• Статистика

  • Blog Stats

    • 452,455 hits
  • Flag Counter

КАТРИНА КАЙФ: МУНОСИБАТИ МАНУ САЛМОНХОН БИГЗОР АСРОРИ НИҲОНИ МАН БОШАД.

Катрина кайф-Katrina Kaif

Катрина кайф-Katrina Kaif

Яке аз пурҷилотарин ситораи олами синамои Болливуд, париваши орзуҳо Катрина Кайф ба ҳисоб меравад. Вай 16 июли соли  1984  чашм ба олами ҳастӣ боз кардааст. Катрина зодаи Гонконг буда, падараш Муҳаммад Кайф аз Кашмир ва модараш Сузана Туркот аз қафқозитарборҳои Британияи Кабир мебошанд. Айёми тифлиаш дар ҷазираҳои Гавай сипарӣ  шуда, пас аз он бо ҳамроҳии аҳли хонаводааш ба Англия кӯч мебанданд. Орази ниҳоят зебову нотакрор, қомати мавзуну дилфиреб, чашмони шаҳлову ҷоду ва табассуми малеҳаш бинандаро бо як нигоҳ мафтуну шайдо месозад. Бо ин ҳама афсунгариҳо як ҷаҳони поку беолоиш, пур аз эҳсосу розу ниёз ва меҳру мухаббат дар қалби ҳассосаш нуҳуфта аст. ӯро азизонаш навозишкунон «гурбача Кэт» меноманд, ки барояш хеле писанд аст. Бо нозу карашмаи ба худ хосаш, бо як нигоҳи оташбораш имрӯз дар дили хурду бузург маскан гирифтааст.

Ин аст, ки имрӯз қариб дар тамоми ширкатҳои рекламавии машҳури ҷаҳон намояндагӣ мекунад. Ва ҳамасола ҳазорҳо ширкатҳои шӯҳратёфтаи олам бо пешниҳоду таклифҳои мухталиф дари ӯро мекӯбанд. Дар Тоҷикистон Катринаро бештар дар рекламаи ширкати машҳури истеҳсоли чойи «Алокозай»-и Дубай дидан мумкин аст.

 

Катрина ҳафт хоҳар дорад. Дар зиндагӣ бонуи нихоят хоксору заминӣ мебошад. Дар ҳаёти пасипардагӣ  ӯро ҳамчун бонуи ботамкину боиффат, дар бар пироҳани оддиву хоксорона дарёфт кардан мумкин аст. Соли 2005 ҳамчун чеҳраи зеботарини занона дар Ҳиндустон пазируфта шуд. Ҳанӯз аз синни чаҳордаҳсолагӣ ба ҳайси модел дар яке аз ширкатҳои бонуфузи шаҳри Лондон фаъолият мекард. Нахустин филме, ки дар он нақш офаридааст, «Вооm» ном дорад, ки соли 2003 дар Англия ба навор гирифта шудааст. Баъдан ба Ҳиндустон раҳсипор мешавад ва дар Болливуд ба фаъолият мепардозад. Аз сабабе ки бо забони ҳиндӣ он кадар хуб ҳарф намезад,  дар аввал бо душвориҳои зиёде рӯ ба рӯ мешавад. Дар давоми солҳои 2004-2006 як қатор нақшҳои офаридааш дар филмҳои ҳиндӣ бобарор намешаванд.

 

Ва танҳо соли 2007 пас аз офаридани нақши асосӣ дар кинофилми «Намасте, Лондон» ӯ машҳури олам мегардад. ӯро барои ҳунари волояш ба як қатор ҷоизаву унвонҳои олӣ шарафёб гардонидаанд,  вале ҳамагон иброз медоранд, ки муҳимтарин дороияш ин қомати мавзуну симои ниҳоят зебову ҷаззобаш мебошанд. Дар ҳақиқат  ин олиҳаи ҳусну латофат ҳеҷ якеро бепарво гузошта наметавонад. Ва имрӯзҳо ин маликаи зебои Болливуд ороиши аксарияти филмҳои машҳури ҳиндӣ ба ҳисоб меравад.

 

 Тарроҳони дӯстдоштааш: Рина Дакке, Тарун Талиани.

 Ситораҳои писандидааш: Леонардо Ди Каприо, Ҷонни Депп, Шоҳруххон,  Ритик Рошан, Амирхон, Каҷол, Мадхури. 

Хӯроки дӯстдоштааш: таомҳои ҳиндӣ ва макарон бо панир

Атри писандидааш: аз ширкати «Gucci»

Машғулиятҳои писандидааш: рақсидан, тамошои филм, санъати драматургӣ , дар оғӯши табиат будан,  пухтупаз намудан, ба варзиш машғул шудан, 

Ранги дӯстдоштааш: осмонӣ

Мавзеи дилписандаш: Малдив

Мусоҳиба доир ба  ҳаёту фаъолият

 

-Катрина, замоне овозаи муҳаббати бузурги Шумо бо Салмонхон тамоми сайёраро фаро гирифта буд, вале чаро ин муносибатҳои зебо бо издивоҷ анҷом наёфтанд?

 

-Ҳамеша мехоҳам, ки баҳри мухлисону ҳаводоронам доир ба фаъолияту нақшаҳои  эҷодиям суханронӣ кунам ва бигузор ҳаёти пасипардагиам амсоли афсона бошад. Зеро зан  ҳамеша ҷозибаву асроре бояд дошта бошад. Танҳо ин нуқтаро мехоҳам иброз кунам, ки издивоҷ ин савдои умр аст ва шахс набояд дар ин кор ба шитобкорӣ роҳ диҳад. Салмон барин мардҳо маҳз барои муносибатҳои зебо офарида шудаанд,  на баҳри издивоҷу ҳаёти оилавӣ.

