• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,359 hits
  • Flag Counter

МАНСУР НИГМАТОВ ВА ШАБНАМИ СОБИРИ: «МОРО ҲУНАР БА ҲАМ ПАЙВАСТ»

Мансур ва Шабнам-Mansoor & Shabnam

Мансур ва Шабнам-Mansoor & Shabnam

Ин ҷуфти хушбахтро, ки ба наздикӣ соҳиби фарзанд гаштанд, ҳунар ва мусиқӣ бо ҳам пайвастааст. Мансурро бисёриҳо бо номи диджей Аладдин  мешиносанду эътироф мекунанд. Инчунин ӯ дорои чандин ҳунарҳои дигар аст, ки хонандагони мо намедонанд. Аз издивоҷи хеш бо Шабнами Собирӣ ӯ як духтарчаи ҳафтмоҳае бо номи Сумая дорад. Ҳарду аз тавлиди ин тифли нозпарвар меболанду асоси хушбахтии хешро дар вуҷуд доштани фарзанд медонанд. Мухбири мо бо ин ҷуфти олами ҳунар ҳамсӯҳбат гардида,  фишурдаи он сӯҳбати гувороро пешкаши мухлисони азизи ҳафтаномаамон гардонданӣ аст.

ШАБНАМРО ҶИДДИ БУДАНИ МАНСУР ПИСАНД АСТ

-Шабнам, бо шумо зистан осон аст?

-Чаро осон набошад?  Ман бонуи кушодадилу шукуфтарӯям, дар дил кина намепарварам ва фикр мекунам, шавҳарам маро бештар барои ин хислатам дӯсттар медорад.

-Дар кадом мавзӯъ шӯхӣ карданро ба худ раво намебинед?

-Албатта, дар бораи Худованд шӯхӣ намекунанд. Зеро шӯхӣ ҳам мавриди худро дорад.

-Беҳтарин тӯҳфае, ки тақдиматон кардаанд?

-Фарзандро асосан тӯҳфаи тақдир мегӯянд. Барои ман ҳам тӯҳфаи беҳтарин ин тавлиди тифли нахустинам, ки меваи муҳаббати ману Мансур аст. Сумаяҷони ягонаам бароям тӯҳфаи атонамудаи Худованд аст ва хеле шукргузорам.

-Машғулияти аз ҳама писандидатарини Шабнам чӣ аст?

-Пештар машғулияти асосиву писандидаи ман ин эҷоду таҳияи таронаи наве буд. Ҳоло бошад, тарбияи фарзанди дилбандам машғулияти писандидаву асосиам аст.

-Ба кадом зангҳои телефонӣ ҳамеша ҷавоб мегардонед?

-Албатта, ба зангҳои модарам, шавҳарам, пайвандонам ва кулли журналистон.

-Худро зани хушбахт меҳисобед?

-Бале, хушбахттарин зани рӯйи оламам, ки Мансури ба ҷону дил баробар ва Сумаяҷони беҳтар аз ҷонамро дорам.

-Мехостед кадом рафтори Мансурро тағйир диҳед?

-У ягон рафтори ғайри қобили қабул надорад, ки ман онро тағйир диҳам. Ҳамаи рафторҳояш маро дилписанду шоистаи таҳсин аст. Муҳим аз ҳама Мансур марди меҳрубонест ва мо пайвандонашро хеле зиёд дӯст медорад.

-Дар зоҳир хеле бадқаҳр менамояд-ку?

-Бадқаҳр не, ӯ марди  ҷиддӣ аст ва дар навбати худ аз ӯ меҳрубонтар марде дар олам вуҷуд дошта наметавонад.

-Тозатарин таронае, ки мехоҳед пешкаши мухлисон гардонед?

 

-Рости гап, дар ин муддати хонанишинӣ ду суруди нав тайёр кардам ва рӯзҳои наздик пешкаши мухлисонам мегардад. Инчунин албоми дуюмам низ дар арафаи анҷомёбист.

-Ҳарду аз аҳли ҳунаред ва бештари вақтатон дар пайи эҷоду таҳия мегузарад, кори хона бар дӯши кист?

-Ба мо ходими махсус мадад мерасонад.

МАНСУР БА ИШҚИ ҲАҚИҚӣ БОВАРӣ ДОРАД

-Шуморо бештар дар клипҳо мебинем ва дар албоми таҳиягаштаи ҳунармандон нақши дастони шумо ҳаст. Чӣ шуморо ба олами ҳунар мепайвандад?

-Пештар он танҳо хоббии ман буд. Ҳоло бошад, маънои зиндагиам аст. Маро ба олами ҳунар меҳри беандоза доштан ба он мепайвандад. Дар оғоз худ низ месароидам. Ҳоло бошад, барои тарғиби ҳунари сарояндагони ҳамватанамон ва муаррифӣ намудани онҳо ба давлатҳои беруна хеле зиёд мекӯшам. Яъне бо студияи мусиқии «Тоҷикон-Ҳолидей» тамоми ҳунари хешро истифода мебарем, ки  ҳамватанони ҳунарманди моро дар сатҳи баланд ва ҳарчӣ бештар бишносанд.

