• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,309 hits
  • Flag Counter

АМРИТА АРОРА: «НАҚШҲОЯМ ИФОДАГАРИ ДАРДҲОИ БОТИНИЯМ МЕБОШАНД»

Амрита Арора-Amrita Arora

Амрита Арора-Amrita Arora

Исми ӯ дар ривоятҳои ҳиндӣ маънии » шарбати мадҳушкунанда»- ро дорад. Дар ҳақиқат чашмони сиёҳи оташбор, қомати мавзуну расо ва табассуми малеҳу гесувони дарозашро дар тасвиргароӣ ҳатто бомаҳораттарин наққош оҷизӣ хоҳад кашид. Барҳақ, орази дилфиреби ӯ аз ҷаҳони бисёр зебои ботиниаш дарак медиҳад ва бо як нигоҳ ҳар бинандарро мафтуну шайдо месозад. Меҳри ҳунарро дар қалби ӯ ҳанӯз аз айёми наврасӣ хоҳари санъаткораш, ситораи синамои Болливуд Малаика Арора ҷой кардааст. Амрита 31 январи соли 1981 дар шаҳри Бомбейи (имрӯза Мумбай) Ҳиндустон чашм ба олами ҳастӣ во намудааст. Аз хурдӣ нисбати ҳунари хоҳараш бепарво набуд, аз нақшҳояш дидан менамуду дар кунҷи дилаш меҳри синаморо мепарварид.

Ин меҳр бо гузашти моҳҳову солҳо боз ҳам бузургтар мегашт  ва Амритаро баҳри мубориза даъват мекард. Сараввал фаъолияти ҳунарии худро ба ҳайси модел дар ширкати рекломӣ оғоз кард. Шӯҳрати нахустинро пас аз нақшофарӣ дар кинофилми «Арӯсак» («Girlfriend») соҳиб шуд, ки моҳи июни соли 2004 рӯи экранҳо баромад.

 

РОҲ БА СУЙИ ХУШБАХТИ

 

Амрита амсоли ҳамаи намояндагони ҷинси латиф ошиқи ҳунару истеъдоди чеҳраҳои барҷастаи синамои Голливуд Бред Питт ва Том Круз мебошад. Вале идеалаш дар соҳаи синамо пеш аз ҳама хоҳари меҳрубонаш Малаика аст. Аз ӯ хеле миннатдор аст, зеро маҳз бо шарофати ӯ дарвозаҳои санъату ҳунар ба сӯяш боз шуданд. Мисли аҳли ситораҳои муваффақи соҳаи синамо сару садоҳо гирди номи зебояш ҳамеша парвонаанд. Дар бораи муносибатҳои ошиқонааш бо Салмонхон расонаҳои хабарӣ бисёр менавиштанду мегуфтанд, бархе ҳатто ӯро маъшуқаи милиардери британиягӣ Усмон Афзал мешумориданд.

 

Вале зебосанами ҳиндӣ бар хилофи ҳамаи ин овозаҳо 5 марти соли 2009 ба ҳаёти оилавӣ қадам ниҳод. Ҳамсафари зиндагии Амрита тоҷири муваффақи  ҳиндӣ Шакил Ладак мебошад, ки борҳо дар сӯҳбатҳои ошкоро ба рӯзноманигорон худро дар паҳлӯи ин нозанин хушбахттарин  марди рӯи замин гуфтааст. Амрита низ ҳамчун завҷаи содиқу меҳрубон ва модари ғамхор дар ҳаёти оилавӣ ҳамто надорад.

 

МЕВАИ МУҲАББАТ

 

— Амрита, имрӯз пас аз 2 соли ҳаёти оилавӣ аз зиндагии шахсиятон шиквае надоред?

 

-Дарвоқеъ шиква надорам.  Ҳаёти оилавӣ ҳар як инсонро новобаста аз мавқеъу манзалаташ дар зиндагӣ боз ҳам комилтару оқилтар месозад. Пас аз таҷрибаи андӯхтаам аз зиндагии оилавӣ нақшҳоям низ тамоман дигаргун шуданд. Акнун ҳангоми бозидани нақши модари меҳрубону ҳамсари ғамхор ягон душворӣ намекашам .

 

— Пас танҳо барои равнақи ҳунаратон издивоҷ бастед?

