• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,359 hits
  • Flag Counter

Ҳабиба Давлатова: «САНАМ»-И ОХИРИНИ СУҲРОБРО ҲАМОВОЗИ НАКАРДААМ»

Хабиба Давлатова-Habiba Davlatova

Хабиба Давлатова-Habiba Davlatova

Ҳабиба Давлатова аз зумраи он сарояндаҳоест, ки бо садои форамаш ба дилу дидаҳо маскан гирифтааст. Қалби ӯро офтоби меҳру муҳаббат, шӯру шарари ҷавонӣ фаро гирифтаву ба тамоми бурду бохти умр бо нигоҳи шукрона менигарад. Суруди ӯ гоҳе аз субҳи хандарез паёме медиҳаду гоҳи дигар ғуруби абрсӯзи зиндагӣ дар он ифшо мегардад.  Гаҳе сурудаш  зиндагиро дар сози ҳастӣ ҷилва медиҳад ва ҷавонони ошиқ бо дилҳои ташнаю беқарор онро замзама мекунанд, зеро он раҳнамои ҷуфтҳои ҳамбол аст, ошиқона аст ва аз шуниданаш дили ошиқон мисли мурғони фирорӣ боз бар ошён бармегарданд. Инак, моро сӯҳбате бо ин ҳунарманди хушхиром  ва соҳиби овози дилпазир даст доду  онро бо ихлосу меҳрубонӣ пешкаши шумо — хонандагони  азизу гиромии ҳафтаномаамон мегардонем.

— Аз оғоз мехостед ба кӣ монанд бошед?

— Дар айёми наврасӣ — айёми орзуҳо хеле зиёд мехостам ба касе тақлид накарда, танҳо ба худ монанд бошам. Ва ман тавонистам суруди аввалини хешро, ки «Рӯйи аз ёд рафта» — и шоира Зебунисо   буд ва онро ҳунарманди шодравон Самандар Мирзоев оҳанг баста буд, бисароям ва ба муваффақият ноил гардам.

— Арзандатарин тӯҳфае, ки ҳамеша интизораш ҳастед?

— Рости гап, барои ман тӯҳфаи гаронбаҳотарин ин ҳарфи хуши наздикону пайвандонам аст. Дидани чеҳраи гарму осудаи онҳо ва шунидани ҳарфҳои гуворояшон бароям аз тамоми неъматҳои дунё арзишмандтар аст.

— Шикасту ноомадҳои зиндагӣ ба рӯҳияи Шумо чӣ гуна таъсир мерасонанд?

— Албатта, пеш аз ҳама мекӯшам, ки аз шикасту ноомадҳо дур бошам. Аммо зиндагӣ пастиву баландиҳо ва қонунҳои нонавиштаи худро дорад ва мо инсонҳо наметавонем аз онҳо дар канор бошем. Худо накунад, ки чунин рӯзҳо ба сари кас биёяд. Агар ноомад бо ман рӯй диҳад, албатта афсурдаву дилгир мешавам.

— Барои бартараф кардани он рӯй ба чӣ меоред?

— Бештар гӯшаи танҳоӣ ҷуста суруди рӯҳнавози ҳиндӣ гӯш мекунам.

— Шумо модари сахтгиред?

— Мисли ҳамаи модарони дунё нисбати се фарзанди худ, яъне гулдухтарони нозанинам Нисо, Сабина ва Омина меҳрубонам.  Албатта насиҳаташон мекунам ва ҳама чиро бо нармӣ мефаҳмонам.

— Барои тарбияти онҳо кадом воситаро истифода мебаред?

— Чӣ тавре ки гуфтам, нармгуфториро истифода мебарам. Боварӣ дорам, ки ҳар як фарзанд, новобаста ба ҷинсаш аз муомилаи дағали волидонаш озурдаву дилшикаста мегардад ва ҳамзамон аз зиндагӣ дилсард мешавад. Шукри Худо духтаронам маро бо як нигоҳ мефаҳманд ва ҳоҷат ба сахтгирӣ намемонад.

— Вақте ки суруди ишқӣ месароед, дар он оҳанги шиква аз ишқ эҳсос карда мешавад.

Бигӯед, ки кадом ишқе қалби шуморо пурдард кардааст? Азизи дилатон дилозор аст?

— Не, ман аз ишқ шиква надорам. Ман ҳунармандам ва вазифадорам, ки дарди дили ҷавонҳои ошиқро дар сурудам бо эҳсоси дил бисароям. Азизи дили ман номеҳрубон нест, маро хеле хуб мефаҳмаду дӯстам медорад.

— Нохуштарин воқеаи зиндагиатон?

— Дар ҳаёти ҳар як шахс воқеаҳои баду нек рух медиҳанд. Аммо марги инсонҳои наздиктарин қалби касро хуну ҷигарашро пора месозанд. Барои ман ҳам аз даст додани модари ба ҷону дилам баробарам хеле зиёд гаронӣ дошт ва он рӯзи реҳлати ҷонгудози ӯро нохуштарин воқеаи зиндагиам меҳисобам.

— Мегӯянд, ки дар суруди охирини Сӯҳроби Сафарзод- «Санам» шумо ҳамовозӣ кардаед?

— Ман дар «Санам»-и охирини ӯ ҳамовозӣ накардаам. Шумо шояд як суруди дигарро, яъне дуэти чанд вақт пештар сароидаи ману Сӯҳробро дар назар доред, ки он ҳам чунин ном дошт. Дар ин суруди охирини ӯ шогирдаш Сорбон ҳамовозӣ кардааст.

— Ба кадом санам бахшида бошад он сурудро?

— Сорбон мегӯяд, ки суруд ба ягон шахси конкретӣ набуда, балки ба тамоми зебосанамони тоҷик бахшида шуда буд. Охир Сӯҳроб овози нотакрору  дили  ҳассос дошт ва ишқу зебоиро бо тамоми ҳастӣ месароид.

— Барои консерту клипҳо кӣ шуморо сарпарастӣ мекунад?

— Маро касе сарпарастӣ накардааст. Консерту клипу албоми сурудҳоямро танҳо тавассути меҳнату заҳматҳои худам пешкаши мухлисони азизам кардам. Дар ҳаёт сарпарасте надорам.

— Шуморо бо Фирӯза Ҳафизова риштаи дӯстӣ мепайвандад?

— ӯро чун як нафар овозхони маъруфу ҳунарманди хушсалиқа ҳурмату эътироф мекунам, аммо байни мо равуо ва дӯстӣ вуҷуд надорад.

-Дар интихоби либоси саҳнавӣ кӣ шуморо маслиҳатгар аст?

— Ман либосҳои саҳнавиамро мувофиқи завқи худ интихоб мекунам.

-Саломату пирӯз бошед!

-Шумо низ қаламкашони арҷманд, ҳамеша хонаободу сарбаланд бошед, ки паёми моро ба мухлисони азизамон, ки боиси буданамон ҳастанд, мерасонед. Ва онҳо тавассути шумо рӯйдодҳои тозаи моро мешунаванд. Орзуи ҳамешагии мо санъаткорон ин беҳбудии рӯзгори мардуми азизамон аст, ки агар онҳо рӯҳияи хубу рӯзгори обод дошта бошанд, мо шарики базму шодиҳояшон ҳастем.

Дилкушо

 

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст

Один ответ

  1. Я ещо хотела написать вам про свою историю. Но думаю стоитли оно того,что бы рассказать всем и опубликовать ее?

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: