• Статистика

  • Blog Stats

    • 523,781 hits
  • Flag Counter

ОРХАН БИЙИКЛИ ВА АЙСИН ТУЮН: «ҲОМИЁН» МОРО МАҲБУБИ ДИЛҲО КАРД»

хомиён

хомиён

Орхан  Бийикли – яке аз  ҳунармандони ҷавону машҳури  олами кинои Туркия ва яке аз қаҳрамонони асосии силсилафилми «Ҳомиён» байни мухлисони тоҷикистониаш  эътироф гардидааст. ӯ  1 январи соли 1980 дар шаҳри Измир ба дунё омадааст. Бо иҷрои нақши Йигит, яъне комиссари пулис  дар филм ӯ тавонистааст, як образи ба дили ҷавонҳо наздику дӯстдоштаниро офарад. Бо ин қаҳрамонаш ӯ дар дилу дидаҳои ҳаводоронаш ҷой гирифта, ҳамаро мафтуну шефтаи худ гардондааст. Йигит аслан паҳлавонҷуссаа нест, вале бо чусту чолокиву кордониаш ҳамаро мафтуни худ гардонидаву маҳбуби дилҳои духтарон гаштааст.
Табассуми  малеҳи ба худаш зебанда дорад ва вақте механдад, хеле дилкаш мешавад. Аммо ӯ хеле ҷиддисимо асту  кам механдад   ва кибру ғурур, ки мекунад, ба худаш зебанда аст.  Дар филм Йигит ҳамеша як мақсад дорад: ҳимояи Ватани азиз ва  мубориза баҳри ҳақиқат.

Удушмани ашаддии беадолатиҳои замонааш аст.  Ҷони хешро дар хатар гузошта мекӯшад дигаронро ҳимоя намояд. Аммо дар ин филм ӯ марди дар муҳаббат барорнадида аст. Бо Ҳалима ном ҷавонзани  нозанини ҳампешааш ошиқи зор гашта, мехоҳад оила барпо намояд. Аммо ин ба ӯ даст намедиҳад. Душманаш дар рӯзи хушбахтии зиндагиаш, маҳбубаи  ба ҷону дил баробарашро аз зиндагӣ маҳрум сохта Йигитро ин дафъа низ бебахт мегардонад.

Баъди ин ҳодиса ӯ муддати зиёде аз зиндагӣ дилсард мегардад. Барояш оламу одам бефарқ мегардад. Аммо боз худро ба даст гирифта,  муборизаи беамони худро ба муқобили  беадолатони замонааш давом медиҳад.  Образи Йигит дар филми «Ҳомиён» воқеан ҳам  дӯстдоштанӣ аст.  Вале худи Орхан Бийикли дар асл чӣ рӯзгоре дорад?  Дар ин сӯҳбати кӯтоҳ хонандаи азиз ту метавонӣ аз ҳамаи паҳлӯҳои зиндагиву касби ӯ огоҳӣ ёбӣ.

Орхан мисли Йигит дағал аст

– Орхан, шумо дар филми «Ҳомиён» нақши  мардеро мебозед, ки дар зиндагии шахсӣ муваффақ нест. Дар зиндагии аслӣ шумо марди хушбахтед ва нақши Йигит бо шумо монандие дорад?

– Бисёриҳо мегӯянд, ки ман ба Йигит монандам. Гарчи Йигит идеали ҳар як ҷавон аст, вале ӯ танҳо дар филм аст. Ман ҳам мисли ӯ марди хушчақчақ нестам, бисёр бонувон маро ҳатто ҷиддиву дағал ном мебаранд.   Шояд иҷрои нақш маро ба ӯ монанд кардааст. Охир театр ва синамо як мактаби бузурги зиндагӣ аст ва  инсон аз он тарбияи комил мегирад ва барои худ чизи наве низ мегирад. Ман ҳам аз нақши Йигит барои хуб бисёр чизҳоро омӯхтам.  Масалан ба зиндагӣ бо нигоҳи ҷиддӣ нигаристан ва барои хушбахтӣ талош варзиданро. Бо вуҷуди хеле серкор будан ва ба дидори пайвандонам дер расиданам, ман марди хушбахтам.  Ҳамсари хубу духтарчаи сеюнимсолаи нозанине дорам. Ҳамеша вақти ман дар майдончаи наворгирӣ мегузараду хеле кам бо аҳли оилаам менишинам. Аммо онҳоро хеле зиёд дӯст медорам.

