• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,359 hits
  • Flag Counter

ТАХМИНА НИЁЗОВА: «ДУХТАРИ ТОЛЕЪБАЛАНДАМ»

Тахмина Ниёзова

Тахмина Ниёзова

Номи ин духтараки резапайкари нозукандом чандест, ки вирди забонҳои хурду калон гаштааст.  ӯ соли 2008  дар озмуни байналмилалии сарояндагони ҷавони Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ ва Балтика  » Панҷ ситораи  Интервидение» ғолибиятро ба даст оварда байни 14 давлат сазовори шоҳҷоиза  гардида буд. Ба наздикӣ ӯ инчунин дар 20-умин фестивали байналмилалии ҳунарии «Бозори славянӣ» дар шаҳри Витебск  ширкат намуда муваффақ гаштааст. Ин ғолибият Таҳминаро байни мардуми Тоҷикистон ва берун аз он маъруфу маҳбуб гардонид, инчунин номи санъати эстрадаи тоҷикро дар ҷаҳон шӯҳратёр кард.

Сарояндагӣ пешаи авлодии Таҳмина Ниёзова буда, мероси гаронбаҳоест аз бобои ҳунармандаш -устоди санъати тоҷик Боймуҳаммад Ниёзов. Бо хоҳишҳои сершумори хонандагони хафтаномаамон ӯро пайдо намуда аз гуфтори нарму самимиаш бароҳат гаштам. Хонандаи азиз, орзуманди онам, ки ту низ аз ин сӯҳбати дилпазир роҳат ёбӣ.

-Таҳминаҷон, шунидем , ки шумо дар 20-умин фестивали байналмилалии санъат — «Бозори славянӣ»  муваффақона ширкат варзида санъату ҳунар, либоси миллӣ ва ороишоту зару зевари суннатии моро муаррифӣ кардаед. Аз рӯйи гапҳо барои иштирок намудан дар ин фестивал талабгорон кам набуданд  ва шуморо чӣ гуна даст дод, ки дар он иштирок кунед? Шуморо духтари толеъбаланд мегӯянд, рост аст ин?

-Дар асоси конкурси интихобӣ, ки  се моҳ қабл аз баргузории ин фестивал дар шаҳри Минск баргузор гардид, ман дастболо гаштам. Албатта, метавонам худро  духтари толеъбаланд гӯям. Яке аз сурудҳоям, ки дар фазои  ин фестивал танинандоз гашта ҳамаро мафтуни худ гардонд, ин  «Афсонаи дил» буд, он шеъри Ворис буда, оҳангаш аз Аҳмад Бакаев(оҳангсози тоҷиктабори Русия) аст, ки онро дар студияи сабти овози Олим Ширинов сабт кардем.

— Муддати сафари шумо чанд рӯз ва дар кадом шаҳрҳо сурат гирифт?

— Муддати сафар  аз 8 то 15 июл буд. Аввал дар пойтахти Белоруссия шаҳри Минск муддате омода гаштем,  сипас фестивали байналмилалии  санъати «Бозори славянӣ» дар шаҳри Витебск баргузор гардид. Пеш аз ҳама шарти асосии ин фестивал  намоиш додани ягон чизи нав буд. Баромадҳои мо албатта бо карнаю сурнай оғоз мегардид, ки диққати мардумро бештар ҷалб мекард. Ман тавонистам сару либоси миллии  чакан, зару зевар ва ороишоти хеле чирадастона сохтаи заргарони ширкати бонуфузи «Тоҷиккристал»- ро, ки асосан дар заминаи ороишоти гузаштагонамон сохта шудаанд, байни 20 давлати дунё намоиш дода, таваҷҷӯҳи онҳоро ба худ ҷалб созам. Ҳамаи ин тамошобинонро на танҳо шефтаи худ сохт, балки дар ҳайрат гузошт. Намоиши мо махсус байни бист давлат қайд ва эътироф карда шуд.

-Албатта, чунин сафарҳо бе дастгирии шахсони саховатпеша намешаванд?

-Албатта, дар Тоҷикистони азизи мо низ инсонҳои некоину  саховатпеша кам нестанд. Инҳо пеш аз ҳама  сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон, ки  бо вуҷуди хеле серташвиш будан боз вақт меёбанд , ки ҳунармандонро дастгирӣ намуда, ба ин пешаи душвор, вале дилхоҳашон дилгарм созанд.

Инчунин дастгирии ғамхоронаи вазири фарҳанг Мирзошоҳрух Асрорӣ, ширкати бонуфузи  ҳавопаймоии Тоҷикистон «Сомон-Айр», КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон», ширкати  машҳури «Точиккристалл» барои ороишоти хеле ҳам ҷолибу назаррабояшон, Фонди «СОРОС»,   Умед Кучкалиев барои костюмҳои гайриоддиву диққатҷалбкунанда,  сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Белоруссия  Қозидавлат Қоимдодовро сарфи назар намудан ноинсофӣ мебуд.

