• Статистика

  • Blog Stats

    • 523,781 hits
  • Flag Counter

АМРИТА РАО: «ИШҚИ МАНУ ШАҲИД КАПУР ТАНҲО ОРЗУИ ХАЁЛИИ МУХЛИСОН АСТ»

Амрита рао-Амрита Рао

Амрита Рао-Amrita Rao

Амрита 17 июни соли 1981 дар шаҳри Читрапури Ҳиндустон чашм ба олами ҳастӣ боз намудааст. Айёми наврасӣ ҳатто фикр ҳам намекард, ки як замоне ситораи синамо хоҳад шуд. Гарчи худ зодаи муҳити фарҳангӣ буд, аммо дар аввал мехост модел шавад. Ва дар оғоз  ба ҳайси модел дар  як ширкати косметикӣ фаъолият менамуд. Дар ин ҷода муваффақ ҳам гардида буд. Вале ишқи ҳунар ӯро ба ҷониби худ мехонд. Аммо дар ҷодаи ҳунар шӯҳрат каме дертар ба суроғи ин бонуи нозанин омад. Амрита дар олами синамо бо филми «Ab Ke Baras» — и  Раҷ Канвор вуруд гардид. Аммо баъд аз нақшофарӣ дар филми  «Чигуна аст муҳаббат» ӯ шӯҳратманд гардид.

Амрита байни ҳаводорони санъаташ ва ҳамкасбонаш соҳиби обрӯи махсус аст. Ниҳоят шахси ҳалиму беозорест. Замираш мисли чеҳраи беғашаш поку ҳассос буда, орӣ аз ҳама гуна бухлу кинаву адоват аст. Ҳамеша мехоҳад ба кӯдакони маъюбу бепарастор ва аз ҷиҳати ақлонӣ носолим дасти мадад ва эҳсонашро дароз бинмояд. Барои нигоҳ доштани қомати мавзуну намуди зоҳириш пайваста машқ карда инчунин ба рақсидан низ машғул мешавад. Айни замон бо кӯмаки устодаш ба омӯзиши рақси классикӣ ва лотинӣ-амрикоӣ  пардохтааст. ӯ мисли садбарги нафису дилкаш бо таровати ба худ хосу нотакрор орамидааст.

Дар баробари ситораи синамо буданаш,   ҳофизаи хуб ҳам мебошад. Аз синни наврасӣ бо ҷиддият ба суруду мусиқӣ пайвандӣ дошт. Ин шавқ ӯро то ворид гаштан ба олами синамо ва Болливуд  думболагир буду халос. Аммо имрӯзҳо Амрита орзу дорад, ки боре дар филмҳояш суруд бо овози худаш садо диҳад. Филмҳои машҳуртарини ӯ «Ман ҳамроҳи туям», «Салом азизакам», «Ақди никоҳ» ва ғ. мебошанд.

Ному насаби комил:  Амрита Дипак Рао

Номи  духтараш  Дипака Рао

Маънии  исмаш – абадӣ будан

Нӯшокии писандидааш -Обҳои минералӣ

Пироҳани дӯстдоштааш – либосҳо аз матоъи ҷинс

Рангҳои ба дилаш наздик – гулобӣ ва осмонӣ

Ситораҳои ҳунари писандидааш – Раҷ Капур, Ритик Рошан, Амирхон, Махеш Бабу, Наргис Шабана Азми, Шоҳруххон

Марди идеалиаш – Ритик Рошан

НЕЙЛ КУЛКАРНИ–АСРОРИ МАН АСТ

– Амрита, оё рост аст, ки шумо як замоне мафтуну шефтаи Шаҳид Капур будед?

– Дар ҳақиқат давоми соли 2009 воситаҳои ахбори умум танҳо дар ин бора сару садо баланд мекарданд ва бо ин рафторашон маро чандин маротиба безобита намуда буданд. Вале барои ман ҳамчун як чеҳраи шинохта аз ин овозаҳои ҷойи гурез нест албатта. Шояд сабаби асосии ин овозаҳо шумораи зиёди филмҳое мебошанд, ки мо бо Шаҳид Капур дар якҷоягӣ нақш офаридаем.  Мухлисону ҳаводоронамон моро бештар якҷоя дидан мехоҳанд, аз ин хотир онҳо дар образи хайёлии хеш моро ҳамчун ду дилдода тасаввур карданӣ мешаванд. Вале дар зиндагӣ байни ману Шаҳид Капур ба ҷуз ҳамкорӣ чизи дигаре вуҷуд надорад. ӯро бо ҳамсараш хушбахт дидан мехоҳам.

– Ба ҳар ҳол дар яке аз мусоҳибаҳои худ иброз доштаед, ки мехоҳед ҳарчи бештар бо Шаҳид ҳамкорӣ намоед?

