• Статистика

  • Blog Stats

    • 523,781 hits
  • Flag Counter

ЗАЙНУРА ПУЛОДОВА: «АГАР «МАРИЯ» ПИСАНДИ МАРДУМ ШУДААСТ-БАХТИ БУЗУРГ АСТ»

Зайнура Пулодова-Zaynura Pulodova

Зайнура Пулодова-Zaynura Pulodova

Зайнура дар оилаи санъаткор ба дунё омадаву ҳар субҳ бо садои мусиқии тори падар ба истиқболи рӯз чашмашро боз намудааст. Ҷаҳони ботиниаш бо ҳунар сахт марбут буда, шеъру тарона қалбашро ғановату нерӯи тоза мебахшад. Ва ин ҳарорату меҳри беандозаро нисбати ҳунар Зайнура бо як ҷаҳон  ихлосу садоқат ба мухлисони хеш пешкаш месозад. Ду нафар гулдухтарашро бо суруди рӯҳнавозаш алла гуфта ормони дил бишкастааст. Дугоникҳои нозанинаш Сомеа ва Сонияро бо ноз парвардаву орзуи ҳунаромӯзиашонро дар дил мепарварад. Садояш ҷозиба дорад ва  касро водор месозад, ки онро бо гӯши дил бишнавад. Садои форами Зайнура бо як осонӣ аксари мардумро водор намуд, ки ба як моли рекламакардааш бештар таваҷҷӯҳ зоҳир намоянд.

-Зайнурабону, медонед бисёриҳо мегӯянд, ки баъди шунидани суруди шумо як молро зиёд харидорӣ мекунанд? Худатон барои иҷрои корҳои хоҷагӣ аз кадом намуди ин маводҳо истифода мебаред?

-Агар баъди ин суруд  моли ширкати эронӣ харидори зиёд пайдо карда бошад, пас ману муаллифи шеър ба ҳадафи хеш расидаем ва аз ин хушбахтам. Мухлисон ба ман ҳам занг зада ин нуктаро иброз медоранд. Ман қариб аз ҳамаи намудҳои воситаҳои махсус мувофиқи эҳтиёҷам истифода менамоям. Фикр мекунам, ки ҳар як зан тибқи имконияту дастрасиаш аз ин маводҳо истифода менамояд.

-Шеър моли кӣ аст?

-Шеър ба қалами шоир ва корманди ширкат Асомиддин Хайриддинов тааллуқ дорад.

-Дар бораи зиндагиатон нақл мекардед?

-30 августи соли 1982 дар шаҳри Душанбе, дар оилаи ҳунарманди дуторӣ Ҳотами Пӯлод ба дунё омадаам. Падарам умри пурбаракати хешро сарфи ҳунару мусиқӣ намуда солҳои зиёд дар ансамли «Шашмақом» дуторнавоз буданд. Меҳри ҳунарро дар дили ман маҳз падари бузургворам ҷой кардаанд. Мактаби миёнаи рақами 60-и пойтахтро хатм намуда, ҳоло донишҷӯи курси чоруми факултаи коргардонии Донишкадаи санъат мебошам. Соҳиби ду духтарчаи дугоник ҳастам.

-Ба андешаи шумо, шӯҳрат хуб аст ё сарват?

-Агар шӯҳрат, ки бошад, сарват ҳам пайдо мешавад ва ҳардуяш ҳам хуб аст. Рости гап, барои ин ҳарду боре ҳам талош накардаам.

— Агар ҷавонмарде бо мақсади оиладорӣ пайдо шуда, дар санъат Шуморо дастгирӣ кардан хоҳад, қабул мекунед?

-Ин имкон надорад.

-Мегӯянд, ки агар духтар ошиқ бошад, боз ҳам ҷаззобтар мешавад?

-Ин дуруст аст. Ишқ зиндагиро рангину ҳолати рӯҳии инсонро ба куллӣ тағйир медиҳад. Чунин дигаргуншавӣ дар намуди зоҳирии шахси ошиқ низ баръало ҳис карда мешавад. Қувваи ишқи ҳақиқӣ хеле бузург аст. Ишқ ҳатто қодир аст, ки ба инсон нерӯву тавон бахшад ва дар акси ҳол он метавонад одамро аз ақл бегона ҳам созад.

