• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,359 hits
  • Flag Counter

ХУРСАНДИ БОЛОИ ХУРСАНДИ ДАР ХОНАДОНИ СУРАЙЁ ҚОСИМОВА

Шабнами Cурайё-Shabnami Surayo-Фарзонаи Хуршед-Farzonai Khurshed

Шабнами Cурайё-Shabnami Surayo-Фарзонаи Хуршед-Farzonai Khurshed

Имрӯзҳо гирди номи яке аз овозхонҳои машҳури ҷумҳурӣ, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Сурайё Қосимова сару садоҳои зиёде баланд гаштааст. Бемории тӯлонии ин бонуи ҳунарманд мухлисону ҳаводорони ӯро ба ташвиш оварда, ҳар рӯз ба унвони ҳафтаномаи мо чандин нафарон занг зада оиди вазъи саломатии ӯ ва асоснок будан ё набудани овозаҳо пурсон мешаванд. Сурайё Қосимова, ки мактаби хосаи сарояндагии хешро доро буда, муддати тӯлонӣ рӯйи саҳнаи ҳунар овозхонӣ кардааст, бо ҳунару садои нотакрораш маҳбуби дилҳо гаштаву меҳри санъаташ қалбҳоро тасхир намудааст. Ба ҳама маълум аст, ки зимистони соли гузашта ин устоди ҳунар аз фалокате афтода пойи чапашон сахт осеб дида буд. Инак муддати даҳ моҳ мешавад, ки ин бону дар руйи саҳна набуда, барои беҳбудии саломатии хеш муолиҷа гирифта   истодаанд.

Мо, аҳли кормандони ҳафтаномаи «Дилкушо», низ дар баробари хонандагони бешумори худ мухлиси ин бонуи ҳунар ҳастем ва донистани вазъи саломатиашон бароямон бефарқ нест. Аз ин рӯ лозим донистем, ки ба телефони апаи Сурайё занг зада ба саволҳои мухлисонашон посух бигирем. Назар ба гуфти пайвандон он кас муддате дар бемористони пойтахт бистарӣ гардида, аз бемории сахт, ки ҳатто аз роҳгардӣ монда буданд, раҳоӣ ёфтанд. Ғами дурии фарзанд ба вазъи саломатии ин бонуи ҳунарманд бештар таъсир расонда то ба ин ҳол оварда расонд. Гӯшаки телефони ҳамроҳи апаи Сурайёро яке аз наздикон гирифта худро муаррифӣ накард.

-Бубахшед, вазъи саломатии апаи Сурайё хуб аст?

— Бале, хуб аст. Он кас муддате дар беморхонаҳои шаҳри Душанбе муолиҷа гирифта, ҳоло вазъияти хуб доранд. Аз аввали моҳи август инҷониб дар хонаашон ҳастанд.

-Мухлисонашон ба ҳафтаномаи мо занг зада, оиди овозаҳо пурсон мешаванд.

-Албатта, ҳангомаҷӯён кам нестанд ва аз бемориашон истифода намуда чунин овозаҳои   бардурӯғро паҳн кардаанд. Бо ин овозаҳо, албатта, меҳри ҳунари Сурайё Қосимоваро наметавонанд заррае аз дили ҳаводоронашон кам кунанд. Худоро шукр, вазъи саломатиашон хеле беҳтар аст ва озодона, бе кӯмаки касе қадам мезананд.

-Ин беҳтарин хушхабаре, ки мо метавонем ба самъи мухлисони сершумори апаи Сурайё расонем. Шабнам, албатта, парастори модари бемор гаштааст?

-Бале, Шабнам ҳамеша дар сари болини модар буда муддате ғамгину ошуфтаҳол буд. Инак, дар дили ҳамаамон умеди шодию фараҳ хона сохт. Ба мухлисонашон ҳам расонед, ки дар хонадони апаи Сурайё хурсандию нишот афзун гаштааст. Ёру дӯстони қадрдонашон хеле зиёд ба аёдаташон меоянд. Аз ҷумла устоди санъат Ҷӯрабек Муродов бо оилаашон ва писарашон Ҷонибек, ҳунармандон Зикри Оллоҳ ва Нозияи Кароматулло ба дидорбинӣ омада буданд.

ФАРЗОНАИ ХУРШЕД БА ОЗОДИ БАРОМАД

Чӣ тавре ки ҳамагон огоҳ ҳастанд духтари дуюми апаи Сурайё- Фарзонаи Хуршед моҳи феврали соли 2010 бо гуноҳи аз толори  суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе гурезондани дӯсташ ба мӯҳлати ду сол аз озодӣ маҳрум гардида буд. Тибқи Қонуни авфи Тоҷикистон, ки ҳафтаи гузашта ба имзо расид, ӯ яке аз аввалинҳо шуда аз маҳбаси занонаи шаҳри Норак озод гардид. Фарзонаи Хуршед пас аз раҳоияш бо хабарнигорон сӯҳбати кӯтоҳе намуда аз озод гаштанаш изҳори  шодиву қаноатмандӣ намуда, ваъда дод, ки дар фурсати кӯтоҳтарин метавонад бо ҳамаи рӯзноманигорон дар тамос гардида сӯҳбати самимие анҷом диҳад. Ҳоло бошад ӯ барои дидорбинӣ бо модари бемораш шитоб дорад.

-Ин лаҳза чӣ ҳиссиёте доред?

-Хеле зиёд дар ҳаяҷон ҳастам ва наметавонам  бароятон чизе бигӯям. Мисли он ки нав аз батни модар ба дунё омада бошам.

-Дар ин муддат сурудҳои нав эҷод кардед?

-Машқи сурудхонӣ накардам. Ман суруд замзама намекардам, вале дар сар нақшаи эҷодро доштам.

-Вақти хешро бештар ба чӣ корҳо сарф мекардед?

— «Аз одами бекор Худо ҳам безор» гуфтаанд. Дар ин муддати маҳбасӣ буданам аз бисёр ҳунарҳо бархурдор гаштам. Вақти худро беҳуда сарф накардам ва ҳунарҳои зиёд аз худ намудам.

-Боз нияти ба саҳна баргаштану бо мухлисони хеш рӯбарӯ шуданро доред?

-Албатта ба саҳна бармегардам. Хеле миннатдорам аз эшон барои дастгириву ёд карданашон. Ман рӯҳан ҳамеша бо онҳо будам. Лаҳзае аз фикри хаводорони асили хеш фориғ набудам.

Аз идора: Мо ҳам ба хурсандии хонадони апаи Сурайё шарик буда паёму саломҳои самимии Фарзонаи Хуршедро ба мухлисону ҳаводорони ҳунараш мерасонем ва мо низ ваъда медиҳем, ки баъди чанде бо Фарзонабону ва апаи Сурайё Қосимова ҳамсӯҳбат гардида, ба саволҳои бешумори хонандагони кунҷкоби худ посух мегардонем.

Саломат бошед, хонандагони азиз. Иди Сайиди Фитр бароятон муборак бошад! Бароятон дар ин рӯзҳои ид хонаободӣ, пирӯзӣ, дастурхони пурбаракат ва нархҳои арзонро дар бозорҳову инсофро дар дили тоҷирон  орзумандем.

Дилкушо

 Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст

Один ответ

  1. Магар фарзона озод шуд?

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s