 

— Зинаи аз ҳама марказӣ дар саҳнаи зиндагӣ ин пояи издивоҷ аст. Бахусус барои ҷинси латиф давраи бисёр серташвиш ва ниҳоят ширини зиндагӣ ин солҳои аввали оиладорист.

Имрӯз зиндагии басо гуворое дорам ва маҳсули муҳаббати бепоёни ману Шакил дар чеҳраи беғашу зебои фарзанди азизамон зоҳир мегардад. Зеро танҳо дар натиҷаи муҳаббати бузург ва беолоиш фарзандони зебо ба дунё меоянд.

 

ЛАҲЗАЕ ДАР ОЛАМИ  ФОРИҒ АЗ СИНАМО

 

— Имрӯз ҳангоме аз симои меҳрофарини тифлатон дидан менамоед, бештар кадом лаҳзаҳои кӯдакиатон пеши назар ҷилвагар мегарданд?

 

— Кӯдаки ниҳоят шӯху бебок будам.  Дар иҳотаи бародаронам ба воя расидам  ва ҳамеша мисли писарбачаҳо либос мепӯшидам. Ҳатто рафтору кирдор, тарзи роҳгардӣ ва суханрониям ба онҳо шабоҳат дошт. Бешак ҳар лаҳзаи ширини он айём бароям азизу фаромӯшношуданист.

 

— Ба варзиш шуғл меварзед?

 

-Бале, аз синни 17 солагиям то кунун ҳаёти худро бе  йога тасаввур карда наметавонам. Он як навъи санъатест, ки тану рӯҳи касро навозиш мекунад ва ба инсон боли парвоз мебахшад. Дар ҳақиқат ҳам варзиш нерӯи тану ҷон аст, он натанҳо сарфи қувваи организмро зиёд мекунад, балки тарзи роҳгардӣ ва ҳатто хислату характери инсонро дигаргун месозад. Ҳамеша дар лаҳзаҳои фориғ аз кор пӯшидани либосҳои варзиширо дӯст медорам.

 

Парвози ду кабӯтар

 

— Дар як оила ба воя расидани ду санъаткор рақобатро дар байни эшон ба миён намеоварад?

 

— Ҳангоме ки Малаика аллакай дар авҷи шӯҳрати ҳунар қарор дошт, ман ҳанӯз муҳассили мактаби миёна будам ва дар дилам орзуи мисли ӯ шӯҳратманд гаштан ҷӯш мезад.  Ҳоло бошад дар ин олами рақобатҳои синамо ӯ ҳамеша дастгиру раҳнамоям буд, ҳаст ва мемонад. Меҳри зиёди санъат дар хилватгаҳи қалбам маҳз аз дидани ҳунари асилу волои ӯ авҷ гирифт.

 

-Ҳатто рақобати эҷодӣ ҳам вуҷуд надорад?

 

— Не,  дар асл имрӯз рақобат бо ягон паҳлӯяш байни мо вуҷуд надорад. Вале нахустин маротиба коргардоне, ки бо хоҳарам пайваста ҳамкорӣ мекард, маро дидан замон иброз дошт, ки «Амсоли хоҳарат афсунгар нестӣ!» ва бояд бепарда бигӯям,  ки он замон ин гуфтаҳо бароям бениҳоят аламовар буданд. Лекин маҳз ҳамин гуфтаҳо сабаб шуданд, ки ман боз ҳам ҷиддитар аз болои худам кор кунам ва дере нагузашта ба муваффақият ноил гардам.

 

— Чӣ сабаб аст, ки дар синамо чеҳраи шумо ҳамеша олудаи дард аст?

 

-Дар ҳақиқат ҳамаи ҳаводоронам  пас аз тамошои филмҳоям чунин ибрози андеша мекунанд. Намедонам  ҳатто агар нақшҳои зани хушбахтро ҳам офарам дар симоям ғубори ғамро эҳсос кардан мумкин аст. Пас аз тамошо худам низ борҳо шоҳиди ин гуфтаҳо гаштаам. Зиндагии осоиштае дорам, вале гоҳо бе сабаб ашк мерезам ва бештар дар танҳоӣ сукунат варзиданро дӯст медорам.

 

Дилкушо

 

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст

 

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: