• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,359 hits
  • Flag Counter

ҶОНИБЕК МУРОДОВ: АГАР ҲУНАРМАНД НАМЕШУДАМ, ҲАТМАН ФУТБОЛИСТ МЕШУДАМ

Чонибек Муродов  Jonibek Murodov

Чонибек Муродов Jonibek Murodov

Агар гӯем, ки  имрӯзҳо Ҷонибек санъату ҳунари миллати моро дар дунёи муттамадин муаррифгар аст, хато нахоҳад буд.  Вай яке аз он нафарони ҳунарманд аст, ки тавассути онҳо мардумони дунё аз санъати мо огоҳӣ меёбанд.  Барои Ҷонибек ҳунар мероси гаронбаҳое аз падари бузургвораш, устоди бузурги санъати тоҷик Ҷӯрабек Муродов аст.  Чанде пеш Ҷонибек дар фестивали байналмилалии тарона ва рақс дар Ҷумҳурии Қазоқистон бо номи  «Voice of Astana»  иштирок намуда,  санъати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд.  Мухбири моро даст дод, ки баъди анҷоми ин сафари ҳунарӣ бо ҳунарманди хушсалиқаи дорои сабку услуби ба худаш хос ҳамсӯҳбат гардида, аз розу ниёзҳояш огоҳ гардад.  Инак, хонандаи азиз, сӯҳбати кӯтоҳу гуворои худро ба кафи нигоҳи ту мегузорему умедворем, ту низ мисли мо лаҳзае дар фароғат хоҳӣ шуд.

Қабл аз ҳама шуморо барои ширкати муваффақона дар фестивали байналмилалии «Voice of Astana»  муборакбод мегӯям. Бигӯед, ки шуморо дар Қазоқистон чӣ гуна пазироӣ намуданд?

– Сипосгузорам. Моро ба дараҷаи олӣ қабулу қадрдонӣ намуданд. Ман дар фестивали байналмилалии тарона ва рақси Ҷумҳурии Қазоқистон бо номи  «Voice of Astana»  иштирок намуда,  санъати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ намудам. Шиносоӣ бо  ситораҳои ҳунари мамлакатҳои Осиё ва пешниҳодҳо оиди ҳамкориҳои ҳунарӣ бароям хушу гуворо буд.

– Ба андешаи шумо чаро намуди зоҳириатон духтарони мухлисатонро мафтуни  худ мегардонад?

– Ман ҳеҷ гоҳ ба ин савол ҷавоб ёфта наметавонам. Рости гап ин гуворо аст. Ман инчунин дар ҷумҳуриҳои дигар низ мухлисони ашадии хешро дорам.

– Сафарҳои ҳунарии бо ҳунарманди шинохта Шабнами Сурайё доштаатон ба хориҷи мамлакат байни мардум сару садоҳоеро баланд намуда буд. Бо вуҷуди он ки ҳамкории шумо бо Шабнам анҷом пазируфт ва ин навбат мустақилона ва бе ӯ сафар намудед, вале  то ҳанӯз овозаҳо оиди муносибати шумо бо ин бону қатъ намегарданд. Рост аст, ки мегӯянд шумо бо Шабнам издивоҷ кардаед?

– Ин овозаҳо асосе надоранд. Ман ҳамсар ва писарчаи нозанине дорам. Мардум дар хаёли худ «ҷашни арӯсӣ»-и моро гоҳе дар Дубаю гоҳо дар Амрико пешбинӣ мекунанд. Аммо ин фақат овозаҳои беасосанду халос.

– Агар мухлисонатон ба кошонаи шумо  меҳмонӣ оянд, чӣ тавр пешвозашон мегиред?

 

– Мувофиқи расму таомули тоҷикона пешвозашон мегирам. Онҳо бо меҳру ихлоси нисбатам доштаашон  ба хонаам ҳам  меоянд,  дар кӯчаҳо низ вомехӯранд, аз ҳаёту зиндагиам пурсон мешаванд, бо арзи сипос тӯҳфа тақдим мекунанд, соядаст мепурсанд. Бовар кунед, ман ҳамеша аз будани онҳо сарбаландам.

