• Статистика

  • Blog Stats

    • 523,781 hits
  • Flag Counter

НОЗИЯИ КАРОМАТУЛЛО: «БА ДУХТАРОН НАРМГУФТОРӣ МЕЗЕБАД»

Нозияи Кароматулло - Noziyai Karomatullo-1

Нозияи Кароматулло - Noziyai Karomatullo-1

Нозия дар осмони ҳунари  эстрадаи тоҷик мисли ситораи тобноке дурахшида шӯҳрати ҳунараш то дуриҳои дур нурфишонӣ дорад. ӯ мисли гули пурнакҳате мухлисони сершуморашро мафтуну шефтаи худ намудаастӯ нишоне аз хунёгари бузурги ҳунари тоҷик, ва сарояндаи хеле мумтози зуд аз байни мо рафта, вале аз дилҳо нарафта Кароматуллои Қурбон аст, ки номаш ба некӣ вирди забонҳост. Мактабу ҳунари  Кароматулло  байни сарояндагон то ҳанӯз побарҷост ва давомдиҳандагони ҳунари ӯ рӯз аз рӯз афзунтар мегарданд. Аммо ҷигарбандонаш  ҷойи холигаштаи ӯро рӯйи саҳна пур намуда, ба дилҳои мухлисони асили ӯ  сурур мебахшанд.  Мухбири мо бо Нозияи Кароматулло ҳамсӯҳбат гардида пурсишу посухи гуворои худро дар кафи нигоҳи мухлисони ҳунар ва хонандагони  сершумори ҳафтаномаи «Дилкушо» гузоштанӣ аст.

– Зиндагӣ пастию баландиҳое дораду ҳар як бонуи эҷодкорро ҳатман нозбардоре зарур аст. Шумо нозбардоре доред?

– Ман фикр мекунам, ки худ нози ин хонадон ҳастам.Зеро нози маро ҳам модарам мебардоранду ҳам ду нафари бародарони азизам ва янгаи меҳрубонам. Як гули ноз ҳастам дар ин хона ва чи қадар нозе, ки дорам мебардоранд ва хеле хушбахтам аз ин.

–Шумо худро духтари ба орзуи дили хеш расида меҳисобед?

– Орзуҳо хеле зиёданд. Ман бештар кӯшидаам орзуҳои дили падари азизамро амалӣ гардонам. Гарчи бистудусолаам, бо вуҷуди хеле ҷавон будан заҳмат ба харҷ додам ва дар пеши худ мақсад гузоштам, ки яке аз сурудҳои Аша Босли-сарояндаи машҳури ҳиндиро сароям ва ба тамошобинон исбот намоям, ки муддати ин солҳо ман чиро омӯхтаам. Гумон мекунам ба орзуи дили хеш расидаам.

– Суруди аввалини худро дар пайравии кӣ ва дар чандсолагӣ сароидаед?

– Суруди аввалини ман ҳангоми дар синфи се хонданам дар толори мактаби мусиқии ба номи Малика Собирова бо номи «Модар» ва ҳамроҳи бародарони азизам Муҳаммадрафӣ ва Муҳаммадсахӣ садо дода буд. Дар саҳнаи калон мухлисон маро бо суруди «Падар»-и Ҳабибулло Нозирӣ бо оҳанги падарҷонам шинохтанд. Мо ҳамеша дар пайравии падари шодравонамон суруд мехонем.

– Шахсе, ки ба пешрафти ҳунаратон дасти кӯмак дароз намудааст?

–Пеш аз ҳама мададгори ман Худованди бузург аст. Сипас бародарам Муҳаммадрафӣ ва модари азизам Зулфия барои пешрафти ҳунарам хеле зиёд заҳмат мекашанд. Дар интихоби матну оҳанг низ кӯмакрасони беминнати ман онҳо ҳастанд.

– Ба андешаи шумо ҳунар чист? 

– Ҳунар низ мисли эҷоди шеър доди худовандист. Инсон бошад онро такмилу сайқал медиҳад ва ба муроди дили хеш хоҳад расид. Онро шояд  ба бандагони шукргузору пурсабр ва дӯстдоштааш медиҳад. Ба ману бародаронам (садҳо шукр ба даргоҳаш дорем) ҳунар тӯҳфаи Худованд аст ва инчунин мероси падар.

– Барои рӯи саҳна омадан монеае мавҷуд буд?

– Монеа набуд гуфтан ҳам мумкин. Зеро аз авлоди ҳунармандонам.  Дар аввал ҳама мехостанд, ки ман духтур ё ягон каси дигар шавам.

– Шояд мехостанд, ки Шуморо аз ин олами пурфасона эмин нигоҳ доранд?

– Ба ҳар ҳол ҷаҳду ҷадали маро дида, модарам хуб эҳсос намуданд, ки ман зиндагии худро бе санъат тасаввур карда наметавонам, аз ин рӯ бароям дуои нек доданд ва дастгиру мададгорам гаштанд.

– Нисбати мухлисони хеш чӣ андеша доред?

– Миннатдорам аз онҳо, ки ба қадри ҳунарманду ҳунар хеле хуб мерасанду дастгириамон мекунанд. Дар озмунҳо барои мо овоз медиҳанду занг мезананд. Зинда бошанд мухлисони гиромии мо.

– Ягон асбоби мусиқиро навохта метавонед?

– Бале, фортепиано, скрипка ва армонияи ҳиндиро навохта метавонам.

– Аз чӣ сахт мутаасир мешавед?

– Аз тӯҳмати ноҳақе, аз ғайбату овозаҳои беасосе, ки дар атрофи номи ҳунармандон бештар паҳн мешаванд, сахт мутаассиру андӯҳгин мешавам. Модарам ҳамеша маро тасаллӣ дода мегӯянд, ки шахсе ҳастӣ, ки дар бораат овоза мекунанд.

– Чӣ чиз Шуморо ба ваҷд меорад?

– Вақте дар саҳна бошӣ, истиқболи гарми мухлисони азиз ҳар як санъаткорро ба ваҷд меорад. Вақте медонӣ, ки ҳунари туро дигарон қадр мекунанд ва меҳнатҳои кардаат барабас нарафтаанд, аз ту дида инсони хушбахттаре нест.

–Дар ишқ чӣ чизро хато мепиндоред?

– Албатта хиёнатро, ки душмани қаттоли ишқ аст ва онро наметавон бахшид. Умуман хиёнат рафтори нангин аст ва на танҳо дар ишқ, дар зиндагӣ ҳам он инсонро рӯҳафтодаву дилсард аз ҳаёт мекунад.

Кадом хислатро барои бонувон  номақбул меҳисобед?

– Дағалмуомилагиву бешармиро. Зеро ин ду хислат ба бонуи ҳеҷ як миллат намезебад. Худованд духтаронро нозуку зебову отифа офаридааст.  Бигзор то абад ҳамаи бонувон поку беолоишу нармгуфтору меҳрубон бошанд.

– Ташаккур барои сӯҳбати самимӣ!

– Саломат бошед шумо низ аҳли эҷоди ҳафтаномаи сермухлистарин– «Дилкушо» ва  мухлисони азизам. Ободии рӯзгори шумо орзуи ҳамешагии мо ҳунармандон аст.

Дилкушо

 

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s