• Статистика

  • Blog Stats

    • 523,781 hits
  • Flag Counter

ДИЯ МИРЗА: «ҲЕҶ ГОҲ ХУДРО ҚУРБОНИ ҶАРРОҲИИ ПЛАСТИКИ НАМЕКУНАМ»

Дия Мирза-Diya Mirza

Дия Мирза-Diya Mirza

Дия Мирза 9 декабри соли 1981 дар Ҷамшедпури Ҳиндустон чашм ба олами хастӣ боз намудааст. Падараш олмонӣ ва модараш банғолӣ мебошад. Ханӯз дар синни нӯҳсолагӣ  бо амри тақдир  аз падар маҳрум мешавад ва модараш Дипа Миря  бо Аҳмад Мирза  ном соҳибкори банғолӣ  оила бунёд мекунад. Дия аз айёми хурдсолӣ кӯдаки хеле зираку доно буд.  Муҳассили мактаби миёна буд, ки  аллакай дар ширкати рекломӣ ба ҳайси модел фаъолият мекард.


СИТОРАИ БАХТ

Духтараки хеле эркаю доимо дар оғӯши модар бавоярасида бори аввал дар синни ҳаждаҳсолагӣ дар танҳоӣ азми сафари Бомбей мекунаду абадан маскуни онҷо мегардад. Албатта дар оғоз дурӣ аз волидайну зодгоҳ барояш хеле сангин буд, вале дар дунёи пур аз муборизаву рақобатҳои синамо хеле барвақт мавқеи худро касб кард. Ва ниҳоят ин духтараки оддию хоксори хиндӣ 2 декабри соли 2000 соҳиби ҷоизаи «Зебосанами Осиё» мегардад. Маҳз ҳамин ғолибият сабаб шуд, ки ӯ аз орзуи деринааш, яъне аз ҳуқуқшинос  шудан даст кашида, соҳаи синаморо пеш бигирад.  Имрӯз ӯ яке аз ситораҳои серталабу дӯстдоштании Болливуд ба ҳисоб меравад. Бо забони ҳиндӣ, урду, англисӣ  ва банғолӣ озодона ҳарф мезанад. Гарчанде дар оилаи рӯҳониён тарбия ёфтааст вале худро мусалмон намеҳисобад.

САМОРО ДУСТ ДОРАМ…

Дия шомгоҳон ҳамеша болои боми манзилаш баромада аз насими фораму ситораҳои осмон лаззат мебарад ва бешак онро шуғли дӯстдоштаи худ меҳисобад. Гоҳе аз илҳоми зиёд  ҳатто ба эҷоди шеър низ мепардозад. Гулпарвариро хеле дӯст медорад ва ҳеҷ гоҳ ин корро ба  хизматгоронаш намесупорад. Ҳангоме вориди манзили ӯ мегардӣ, гӯё биҳиштро дар рӯи замин мебинӣ. Як манзараест, пур аз гулу буттаву себаргаву ёсамин.

АСРОРИ ЗЕБОГИИ ЗАН ДАР КАМБУДИИ ӯСТ

—  Дия, мухлисон вақтҳои охир аз камнамоии Шумо ранҷ мекашанд?

— Аз муҳаббати самимии кулли ҳаводоронам бениҳоят хурсандам ва ваъда медиҳам, ки пас аз интизориҳои зиёд онҳоро бо нақшҳои ғайриоддиям қаноатманд хоҳам кард. Дар филми ҷадиди романтикие нақш офаридам, ки  моҳи октябри соли равон аҳли мухлисонам дар рӯи экран хоҳанд дид.

— Имрӯзҳо аксари ситораҳои Болливуд аз хизмати ҷарроҳони пластикӣ истифода мекунанд. Назари Шумо ба онҳо чигуна аст?