– Кадом чиз садди роҳи  ҷидду ҷаҳд ва кӯшишҳои шумо шуда метавонад?

– Ҳеҷ чиз ва ҳеҷ гоҳ наметавонад маро аз кӯшишу талошҳоям баҳри рафтан ба пеш нигоҳ дорад. Ҳамеша мекӯшам қадаме ба пеш ниҳам ва як чизи тозае барои худ аз ин зиндагӣ бигирам.

– Ба китобхонӣ ҳам вақт меёбед?

– Ҳатман  китоб мехонам ва бештар  таваҷҷӯҳам ба асарҳои доири мавзӯи зиддинажодпарастӣ аст. Инчунин асарҳои доир ба ҳаёти фарҳангӣ, санъат ва равоншиносӣ ҳам маро писанд аст.

– Дар шабакаҳои интернетӣ бештар ба кадом сайтҳо таваҷҷӯҳ зоҳир мекунед?

– Рости гап бинобар серкорӣ хеле кам бо интернет сару кор мегирам. Баъзан, ҳамту аз рӯи ҳавас ягон чизи бароям ҷолибро ҷустуҷӯ мекунам. Мактубҳои бо меҳру ихлос ва қадрдонӣ навиштаи ҳаводорони ҳунарамро мутолиа менамоям ва ин хеле гуворо аст.

– Бештар чӣ гуна филмҳо таваҷҷӯҳӣ шуморо  ба худ ҷалб мекунанд?

– Ҳамаи филмҳои туркӣ бароям ҷолибанд ва хоса филми бадеии «Ман туро дӯст медорам»  аз зумраи филмҳоест, ки маро мафтуни худ кардааст.

– Ба ақидаи худатон мардум филми «Ҳомиён» – ро чӣ гуна пазируфтанд?

– Фикр мекунам офарандаи ин филм ва нақшофарандагон ба ҳадафи хеш расиданд. Зеро сюжети филм ба ҳаёти воқеӣ наздик буда орӣ аз ҳама гуна афсонабофӣ аст. То ҳанӯз ғайри таъриф аз касе ягон ҳарфи дигар нашунидаем.

– Айни замон расмҳои шумо дар шабакаҳои интернетӣ беш аз ҳама ҳунармандони Туркия аст. Шумо воқеан ҳам маҳбуби дилҳо гаштаед…

– Маҳбуби дилҳо Орхан неву комиссар Йигит аст албатта. Маро  ҳама чун Йигит қабул кардаанд.

– Кадом сухан шуморо бештар аз ҳама  писанд аст?

– Сипосгузорам.

Ҳарфе, ки мақбули дилатон нест?

– Маблағ.

– Бештар ба чӣ таваҷҷӯҳ доред?

– Ҳамаи навовариҳои тамоми соҳаҳо бароям хеле аҷиб аст.

–Барои мухлисони ашшадӣ ва  ошиқони беқарори худ чӣ гуфтание доред?

– Меҳоҳам онҳо ҳамеша  саломату хонаобод бошанд. Миннатпазирам аз онҳо, ки  ҳунари маро қадр карда тавонистаанд ва вақти хеле пурқимматашонро сарф карда бо муҳаббату самимият менависанд. Эҳсосоти самимияшонро иброз дошта маро мамнун месозанд. Силсилафилми  «Ҳомиён» маро бо мардум наздику маҳбуб гардонид. Ифтихормандам , ки чунин як нақши ночизи ман ин қадар мардуми зиёдро тавонистааст, ба худ ҷалб намояд.

АЙСИН БАРОИ ҲАЛИМАИ ХУД ГИРЯ КАРДААСТ?

Образи Ҳалима низ дар силсилафилми «Ҳомиён» мавқеи махсусро касб кардааст. Зеро ин духтар низ бо ҷасорати худ ва ишқи самимиву  садоқаташ нисбати Йигити комиссар дар дили тамошобинон ҷой гузидаву таасуроти неке боқӣ гузошт. Марги бармаҳали Ҳалима мисли воқеаи аслӣ ҳамаро дилхун гардонд. Хурду калон барои ӯ афсӯс хӯрда ашк мерехтанд ва  нисбати  қотили ӯ нафрати худро рӯирост изҳор мекарданд.

Айсин Туюн, ки нақши Ҳалимаро дар сатҳи баланди касбӣ иҷро намуд тавонист, ки  бинандагонро ба худ ҷалб  намояд.  Айсин соли 1986 дар шаҳри Манисаи Туркия чашм ба олами ҳастӣ боз намудааст. Маълумоти олиро ӯ дар Атакой соҳиб гашта аз соли 2005 инҷониб  дар ҷодаи синамо қадам мениҳад. ӯ ҳамчунин навохтани гитара ва  фортепианоро хеле зиёд дӯст дошта қобилияти хуби сарояндагӣ низ дорад. Чандин албоми сурудҳояшро ба ҳаводорони хеш пешкаш сохта дар ҷодаи сарояндагӣ низ муваффақ гаштааст. Аммо синамо дар дили ӯ мавқеи махсусро касб кардааст.

–Нақши нахустини шумо дар синамо?

–Бори аввал соли 2005 дар филми «Лолаи сафед» нақши духтарак Ҷейҳанро бозида эҳсос кардам, ки синамо маънии зиндагиам аст. Рости гап ҳанӯз аз айёми наврасӣ мехостам ҳунарпешаи синамо шавам ва ин орзуи хешро бори аввал дар ин филм амалӣ сохтам.

– Чӣ тавр шуморо барои нақшофаринӣ дар силсилафилми «Ҳомиён» даъват карданд?

–Шояд нақшҳои пешинаамро дар филмҳо дида барои иҷрои ин нақши пурмасъулият даъватам карданд. Ифтихормандам, ки сазовори боварии коргардон шуда тавонистам.

– Аз нақши худ қаноатманд ҳастед?

– Албатта ягон коре дар олам нест, ки орӣ аз камбудиҳо бошад. Вале дар кӯчаву хиёбонҳо маро кӯдакону наврасон дида,  «Ҳалима зинда будааст» гуфта нидо мекунанд, фикр мекунам, ки нақшам табиӣ баромадааст ва дар лавҳи хотири онҳо нақш бастааст.

–Вақте худатон он қисмати марги Ҳалимаро тамошо кардед, чӣ ҳиссиёте фаро гирифт шуморо?

– Албатта ман ҳам мисли як тамошобини асил ба ҳоли Ҳалима зор-зор гиристам. Рости гап марги хешро пеши назар овардам ва тасаввур кардам, ки пас аз он азизони ман низ барои аз даст доданам то чӣ андоза  дилхуну синабирён  хоҳанд шуд. Чунин рӯзи шум ва марги бевақту соат барои ҳеҷ як ҷавонзан ҳаргиз мабод.

– Албатта дилатон бештар барои Йигити сарсону ҳайронмонда бештар сӯхт шояд?

– Бале, барои ӯ ҳам азоби рӯҳӣ кашидам, гарчи медонистам, ки  ин танҳо нақш аст. Орхан ҳам нақши худро ба дараҷаи олӣ бозӣ карда ҳамаро қоил кард. Мегӯед, ки ошиқи ҳақиқӣ аст. Кош дар зиндагӣ ҳамаи мардон мисли Йигит чунин ҷасуру нотарс ва марди босадоқату ошиқи аслӣ бошанд.

–Машғулияти дӯстдоштаи шумо?

– Ба варзиш машғул будан, хусусан волейболро меписандам ва яке аз бозингарони чолок ҳастам. Инчунин суруд хондану гитара ва фортепиано навохтан машғулиятҳои писандидаам мебошанд.

