• Статистика

  • Blog Stats

    • 523,781 hits
  • Flag Counter

ЭҲСОН ВА МАНИЖА: «ОРЗУИ ҲАМЕШАГИИ МО ШИРКАТ ДАР «ЕВРОВИДЕНИЕ» АСТ»

Эхсон ва Mанижа

Эхсон ва Mанижа

Номи ин ду нафар ҳунарманди наврас қайҳост, ки вирди забонҳо шудаву ҳунарашон маҳбуби дилҳо гаштааст. Онҳоро дар якҷоягӣ ва ҳамчун дуэти Манижаву Эҳсон ҳама мешиносанд. Барои номгузорӣ намудан ба дуэти хеш заҳмат накашидаанд. Зеро мардум худаш чунин номро ба онҳо гузоштааст. Бори нахуст Манижаву Эҳсонро соли 2003 озмуни телевизионии «Офтобак» бо ҳам  овард. Манижа соли 1995 ва Эҳсон соли 1994 дар Душанбешаҳр ба дунё омада ҳарду шомили  мактаби мусиқӣ гаштаанд. Бо кӯшиши падару модар  ва заҳмату талошҳои хеш тавонистаанд дар ҷодаи ҳунар мавқеи ба худ хосро соҳиб гарданд. Имсол Эҳсон мактаби миёнаро хатм намуда муваффақона донишҷӯи Донишкадаи технологии шаҳри Қазон  гардид ва мухбири мо тавонист пеш аз сафари ӯ бо ин ду ҳунарманди писандидаи ҳамагон ҳамсӯҳбат гардад.

 – Дӯстони худро чӣ тавр интихоб мекунед? Дӯстони  беҳтаринатон киҳоанд?

М – Дӯстро албатта аз рӯйи хислату рафтораш ва маърифату ахлоқаш интихоб мекунанд.  Дӯсти беҳтарини ман Эҳсон аст.

Э – Ман дӯстони  худро аз рӯйи одобу кирдори хубашон ва инсонигариашон интихоб менамоям. Дӯсти беҳтарин бояд аз аввал то ба охир, дар пастиву баландиҳои зиндагӣ ҳамеша дастгиру мададгор ва ёвари кас бошад.Дӯстони беҳтарини ман Манижа бо аҳли оилаашон ва падару модарам мебошанд.

– Оё хиёнати дӯстро бахшидан мумкин аст?

М– Не, бахшидан  намешавад.  Агар бахшида тавонам ҳам, онро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам.

Э– Албатта бахшидан мумкин нест. Ман намебахшам.

– Орзуи ҳамешагии шумоён?

– Ширкат намудан дар «Евровидение» ва дар зиндагӣ хушбахт будан.

– Хобии  Эҳсон?

– Футбол.

– Эҳсон имсол кадом касбро интихоб намуд?

– Имсол  аллакай дар ҳамин ҷо имтиҳон супорида  донишҷӯйи Донишкадаи давлатии технологии шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористон гардидам. Программист-барномасоз хоҳам шуд.

– Муборак бошад! Агар Эҳсон ба хонданӣ равад такдири дуэти шумо чӣ мешавад?

– Он бетағйир  боқӣ хоҳад монд ва дар арафаи ҷашнҳову маъракаҳои давлатӣ Эҳсон бармегардад ва мо дар якҷоягӣ боз суруд хоҳем хонд.

Баъди сароидани суруди «Ишқи аввал» бисёриҳо гумон карданд, ки меҳри бачагӣ акнун дигаргуна гаштаву ба ишқ табдил ёфта?

– Аз кӯдакӣ кадом ҳиссе, ки нисбати ҳамдигар доштем, боқӣ мондааст ва ин шеъри шоир аст ва барои мухлисони азиз бахшида шудааст. Барои ҳамаи онҳое, ки шаҳди ишқи аввалро чашидаанд мо месароем. Мо муддати зиёдест, ки дӯсти оилавӣ ҳастем ва то имрӯз байни мо ягон якдигарнофаҳмӣ ба амал наомадааст.

