• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,359 hits
  • Flag Counter

МЕҲРАФРУЗ НЕЪМОНЗОДА: «МАРДҲО ТАКЯГОҲИ, МО, ЗАНҲОЯНД!»

МЕҲРАФРУЗ НЕЪМОНЗОДА

МЕҲРАФРУЗ НЕЪМОНЗОДА

Зан набошад зебу зиннат нест

                      дар маъвои мо,

Ҳуш дар сар,  рӯшанӣ дар дидаи

                       бинои мо…

Оре, занмодар фариштаест илоҳӣ, ки вуҷудаш саропо аз меҳру сафо ва садоқату вафодорист. Ҳастии ӯ баракату давлати рӯзгори мост, бузургии ин шахсияти олиҳимат дар ашъору эҷодиёти  шоирону мутафаккирон басо мӯъҷизу табиӣ васф шудааст, аз ин рӯ, зан сарманшаъи муҳаббати беканор ва азизтарин шахсияти башар аст. Шояд ана ҳамин бошад, ки меҳри бепоён ва навозишҳои гарми ӯ фонуси хаёли мост. Хулоса,  имрӯз мақому манзалати  зани тоҷик  дар ҷомеа дар мадди аввал аст.

Чун онҳо дар тамоми соҳаҳо кору фаъолият мекунанд, саҳми эшон дар рушду нумӯи кишварамон басо назаррас аст. Метавон гуфт, ки ҳаёти эҷодкорон ҳамеша мавриди таваҷҷӯҳи ҳамагон, аз ҷумла,  дӯстдорони  шеъру тарона қарор мегирад, яъне зане, ки пайи эҷод аст, кӯшиш мекунад, то бо навиштаи хеш ба дили хонандаи хушзавқи худ роҳ биёбад.

Бинобар ин, моро зарур аст, то аз рӯзу рӯзгори соҳибқаламон бохабар бошем. Ин навбат меҳмони барномаи «Ангора» рӯзноманигори ҷавон, сармуҳаррири ҳафтаномаи «Зан ва мард» Меҳрафрӯз Неъмонзода ҳастанд, ки ӯро хушомадед мегӯем ба радиои «Садои Душанбе».

— Ташаккур!

— Чун шумо дар ҳафтаномаи «Зан ва мард» кор мекунед, донистан мехостам, ки зан аз нигоҳи Меҳрафрӯзбону?

— Зан модар аст, зан тарбиятгар аст, зан офаранда аст, зан нафарест, ки мову шуморо ба дунё овардаю ба камол расондааст.

— Ба фикри шумо муҳимтарин ва ё қимматтарин чиз барои зан чист?

— Фикр мекунам, ки муҳимтар аз ҳама барои зан бахт аст. Агар зани тоҷик ва ё духтари тоҷик дар баробари кору фаъолият, таҳсил намудану касбу ҳунар омӯхтан агар соҳиби оилаи ободу зиндагии осуда, шавҳари меҳрубону фарзандони солим бошад, хеле хуб аст. Вале, мутаассифона, дар ҷомеъаи имрӯзаи мо бо духтароне вомехӯрем, ки кору вазифа ва пулро дар ҷойи аввал мегузоранду оиларо дар ҷойи дуюм, ки ин кори хато аст. Охир, оиларо рукни асосии давлату миллат мегӯянд, бинобар ин,  ҳар яки моро зарур аст, ки соҳиби оилаи худ бошем…

—  Болотар бо суханони хеле хуб васфи зан намудед, аммо дар бораи мард чизе нагуфтед…

— Мардҳо ҳамдарду ҳамроз, ҳамнафас, ҳамқадам, такягоҳ ва қуввати дили мо, занҳоянд. Мард дар зиндагӣ пуркунандаи зан аст, бинобар ин,  таманно мекунам, ки онҳо ҳамеша паҳлӯи мо ва дастгиру мададрасони мо бошанд.

Меҳрафрӯз, ба фикри шумо зане, ки фаъолият мекунад аз зани хонашин бо чӣ хусусиятҳо фарқ мекунад?

— Бигзор занҳои хонашини мо аз ман наранҷанд, вале ба ҳама маълум аст, ки зани коргар, зане, ки маълумоти олӣ дораду дар корхонае ифои вазифа мекунад, ба куллӣ аз зани хонашин фарқ мекунад. Зани донишманд, зани маълумотдор, зане, ки панҷ- ҳафт сол ранҷ кашидаю дар макотиби олӣ таҳсил намудааст, метавонад тамоми камбудию норасоиҳои ҳаётро бо донишу заковат ва фикррониаш сарбаландона паси сар кунад, хастаю рӯҳафтода нагардад…

Оё зане, ки аз субҳ то шом пайи иҷрои вазифа аст, метавонад фарзандонашро тарбияи дуруст диҳад?

— Акнун ман ҳоло фарзанддор нестам ва ба ин саволатон шояд ҷавоби пурра гардонда натавонам, вале ба ҳар ҳол фикр  мекунам, ки агар зан касбашро дӯст дораду нисбат ба он меҳру муҳаббати беандоза дошта бошад, метавонад ҳам сари вақт кору вазифаашро иҷро намояду ҳам корҳои хонаашро ва ҳам фарзандонашро тарбияи дуруст диҳад. Яъне ин вобаста аст ба худи зан.

Зане, ки танбал аст, агар ҷое кор накунад ҳам, наметавонад ҷигарбандонашро ҳамеша таҳти назорат қарор диҳад ва аз ӯҳдаи тарбияи онҳо барояд, барои ҳамин, ҳаргиз касбу кори зан ба зиндагӣ ва муносибати ӯ бо аҳли оила ва тарбияи фарзандон халал намерасонад.