– Саломат бошед ва орзу дорем, ки шуморо марде мисли Йигит ғамхору дӯстдор  насиб гардад.

y: �4 i�9�0��-bidi-font-family:»MS Mincho»‘>ӯии фолбинон боварӣ надорем.

– Аз чӣ парҳез мекунед?

– Аз ғайбату суханчиниву ҳарфҳои дағале, ки мутаассифона баъзан аз тарафи ҳамсолонамон ба назар мерасад. Шахсе, ки сухани ширину нарму санҷида мегӯяд, ҳамеша байни ҷамъият соҳибэҳтиром аст. Аммо афсӯс, ки ҳоло аз назди бештари наврасон гузарӣ, мехоҳӣ гӯшҳоятро канда партоӣ.

Ба шумоён агар мухлисонатон занг зананд боиси ноҳинҷорӣ аст ё

М: – Вақте мухлиси бофарҳанг занг мезанад, албатта гуворо аст.

Э: – Вале чунин мухлисон хеле каманд, ки ба қадри ҳунару сароянда бирасанд. Бештари ҷавонон бемақсадона  ҳам занг мезананд.

– Бештар дар куҷо истироҳат намудан шумоёнро писанд аст?

– Барои мо истироҳати беҳтарин дар рӯйи саҳна аст. Вақте ягон суруди нав таҳия  ва пешкаши мухлисон мегардад, ин беҳтарин фароғату истироҳат аст.

Саволҳо ба модари Манижа

– Дар оянда ин ҳардуро кӣ дидан мехоҳед?

– Аввалан  мехоҳам, ки инҳо пеш аз ҳама инсони хуб бошанд, ҳамдигарро хуб фаҳманд, ба қадри падару модари хеш бирасанд. Аз илмҳои муосир бархурдор бошанд.  Дар ҷодаи ҳунар бошад орзуманди онем, ки ба қуллаи баландтарин расанд ва ба орзуи ягонаи дилашон, ки ширкат намудан  дар «Евровидение» аст, бирасанд ва мо барои ин бо ҷону дил кӯшишу кӯмак намуданро вазифаи муқаддаси хеш медонем.

– Шумо кай эҳсос кардед, ки Манижа қобилияти сурудхонӣ дорад?

–  Манижа аз панҷсолагиаш дар ансамбли «Лола» назди устоди рақс Наталя Сангова дарси рақс меомӯхт ва ҳамзамон сурудхонӣ мекард. Боре  сарояндаи хушовоз Парвина Шукруллоева бо модараш  меҳмони хонадони мо гашта  сурудхониву ҳаракатҳои Манижаро дида пешниҳод кард, ки ӯ бояд дар озмуни ҳунарии кӯдакона иштирок намояд. Ва Парвина моро бо оҳангсоз Нозим Орифҷонов шинос намуд ва суруди аввалини Манижа ба ин шахси бофарҳанг ва дӯсти оилаи мо тааллуқ дорад. Он замон Манижа дар озмуни «Чӯҷаҳои заррин» бо суруди «Сайёҳати Манижа» баромад намуда соҳиби ҷоизаи «Таваҷҷӯҳи  тамошобинон» гардида буд.

– Ташкили чунин як дуэти  дилпазир  идеяи кӣ буд?

– Вақте Манижа дар синфи як мехонд мо тасодуфан дар як озмуни телевизионии «Офтобак»  бо Эҳсон ва падару модараш  шинос гардидем ва бо пешниҳоди якдигар инҳо суруд хонданду писандамон гардид ва он замон, яъне соли 2003 дуэти «Манижа ва Эҳсон»  бо суруди «Модарам» назди мухлисонашон муаррифӣ ва пазируфта гардид. Мо аз ин озмун ва асосгузори он ҳунарманд Саида Файзалиева миннатдорем, ки роҳи ояндаи ҷигарбандони моро муайян сохт.

Дилкушо

 

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст.

Один ответ

  1. нагз! хамеша хонаобод бошен коргарони дилкушо боз хам метавонед маълумотхое,ки ба мухлисони дилкушо маъкул аст ба шабакаи интернет сабт намоед.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s