• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,359 hits
  • Flag Counter

ФАРЗОНАИ ФАЙЗ: “МОДАР ШУДАН БАХТИ БУЗУРГЕ БУДААСТ”

Фарзонаи Файз - Farzonai Faiz

Фарзонаи Файз - Farzonai Faiz

Фарзонаи Файз пас аз бозидани нақши асосӣ дар филми “Беҳуда хорам мекунӣ” маъруфу маҳбуби мардум гашт. ӯ дар филми мазкур нақши духтараки нозанини деҳотиро хеле самимона бозида, тавонист  тамошобинро ҳам гирёнаду ҳам дар қалбаш ҷой бигирад. Фарзона худ чеҳраи беғубори тоҷикона ва нигоҳи пур аз меҳр дорад. Ба наздикӣ хабар ёфтем, ки ин духтараки хуршедсимо шоҳписар таваллуд карда номи баланди модарӣ насибаш гаштааст. Мо бо хоҳишу дархостҳои бешумори мухлисони ҳунараш ба телефони ҳамроҳи Фарзона занг задем. ӯ ҳанӯз дар таваллудхонаи рақами дуюми пойтахт  қарор дошт ва аз овози хушнудонааш эҳсос кардем, ки ба ранҷурии пас аз тавлид нанигариста хушбахту сарбаланд аст.

-Фарзонаҷон, шоҳписар муборак бошад!

-Ташаккур! Шумо, рӯзноманигорон, маро дар таваллудхона ҳам ёфта суроғ мекунед.

— Шуморо хуб нигоҳубин мекунанд?

-Бале, беҳад миннатдорам аз кормандони ин ҷо, ки кори хешро софдилона иҷро намуда маро ғамхорона парасториву нигоҳубин мекунанд. Онҳо новобаста аз он ки маро ҳамчун қаҳрамони филми “Беҳуда хорам мекунӣ” шиносанд, худашон дар касби худ содиқанд. Бовар кунед, инҷо апаи Мавҷуда, Гулҷаҳону дигарон чунон меҳрубонанд ва барои сиҳату саломат ба дунё омадани писарам чунон зиёд кӯшиш ба харҷ доданд! Шукри Худо, ки ҳоло ману тифлакам сиҳату саломатем.

-Ба писаратон аллакай ном интихоб кардед ?

-Бале, ба писарам бо ихлосу эҳтиром номи пайғамбарона —  Суҳайлҷон додем. Орзу дорем, ки мисли он бузургвор инсони поку баинсоф ва номвар шавад.

-Шавҳаратон марди бадрашканд?

-Албатта, дар олам марде нест, ки рашк надошта бошад. Азизи дили ман ҳам рашк доранд. Аммо, ба толеъи баландам, он кас шахси бофарҳангу маданианд ва маро ҳам мефаҳманд ва ҳам дастгирӣ менамоянд.

-Яъне, шумо гуфтанӣ, ки барои бозидани нақш дар қисмати сеюми филми номбурда низ шумо имконият доред?

-Шумо чиҳо мегӯед? Қисмати сеюми филми “Беҳуда хорам мекунӣ”-ро ҳанӯз пеш аз таваллуди тифлакам ба навор гирифтанд ва ман бемамоният нақши худамро дар он бозидам. Албатта, бо дастгирии шавҳару хушдомани меҳрубонам чунин имконият маро даст дод.

-Овозаҳое, ки байни мардум атрофи номи  шумо паҳн мегарданд, албатта хаставу ранҷуратон месозанд?

-Маро овозаҳо ҳеҷ гоҳ хаста намесозанд. Бигзор гуфтан гиранд. Ман ба овозаҳо дода намешавам ва онро бад қабул намекунам. Дар ҷавоби онҳо танҳо механдам. Аз ҳама муҳимаш ман дар зиндагӣ зани хушбахтам ва шавҳари меҳрубону ғамхоре дорам, ки дар ҳама гуна лаҳзаҳо дастгиру аниси дилам ҳастанд.

-Модар будан бахти бузург аст, албатта?

-Модар будан хушбахтӣ аст. Вақте ба чеҳраяки беғубори тифл менигарӣ, дар чашмони зебояш маънои зиндагиатро мебинӣ. Агар дили модар ғуссаманд гардад, нигоҳи ширину нафаскашии оромонаи кӯдак водор месозад, ки ҳама чизро фаромӯш сохта худро дар олами зебои зиндагӣ машғулу андармони ӯ бубинӣ.

-Мегӯянд, ки шавҳаратон пас аз тамошои ин филм ошиқи шумо гаштаанд?

-Не, ин гап хато аст. Шавҳарам пеш аз тӯй филмро надида буданд, танҳо баъди ҷашни арӯсиамон бори аввал ҳамроҳи ман онро тамошо карданд. Ҳангоми иҷрои қисми дуюми филм ман аллакай бонуи хонадони Комилҷон  будам.

-Аз фардо чӣ мехоҳед?

-Мехоҳам дар дили одамон ишқу умед бошад. Мехоҳам он хуршеде, ки ҳангоми тифлӣ ба сари мо нур мепошид, ба фардои мо, ба сари тифлакони мо нурпошӣ кунад ва фардои онҳоро низ мунаввар созад.

-Таманниёти шуморо нисбати мухлисони ҳунаратон мехоҳем донем?

-Ба мухлисони азизам, ки дар ҳамин таваллудхона низ маро хабаргирӣ омаданд ва ба кулли мардуми кишварам тани сиҳат, хонаи обод ва бахту саодат мехоҳам. Ва ба ҳар нафар бонуе, ки чашми интизори ба дунё овардани тифлро дорад, мехоҳам сиҳатманду беосеб кӯдакашро ба дунё биёрад ва ҳеҷ гоҳ дарду доғеро набинад.

-Ташаккур, обод бошед!

Дилкушо

 Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст

комментария 2

  1. афсус ки дар жои анису мунис яг бачахои жиддитар набозиданд мисли бахром гафури ё мехрубон равшан

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s