Аз гуфтаҳоятон маълум мегардад, ки касбатонро хеле зиёд дӯст медоред

— Бале, агар дӯст намедоштам, барои шомили факултаи рӯзноманигорӣ шудан кӯшиш намекардам. Рӯзноманигор шудан орзуи айёми кӯдакиам буд, ки хушбахтона, бо кӯмаку дастгирии падару бародаронам он амалӣ гашт.

— Оилаҳое ҳастанд, ки барои таҳсили духтарон зиддият нишон медиҳанд…

— Хушбахтона, дар оилаи мо чунин нофаҳмӣ ва ё камбудиҳо набуду нест.

— Ва ҳоло, ки оиладор ҳастед, нафаре дар оила зидди кори шумо нест?

— Аҳли оилаи шавҳарам ҳама медонистанд, ки ман кор мекунам, агар зид мебуданд, маро келин намекарданд. Пеши Парвардигор шукргузорӣ мекунам, ки бароям хушдомани хеле меҳрубону шавҳари мефаҳмидагиро ҳадя намуд ва имрӯз чун пештара озодона кору фаъолият дорам.

— Чӣ чиз метавонад садди роҳи фаъолияти бонуи тоҷик бигардад?

— Тангназарии волидайн, шавҳар ва ё дигар шахсони барои зан наздик метавонад садди роҳи фаъолияти ӯ гардад. Ҳарчанд мо дар даврони истиқлол ва дар як мамлакати тинҷу осуда зиндагӣ дорем, вале ҳамоно оилаҳое пайдо мешаванд, ки барои кору фаъолияти фарзандон, аз ҷумла духтарон, келин ва умуман занҳо зиддият нишон медиҳанд ва намегузоранд, ки эшон ба орзуҳои дили хеш бирасанд, ҳол он ки касбу ҳунар  омӯхтан ба зан ҳеҷ зараре намеорад, баръакс, дар рӯзҳои пасти зиндагӣ кӯмак мекунад, вале…

Барои шумо, ки ҳоло хеле ҷавонед, вазифаи сармуҳарририи як нашрияи бисёр хонданӣ ва сермухлис магар душвор нест?

— Тавре болотар гуфтам, нисбат ба касби рӯзноманигорӣ меҳру муҳаббати зиёд доштам ва вақте дар нашрияи «Зан ва мард» ба кор шурӯъ намудаму бо кӯмаку дастгирии сармуҳаррири пештараи он Равшани Махсумзод (сармуҳаррири имрӯзаи «Вечерний Душанбе»)  ҳар ҳафта навиштаҳоям нашр мешуданд,  меҳрам ба ин пеша зиёдтар мегашт ва шояд ҳамин дилбастагӣ ба касб буд, ки ҳеҷ душворӣ эҳсос накардам.

Аз рӯи маълумоти мо, дар нашрияи «Зан ва мард» озмуне таҳти унвони «Таронаи ишқ» ҷараён дорад

— Дуруст аст, ки мо, аҳли эҷоди ҳафтавори мазкур бахшида ба рӯзи ошиқон, ки ҳарчанд иди мо, тоҷикон, нест, вале ҳамасола дар кишварамон рӯзи 14- уми феврал бо барномаҳои консертӣ ҷашн гирифта мешавад, миёни адибону сарояндагон новобаста ба синну солашон озмуни «Таронаи ишқ»- ро таъсис диҳем.

— Довталабони озмуни «Таронаи ишқ»  чӣ имтиёзҳо доранд?

— Чун озмунҳои пештараамон ғолибон аз рӯи SMS – у анкетаҳо муайян мегарданд ва албатта Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Чархи гардун», Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва нашрияи «Зан ва мард» ғолибони озмунро ба диплому тӯҳфаҳои пурарзиш қадрдонӣ намуда, имкон медиҳад, ки шеърҳои эҷодкардаи хешро, ки дар он васфи ишқ кардаанд, ба хонанда ва ё ҳаводорони хеш пешкаш намоянд.

— Муносибати хонандагони ҳафтаномаатон бо шумо чӣ гуна аст?

— Хуб аст. Онҳо на танҳо «Зан ва мард»- ро мехонанд, балки камбудиҳои мо, кормандони ин нашрияро тариқи зангҳо ва мактубҳои хеш иброз медоранд, ки ман аз ин рӯҳафтода намешавам, баръакс, камбудиҳои худу нашрияро ислоҳ менамоям. Ҳамарӯза тариқи зангҳояшон дарди дил мекунанд, барои ҳалли мушкилиҳояшон аз мо мадад мепурсанд, паҳлӯҳои хубу бади навиштаҳоямонро иброз медоранд.

— Истиқлол ба зани тоҷик чӣ дод?

— Бисёр чиз. Зани тоҷик бо шарофати истиқлолият имрӯз озодона кору фаъолият карда, баробари мардҳо дар пешрафти кишварамон саҳмгузор аст, духтари тоҷик имрӯз дар мамлакати осуда пайи омӯзиши илму дониш аст, ки ин ҳама натиҷаи истиқлоли давлатамон мебошад.

— Таманниёти шумо?

— Ба тамоми шунавандагони радиои «Садои Душанбе» комёбӣ, хонаи обод, хушбахтӣ ва беҳтарин рӯзҳои ҳаётро таманно дорам. Ба шумо, заҳматкашони радио бошад, парвози баланди эҷодӣ орзу дорам, саломат бошед.

— Зинда бошед!

Таҳияи Зевар Хоҷаева, «Садои Душанбе»

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: