• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,309 hits
  • Flag Counter

БУНАФША РАҶАБОВА: «ЯК РУЗ БЕ МЕҲМОН МОНАМ, ДИЛГИР МЕШАВАМ»

Бунафша Рачабова

Бунафша Рачабова

Бунафша Раҷабова аз зумраи он сарояндагонест, ки ҳастиву вуҷудашро зевари ҳунар оро дода садояш пурэъҷоз аст. Шунаванда агар лаҳзае суруди ӯро бишнавад, дунёро бо ҳама гиру дору нишебу фарозаш фаромӯш хоҳад кард. Ва он гоҳ эҳсос мекунад, ки ин овоз пурэъҷозу афсунгар ва гӯшнавоз аст. Бале, ин овози ишқ аст, садои ошиқ аст, ки касро аз дунёи навмедиву бемеҳриҳо сӯйи меҳрубонӣ ҳидоят хоҳад кард.  Лаҳзае бо Бунафшабону ҳамсӯҳбат гардида, ба дунёи рози ӯ ворид гардидам. Ва мехоҳам ту низ, хонандаи азизи ҳафтаномаи мо, вориди ин олами пурэъҷоз гардӣ.

— Шояд Шумо ҳис карда бошед, ки одамон ҳамеша ба ҳаёти шахсии чеҳраҳои шинохта таваҷҷӯҳи зиёд доранд. Мехостам дар бораи ҳаёти шахсиатон чанд сухан бигӯед.

— Соли 1982 дар ноҳияи Файзобод чашм ба олами ҳастӣ боз намудаам. Хатмкардаи мактаби рақами 24-уми ҳамин ноҳия ҳастам. Инчунин соли 2009 факултаи журналистикаи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистонро ба итмом расонидам. Соҳиби се фарзандам — Дилноза, Муниса ва писарчаи шашмоҳае дорам бо номи Бузургмеҳр.

-Бисёрии шавҳарон намехоҳанд, ки ҳамсарашон дар назари аҳли ҷамъият бошанд…

-Зеро мардҳо рашки бисёр доранд. Дуруст аст, ки зан бояд танҳо дар пеши марди худ зебо бошаду тавонад, ки дили ӯро ба даст орад. Агар ишқи ҳақиқӣ бошад, мард бовар мекунад ва беасос рашк намекунад, албатта.

— Барои зебоии зоҳир заҳмати бисёр мекашед?

— Не, он қадар заҳмати зиёд намекашам. Зеро Худованд  бароям ҳусн ато кардаасту маро аз заҳматҳои беш озод сохтааст.

 -Зиндагӣ чист аз нигоҳи шумо?

-Зиндагӣ покист, пок зистан ва пок мурдан.

 -Агар бо ҳукми Парвардигор зиндагӣ бори дигар шуморо даст медод, шумо онро чӣ гуна ба сар мебурдед?

-Албатта, тамоми умри хешро барои омӯхтану сайри олам кардан сарф менамудам. Барои ҷамъ кардани сарват кӯшише ҳам намекардам. Зеро  сарват бақо надорад. Бештар ба одамон некӣ мекардам.

-Агар сароянда намебудед, кӣ мешудед? Ва зиндагиро шояд  дигар хел дӯст медоштед?

-Ҳамаи рӯйдодҳои зиндагии кас аз рӯйи тақдиру насиб ба амал меоянд. Журналист шудан орзуи ҳамешагии ман буд. Вале имконият надоштам, ки ин орзуи хешро амалӣ созам. Вақте ба шавҳар баромадам ӯ маро раҳнамоӣ кард, ки думболаи касби дилхоҳам биравам ва ман донишгоҳро бо ин ихтисос хатм намудам. Аммо тақдир маро сӯйи ҳунар раҳнамун сохт ва имрӯз хушбахтии худро дар ҷодаи санъат пайдо кардаму аз ин сарбаландам. Зиндагиро дар ҳама ҳолат як хел, яъне мисли имрӯза дӯст медорам.

