• Статистика

  • Blog Stats

    • 523,781 hits
  • Flag Counter

ҲАБИБ ҲАКИМОВ: САНЪАТКОРИ БОИНСОФУ ХОКСОРРО ХУДОВАНД ҲАМ ДУСТ МЕДОРАД»

Хабиб Хакимов-Habib Hakimov

Хабиб Хакимов-Habib Hakimov

Дар бораи инсонҳои машҳуру маъруф мегӯянд, ки ниёз ба муаррифӣ надорад. Ҳабиб Ҳакимов низ аз зумраи он ҳунармандонест, ки бо сабку услуби навоваронаю дилпазираш  байни мардум ном баровардаю қалбҳоро тасхир намудааст. Ман фикр мекунам, ки ниёз бар он дорам, ки бар олами розу ниёзҳои ӯ ворид гардида асрори дунёи Ҳабибро баҳри хонандагони азизи ҳафтаномаамон  ошкор созам. Инак, сӯҳбати самимиву гувороро дар кафи нигоҳи шумо гузошта, итминон бар он дорам, ки  аз он баҳрае мебардоред.

-Зиндагӣ аз нигоҳи Шумо чист ва зиндагии имрӯзаро метавон зиндагӣ ном бурд?

-Бале, зиндагӣ  дар ҳама ҷо як зиндагисту аз худи одам вобаста аст, ки худро чӣ хел ба роҳ мемонад.

— То кадом андоза аз зиндагӣ қонеъ ҳастед ва аз чӣ пушаймонед?

-Шукри Худо, аз ҳама чиз қонеъ ҳастам. Бандаи ношукр нестам. Барои ҳар як лаҳзаи умри атонамудаи Кирдигор шукрона мекунам. Ҳеҷ гоҳ намехоҳам, ки ношукрӣ намуда ғазаби Худовандро биёрам.

— Беҳтарин макони зист барои ҳунарманди эҷодкор кадом аст?

-Макони зисти шахси санъаткор он ҷоест, ки оромиву осоиш дорад ва барои илҳоми нави эҷодӣ шароити мусоиде барояш муҳайё аст. Ман умуман шаҳрҳои серодаму пурғавғоро дӯст намедорам. Шояд сабаб ҳамин аст, ки ба ягон шаҳри калони дунё барои зистан нарафтам. Яъне гуфтаниам, ки беҳтарин макони зист ин Тоҷикистон аст.

-Шумо чанд вақт дур аз саҳнаву ҳам аз Ватан будед. Оё мусофират бароятон муфид буд ё азоб ҳам дошт?

-Ман Ватани азизам Точикистонро  хеле зиёд дӯст медорам, ин замини аҷдодони мо аст. Мефахрам аз  номи баланду бузурги Тоҷикам! Ман аз таъриху фарҳанги аҷдодонамон зиёд огоҳӣ дорам ва нисбати Тоҷикистони азизам арҷу эҳтироми беандоза  дорам , ба хоки пои Модар-Ватанам саҷда мекунам! Дар кадом мамлакате, ки муваққатан маскун гашта будам, мусофириро ҳеҷ гоҳ  ҳис накардаам. Зеро ман забонҳои хориҷиро бисёр медонам ва ҳар гоҳе ба ҷое сафар кунам, худро мисли шаҳрванди ҳамон мамлакат эҳсос мекунам, аммо ёди Ватан ҳамеша бо ман аст.

— Барои ҳамеша дар рӯйи саҳна будан чӣ гуна монеаҳо садди роҳи шумоанд?

— Санъаткор агар рафтору кирдорашро чӣ дар саҳнаву чӣ дар байни ҷомеа дуруст кунад, ман фикр мекунам, ки ягон чиз монеа нахоҳад шуд. Ҳар чӣ қадар, ки хоксору инсондӯст бошӣ, инсофу тавфиқ дошта бошӣ, Худованд туро дар азоб намемонад ва баръакс дасти инояти хешро сӯйи бандагони қобилу баинсоф дароз намуда дар паноҳаш нигаҳ медорад.

-Мегӯянд, ки Шумо пештар тарҷумон будед ва кай эҳсос кардед, ки ҳунари овозхонӣ доред?

-Ман аз хурдӣ суруд мехондам, аммо  ба саҳна хеле дер, яъне дар синни 27-солагӣ баромадам. Ва дар муддати кӯтоҳ ҳаводорони асили хешро пайдо карда байни мардум машҳуру маҳбуб гаштам. Ман тарҷумон нестам, балки  мутахассисам ва  забонҳои англисӣ, франсавӣ, русӣ ва ӯзбекиро балад ҳастам. «Забон донӣ, ҷаҳон донӣ» гуфтаанд гузаштагонамон. Бо ин қонеъ нагашта, инчунин забони испаниро омӯхта истодаам.

-Шумо инсони хушбахт будаед, ки ин қадар забонро аз худ кардаед. Ба наврасони имрӯза чӣ маслиҳат медиҳед?

-Бале, ман хушбахтам, ки 5 забонро бо тозагӣ медонам ва озод муошират мекунам. Ман аз донишу маълумоти олии гирифтаи худ хеле мамнунам. Ман ҳам дар вақташ донишҷӯ будам, вақти худро аксар вақт бо беҳудагардӣ неву барои мутолиаи китоб ва аз худ кардани дониш масраф мекардам. Ва имрӯз хушбахтам, ки ҳар дақиқаи умри хешро ғанимат шуморида, дониш аз бар намудам ва  боиси забондарозиву сарбаландиам аст.

