• Статистика

  • Blog Stats

    • 523,781 hits
  • Flag Counter

ҲОҶИЯБОНУ-МАЛИКАИ САИДЗОДРО ТАБРИК МЕГУЯНД

Малика Саидзода- Malika Saidzoda 1

Малика Саидзода- Malika Saidzoda 1

Муддати 20 сол мешавад, ки садои фораму гӯшнавози Бону-Ҳоҷия  Маликаи Саидзодро дар ҳар як хонадони тоҷик ва берун аз Тоҷикистон бо муҳаббату самимият ва ихлоси бепоён гӯш мекунанд. Гарчи айни замон ӯ дар рӯйи саҳнаи ҳунар нест, вале мухлисони асилаш ин садои нотакрор ва мисли андалеб дилнишинро наметавонанд як лаҳза фаромӯш созанд. Оре, садои Бону — Ҳоҷия ба таври ҳамешагӣ дар қалбу рӯҳи мухлисон ҷой гузидаву мисли насими рӯҳбахш дилҳои решу афсурда ва аз ишқ навмедгаштаро таскинбахшанда буду ҳаст. Ин садо рӯҳу ҷонро навозиш карда, ба хотирҳои озурдаву дилҳои реш давобахш аст. Албатта, набудани ӯ дар саҳна хотири ҳаводоронашро афсурда сохтааст, вале онҳо ноумед намешаванд.

Бисёр аз номаҳое, ки аз тамоми манотиқи олам ба унвони ҳафтаномаи мо ирсол мешаванд, ба номи ин бонуи ҳунар буда, мухлисон бо ихлосу умедворӣ ва сипосу қадрдонӣ эҳсосоти хешро иброз медоранд. Ва, инак, номаҳои бешумори хонандаҳои азизро варақгардон намуда, намунае аз онҳоро дар ин сафҳа пешкаши шумо мегардонем.

«САЛОМИ САМАРҚАНДИЁНРО БА ҲОҶИЯБОНУ МАЛИКА

РАСОНЕД»

 Салому дуруди бепоёни маро бипазиред, аҳли қалами ҳафтаномаи «Дилкушо»! Соли гузашта дар ин ҳафтанома сӯҳбати гувороеро бо Ҳоҷиябону Маликаи Саидзод мутолиа намуда, дилам лабрези фараҳ гардид. Мо, аҳли оила, мухлиси ин бонуи ҳунар ҳастем. Тамоми сабтҳои ӯро тариқи хешу таборони тоҷикистонии худ дастрас намуда тамошо мекунему дар роҳат мешавем. Садои ӯ дар ҳақиқат фораму писанди диламон аст. Рости гап, мисли ӯ овозхонро модари дигаре то ҳол таваллуд накардааст. Ҷойи ӯ дар саҳнаи ҳунар холӣ аст. Мо, тоҷикони Самарқанд, мисли ҳамаи мардуми Тоҷикистон дар арафаи иди мусулмонони олам — иди саиди Фитр қарор дорем. Мехоҳам аз номи кулли самарқандиён ин бонуи нотакрори ҳунарро бо Иди Фитр самимона муборакбод гуфта, барояш тани сиҳат, фараҳмандӣ ва дар хонадонаш ҳамеша тинҷию ободӣ, дар дастурхонаш файзу баракатро,ба фарзандонаш меҳру садоқату инсофро аз даргоҳи Кирдигори олам талабгорем. Бигзор ӯ ҳамеша чунин ботаровату нозанин ва хушсадо бимонад.

Меҳроҷ аз  шаҳри Самарқанд.

«МАН ОМОДА ҲАСТАМ, КИ ҲАМЕША БА ШУМО НОНҲОИ МАСТЧОҲӣ ПУХТА БАРАМ»

Соли гузашта ҳамроҳи шавҳарам Боқиев Фахриддин ба дидори неки Хоҷиябону Маликаи Саидзод мушарраф гардидем. Ин кас бо як хоксории ба худашон хос моро гарму ҷӯшон пазироӣ намуданд. Зеро соҳиби дили бузурганд. Аҳли оилаи мо ва кулли мардуми Мастчоҳ мухлиси ин кас мебошем. Ман барояшон махсус нонҳои калони мастчоҳӣ пухта бурдам, ки писанди дилашон гардид. Ман омода ҳастам, ки ҳамеша чунин нонҳоро бипазаму ба ин бонуи нотакрор барам. Зеро меҳри Ҳоҷиябону дар дили мо баланд аст ва он кас арзандаи ҳама гуна қадрдониву сипос ҳастанд. Он кас соли гузашта инчунин ваъда карда буданд, ки меҳмони хонадони мо мегарданд. Дари дили мо барояшон ҳамеша боз аст ва доим мунтазири дидори некашон мебошем. Ва дар охир гуфтаниям: «Ҳоҷиябонуи азиз, Иди Фитр ва ҷашни бузурги 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон бароятон муборак бошад. Шуморо ҳамеша сарбаланду хонаобод ва шукуфтадилу нозанин дидан мехоҳем. Ба Мастчоҳи мо қадам ранҷа намоед. Меҳри дилу нури дидаҳоямон пешкаш!»

Боқиева Асиламоҳ, ноҳияи Мастчоҳ

Хонандагони азизи ҳафтаномаи «Дилкушо», мухлисони қадршиноси Ҳоҷиябону Маликаи Саидзод, ки дар тамоми гӯшаҳои олам қарор доред, кулли мардуми Тоҷикистон ва бародари азиз Меҳроҷ аз Самарқанд!  Сипосу меҳрубонии мо аҳли кормандони ҳафтаномаро бипазиред. Иди Фитр барои шумо ҳам муборак бошад.  Истиқлолияти кишвар волотарин дастовард ва  орзуи ҳар як шаҳрванд аст, ки моро ба осонӣ даст надодааст. Дар солҳои сипаришудаи Истиқлолияти давлатӣ мо тавонистем  сулҳу субот ва ваҳдати миллиро  ба даст орем. 20-умин солгарди Истиқлолияти  Тоҷикистонро барои тамоми ҳамватанонамон аз сидқи дил муборак мегӯем ва орзуманди онем, ки  осмони мо ҳамеша софу беғубор, сулҳу ваҳдат якумрӣ пойдор бошад ва мардуми азизамон сарбаланду хонаободу пирӯз бошанд. Хонандагони азизи ҳафтаномаи мо!  Ҳоҷиябону Маликаи Саидзод ҳаводорони асили хешро ҳеҷ гоҳ рӯҳафтода ва навмед  намесозанд ва хоҳишу дархости халқи азизи худ ва ҳаводорони асилашонро ба инобат гирифта бо мо дар тамос мешаванд. Аз ин фурсати муносиб истифода  намуда ин бонуи ҳунарро аз номи шумо азизон бо иди саиди Фитр ва 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон самимона табрик мегӯему барояшон тансиҳативу хонаободӣ ва муваффақияту барорро таманно дорем.

Дилкушо

 Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s