-Шумо байни наврасон бо номи диджей Аладдин машҳуред. Ин бароятон гуворо аст?

-Дар вуҷуди ман ду кас ниҳон аст. Яъне ман барои кӯдакон акаи Аладдин, барои дигарон Мансур Нигматов ҳастам. Онҳо маро танҳо бо ин ном мешиносанду эҳтиром мекунанд. Ҳам кӯдакон ва ҳам модарони онҳо  занг зада хоҳиш мекунанд, ки барояш филми тасвирии нав таҳия созам.

-Яъне филмҳои нави «Шрек»?

-Бале, дархостҳои бешумори кӯдакони тамоми манотиқи Тоҷикистонро ба назар гирифта барояшон ду филми тасвирӣ, яъне аз силсилаи «Шрек-4»-ро омода намудам, ки ба наздикӣ дастрасашон мегардад.

-Бештари умри шумо дар студия ва дар олами мусиқӣ паси таҷҳизоти барқӣ сипарӣ мегардад. Вақте аз студия берун мешавед, чӣ андешаҳо дар саратон меояд?

-Умри ман на танҳо дар студия, балки дар ҳама ҷойе, ки ниёз ба хизматам доранд, мегузарад. Имрӯзҳо бошад, дар тӯю маъракаҳои мардуми ҳавасманд барои таҳияи шоу-программа низ даъват мешавам ва барои рангину ғайриоддӣ гузаронидани он кӯшиши зиёде ба харҷ медиҳам. Вақте фориғ аз кор мешавам, худро хушбахттарин инсон меҳисобам, ки бо хизмати худ хонаи дили касеро мунаввар сохтаам. Вақтҳои пеш то субҳ нишаста кор мекардам. Имрӯзҳо бошад, меҳри фарзанд водорам мекунад, ки ҳарчӣ тезтар ба кулбаам биштобам ва ба чеҳраяки беғаши Сумаяҷони азизам нигариста эҳсоси хастагиамро фаромӯш созам. Яъне зиндагии моро таровати тозае бахшидааст тифлаки нозпарварам.

-Ба ишқ боварӣ доред?

-Дар вуҷуди мо танҳо як чиз покии худро дорост. Ин ҳам бошад ҳамон диле, ки ғаму шодии рӯзгорро дар манзилгаҳи кӯчакаш ғунҷондааст ва ишқи бузургро низ. Албатта боварӣ дорам ба ишқи ҳақиқӣ.

 -Оилаи шумо бо муҳаббат бунёд шудааст?

-Бале, чунин аст. Ману Шабнамро олами ҳунару мусиқӣ бо ҳам пайвастааст.

-Мегӯянд, ки баъди издивоҷ ишқ мемирад, ба фикри шумо чӣ?

-Не, ҳаргиз чунин нест. Агар он ишқи асил бошад, намиранда аст.

— Байни шумо якдигарфаҳмӣ вуҷуд дорад?

-Оре, мо ҳамдигарро хеле хуб мефаҳмем.

-Албатта, бо шахси ҳунарманд зистан осон нест?

-Ин ҳам нуқтаи назари хато аст. Ҳунарманд ҳам дил дорад. Ду-се нафар шахсони тасодуфии олами ҳунар шояд фикру ақидаи мардумро нисбати онҳо дигаргуна сохта бошанд. Вале дар асл инсонҳои хубу бад дар ҳама соҳа вуҷуд доранд. Муҳим касбу кори зан набуда, гап дар сари садоқату вафодории ӯст.  Шабнам маро хеле хуб мефаҳмаду хоҳишу дархосту маслиҳатҳоямро қадр мекунад.

-Ба шумо хиёнатро раво дидаанд?

-На ба касе кор дорам, на хиёнатро раво дидааму на касе ба ман хиёнат кардааст.

-Агар Шабнам қаҳр кунад, дилашро чӣ гуна ба даст меоред?

-Қаҳр аслан рафтори хато аст. ӯ қаҳр намекунад. Агар андаке ранҷида бошад, бо ҳарфҳои нарму гуворо ва меҳрубонӣ дилашро ором месозам.

-Боз чӣ орзуе дар дилатон ниҳон мондааст?

-Мехоҳам канали тозаеро барои таъсиси МТВ иҷозат диҳанд ва он имконияту шароите, ки барои шаҳрвандони хориҷӣ бемамониат фароҳам меоранд, барои мо низ дареғ надоранд. Гарчи оби дари хона қадр надорад, вале мо ҳисси миллии баланд дорем, ин Ватани азизро гиромӣ медорем, баҳри ободиву шукуфоияш ҳиссагузор хоҳем шуд. Орзуи ҳамешагии мо хизмат ба Ватан ва тинҷию амонии мамлакату сериву пурии мардуми заҳматкашаш аст.

-Саломат бошеду ба орзуҳои некатон бирасед.

Дилкушо

 Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s