• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,309 hits
  • Flag Counter

ШАҲЗОДИ ДАВРОН: «БЕВАФОИИ ДУХТАРОН АЗ МАҶБУРИСТ»

Шахзоди Даврон-Shahzodi Davron

Шахзоди Даврон-Shahzodi Davron

Ин сарояндаи ҷавону хушсалиқа байни ҷавонони ҳунардӯст мавқеи хоси хешро пайдо кардааст.  ӯ худ ошиқ аст ва ошиқона месарояд. Агар гӯем,ки Шаҳзоди Даврон  бо садои рӯҳнавозу таскинбахшандаи қалбҳои реш ба дили мардум роҳ ёфтаву  маҳбубияти хосе пайдо кардааст, хато нахоҳем кард. Суруди ӯ бо навозиш ва як савти махсус оҳиста-оҳиста қалбҳоро тасхир сохта хаёли касро сӯйи дуриҳои дур , шояд онро олами дигар низ гӯянд, мебарад.  Дар лаҳзаҳои душвори зиндагӣ вақте ки аз ҳама чизу ҳама кас дилсард мешавӣ, чун садои таронаи Шаҳзод  ба гӯшат мерасад, фикр мекунӣ, ки ӯ аз ғаму андӯҳи дилат бохабар асту махсус барои тасаллои дили ту месарояд. Ва мо  тасмим гирифтем, бо чанд суоле аз розу ниёзи ниҳонии дили ӯ огоҳ гашта, онро ба шумоён мухлисони  бешумори Шаҳзоди Даврон ва хонандагони доимии ҳафтаномаи «Дилкушо» пешкаш созем.

– Суруди аввалини хешро дар пайравии кӣ сароидаед?

– Он суруди «Модар» буд онро дар пайравии хунёгари Шарқ Аҳмад Зоҳир  соли 2005 лар Кохи Ҷомӣ сароида будам.

– Кадом лаҳзаи даврони кӯдакиатонро  хуб дар хотир доред?

– Ҳанӯз аз даврони бачагӣ ба сурудхонӣ шавқи беандоза доштам. Ҳамеша қуттиҳои ранги холишуда, сатил ва тағораро ба ҷойи асбоби мусиқӣ  мисли барабан  навохта суруд мехондам. Он лаҳзаҳои аҷибу фаромӯшношуданӣ буданд.

– Кадом хислати бачагиатон то имруз боқист?

– Дар он давраҳо ҳам якрав будам ва то имруз ин хислат маро боқӣ аст.

– Кадом чиз инсонро ба зиндагӣ дилгарм месозад?

–Меҳру муҳаббати беандоза доштан ба Ватан, Модар. дар ҳалқаи фарзандони падар будан, пазироии гарми мухлисон зимни консертҳо, ихлосу эҳтироми онҳо нисбати ҳунари кас, дидани  манзараҳои нотакрори Тоҷикистони азиз, ки  онро наметавон дар ҷойи дигар пайдо кард, дили одамро ба зиндагӣ гарм хоҳад кард.

– Муҳаббат метавонад зиндагии инсонро зебову рангин гардонад?

 

– Агар он ишқу муҳаббати ҳақиқӣ бошад.

Ҳунари овозхонӣ пешаи авлодии шумост?

– Ин саволи бамаврид аст. Бале, яке аз бобокалонҳоям бо номи Мирзои дуторӣ машҳур будаанд. Он кас додари модаркалони падариам, яъне  тағои падарам будаанд. Шояд меҳри ҳунар бо генҳо аз насл ба насл гузашта то ба ман расида бошад. Аз даврони бачагӣ дар маҳфилҳои мактаб ҳамеша суруд мехондам. Албатта санъат баҳрест беканора ва шояд қатрае аз он баҳрро ҳоло истифода накарда бошам. Ҳамин меҳри беандоза маро баъди хатми мактаби миёна ба даргоҳи Консерваторияи миллӣ ва сипас ба гурӯҳи ҳунарии Ориё овард.

– Ба андешаи шумо фақат дарду ғаму андӯҳ  метавонад  сурудро тавлид кунад?

– Аввал ин ки агар ишқ набошад, дард пайдо намешавад. Манбаи илҳоми ҳар як эҷодкор гуногун аст. Аммо агар эҷодкор дардро аз ҷавшани ҷони хеш нагузаронад суруд ё шеъри ба дили мардум наздикро наметавонад эҷод кунад. Мо эҷодкорон  бештар дарду доғи ҷомеаро дар мизони ақли хеш баркашида сипас месароем.

– Ягон суруде доред, ки ифодагари зиндагиатон бошад?

– Як суруд бо номи «Падар» баъди фавти падари бузургворам эҷод шуд. Инчунин суруди «Бевафоӣ».

– Маълум ки бевафоӣ дидаед?

– Бале, бевафоӣ дидам, аммо ӯро гунаҳкор намекунам.

– Чаро?

– Барои он ки бевафоии аксари духтарон аз маҷбурӣ аст. Онҳо ба амри дили худ не, ба волидонашон итоат мекунанд. Волидони бераҳм дар бештари мавридҳо  аз таги дили духтар напурсида, ӯро маҷбуран ба шавҳар медиҳанд. Ва ҷавонони ошиқ он духтари бечораро гунаҳгор ҳисобида ҳақорат мекунанд. Азизи дили ман ҳам хеле зиёд дӯстам медошт. Вале бо амри тақдир ӯ бонуи хонадони марди дигаре аст ва шояд хушбахт аст. Ман барояш сидқан бахтро орзу дорам, гарчи дар ғами ӯ  менолам.

– Дӯстони худро чӣ гуна интихоб мекунед?

– Ман як бачаи зудбоварам. Касе худро дӯстнамо нишон диҳад бовараш мекунам. Ҳамаро дӯст фикр мекунам, гарчи ин хато аст.

– Вақте мегӯед «Дубора моҳ бадар шуд чаро намеоӣ?»  дар асл азизеро мунтазир ҳастед?

– Ин шеъри устод Бозо Собир аст. Ва он кас низ дар он солҳои вазнин ва зиндаҷудоиҳо барои муҳоҷирону мусофирони аз Ватан дурафтода шояд  ин шеърро иншо карда бошанд. Барои  ҳамаи он ҷавонмардони  ошиқи умре дар роҳи маъшуқаашон мунтазир ин сурудро эҷод кардам. Воқеан ҳар касеро азизи гумкардае дар дил ҳаст. Ва меарзад, ки барои азизи арзандаи дил умре мунтазир бошӣ. Ман аслан на танҳо дарди дили худ, балки  дидаву шунидаҳоямро ҷамъбаст намуда, дарди дили дигаронро месароям. Барои ишқи нобарори дигарон дилхунам.

– Барои азизтарин каси худ шеъре бахшидаед?

– Бале, барои модари беҳтар аз ҷонам чандин суруд таҳия карда сароидаам. Дар албоми нави худ низ як сурудро бар матни устоди зиндаёд Лоиқ Шералӣ бо номи «Модар» ҷой додаам. Охир модарон бузурганд ва арзандаи шеъру суруди олианд. Онҳоро ҳар қадар ки васф намоӣ боз ҳам кам аст.

– Барои ҳунарманди насли ҷавон шояд осон набуд роҳ ёфтан ба олами пурфитнаи ҳунар?

– Бале, хеле мушкил аст олами ҳунар. Вале агар кас дар ақидааш устувор бошад ва кӯшишу заҳмати беше ба харҷ диҳад ҳамаи мушкилиҳо худ аз худ туро тарк мегӯянд. Танҳо сабру  тоқат доштан лозим. Ман ин ақидаро мисли маслиҳат бар он ҷавонҳое, ки мехоҳанд нав дар ин ҷода қадам ниҳанд, медиҳам.

Агар ба худ боварӣ дошта бошӣ ба мақсад мерасӣ ҳатман. Мардум бештар санъати асил ва матну оҳангҳои асилро меписанданд ва умри суруде, ки матни пурмазмун дорад, дароз аст. Суруди бемазмун завқи ҷавонҳои имрӯзаро паст мегардонад. Ҳол он ки мо вазифадорем онҳоро имрӯз бештар ба шеъру сурудҳои пурмазмуну олӣ ҷалб кунем. Орзуи ягонаам ин аст ки  сатҳи донишу дарки мусиқифаҳмии ҷавонҳои мо баландтар гардад.

– Мо ҳам орзу дорем, ки чунин орзуҳои некатон ҷомаи амал бипӯшад.

 

–Саломат бошед!

Дилкушо

 

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s