Ба ҷавонҳои ҳозира ва падару модари онҳо муроҷиат карданиам, ки ба тарбияи фарзандони худ хеле ҷиддӣ машғул шаванд. Нагузоранд, ки онҳо беҳудагардӣ намуда вақти қимати хешро барабас зоеъ созанд. Имрӯзҳо дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр  қадам зада, алфози қабеҳи наврасонро мешунавию табъат хира мегардад ва аз занону духтарони роҳгузар кас шарм медорад.

Фикр мекунӣ, ки онҳоро низ модаре тарбият кардааст ва чаро чунин беаҳамиятона? Ҳолатҳоеро низ зиёд мушоҳида кардан мумкин аст, ки  ҷавонон ҳузур доштани модаронро дар наздикии худ парво накарда ва ҳатто худи он занеро, ки шояд аз модарашон калонсолтар бошад, бешарафона ҳақорат мекунанд.  Ин кори хуб нест, албатта. Беҳтар мебуд, ки онҳо ба ҷойи ҳақорату дашном  забонҳои хориҷиро аз бар намуда барои дурахшон гаштани  ояндаи хеш роҳ мекушоданд.

-Бовафотарин дӯсти Шумо кист?

— Дӯсти бовафо пайдо намудан хело душвор аст, дӯстони ҳозира самимият кам доранд. Дар тӯли чанд соли охир ҳам дӯсти нониро дидаму ҳам дӯсти ҷониро ва дӯсти пулиро низ дидам. Бисёриҳо аз рӯйи шӯҳрату пулу мол як замоне бо ман наздик буданд  ва имрӯз  ман онҳоро аз сафи дӯстонам хат задам. Албатта, дӯстони наздик ҳам дорам ва онҳо инсонҳои хубанд, аммо дар замони ҳозира ба бандагони Худованд бовар кардан хеле душвор аст.

-Агар замони кӯдакиро фикр кунед, бештар кадом лаҳза дар пеши назаратон ҷилвагар хоҳад шуд?

-Кӯдакии мо даврони Шӯравӣ буд ва он айёми беҳтарини зиндагиам буд. Ҳар гоҳе бо некӣ ёд меорам он рӯзҳои писандидаву хушбахтиву беғамиро. Он замони падару модардориам буд ва дар канори ин ду инсони бузургу ғамхору парастор  намедонистам, ки ғаму ташвиши рӯзгор чист. Ва ҳар гоҳ  падару модареро, ки маро бо меҳру муҳаббати беандоза ба воя расонданду имрӯз бо ман нестанд, ба хотир меораму аз чашмам ашк мерезад…

Ҳам дар лаҳзаҳои ғаму ҳам шодмонӣ дили кас мехоҳад, ки ҳамон лаҳзаҳои нотакрор волидон дар болои сарат буда  шарики ғаму шодиат бошанд ва тавонӣ, ки дарди дилатро холӣ куниву  дар лаҳзаи хушбахтиат ва барору муваффақиятҳоят бубинанду сарбаланд гарданд.

— Аз зиндагӣ барои худ чӣ панде бардоштед?

— Зиндагонӣ саҳнаи бозиву мо, бозигарем,

Гоҳ табассум дар лабу гоҳе   ба чашмони тарем…

— Шумо ишқи аввалину мулоқоти нахустинатонро ёд доред?

— Ишқи аввал- ин хама гапҳои дурӯғ! Дар ин бобат баҳс кардан  намехохам!

-Дунёи эҷодкорон пурмуаммост ва азизи дилатон шуморо мефаҳмад?

— Азизи дил? Агар азизони дил ошиқи санъаткори худро мефаҳмиданд, ин қадар рашку ҷангу ҷидол намекарданд.

-Шумо алами аз кӯчаву кор бардоштаи худро ба сари хонадон мерезед?

-Ҳаргиз, ман алами кӯчаро дар кӯча партофта ба  хона медароям.

-Баъди 5 сол Ҳабиб Ҳакимовро дар кадом сатҳ  дидан мехоҳед?

-Худо медонад баъд аз панҷ сол бо мо ин гардуни гарданда чӣ кор хоҳад кард ва барои ҳамин нақша кашидан душвор аст.

-Тозатарин таронае, ки эҷод кардаед?

-Ин тарона «Зиндон» аст ва  онро  ҳанӯз  сабт накардам. Дар фурсати кӯтоҳтарин таҳия намуда пешкаши мухлисони азизам хоҳам кард. Муаллифи шеър Орзу Исоев буда, ба он Даврони Раҳматзод оҳанг бастааст.

Хуршедро фурсат набуд  дар хилвати вайрони ман,

Тарсида чанде мешукуфт аз милаи зиндони ман,

Дарҳои зиндон во набуд, хуршедро парво набуд….

-Таманниёти Шумо ба хонандагони маҷаллаи «Дилкушо»?

-Ҳамеша сарбаланду хонаободу бомаърифату бофарҳанг бошанд.

-Саломат бошед.

Дилкушо

 

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: