• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,309 hits
  • Flag Counter

МЕҲРНИГОРИ РУСТАМ: «САҲНА БАРОЯМ ҶОЙИ МУҚАДДАС АСТ»

Мехрнигори Рустам - Mehrnigori Rustam

Мехрнигори Рустам - Mehrnigori Rustam

Меҳрнигори Рустам гарчи аз зумраи  ҷавонтарин сарояндагони саҳнаи эстрадаи тоҷик аст, вале бо вуҷуди ин бо садои хушу дилпазираш байни ҳаводорони худ ва мардум мавқеи ба худ хосро соҳиб аст. Меҳри садои дилнишинаш дар дилу дидаи мардум маскан гирифтаву қалбҳои ташнаи савту наворо тасхир кардааст. Вақте ба саҳна мебарояд, чун садои маҳину нафисаш танинандоз мегардад, дар толор ҳама гӯшу ҳуш мегарданд ва ин истиқболи гарми мухлисони асил ба Меҳрнигор нерӯи тоза ва пару бол мебахшанд. ӯ савту навои тоҷикиро берун аз Тоҷикистон низ  муаррифӣ кардааст. Дар Туркия ва давлатҳои дигар суруд хонда мардумонро мафтуни садои форамаш ва ҳунари баланди худ гардонидааст. 

Аммо барои хонандаи кунҷкоби ҳафтаномаи «Дилкушо» аз розу ниёзҳои ин ҳунарманди ҷавону хушсалиқа огоҳ гардидан гуворо аст.  Бо Меҳрнигори Рустам ҳамсӯҳбат шудаму табъам болида гардид ва итминон бар он дорам, ки ту низ, хонандаи азизи хафтаномаи мо, аз ин сӯҳбати гуворои ӯ фараҳманд хоҳӣ шуд.

— Меҳрнигорҷон, субҳи шумо чӣ гуна оғоз мешавад?

—  Субҳи ман мисли ҳама бо ибодат ва мутолиаи китоб оғоз мегардад ва тамоми рӯзам бо ташвишу талошу ҷустуҷӯҳо шом мешавад.

— Бовафотарин дӯсти шумо кист?

— Дӯсти аз ҳама бовафою анису ғамбарорам, дугонаи меҳрубонам  ва мӯнису парастору дастгирам- модарҷонам Адибаи Рустам мебошанд. Ҳар қадар, ки васф намоям, боз сифатҳои хуби модарам боқӣ мемонад.

-Кадом хислати модарро мехостед ба мерос бигиред?

-Чӣ хеле ки дар боло ишорат кардам, хислатҳои хуби модарам хеле зиёд аст. Вале аз ҳама муҳимаш, мехостам мисли он кас меҳрубон ва серҳаракат бошам. Зеро модарам ба ман ҷон ато карданд ва боз дар ҷодаи ҳунар маро Меҳрнигор карданд. Агар заҳматҳои шаборӯзии он кас намебуд, ба чунин дараҷа намерасидам.

Тамоми вақти қимати худ, лаҳзаҳои беҳтарини фароғати хешро қурбони ман кардаанд. Инро ҳар як модар наметавонад бикунад.

АДИБАИ РУСТАМ- МОДАРИ МЕҲРНИГОР

-Фарзанд мисли ниҳоли дарахт аст. Агар ба ӯ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир накунӣ, дар вақташ ғизо надиҳӣ, нашъунамо намеёбад. Барои фарзанди боистеъдод низ, агар ҳунари ӯро қадр намуда аз баҳри бисёр чиз бароӣ, сипас ба мақсади дили хеш мерасӣ. Фарзандони дорои истеъдод ба андешаи ман хеле зиёданд, вале аксари волидон ба ин истеъдоди модарзодии онҳо беаҳамиятӣ зоҳир менамоянд.

Меҳрнигор низ дар навбати худ духтари рамузфаҳму нармгуфтор аст. Ҳар он сухане, ки барояш мегӯям, аз он саркашӣ намекунад ва хоҳишҳои  маро бо ҷону дил ба иҷро мерасонад. Аз ин хотир бо ӯ осон аст.

-Шумо духтараки зудранҷед?

-Бале, зуд меранҷам.

-Пас осон гиря мекунед?

-Оре, аз ҳарфи андаке дағал ашки чашмонам зуд ҷорӣ мешаванд.

-Ҳарфе, ки писанди шумо нест?