 -Агар мухлисони ҳунаратон ба хонаи шумо ба меҳмонӣ раванд, чӣ тавр қабулашон мекунед?

-Бо ҷону дил қабулашон мекунам. Дари хонааму дилам барои мухлисони меҳмонам ҳамеша боз аст. Шумо ҳам биёед, ҷоятон болои дидаам. Агар як рӯз бе меҳмон монам, хаставу дилгир мешавам.

-Имрӯзҳо дар зиндагиатон чӣ тағйироти назаррасе доред?

-Шукри Худованди меҳрубон мекунам, ки бо вуҷуди ду сол боз рӯйи саҳна набуданам ҳам дар мадди назари дӯстону мухлисонам қарор дорам ва маро талабгоранд.  Инчунин ба мисли ҳунарманди хушовоз Шабнами Собирӣ ва тоҷирзани муваффақ Асалбону Бӯриева дӯстони самимӣ дорам, ки дар лаҳзаҳои даркорӣ дастгириам мекунанду идеяҳои тоза медиҳанд.

-Аз мухлисе тӯҳфаи гароннархе гирифтаед?

-Барои ҳунарманд тӯҳфаи пурарзиш ин меҳру садоқату пазироии гарми мухлисон ва асосан гулдастаи тару тоза аст, ки онро  ҳамеша тақдимам месозанд. Аз ин қадршиносиашон ифтихормандам.

ӣ шуморо ба ҳаяҷон меорад?

-Вақте ба ягон маъракае равам ё худ дар рӯйи саҳна бошам, дастгирии мухлисон, ки асосан иборат аз кафкӯбиву истиқболи гармашон аст, ба ҳаяҷон меоям. Ва ин пазироии гарм боиси он мешавад, ки боз ҳам бо шавқу шӯр бихониву барояшон бо ҷону дил хизмат гузорӣ.

-Аз ҳама писандидатарин ҳарф барои шумо кадом аст?

-Сухани писандидаи ман ин:

«Худо хоҳад ҳамааш хуб мешавад» аст, ки он ҳамеша вирди забонам аст.

-Шумо барои мутолиаи номаҳои зиёди дар сайтатон омада имконият доред?

-Медонед, чандест, ки ман наметавонам ба сайти худ ворид гардам. Зеро шавҳарам пароли маро дигар кардаасту онро аз ман пинҳон медорад ва ба саволҳои ҳамаи мухлисонам ба ҷойи ман посух мегӯяд.

-Аммо ба саволҳои ман посух надод.

-Шояд айни замон фурсате пайдо накардааст, ки ба он ворид гардад ё худ қасдан ҷавоб намедиҳад.

-Кадом рафтори номақбули зани тоҷик дили шуморо ба дард меорад?

— Рости гап, бо мардони хориҷӣ  ошиқӣ кардану барои муваққатӣ ҳамсари онҳо шудани занону духтарони ҷавони тоҷик, ки бештар ба фиребу таҳқир дучор мегарданд,  асабҳоямро харобу диламро дардманд месозад. Чӣ онҳоро маҷбур мекунад, ки даст ба чунин кор зананд. Чунин ҳолатро дида, чи тавр дилатон фиғон намекашад?

 -Бале, ин масъалаи доғи ҷомеа аст, ки ҳамаро ба ташвиш овардааст. Ва шумо чӣ таманниёте доред ба бонувону аҳли хонандагони мо?

-Орзу дорам, ки ҳар як бонуи тоҷик ба ояндаи худ боварӣ дошта бошад, барои худ зиндагӣ кунад ва ба қадри худаш бирасад ва аз ҳама муҳимаш худро озоду тавоно эҳсос кунад.

 -Ташаккур, хеле таманниёти нек. Мо ҳам барои амалӣ гардидани он дасти дуо дорем.

Дилкушо

 

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: