• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,359 hits
  • Flag Counter

ИША ДЕОЛ: «ЗАМОНЕ МОДАРАМ ОШИҚИ МАРДИ ЗАНДОР БУД»

Иша Деол-Esha Deol

Иша Деол-Esha Deol

Иша Деол худ зодаи фазои санъати асил ва волост. Зеро санъат пешаи авлодии ӯст. Чеҳраи нотакрору нозанини Хема Малини гумон мекунам барои ҳама азизу ошност. Дар солҳои 70-уми асри гузашта ӯро ҳама чун олиҳаи зебоӣ, париваши орзуҳо, маликаи синамои Ҳинд  пазируфта буд. Ё ин ки Дхармендраро мо марди идеалӣ, тавонову ҷасур, маҳбуби қалби ҳазорон бонувони ошиқу шайдо ва дӯстдорони филмҳои нотакрори ҳиндӣ мешиносем. Ҳангоме аз паси парда ба ҳунарнамоии  ин ду ҷуфти ҳунарманд менигарем ҳаёт чун афсона бо тамоми зебогиҳояш намо дода, хотираи моро ба дуриҳои завқ ба сӯи муҳаббати бепоён мебарад. Ва барҳақ Иша фарзанди фарзонаи ин ду ҳунарманди машҳуртарини Ҳиндустон мебошад.

Гомҳои нахустин…

Иша 2 ноябри соли 1982 дар Ҳиндустон чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Ҳарчанд, ки дар оилаи санъаткорон ба дунё омадааст, вале даврони наврасии ӯ пурра ба соҳаи варзиш бахшида шудааст.

 

Аниқтараш ҳанӯз аз кӯдакӣ футболбози тавоно буд. Ҳатто капитани камандаи дастаи футболбозони дабистонашон буд. Вале меҳри санъат дар ҳар як рагу пайванди ӯ ҷӯш мезад. Танҳо чанд муддате ӯ  дар хоби ғафлат буд. Баъдтар  бо кӯмаки модараш тамоми нозукиҳои санъати рақсро аз бар карда аз мактаби ҳунарии Кишор Капур баҳраманд мегардад. Ба забони  англисӣ озодона ҳарф мезанад.

 

То он даме, ки нақши асосии худро пайдо накард, ӯ  чандин пешниҳодҳоро оиди нақшофарӣ дар синамо рад мекард. Бо аксарияти ҳунармандони машҳур ҳамкорӣ кардааст. Аз ҷумла бо Ритик Рошан, Карина Капур, Фаридунхон ва дигарон. ӯ дар олами ҳунари  синамо  чун ситораи тобноке бо салиқаи ба худ хос дурахшида,  дили мухлисонашро тасхир намудааст. Дар рақсидан низ аз модараш ва хоҳаракаш Ахана монданӣ надорад. Баъд аз хатми  дабистон   таҳсили хешро дар Донишгоҳи Оксфорди  Британияи Кабир бо ихтисоси  технологияи компютерӣ   идома медиҳад. Байни ҳунармандони Болливуд бо Карина Капур, Айшвария Рай ва Абхишек Баччан  дӯстӣ мекунад.

 

Пурсишу посухи кӯтоҳ бо Иша Деол

 

–Ба чӣ бовариву эътиқод надоред?

 

– Ба пешгӯии фолбинон ва амалҳои ҷодугарона.

 

– Дугонаи беҳтаринатон?

 

– Хоҳаракам Ахана.

 

– Китоби дӯстдошта?

 

– Ман китобхониро дӯст намедорам.

 

– Орзуи ҳамешагиатон?

 

– Дар қатори ҳунармандони беҳтарини олам қарор дорштан.

 

– Ғизои дилкаши Иша?

 

– Ҳар  он чизе ки модарам Хема Малинӣ омода мекунад.

 

– Чӣ гуна боду ҳаворо меписандед?

 

– Ҳавои борониро.

 

– Филми нахустин, ки нақш офаридед?

 

– Филми «KOI MERE DIL SE  POOCHHE» («Ки аз дили ман мепурсад?» соли 2002).

 

Монандӣ ба модар ифтихори ман аст

 

Иша низ амсоли модари нозанинаш ҳусну латофати нотакрор  ва табии дорад. Аз ин хотир онҳоро ҳамеша бо ҳам шабеҳ мепиндоранд. Худи Иша иброз медорад, ки ин монандӣ боиси итихори ӯст.

 

– Ном ва шӯҳрати модар бароят чӣ гуна таъсир мерасонад?

 

– Дар зиндагиям нақши модар хеле бузург аст. Модар асоси сарфарозиву сарбаландиҳоям аст. Шукри Худо, ки чунин  модари мушфиқу меҳрубон ва мӯнису ғамхор дорам. Агар маро заррае ба ӯ монанд кунанд, аз шодӣ боли парвоз мебарорам. Ин бахти бузург аст. Волидонам ҳунармандони беҳтарини замони худ ба ҳисоб мерафтанд ва ман хеле зиёд мекӯшам, ки номбардори ин ду нафар ҳунармандони бузург ва нотакрори синамои Ҳинд бошам.

 

– Нисбати занҳое, ки ошиқи марди оиладор мешаванд, чӣ андеша доред?

 

– Ишқ ва  меҳри беолоиш ба суроғи кас ногаҳон меояд, ки худи кас бехабар мемонад. Нафаре беногаҳ дар қалби кас ҷой мегирад ва маҳз ишқи ӯ зиндагии туро рангу маънӣ мебахшад. Модарам низ замоне ошиқи падарам гашта буд, ки ӯ соҳиби зану фарзанд буд. Гумон мекунам зиндагӣ маҷмӯаи муборизаҳост ва инсон бояд барои ишқи ҳақиқии  худ мубориза барад.  Чизе ки ба осонӣ бад аст меояд , назди инсон беқадру қиммат аст. Аммо барои он чизе ки азоб кашӣ, он бароят гаронбаҳо хоҳад буд.

 

– Волидонат  нисбати интихоби касб  чӣ гуна муносибат доштанд?

 

– Модарам аз лаҳзаҳои нахустин бо ман розӣ буданду дастгириам мекарданд. Аммо падарам хеле зиёд мехостанд, ки ман табиб шавам. Ҳоло бошад ҳардуяшон дар ин ҷода қуввати дилу дастгиру мададгорам ҳастанд.

 

Овозаҳои беасос ва танқид шуморо рӯҳафтода мегардонанд?

 

– Заррае ба он аҳамият намедиҳам.

 

– Дар бораи ишқи байни шумо ва коргардон Афтаб Шивдасани бисёр менависанду мегӯянд. Ба ин ҳам бефарқ менигаред?

 

– Бо ин ҳеҷ кор карда наметавонам. Зеро гирди номи ҳунармандон ҳамеша овозаҳо буданду мемонанд. Мо бо Афтаб 24 соат дар як шабонарӯз кор мекунем. Дар паҳлӯи ӯ худро ҳамеша орому осуда ҳис мекунам ва бо ӯ хеле одат кардаам.Ҳамчун рафиқи наздик ва дӯсти ҷонӣ ӯро дӯст медорам ва ӯ ҳамеша бароям чун дӯсти наздик боқӣ хоҳад монд.

 

Мегӯянд, ки шумо ба наздикӣ нақшаи таҳияи як филми оилавиро доред?

 

– Бале дар охирҳои соли 2011 ният дорем, ки филми «Ба ман бигӯ эй Худо» (Tell Me Oh Khuda)-ро, ки истеҳсоли оилавӣ аст пешкаши мухлисони  азизамон гардонем.

Дилкушо

 

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s