мамлакатҳои Ғарб мебошад, ки таваҷҷӯҳи эронию афғонтаборҳоро ба таронаҳои ӯ зиёд кардаанд. Ва худи ин таронаҳо ҳам эронӣ ва афғонӣ мебошанд. Ҳоло маълум нест, сурудҳои «Биё, ки бурем боғ» ва «Куҷо-куҷо» бе райъҳои ҳамзабонони хориҷии мо дар кадом мавқеъ мебуданд! Лекин, эҳтимол, «То қудуми сафар» дар ин ҳол ҳам пешсаф мемонд, зеро миёни ҳаводорони ҳунари овозхонӣ дар Тоҷикистон ҳам хеле маъруф буду бинандагони зиёде аз дохил низ бояд ҷамъ карда бошад.

Дар шумораҳои ояндаи худ «Мушфиқӣ» кӯшиш мекунад ба дараҷаи маъруфияти таронаҳои ҷудогона ва сарояндагон дар худи Тоҷикистон равшанӣ андозад.

Бо мо бошед! «МУШФИКИ»

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s