Зеро бо  дастгирии ҳамаҷиҳатаи ин ширкатҳои бонуфуз ва инсонҳои шарифу саховатпеша  дар ин фестивал ман тавонистам ҳунари хешро ва сару либоси аз чакан дӯхташудаю ороишоти гуногуни хоси миллатамонро намоиш дода дастболо шавам. Аз ин  сарбаланду  сипосгузорам.

ӣ сабаб шуд, ки шумо соҳиби овози дилнишин пешаи журналистиро интихоб намудед?

-Рӯзноманигорон бори гарони маънавиётро бар дӯш доранд ва фазои иттилоотии кишварро тавассути заковати баланди худ ғанӣ медоранд. Аз хурдӣ орзу доштам, ки рӯзноманигор шавам. Ман аз он ки ин пешаи ифтихориро интихоб намудаам, қаноатмандам.

 — Шумо инсони озодед?

-Албатта, дар чунин давлати демокративу ҳуқуқбунёд зиста худро озод наҳисобам магар мумкин аст?

-Бо Шумо зистан осон аст?

-Ман намедонам. Рости гап ба ин саволи шумо ҷавоб гардонда наметавонам. Ба ин савол он нафаре ҷавоб дода метавонад, ки дар оянда бо ман зиндагӣ намояд.

Кадом ҳунари рӯзгордорӣ хеле хуб аз дастатон меояд?

— Пухтани торту кулчақандҳои гуногун хеле хуб  аз дастам меояд. Аз ин хотир ният дорам, ки як коргоҳи қаннодӣ кушода ҳунари дастони хешро ба мардуми азизам пешкаш созам ва як гурӯҳ духтаракони ҷавонро ҳамзамон бо ҳунари барои рӯзгордорӣ муфид ҷалб созам.

-Шумо худро духтари ба мақсади дил расида меҳисобед?

— Ба андешаи ман, ба ин савол ҷавоб додан хеле барвақт аст. Зеро орзуву мақсадҳо ҳоло хеле зиёданд. Умуман инсон бо орзу зинда аст.  Ҳар қадар, ки зиндагӣ ба пеш меравад, домони орзуҳои кас фаррохтару фазои андешаҳояш бекарон хоҳанд гашт ва инсон  боз ҳам фикр мекунад, ки то ҳанӯз кореро анҷом надодааст ва корҳои бузурге  ӯро дар пешанд.

 -Шумо Боймуҳаммад Ниёзовро бештар барои бобо буданашон дӯст медоштед ё ҳамчун ҳунарманд?

-Саволи аҷиб. Албатта ҳар як набера бобояшро аввал барои пайванди ҷон буданаш дӯст медорад. Барои бобо низ набера мисли мағзи дона ширину азиз аст. Сипас ман, ки дар муҳити мусиқӣ ба воя расидаам ва аз аллаҳои модар дида бештар ба гӯшам садои шеъру оҳанг танинандоз буд, бевосита бо шашмақом пайванди рӯҳонӣ дорам.

Онро мепарастам, бо гӯши ҷон мешунавам ва замзама мекунам. Аммо ҳар як чизро вақту соаташ ҳаст. Мақсади асосии ба жанри эстрада рӯй овардани ман муаррифӣ кардани санъату ҳунари миллати тоҷик ба беруниён, яъне ба миллатҳои дигар аст, ки таваҷҷӯҳашон ба мусиқии модерн бештар аст. Бобоямро ҳамчун инсони меҳрубон, ҳунарманди асил хеле зиёд дӯст медоштаму аз он кас ифтихор менамоям.

-Таърих бисёр шоҳбоную занҳои қаҳрамонро медонад. Кадоми онҳо барои шумо идеал аст?

-Волидонам шояд садоқату вафодории Таҳминаро дида, бароям чунин номи зеборо гузоштаанд. Идеали ман ҳам, албатта, образи Таҳмина аз «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ аст.

-Таманниёти шумо ба мухлисони ҳунаратон?

-Ҳоло, ки дар арафаи бузургтарин ҷашн, яъне Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон қарор дорем, аз ин фурсати муносиб истифода намуда, тамоми мухлисони азизам ва мардуми  бофарҳанги Тоҷикистонро самимона табрик мегӯям. Орзуманди онам, ки мардуми азизам ҳамеша аз зиндагии худ ризо бошанду ба хостаҳояшон бирасанд.

-Шумо низ ба кулли орзуҳои неку самимиатон бирасед!

Дилкушо

 Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s