• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,359 hits
  • Flag Counter

АНИСА: ХОКСОРИРО ДУСТ МЕДОРАМ

Аниса-Anisa

Аниса-Anisa

Аниса сарояндаи ҷавону умедбахшест, ки бо садои дилнишину чеҳраи зебо ҳаводорони савту наворо тасхир карда, дар дунёи пурасрори ҳунар ҷилва менамояд. Муддатҳост, ки ин духтараки сарвқомат бо омода кардани сурудҳои дилошӯб мавқеи худро дар ниҳоди мухлисон устувор намуда, кӯшиши тавлиди таронаҳои навро дорад. Инак, лаҳзае хусуси олами афсонабори Анисабону ҳарф хоҳем зад. Умедворем, сӯҳбати ҷолиби мо бо Аниса шуморо бетараф нахоҳад гузошт. Аниса 13-уми октябри соли 1986 дар пойтахти азизамон шаҳри Душанбе ба дунё омада, таҳсилро дар мактаби миёнаи рақами 60 ба охир расонидааст.  ӯ ба омӯзиши улум таваҷҷӯҳи махсус дошт, аз ин рӯ баъди хатми мактаб ба хотири омӯзиши забони арабӣ ба давлати Сурияи Араб сафар мекунад. Аниса имрӯз матнҳои арабиро ба тоҷикӣ ва тоҷикиро ба арабӣ тарҷума мекунад.

-Кадом омил шуморо дилбастаи санъат намуд?

— Дар яке аз сӯҳбатҳоям иброз дошта будам, ки бештар дилбастаи Хайфа ном сарояндаи араб ҳастам ва меҳри ҳунари ҳамин сароянда маро низ ба санъат пайваст намуд.

— Ба андешаи Анисабону, чӣ гуна суруд метавонад мавқеи худро ҳамеша устувор нигоҳ дорад?

— Суруде, ки матни баланд дорад, бо самимият суруда шудааст ва оҳанги хубаш таваҷҷӯҳи одамонро ба худ кашида метавонад. Яъне, он чизе, ки бо муҳаббат офарида ва сароида шудааст, имкони дар умқи дилҳо маъво гирифтанро дорад.

— Шӯҳратро меписандед?

— Аслан ҳадафи сароянда набояд шӯҳратпарастӣ бошад. Ҳунарманди асилу нисбати ҳунар меҳри воқеидоштаро шӯҳрат худ думболагирӣ мекунад. Аз ин рӯ паи шӯҳрат давидан, фикр мекунам, хатои бузургест, ки метавонад овозхонро рӯзе ба шикаст диҳад.

— Барои занони санъаткори тоҷик, ба андешаи шумо, пӯшидани чӣ гуна либос мувофиқтар аст?

— Эстрада мувофиқ ба талаботҳои саҳна либоспӯширо талаб мекунад. Намуди зоҳирии сароянда бояд ба бозгӯ кардани матну оҳанги тарона мусоидат кунад.

-Ба занон чиро зебанда мешуморед?

-Чизе ҷуз шарму ҳаё барои зан зебандатар буда наметавонад. Шарм натанҳо чеҳраи занро гарму нуронӣ месозад, балки неку ҳамида будани одобу ахлоқи ӯро низ нишон медиҳад. Касро аз даст задан ба амалҳои зишту нописанд бозмедорад. Ниҳоди шахси боҳаё ҳамеша поку орӣ аз хислатҳои бад аст. Аз ин рӯ чизеро баробари шарму ҳаё дӯст дошта наметавонам.

— Аммо магар шарм ба пешрафти кори санъаткор монеъ намешавад?

— Агар аз ҳад зиёд бошад, мумкин тавонад шӯълаи ҳунарро дар замири кас хомӯш созад ва агар мӯътадил бошад, барои муваффақ шудан монеае намесозад.

— Дуруст аст, ки баъзан шармро бо ғурур иваз мекунанд?

— Бале, чунин ҳолатҳо дар зиндагӣ кам нестанд. Нафаре аз хиҷолат ҷуръати ба дигарон нигаристану ҳамсӯҳбат шуданро аз даст медиҳад, лекин мо ин амалашро ба ғуруру худписандӣ нисбат дода, ӯро ҳавобаланд мехонем. Шармро аз ғурур фарқ кардан мебояд.

— Нақши ғурур дар ҳаёти санъаткор?

— Ғурур дар фаъолияти ҳунарманд нақше бозида наметавонад. Ҳама талоши овозхон дар пайдо кардани матну оҳанг, болида нигоҳ доштани хотири мухлис ва таъсире бахшидан ба маънавиёти ӯст. Вақте сароянда бо ғурур унс гирифт, пас бояд аз мухлис рӯ тобад, зеро одамон ҳаргиз ашхоси мутакаббирро хуш қабул намекунанд. Лекин касеро, ки аз серкорӣ имкони сӯҳбат карданро надорад, ӯро бо кибр донистан лозим нест.

-Беҳтарин орзуи Аниса дар зиндагӣ?

— Қашангтарин орзуҳои ман дар симои фарзандонам ниҳон аст. Онҳоро бузург кардан, соҳиби ҳунару маърифат дидан орзуест, ки лаҳзае диламро тарк намесозад.

— Фарзандонатон чӣ ном доранд?

— Анас ва Ёсир.

-Шумо духтари босавод ҳастед, аммо оҳангҳои тӯёнаро интихоб мекунед. Чаро?

-Мехоҳам худро ҳамеша дар муҳити тӯй тасаввур кунам. Кӯшиш мекунам бо воситаи таронаҳоям лаҳзае ҳам бошад, одамонро аз ғам фориғ созам.

— Шумо зиёд давлатҳоро дидаед, кадомаш ба шумо бештар маъқул афтод?

— Оре, бисёр мамлакатҳоро дидаам, аммо ҳеҷ кадомашон мисли кишварҳои араб натавонистанд ба дилам маъво гиранд.

ӣ нақшаҳои ҷадид доред?

— Ҳоло тамоми талошҳоямро барои он равона кардаам, ки бо пешниҳоди албом ва гузаронидани консерт хотири мухлисонамро шод гардонам.

— Таманнои шумо ба ҳаводорони садоятон.

— На танҳо ба мухлисон, балки ба тамоми мардуми азизи кишварам тансиҳатию осудахотириро орзу мекунам.

— Ташаккур! Мо низ ба Шумо расидан ба қуллаҳои нави эҷодиро таманно мекунем.

Дилкушо               

 Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s