– Умуман ишқро чӣ гуна мефаҳмед?

М:– Ман ишқро дар меҳру муҳаббати беандозаи нисбати падару модарам, Эҳсон ва додарчаам доштаам мефаҳмам.

Э: – Ишқ ҳиссиёти гувороест. Ишқ ҳиссиёти аз ҳама табиӣ ва барои инсон зарурӣ аст. Он доди Худованд аст ва дар қалби ҳар яки мо ҷойгир аст. Ва дар як замоне аз худ дарак медиҳад, ки худи одам бехабар мемонад.

– Манижа агар ба оина нигарӣ дар он чиро мебинӣ?

– Шаҳзодаи орзуҳои падару модарамро. Ман духтари ягонаам ва маликаи ягонаи хонадон. Ман  дар оина чеҳраи  падару модарамро мебинам, ки  маро чунин офаридаанд. Ману додаракам ҳосили ишқи поки падару модари  азизам ҳастем, ки бо тамоми меҳру муҳаббату садоқат моро ба дунё овардаанд.

Эҳсон, агар гулдастаи зебое дар даст дорӣ ин лаҳза, онро ба кӣ тақдим мекардӣ?

– Албатта ба Манижа.

–  Манижа бе Эҳсон дилгир намешавад?

– Албатта дилгир мешавам. Ман аллакай ғамгинам, ки ӯ меравад ва он лаҳзаи дурӣ аз Эҳсонро тасаввур карда аллакай ашк мерезам.

– Эҳсон метавонад бе Манижа таҳсили хешро давом дода?

– Албатта осон нест дурӣ аз Манижаи азиз ва ҳамкориҳои эҷодӣ бо ӯ. Мо ҳанӯз аз ҳафтсолагӣ якҷоя фаъолият дорем ва мисли хоҳару бародар бо ҳам унс гирифтаем. Падару модари  Манижа маро мисли писари калониашон қабул кардаанд. Аммо фикр мекунам, ки ба як писар чил ҳунар кам аст ва ман дар пайи амалӣ намудани орзуҳои хеш бояд таҳсиламро давом диҳам ва соҳиби касби дилхоҳе гардам.

– Манижа дар оянда кӣ шудан мехоҳад?

– Коргардон – таҳиягар.

– Кадом хислати якдигарро меписандед? – Ва кадомаш номақбул аст ?

М: – Эҳсон рафиқи ҳақиқӣ  ва дар ҳама ҳолат ба ӯ такя намудан мумкин аст. Дар лаҳзаҳои мушкилӣ ва хастагиҳо ӯ дилбардори хуб аст ва маро дастгирӣ менамояду тасаллӣ дода метавонад. Шӯхтабиат асту бо шӯхиҳояш метавонад ғаму андӯҳро зуд аз дилҳо берун созад.  ӯ марди орзуҳои ҳар як духтар буда метавонад. Аммо инсон бе камбудӣ буда наметавонад. Эҳсон камтар якрав асту сахтгир ва дилтангӣ мекунад. Шояд ин ҳама сахтгириҳояш ба хотири равнақу пешравии  ҳунарамон бошад ва онро камбудӣ ҳам нагуфтан мумкин.

Э: – Манижа умуман камбудӣ надорад. Ҳамаи хислатҳояш маро писанд аст.

– Шояд эркагӣ мекунад?

– Албатта духтар бе ноз намешавад. Аммо Манижа танҳо ба падараш эркагиҳояшро мекунад ва пинҳонӣ аз ҳама.

– Ғизои писандидатарини шумо?

М: – Ҳар он таоми миллие, ки бо дастони модарҷонам омода мегардад, маро писанд аст.

Э: – Ба ман пеш аз ҳама карамшӯрбои украинии бо дастони Манижа омодагардида ва инчунин палави тайёрнамудаи модаркалонам хеле зиёд маъқул аст.

– Ба чӣ бовариву эътиқод надоред?