-Вакте аз ишқ месароед, шахси азизе дар назар аст?

-Ман ваҷте ишқ мегӯям, Лайлию Маҷнунро ба ёд меорам, ки барои онҳо дар ишқ чизи зиште вуҷуд надошт. Танҳо покӣ буду ишқи беолоиш. Ҳар як ҳунарманд пеш аз ҳама барои мардум месарояд ва албатта дар сурудҳои ман низ дарди дили мухлисони азизам аст, ки баъзан дар ишқ ба хато роҳ медиҳанд ва гоҳи дигар аз бахти баланди хеш меболанд. Сурудҳоям садои дили ҷавонҳои ошиқ аст, ки ишқ барояшон муқаддасу азиз аст.

-Албоми сурудҳоятонро мураттаб кардаед?

-Не ҳоло,  вале дар фикри он  ҳастам ҳамеша.

-Шумо сурудҳоро бо нархи гарон харидорӣ мекунед?

-Ҳар дафъа ҳар хел. Баъзан сурудро тақдим мекунанд. Бештари сурудҳоямро харидорӣ кардаам, аммо на ба он нархе, ки шумо гумон доред.

-Аз чӣ ҳарос доред?

-Албатта аз танҳоӣ, ки инсонро ранҷур месозад. Баъзан дар байни ёру дӯстон ва наздикон вақте туро намефаҳманд, худро танҳо ҳис мекунӣ. Барои бартараф кардани чунин ҳолати душвори рӯҳӣ инсон бояд бикӯшад, ки ҳисси навмедиро аз худ дур сохта ҳамеша ба пеш қадам занад, он гоҳ ба қуллаи мақсуд хоҳад расид.

— Бузургтарин бахт барои зан кадом аст?

— Бузургтарин бахт барои зан  ин ишқ ва барпо намудани оилаи мустаҳкаму  ба воя расондани фарзандони солеҳу фарзона аст аст. Зан худ ҷинси нозуки ниҳоят раҳмдил аст ва ҳамеша ниёз ба ишқи поки беолоиш дорад. ӯро набояд дар ҷодаи зиндагӣ навмед сохт. Аксари мардум бар он ақидаанд, ки зан гӯё бевосита ба дунё барои он меояд, ки ҳастии хешро пурра ба шавҳар бахшад. Дар ҳақиқат зан баъди фарзанддор гаштан  хешро фаромӯш сохта, дар пайи парастории фарзандонаш мешавад. ӯ на дарди гарони худ, балки хоҳиши фарзандонашро бо тамоми ҳастӣ эҳсос мекунад ва ин бузургии зан аст.

-Шахсан барои шумо аввал ҳунар меистад ё бахту оила?

-Албатта, бахту оила аввал аст.

-Саломат бошеду пирӯз!

-Барои шумо, қаламкашон ва кулли мухлисони азизам саодату сарбаландиро таманно дорам. Хушрӯзу обод бошед! Бигзор бахти ҳақиқии инсонӣ насиби ҳар нафари шумо ва дар маҷмӯъ кулли Ватанамон шавад.

-То вохӯриҳои нав!

Дилкушо

 

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст

 

комментария 3

  1. Мария, Мария……Оу Мария . о Мариячон………

  2. Can you translate this interview with Zainura pulodova in English please? I used Russian-English google translator but I coldn’t get any translation! My name is Cezar and I’m American, I’m so obsessed with Zainura Pulodova. I love her voice and the way she looks.
    Cezar
    From Michigan-U.S.A

  3. Can you translate the interview with Zainura Pulodova in English or provide me by any information about this singer please? I used Russian-English google translator but I didn’t get any result. My name is Cezar and I’m American, I’m so obsessed with Zainura Pulodova. I love her voice and the way she looks. I will be waiting for your response. Thanks for your time.
    Cezar- From Michigan, U.S.A

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s