Ман ҳеҷ гоҳ қурбони ҷарроҳии пластикӣ намегардам. Шукргузорам аз Худованд барои ҳусну ҷамоли ато фармудааш. Ба гумонам аз ҷаррохии мазкур бояд шахсоне истифода кунанд, ки модарзод зиштрӯянд ва ё ин ки ба садамаи автомобилӣ дучор шудаанд. Зеро бузурге гуфта буд, ки «асрори зебогии зан дар камбудии ӯст.»

— Пас барои нигаҳдории зебогии худ аз кадом воситаҳо истифода мебаред?

— Ман тренери шахсии худро дорам. Бештар ба варзиши намуди кик-боксинг шуғл меварзам. Аз ғизоҳо бошад, қариб ҳама чиро истеъмол мекунам, вале бо андозаи муайян.

— Лаҳзаи фароғати Шумо чӣ гуна сипарӣ мегардад?

— Наздиконам хамеша маро аз китобхона меёбанд. Зеро соатҳои зиёд дар китобхонаи шахсиям нишаста аз мутолиаи  китоб сер намешавам. Ҳамчунин пухтупазро дӯст медорам. Зеро кадбонугӣ барои ҷинси латиф воситаи беҳтарини оромии асаб аст. Вале аз норасоии вақт ҳафтае ду маротиба ба пухутупаз машғул мешаваму халос.

— Дар ҷодаи синамо дӯстони Шумо киҳоянд?

— Дар ин соҳа дӯстони бешумор дорам, аз ҷумла Салмонхон, Шабана Азмӣ, Сушмита Сен, Раҷу Хиранӣ, Аршод Варсӣ, Имтоз Алӣ ва ғайраҳо. Ҳар яки онҳо рафиқони самимиву содиқтарини рӯи дунёянд ва дар тамоми лаҳзаҳои зиндагӣ маро дастгирӣ мекунанд.

МИНБАРИ МУҲАББАТ

— То имрӯз аз зиндагии худ пушаймон нашудаед? Шояд мехостед, чизе дигаргун бошад?

— На, чунин фикрҳо маро боре ҳам нороҳат накардаанд. Ба гумонам дунёи нотакрор дорам. Ва он оламе, ки маро иҳота мекунад, бисёр рангину зебост. Ба ҷавониям нигоҳ накарда, ба мартабаҳои баланд ноил гаштаам, бо бисёр инсонҳои наҷибу шоиста рӯ ба рӯ гаштаам. Кабӯтари бахт гуё  болои боми хонаам сукунат дорад. Зеро зани бениҳоят хушбахтаму дар паҳлӯям шахси бофаҳму қадрдон қарор дорад.

— Шояд дар бораи дӯстдоштаатон Сахил Сангх бароямон қисса мекардед?

— Хеле марди ҳалиму меҳрубон аст. Ҳар як зан дар паҳлӯи ӯ худро хушбахт меҳисобад.

— Чаро маҳз дар паҳлӯи ӯ?

— ӯ ҷозибаи ба худ хос дорад. Дар баробари ин зебост. Муҳим аз ҳама инсони наҷибу хоксор аст.

— Мегӯянд, ки чанде пеш бо Самир Ҳофиз муносибатҳои ошиқона доштед. Тафовути байни Самиру Сахил дар чист?

— Ҳеҷ гоҳ байни инсонҳо тафовут наҷустаам ва ҳеҷ гоҳ Сахилро бо Самир муқоиса накардаам. Бигузор ин асрори пӯшидаи ман бошад.

— Ишқ чист аз нигоҳи Шумо?

— Агар мо зиндагӣ ва ин лаҳзаҳои гузарои умрро бо диди хирад бингарем, дармеёбем, ки зиндагӣ чизе ҷуз ишқу дӯст доштан нест.

— Пас зиндагӣ танҳо барои ишқ аст?

— Зиндагӣ баҳонае барои будан аст, баҳонае барои ишқ варзидан аст, баҳонае барои бо ҳам будану барои бо ҳам зистан аст.

Дилкушо

 

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s