– Ҳеҷ гоҳ чунин ибрози ақида накардаам ва дар ин ҷо ғалати нобахшидании журналистон баръало эҳсос мешавад. Дар олами Боливвуд ба ғайр аз Шаҳид шумораи дӯстони ман кам нестанд. Ман бо ҳар яки онҳо мехоҳам боре нақш бозам. Дар мусоҳибаи номбурдаатон низ ман махсусан Шаҳидро ном набурдаам.. Шаҳид дӯсти вафодор ва аз ҳама муҳимаш инсони накӯ аст. Ҳамкорӣ бо чунин шахси бофарҳанг барои ҳар нафар боиси ифтихору фараҳмандӣ аст.

– Имрӯзҳо бисёриҳо шуморо бонуи хоксору заминӣ меҳисобанд. Мегӯянд, ки ботинаш зебо аст.  Чӣ розе  нуҳуфтааст зери пардаи ҳарири олами ботинии шумо?

– Имрӯз на ҳамаро инсони хоксору заминӣ ном бурдан мумкин аст. Дар баробари оддиву хоксор буданашон ингуна инсонҳо ниҳоят оқилу барҷаста ва бедордил мешаванд. Дар дунёи  эшон ҷаҳони бузурге ниҳон аст. Ман сарбаланд аз онам, ки маро дар қатори чунин  инсонҳо ном мебаранд. Мехоҳам дар нақшҳоям низ ин образи воқеиям баръало инъикос гардад. Орзу мекунам, ки ҳамеша чуноне, ки ҳастам, яъне чун инсони хоксору заминӣ ва комил ёдам кунанд.

Ҳаводоронатон гиламанданд, ки шумо зуд-зуд нопадид мешавед?

– Ин гуфтаҳо маро хеле хушҳол мекунад. Зеро аз ин бармеояд, ки дар қалби эшон   ҷойи махсусро ишғол мекунам ва ҳамеша дар мадди назарашон қарор дорам. Ҳангоме, ки аз экран дур мешавам , пазмони дидорам мешаванд. Аз ин хеле рӯҳбаландам, зеро дили ҳазорон нафар мухлисони азизамро ба даст овардаам ва аз ин хушбахтам. Гумон мекунам, ки барои санъаткор аз ин бахти бузургтаре нест.

– Лаҳзаҳои фароғати шумо чӣ гуна сипарӣ мешаванд?

– Дар лаҳзаҳои фориғ аз кор бештар  ба тамошои  телевизор ва мутолиаи китобҳои шавқовар машғул мешавам.

– Умуман ҳунарманди машҳур будан чӣ дарде дораду чӣ роҳате?

– Шукронаи Худованд, ки дар ин соҳа мушкилие маро рӯбарӯ нашудааст. Ҳеҷ гоҳ барои ҷустуҷӯи кор дар ба дар нагаштаам. Ҳамеша худи коргардонҳо барои пешниҳоди иҷрои нақше дар филмҳо ба суроғам меоянд. Бо амри тақдир нақши ман ба зудӣ писанди онҳо  мегардад ва он филмҳоям  низ дар олами синамои ҳинд мартабаи махсусеро доро мегардад. Вале ягон касбу коре нест, ки бе заҳмату мушкилиҳо набошад. Лаҳзаҳое низ буданд, ки хеле озурдахотиру дилгирам мекарданд ва мехостам ҳатто тарки синамо кунам. Вале меҳри беандоза нисбати ин касб маро бозмедорад ва ба  сӯйи худ мехонад. Роҳаташ албатта он аст, ки мухлисонам бо муҳаббати зиёд  ва камоли дӯстдорию меҳру ихлос нақшҳоямро пазиройӣ ва эътироф  мекунанд.

– Оё рост аст, ки айни замон бо табиби ҳиндутабори  амрикоӣ Нейл Кулкарни муносибати ошиқона доред?

– Бо нафаре муносибати ошиқона доштан ё надоштанам ин кори шахсии ман аст. Гумон мекунам, ки   бояд ҳар як  бону дар ҳама ҳолат ҳатман  асрор бошад. Бигзор асрори зиндагии ман ҳамеша ниҳон бошад. Барои мухлиси ҳақиқӣ набояд ин гуна чизҳо аҳамият дошта бошад. Пеш аз ҳама ӯ бояд аз паҳлӯҳои гуногуни ҳунари ман муваффақиятҳои ҳунариам таваҷҷӯҳи бештар дошта бошад. Зеро танҳо тавассути ҳунарам маро шинохтаанду дӯстам доштаанд. Аз ҳама муҳим он ки  ман барои касе ё чизе аз синамо даст намекашам. Рости гап барои ишқу ошиқӣ фурсат ҳам надорам. Зеро он дар ҷойи аввал нест бароям ва муҳимтар аз ҳама – ин ҳунар ва танҳо ҳунар аст.

Дилкушо               

 Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s