– Албатта ба пешгӯии фолбинон боварӣ надорем.

– Аз чӣ парҳез мекунед?

– Аз ғайбату суханчиниву ҳарфҳои дағале, ки мутаассифона баъзан аз тарафи ҳамсолонамон ба назар мерасад. Шахсе, ки сухани ширину нарму санҷида мегӯяд, ҳамеша байни ҷамъият соҳибэҳтиром аст. Аммо афсӯс, ки ҳоло аз назди бештари наврасон гузарӣ, мехоҳӣ гӯшҳоятро канда партоӣ.

Ба шумоён агар мухлисонатон занг зананд боиси ноҳинҷорӣ аст ё

М: – Вақте мухлиси бофарҳанг занг мезанад, албатта гуворо аст.

Э: – Вале чунин мухлисон хеле каманд, ки ба қадри ҳунару сароянда бирасанд. Бештари ҷавонон бемақсадона  ҳам занг мезананд.

– Бештар дар куҷо истироҳат намудан шумоёнро писанд аст?

– Барои мо истироҳати беҳтарин дар рӯйи саҳна аст. Вақте ягон суруди нав таҳия  ва пешкаши мухлисон мегардад, ин беҳтарин фароғату истироҳат аст.

Саволҳо ба модари Манижа

– Дар оянда ин ҳардуро кӣ дидан мехоҳед?

– Аввалан  мехоҳам, ки инҳо пеш аз ҳама инсони хуб бошанд, ҳамдигарро хуб фаҳманд, ба қадри падару модари хеш бирасанд. Аз илмҳои муосир бархурдор бошанд.  Дар ҷодаи ҳунар бошад орзуманди онем, ки ба қуллаи баландтарин расанд ва ба орзуи ягонаи дилашон, ки ширкат намудан  дар «Евровидение» аст, бирасанд ва мо барои ин бо ҷону дил кӯшишу кӯмак намуданро вазифаи муқаддаси хеш медонем.

– Шумо кай эҳсос кардед, ки Манижа қобилияти сурудхонӣ дорад?

–  Манижа аз панҷсолагиаш дар ансамбли «Лола» назди устоди рақс Наталя Сангова дарси рақс меомӯхт ва ҳамзамон сурудхонӣ мекард. Боре  сарояндаи хушовоз Парвина Шукруллоева бо модараш  меҳмони хонадони мо гашта  сурудхониву ҳаракатҳои Манижаро дида пешниҳод кард, ки ӯ бояд дар озмуни ҳунарии кӯдакона иштирок намояд. Ва Парвина моро бо оҳангсоз Нозим Орифҷонов шинос намуд ва суруди аввалини Манижа ба ин шахси бофарҳанг ва дӯсти оилаи мо тааллуқ дорад. Он замон Манижа дар озмуни «Чӯҷаҳои заррин» бо суруди «Сайёҳати Манижа» баромад намуда соҳиби ҷоизаи «Таваҷҷӯҳи  тамошобинон» гардида буд.

– Ташкили чунин як дуэти  дилпазир  идеяи кӣ буд?

– Вақте Манижа дар синфи як мехонд мо тасодуфан дар як озмуни телевизионии «Офтобак»  бо Эҳсон ва падару модараш  шинос гардидем ва бо пешниҳоди якдигар инҳо суруд хонданду писандамон гардид ва он замон, яъне соли 2003 дуэти «Манижа ва Эҳсон»  бо суруди «Модарам» назди мухлисонашон муаррифӣ ва пазируфта гардид. Мо аз ин озмун ва асосгузори он ҳунарманд Саида Файзалиева миннатдорем, ки роҳи ояндаи ҷигарбандони моро муайян сохт.

Дилкушо

 

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст.

комментария 2

  1. Интервьюда гап нест! Маъкул шуд!

  2. Манижабону ман шахрванди Кулоб, репер хастам мехохам бо шумо хамкори кунам агар таклифи маро кабул кунед хеле мамнун мешавам!!! мунтазири чавобам !

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s