• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,359 hits
  • Flag Counter

МУҲАММАДРАФИИ КАРОМАТУЛЛО: «САРБАЛАНДӣ ГАР БИХОҲӣ, БО ҲАМА ЯКРАНГ БОШ!»

Мухаммадрафии Кароматулло-Muhammadrafi Karomatullo

Мухаммадрафии Кароматулло-Muhammadrafi Karomatullo

Дар лаҳзаҳои душвори зиндагӣ, вақте ки аз ҳама чизу ҳама кас дилсард мешавӣ, чун садои таронаи Муҳаммадрафӣ ба гӯшат мерасад, фикр мекунӣ, ки ӯ аз ғаму андӯҳи дилат бохабар асту махсус барои тасаллои дили ту месарояд. Агар гӯем, ки Муҳаммадрафии Кароматулло бо таронаҳои дилангезу пурмуҳаббаташ дар дили хурду калон маҳбубияти махсусе дорад, хато нахоҳад буд!  Суруди ӯ  нарму нафис дар хилватгоҳи қалби кас ворид мешавад ва шунавандаро болу пар мебахшад ва хаёлан дар парвоз месозад ва боз ошиқтар мекунад. Зеро аксари таронаҳояш шӯху ошиқона аст ва  ғаму андӯҳро аз дил берун сохта зиндагиро рангину гуворо мегардонад. Ҳар  қадаре , ки дар борааш нависам, боз ҳам фикр мекунам, ки  кам аст , гумон мекунам, барои ту низ, хонандаи азиз,  аз забони худи ӯ шунидани розу ниёзаш гуворотар аст.

МОДАРАМ, БУДУ НАБУДАМ

–  Ҳар  субҳро чӣ гуна пешвоз мегиред ва анҷоми он ба рӯҳияатон чӣ гуна таъсир мерасонад?

– Албатта ҳар субҳро бо табъи болида ва замзамаи таронае, дидани чеҳраи модарҷонам бо дасти дуояшон,чеҳраи беғаши  тифлаконам пешвоз мегирам. Ва анҷоми рӯз  низ ба хона баргашта осудагии рӯзгорамро мебинаму тамоми хастагиҳои аз кору эҷод бардоштаамро фаромӯш месозам.

Ҳар як эҷодкор офаридаи беҳтарини худро ба шахси азизтарини хеш мебахшад. Шумо низ барои каси азизтарини хеш сурудеро бахшидаед?

– Бале, барои модари азизам, ки барои мо дар зиндагӣ ҳама чиз, яъне ҳам падару ҳам модар буданд, сурудҳои беҳтарину ба дил наздикамро бахшидаам. Агар дасти инояти модарам намебуд, шояд мо дар ин ҷода ба чизе ноил намегардидем. Ҳар як суруди хешро бо номи модарам сар мекунам. Гарчи худ хеле азоб кашиданд, нагузоштанд, ки мо бепадарии худро эҳсос намоем. То он даме, ки ҳастем, он касро дар болои сарамон мебардорем. Чӣ қадар ки лозим аст, ҳурматашонро ба ҷо меорем. Наздашон бо арзи эҳтиром сари таъзим фуруд меорем. Агар он кас намебуданд, ба ин дараҷаҳо шояд намерасидем. Хулоса, тамоми кору эҷоду пешравиҳоямон бо модари азизтаринамон сахт марбут аст.

– Ба ҳама маълум аст, ки шумо дар пайравии падар суруд мехонед, аммо вақте ки дар ҷодаи ҳунар қадам ниҳодед, аллакай он кас набуданд ва кадоме аз ҳунармандони шогирди падаратон  шуморо дастгиру мададгор буд?

– Ҳангоми аз дунё рафтани падарам ман хеле хурдсол будам. Гарчи падари азизам ба ман дарси мусиқӣ наомӯзонда бошанд ҳам, лекин рӯҳи бузургашон дар ҳама ҷода маро мадад мерасонад. Шояд шумо бовар накунед ва хонандаи азиз ҳам дар шубҳа афтад, ки бо қудрати илоҳӣ бароям аз ғайб қудрату тавоноие барои эҷоди оҳанги нав эҳдо мегардад. Дарки баланди мусиқӣ маро мероси бузурге аз падари ҳунармандам расидааст. Баъзан дар хоби шабам оҳанги ба дил наздикеро меёбам. Ҳангоми таҳсил дар мактаби мусиқӣ устод Саъдии Қаландар маро ғамхор буданд. Дар консерваторияи миллӣ бошад устод Акбар Мирраҷабов зиёд дастгириам намудаанд.

– Суруде доред, ки танҳо барои худ эҷод кардаеду намехоҳед, ки онро каси дигар шунавад?

– Не, чунин суруд надорам. Ҳар як суруде, ки эҷод мешавад, асосан барои мардум аст, барои мухлисони азизам. Мо ҳунармандон ҳамеша заҳмат мекашем, то як оҳанги наве ё таронаи тозаеро, ки ба дили мардум наздик бошад, таҳия созему хотири онҳоро болида гардонем.

–  Бароятон дар зиндагӣ боз чизи муҳимтаре ҳаст, ки эҷодкории шуморо иваз намояд?

– Дар ҳоли ҳозир бо эҷоду ҳунар ва мухлисони азизам зиндаам.

– Оё ягон маротиба сурудҳои эҷодкардаатонро ҳисоб кардаед?

– Не, ҳисоб накардаам. Санъат уқёнуси беохиреро  мемонад, ки бекарон асту охираш наменамояд. Ва мо низ дар он шиноварем ва ҳамеша дар такопӯву ҷустуҷӯ ҳастем.

АЗ ПАЙИ ОРЗУҲОИ ПАДАР

– Машҳур будани номи падар шуморо албатта хеле мададгор аст?

– Гирди номи падар чӣ мегардӣ,

Падари хеш шав, агар мардӣ,

— гуфтаанд  бузургон. Мо ҳам агар номи падар гуфта пайваста заҳмат намекашидем,  албатта байни мардум маҳбубият пайдо намекардем. Албатта рӯҳи падар, номи падар моро ҳамеша мададгор аст ва ин ба ҳама маълум аст. Мо ифтихор дорем, ки фарзанди чунин ҳунарманди нотакрор ҳастем.

– Орзуе ҳаст, ки дар дилатон ниҳон мондааст?

– Орзуҳо хеле зиёданд. Кам бошад ҳам, ман хеле мамнунам, ки орзуҳои дили падари шодравонамро амалӣ намудам. Дар дили ман орзуҳо зиёданд. Мо ҳоло дар зинаҳои аввалини саҳнаи ҳунар қарор дорем ва ҳоло зинаҳои зиёде моро дар пеш аст. Дар қатори ҳамин орзуҳо ҳам зиёданд. Дидани мамлакати афсонавӣ ва омода намудани клип дар он ҷо орзуи деринаам буду амалӣ гардид. Чанд сурудро дар яке аз студияҳои машҳури шаҳри Бомбей дар сатҳи ҷаҳонӣ сабт намудам. Зеро сафари ин мамлакати афсонавӣ ва дар он ҷо сабт намудани клипҳои тозатарин пеш аз ҳама орзуи амалинагаштаи падари шодравонам буд.

– Падаратон шояд бо умедҳои зиёд номи ҳофизи бузурги ҳинду Муҳаммадрафиро ба шумо гузошта орзуи мисли ӯ ҳунарманди нотакрор шуданатонро доштанд…

– Ман ҳам фикр мекунам, ки Муҳаммадрафиро падарам устоди ғоибонаи хеш пиндошта сабки ӯро хеле зиёд эътироф менамудаанд.Он замонаҳо шояд  имконияти дидори одамони хориҷӣ маҳдудтар будааст. Гарчи насиби дидори он марди бузург муяссарашон нагашта бошад ҳам, маро чунин номгузорӣ намуда, ормони хешро шикаста бошанд. Ман ба хотири шод кардани рӯҳи бузурги падар ҳангоми сафари хеш ба Ҳиндустон Муҳаммадрафиро пурсон шудам.

Он мард чандин сол пештар, ба синни пирӣ норасида вафот намуда будааст. Ҳаммаслакону ҳамкорони ӯ номи маро шунида, аз эътиқоди зиёди доштаи падарам огоҳӣ ёфтанду ниҳоят шодмон гаштанд. Ин ҳамнишинони Муҳаммадрафӣ аллакай мӯйсафедони барҷомонда гашта, бо ҳунарманди бузурги ҳинд Раҷ Капур низ ҳамкорӣ доштаанд, аз дидори мо сарашон ба осмон расид. Сурудхонии маро шунида ниҳоят шод гаштанд ва хеле хуш қабул намуданд. Ман фикр мекунам, ки падарам хеле инсони хушбахт будаанд, ки орзуҳои дилашон амалӣ гардид. Хеле зиёд кӯшиш мекунем, ки фарзанди арзандаи он падари бузург бошем. Рӯҳи падар ҳамеша дар ҳама ҷо моро нигаҳбону мададгор аст.

МУҲАММАДРАФӣ  УНВОН ДОРАД?

Барои мухлисон шояд муҳим он нест, ки Муҳаммадрафӣ ҳунарманди соҳибунвон ҳаст ё не. Барои мардум ӯ пеш аз ҳама ҳунарманди асилест, ки сабки ба худ хос дошта овози нотакроре дорад. Муҳим он аст, ки ӯ ҳунарманди нотакрори давр ва маҳбубу ба дил қарини пиру ҷавон аст.  ӯ дар ҷодаи ҳунар як нафар санъаткори тасодуфӣ набуда зодаи ҳунар аст. Ба ғайри истеъдоди нодиру худодода доштанаш соҳибкасб низ ҳаст.

– Аз зиндагӣ барои худ чӣ панде бардоштаед?

– Сарбаландӣ гар бихоҳӣ бо ҳама якранг бош,

Қолин аз садрангии худ зери по афтодааст.

Ин бузургтарин панд аст, ки  маро ҳамеша пайгиру раҳнамост. Ҳамеша кӯшиш мекунам, ки инсони хоксору заминӣ бошам ва бо ҳама тоифаи мардум муносибати якхела дошта бошам.

– Кадом тарроҳ бештар ба дили шумо наздик костюм медӯзад?

– Дар ин масъала бештар бо модарам ва ҳамсарам, ки завқи баланди эстетикӣ доранд,  маслиҳат мекунам. Асосан аз либосҳои тайёр бо талаби завқи худ либосҳоямро интихоб менамоям

Анҷом

Зимни сӯҳбат ӯро ғайричашмдошти худ нисбати баъзе аз ҳофизони ҷавон, ки бо онҳо низ ҳамсӯҳбат гашта будам, як нафар инсони заминиву самимӣ ва озодтар аз худи ӯ дарёфтам. Инсонигариаш зиёд аст. Одоб, рафтор ва гуфтори ӯ намегуфт, ки ӯ санъаткор аст. Зеро нисбати дигарон як нафар ҷавонмарди  муаддаби аз тамоми хислатҳои неки инсонӣ ва одамгарӣ бархурдор аст.

Дилкушо

 

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s