• Статистика

  • Blog Stats

    • 523,781 hits
  • Flag Counter

ЗУЛАЙХО МАХМАДШОЕВА: «МАНИЖА МАРО ДАСТГИРИ МЕКУНАД»

Зулайхо Махмадшоева-Zulaykho Mahmadshoeva

Зулайхо Махмадшоева-Zulaykho Mahmadshoeva

Зулайхо 9-уми сентябри соли 1993 дар ноҳияи Фархор чашм ба олами ҳастӣ боз намудааст. Мактаби миёнаи рақами 1-и он ҷоро хатм намуда айни  замон сокини пойтахт аст. Вақте ӯ суруди «Ватан»-ро рӯйи саҳна сароид, ҳама ангушти ҳайрат газиданд, ки Манижаи Давлат дубора  ба саҳнаи ҳунар баргаштааст. Зеро ӯ мисли Манижа зебо аст ва зебо суруд мехонад. ӯ меҳри беандозаи нисбати Манижа доштаи мардумро боз ҳам афзунтару бедортар кард. Ҳаводорони сабки Манижа ин духтараки нозукандоми шаҳлочашмро дар рӯйи саҳна дида фараҳманд аз он буданд,  ки он садои ошнову ба дил наздик боз садо дода қалбҳои ташнагони савту навои Манижаро андаке бошад ҳам таскин мебахшад.

Зеро меҳри суруди Манижаро ҳамеша дар дил доштанду мепарастиданд. Инак Зулайхо мисли Манижа рӯйи саҳна омада дилҳои мардуми ҳунардӯстро мунаввар месозад. Мухбири мо бо ин духтараки наҳифпайкари соҳиби садои махмалин ҳамсӯҳбат гашта, фишурдаи онро пешкаши хонандагони азизи ҳафтаномаамон месозад.

— Китоби дӯстдоштаи шумо?

-Куллиёти устод Лоиқ ҳамеша бо ман аст.

— Ранги мақбули дилатон?

-Сурх.

— Ғизои писандидаи Зулайхо кадом аст?

-Бештар аз ҳама ширбиринҷро дӯст медорам.

— Ва албатта пухтани он хеле хуб аз дастатон меояд?

-Бале, пухтани оши палаву ширбиринҷ бароям писанд аст ва фикр мекунам осонтарин таом аст барои омода намудан. Ҳанӯз хурдакак будаму аз модарам пухтани нонро дар чакдон омӯхта мустақилона мепухтам.  Ҳама дар ҳайрат буданд, ки ман бо ҷуссаи хурдакаки худ чӣ тавр метавонам нон бипазам. Аммо фикр мекунам, агар кас завқу ҳавас дошта бошад, новобаста ба синну сол, ҳама кор аз дасташ меояд. Ман ҳоло ҳам нонпази моҳирам.

-Имрӯз фикр мекунам, ки шумо бо ҳунари овозхониатон мардумро қоил кардан ҳастед?

-Санъаткор шудан орзуи кӯдакиам буд. Ҳамеша машқи сурудхонӣ мекардаму дар олами орзуҳо парвоз доштам.

— Мусиқии ба дил наздикатон?

-Ҳамаи он мусиқиҳое, дар он суруди Манижаи Давлат садо медиҳад.

-Бисёриҳо бар он ақидаанд, ки шумо аз ҳар ҷиҳат ба Манижа Давлатова монанд ҳастед, худатон чӣ ақида доред?

-Бале, ба ман ҳам мегӯянд, ки ҳатто гапзаниам ба ин бонуи нотакрори  ҳунар монанд аст. Нигоҳҳоят низ кам-кам монанд аст, мегӯянд. Манижаро бо тамоми дил дӯст медорам. Сабку услуби сароиданашро мепарастам. Шояд аз меҳру ихлоси беандоза доштан ба ӯ як андозае монанд гашта бошам. Агар заррае ба Манижа монанд бошам, боиси ифтихорам аст.

-Сабки ӯро пайравӣ мекунед?

-Рости гап дар аввал пайравӣ карда ҳатто сурудҳои Манижаро мехондам. Ҳоло бошад мехоҳам ба худ монанд бошам. ӯро устоди маънавии хеш меҳисобам.

-Шояд ба Манижа писанд нест ин монандӣ?

-Не, баръакс, ӯ хеле хурсанд аст аз ин монандӣ ва баъзан дар ҳайрат низ ҳаст. ӯ ҳатто маро дастгирӣ мекунад ва хеле зиёд орзу дорад, ки маро рӯйи саҳна бубинад. Ба наздикӣ бароям сурудеро  тақдим намуд.

— Чӣ суруд аст он?