-Ҳамаи ҳарфҳои дағалу дурушт маро писанд нест. Умуман фикр мекунам, ки нармгуфторӣ ва меҳрубонӣ беҳтарин хислатҳои инсонӣ буда, дар ҳамаи давру замон инсони бофарҳангу хушсухан болонишин ва сазовори эҳтироми мардум аст. Ба он нафароне, ки бештари умри хешро бо ғайбатгӯиву суханчинӣ мегузаронанд, афсӯс мехӯрам. Охир ин умри даргузар хеле кӯтоҳ аст. Магар меарзад, ки ҳамин фурсати ками атофармудаи Худованди бузургро барои ҳарфҳои ноҷову озурдани инсонҳо сарф намоем.

-Кадом шабакаи мобилиро меписандед?

-Ҳамаи шабакаҳои мобилӣ хубанд, вале ман бо шабакаи мобилии «Вавилон» пайваст ҳастам.

-Бо кадом оҳангсозон ҳамкорӣ доред?

-Ҳанӯз аз айёми наврасӣ бо оҳангсозони соҳибкасб Орзу Орзуев, Шариф Бедаков ва айни замон бо акаи Даврон ва Амирбеки Мӯсо ҳамкорӣ дорем.

-Кадом ҳунар хеле хуб аз дастатон меояд?

— Мехоҳам тамоми ҳунарҳоро балад бошам. Расм кашидан яке аз машғулиятҳои писандидатаринам буда, барои либосҳои саҳнавиям худам тарроҳӣ мекунам, яъне расмашро мекашам, баъд ба дӯзанда пешниҳод мекунам. Навохтани гитара, омӯхтани забону рақси классикии ҳиндӣ имрӯзҳо маро сӯйи худ мехонад.

Пухтани ҳаргуна кулчақанд ва хӯришҳо низ шуғли мақбули дилам аст. Ҳоло, ки ҷавон ҳастам, фикр мекунам, ки фақат омӯхтану боз омӯхтанам лозим аст.

Дар оғози ба саҳнаи ҳунар қадам гузоштан шояд мехостед ба касе монанд бошед?

-Аз аввал ҳам мехостам танҳо ба худам монанд бошам ва соҳиби сабку услуби ба худ хос бошам. Аз ҳунармандон бештар ба бонуи ҳунар Шабнами Сурайё таваҷҷӯҳи бештар дошта садояшро мепарастам ва сурудҳояшро бо камоли майл гӯш мекунам.

-Вақте рӯйи саҳна ҳастед, зимни сурудхонӣ чӣ ҳиссиёте шуморо фаро мегирад?

-Саҳна бароям ҷойи муқаддас аст ва рӯйи он худро озод ҳис мекунам ва ба дунёи худ ворид мешавам. Агар як тамошобин дошта бошад ҳам, бо тамоми дил барояш месароям. Яъне суруд маънои зиндагиам аст.

-Саломат бошед, барои кору фаъолияти эҷодиатон барору пирӯзиҳои бештареро хосторем.

-Ман ҳам орзу дорам, ки аҳли эҷоди ҳафтаномаатон доимо саломат бошанд ва доимо хабарҳои тозатарину росту аниқро пешкаши хонандагони азизу мухлисони меҳрубони мо расонанд. Ва кулли мардуми Тоҷикистони азизам хонаобод бошанд ва ин моҳи шарифи Рамазон барояшон моҳи шафоату пирӯзӣ бошад.

Дилкушо

 Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст.

комментария 3

  1. хонум Мехрнигор номи ман Комрон мехохам бо шумо хамкори кунам, ман репер хастам ва суруд хам месароям агар таклифи маро кабул кунед хушхол мешавам..
    оханг ва шерам таёр аст….!

  2. Мехринигори Рустам зангатро интизорам тел:501038119

  3. Салом хонандагон ва мухлисони Мехрнигори Рустам ва хафтномаи дилкушо ман як мухлиси ашадии Мехрнигори ширин сухан ва хуш каду комат ва сурудхои дилфорам дошта ман танхо мухлиси сурдхояш будам аммо 2 сол мешавад ки мухлиси худашон шудаги хастам яъне ошикашон шудаги хастам як савол барои ин гул духтар ойо шавхар доран ин зебосанам? Ойо ягон дилбохта доранд? Ман барои дидани ин зебосанам ба Душанбе рафтам аммо натавонистам ки аз наздик бинам хамсухбат шавам аммо нашуд чора чи ман мехохам ки бо ин гулдухтар ошнои пайдо кунам танхо мехам як маротиба бо тарики телфони овози ширини Мехрнигори Рустамро шунавам танхо як маротиба агар бемалол бошад гул духтар student-8335@mail.ru ва ин бошад номери телфонам 938126006 интизори занги шумо ва хохиши шунавидани овози ширини шумоям Мехрнигори Рустам

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s