– Кадом рӯйдодҳои тозаи ҳунарӣ шуморо интизор аст?

– Таҳияи видеоклипи навам ба забони русӣ «Сердце прости», ки таҳти роҳбарии клипмейкери шинохтаи шоу-бизнеси Россия Баҳодур Юлдошев  моҳи феврали соли равон дар Амрико ба навор гирифта шуд ва он 9 майи соли 2011 пешкаши мухлисони азизам гардид, тозатарин рӯйдоди ҳунарӣ аст.  Инчунин пешакӣ метавонам гӯям, ки Худо  хоҳад рӯзи якуми сентябри соли 2011 дар Кохи Борбад бо мухлисони асили худ як шоми фароғатии гуворо баргузор хоҳем кард.

– Мегӯянд, ки нархи он клип сад ҳазор доллар аст?

– Инро метавонам рӯзи консерт  танҳо ба мухлисонам гӯям.

– Бештар  чиро дар духтарон меписандед?

– Фикр мекунам, ҳусни зебои духтарон гарчи дилфиреб аст, аммо дар ҷойи аввал намеистад. Маро бештар духтари зиндадилу хушчақчақ писанд аст.

–Агар сароянда намебудед, кадом касбро пеша мекардед?

– Намедонам. Шояд футболист мешудам ё тоҷир. Аз хурдӣ ба варзиш шавқи беандоза дорам. Дар лаҳзаҳои бекориам  ҳатман ба толори варзишӣ меравам.

– Агар устод Ҷӯрабек Муродов ҳунарманд намебуданд, шумо низ шояд сароянда намешудед?

– Ҳар як нафарро азалнавис аз рӯзи аввал тақдиру насибаеро пешбинӣ намудааст. Идеали ман дар зиндагӣ падарам Ҷурабек Муродов мебошанд. Ман дар саҳна ба воя расидаам гӯям, хато нахоҳам кард. Ҳамроҳи падари ҳунарманди хеш ҳамеша бо олами ҳунар сару кор доштам. Маҳбубияти падарро назди мардум дида ҳанӯз аз хурдсолӣ мехостам сарояндаи ба дили мардум наздик шавам.

-Яъне  касби падарро Худованд бароятон мерос додааст?

-Ман аз Худованди бузург шукргузорам, ки бароям чунин мероси гаронбаҳоеро арзонӣ доштааст. Худованд мегӯяд, ки аз ту ҳаракат, аз ман баракат, ман ҳам бо як тӯҳфаи  тақдир қонеъ шуда нанишаста, барои такмили ҳунари хеш  бисёр кӯшишу талошҳо менамоям.

–Як саволи дигар. Агар ҳозир дар даст дастагули зебои садбарги сурх медоштед, онро ба кӣ тақдим мекардед?

–(Механдад). Ба он нафаре, ки ҳамин лаҳза дар бораи ман фикр карда истода бошад.

– Саломат бошед. Орзу дорем, ки сиҳатмандӣ ҳеҷ гоҳ тани шуморо тарк нагӯяд ва рӯзгоратон ҳамеша обод бошаду комёбиву тавфиқ мададгори Шумо. Дар авҷи эҷоди ҳунаратон парвозҳои баландро таманно дорем.

– Ман ҳам  орзуманди онам, ки умри рӯзномаатон, ки минбари розу ниёзҳои ҳамаи ҳунармандон ва эҷодкорон аст, хеле дароз бошаду қаламкашони шумо ҳеҷ гоҳ рӯи хориро набинанд. Барои аҳли эҷоди ҳафтаномаи «Дилкушо» саломативу дар фаъолияташон барору пирӯзиҳои бештареро таманно дорам.

Дилкушо               

 Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s