-Ин суруд «Марав-марав» ном дошта ба қалами Орзу Исоев тааллуқ дорад. Ва дар рӯзи зодрӯзам — 9-уми сентябр аз тарафи устодам Манижа Давлатова  тақдим карда шуд.

— Пас шумо ҳам зодаи истиқлолед?

-Оре, барои падару модарам тӯҳфаи идона ҳастам.

-Барои мухлисону ҳаводоронатон низ. Шояд Манижа овозаи монандии шуморо шунида суроғатон намуд?

-Не, ман худам хеле вақт Манижаро ҷустам. Орзу доштам ки як бор ӯро аз наздик дида, дуо бигирам ва нисбаташ меҳру ихлоси зиёд доштанамро изҳор намоям. Ниҳоят ба мақсади дилам расидам. Зеро Манижа соҳиби дили бузург аст ва ҳар кас наметавонад ба ӯ баробар шавад. Охир бисёриҳо ба худ андаке монандро бубинанд нороҳат мешаванд.

Аммо Манижа маро бо меҳрубонӣ пазируфт ва бо як самимияти ба худаш хос дастгириям намуд. Ҳоло барои таҳия гаштани албоми нахустини сурудҳоям низ дасти инояти хешро дароз хоҳад кард. Манижа бонуест, соҳиби дили софу бекина ва бо он ҳама шӯҳратёрӣ, инсони хоксору самимӣ ва дилёбе ҳаст. Ман фикр мекунам, ки сабаби маҳбубияти ӯ то имрӯз байни мардум ин дорои чунин хислатҳои инсонӣ буданаш аст.

— Дар кадом маврид аз худ қонеъ мешавед?

-Он замон, ки албоми сурудҳоямро таҳия созам, дар ҷодаи ҳунар мисли Манижа муваффақ гардам, байни мардум шинохтаву маҳбуб гардам, тавонам барои мардуми азизам хизмати шоистае бикунам, оилаи солим барпо намоям ва ғайраву ҳоказо. Ба фикрам инсон ҳеҷ гоҳ аз худ қонеъ намегардад.

— Кадом хислати айёми кӯдакиатон то имрӯз боқист?

-Ҳурмати аз худ бузургонро ба ҷо овардан ҳамеша бо ман аст.

— Шояд падару модаратон мехостанд, ки ягон касби дигарро соҳиб бошед?

 

-Албатта, модари ман — Раъно Маҳмадшоева мисли ҳамаи модарон орзу доштанд, ки маро дӯзандаи моҳир бубинанд. Аммо шавқу ҳаваси беандозаи маро нисбати ҳунар эҳсос намуда бароям дуои нек доданд ва дастгиру мададгорам ҳастанд.

-Агар хато накунам суруди «Ватан» Зулайхоро байни мардум муаррифӣ кард. Онро кӣ эҷод кардааст ва ҳангоми сароиданаш шуморо чӣ ҳиссиёте фаро мегирад?

-Ин шеъри шоира, сарвари  Кумитаи бонувони ҳукумати ноҳияи Шоҳмансури пойтахт  Гулбаҳори Мардон аст. Тамоми буду набудам ва меҳри беандозаам нисбати ин Ватани азизу муқаддас дар ин суруд ифода мегардад. Агар бо ин суруд муҳаббати хешро изҳор карда, то ба дили мардум расонида тавониста бошам, сарбаландам.

-Бо шумо ҳамкорӣ кардан осон аст?

-Бисёриҳо бо як дидан хислати маро меписанданд, яъне метавонам зуд дар дилҳо ҷой бигирам. Дар бораи ҳамкорӣ бошад, то ҳол касеро аз худ норизо надидаам. Метавонам дӯсту ҳамкори боэътимоде бишавам.

-Расман машғули коре ҳастед?

-Аввал ният дорам, ки Консерваторияи Миллиро хатм намоям, сипас ба кори доимие машғул хоҳам шуд.

-Ташаккур барои сӯҳбати гуворо.

-Ба шумо қаламкашон низ дар кору эҷодатон барору тавфиқро хосторам.

Дилкушо

 

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст

комментариев 7

  1. Бехтарин. Дар корхои эчодиатон бурдборихо мехохам, ЧиГаРаК….

  2. Дар хакикатан хушру дудай Зулайхо мисли Манижа Давлатова,ва дар корхои эчодитон бурдборихо мехохам

  3. злайхо я тебя люблю

  4. зулайхо салом манмехоам ки бо шумо во хурам

  5. Зулайхо для тебя жизнь отдам…………..

  6. мада суруди дил девона хеле писанд омад,,,,,,( НЕКРУЗ)

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s