 

-Вале аҷибаш ин аст, ки Шумо имрӯз мисли ду шахси тамоман бегона дар бораи якдигар ҳарф мезанед.

 

— Не, дар асл чунин нест, ман на танҳо бо ӯ, балки бо аҳли оилаашон дӯстиву ошноӣ  дорам. Мунтазам аз ҳолу аҳволашон бохабар мешавам.  Зиёда аз ин, 7 сол мешавад, ки бо хоҳараш Алвира дӯстони хеле наздик ҳастем. Ва ин муносибатҳои самимиро ҳеч кас ва ҳеч чиз дигаргун карда наметавонад.

 

— Пас чаро дигар ҳамроҳ нақш офаридан намехоҳед?

 

— Ҳунарманди асил набояд муносибатҳои шахсияшро бо корияш омехта созад. Агар пешниҳодҳои хубу ҷолиб бароянд, мо албатта бо Салмон ҳамкорӣ хоҳем кард. ӯ ҳунарманди боистеъдоду нотакрор ва муҳим аз ҳама инсони нексиришт аст. Ҳамкори  чунин як дӯсти азиз будан бароям хеле роҳатбахш аст.

 

-Куҷое наравӣ, он ҷо номи Катрина Кайф, инро  сабаб чист?

 

-Худам ҳам сабабашро намефаҳмам. Лутфи шумо хеле зиёд аст, ки ба ин мутаваҷҷеҳ шудаед. Як сабаби он шояд ба туфайли заҳматҳоям бошад, сабаби дигараш доди Худованд аст. Инро наметавон инкор кард.

 

— Бо шумо ҳамкорӣ  кардан осон аст?

 

— Бештарин касоне, ки бо онҳо ҳамкорӣ  кардам, аз ман  қаноатманданду хушнуд, бо вуҷуди он ки инсон бе камбудӣ намешавад.

 

— Пас шумо иқрор мешавед, ки камбудӣ  ҳам доред?

 

-Кадом инсон бе камбудӣ аст, ки ман бошам? Мегӯянд, ки ҳатто моҳе, ки зеботарин ва пурҷилотарин  ҷирми осмон аст, як қатор камбудиҳо дорад,  мо, мавҷудоти рӯи замин, онро ҳеҷ гоҳ эҳсос  нахоҳем кард. Муҳим  он аст , ки хушбахттарин инсони рӯи заминам, зеро мухлисону ҳаводорони қадрдон дорам.

 

  — Бо кӣ пайванди рӯҳонӣ доред?

 

— Албатта бо Худованд, муҳим он нест, ки ҳар лаҳза сӯи масҷиду ибодатгоҳҳо шитобон шавем, балки метавон оромона дар кӯчаву хиёбонҳо қадам ниҳода ба ӯ арзи дил  кард ва аз даргоҳаш имдод талабид. Агар аз самими қалб бо имони комил хоҳиш намоем,  ҳамаи орзуву умедҳоямон ҷомаи амал мепӯшанд.

 

— Мегӯянд, ки имрӯз Шумо дар як саф бо Карина Капур қарор доред.  Оё дар байни Шумо ягон рақобат вуҷуд дорад?

 

— Ҳангоме ки ман нахустин гомҳои худро дар ин ҷода мениҳодам, Карина аллакай шӯҳрати бепоёнро соҳиб буд. Илова бар ин, ӯ як қатор нақшҳои беҳтаринро офаридааст. Ман гумон мекунам, ки дар олами синамо ӯ якчанд зина аз ман боло қарор дорад.

 

-Аксари коргардонҳое, ки бо Шумо ҳамкорӣ кардаанд, «тилисми комёбиҳо» номатон мебаранд. Зери ин унвон чӣ асроре ниҳон аст?

 

— Ба гумонам Шумо каме муболиға мекунед. Вале замоне, ки  пас аз намоиши филми навбатиам яке аз мунаққидони хеле барҷастаи соҳаи синамо Таран Ардааш иброз дошт,  ки «Карина дар офариниши нақши беҳтарини занона ҳамто надорад ва коргардон дар ҳамкорӣ бо ӯ ҳамеша бурд хоҳад кард», хушбахтии маро ҳадду канор набуд. Зеро чуниин баҳои баландро барои ҳунарнамоиям ҳеч кас то ҳол надода буд. Ва, барҳақ, ҳунарманди хушбахт  манам, ки бо чунин коргардонҳои бофарҳангу шӯҳратёр ҳамкорӣ мекунам.

 

— Санъат барои Шумо чӣ аст?

 

-Сад шукр аз даргоҳи Худованд, ки бароям ҳунари санъаткориро ато намуд. Умуман шахси ҳунарманд ҳамеша вологуҳар буд, ҳаст ва мемонад. Гумон мекунам, инсон бояд ҳар лаҳза аз шуғли меварзидагияш ҳаловат бубарад. Вақте ҳунару истеъдодам қадрдонӣ мешаванд, боли парвоз мебарорам ва он лаҳза аз ман ошиқтару хушбахттар нест дар дунё. Ва ин аст маънии зиндагӣ.

Дилкушо

 

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

Отслеживать

Настройте получение новых записей по электронной почте.