• Статистика

  • Blog Stats

    • 523,781 hits
  • Flag Counter

ПРИТИ ЗИНТА: «БО КАТРИНА КАЙФ ДУСТОНИ НАЗДИКЕМ»

Прити Зинта

Прити Зинта

Прити мисли париваши орзуҳо ҳамаро мафтуни хеш месозад. Ҳангоме ки ӯ механдад, бо ҳамон як ишваи ба худ хос, бо ҳамон як нигоҳи меҳрбор ва чашмоне , ки оташи  шарарбори  ишқ доимо андарунашон аланга мезананд, ҳазорон қалби ранҷидаро таскин мебахшад. ӯро  наздиконаш  навозишкорона Бабли меноманд. Шиораш дар зиндагӣ «Агар чизеро аз таҳти дил хоҳӣ, бо амри Парвардигор он ҳатман амалӣ мегардад». Филме, ки шӯҳратёраш сохт, «Ишқ аз нигоҳи аввал» ном дорад.

ДАР ОЛАМИ ХОСТАНҲО…

— Чиро аз ҳама беш дӯст медорӣ?

—  Ҳангоме ки бо сагчаам Ҷуниор бозӣ мекунам, тамоми ташвишу изтироби қалбам берун мешавад. ӯ маро хеле ором месозад, аз ин рӯ хеле дӯсташ медорам. Ҳамчунон пухтани хӯрокҳои болаззат ва шириниҳои иштиҳоовар бароям роҳат мебахшанд ва ба фикрам кадбонуи хеле хуб ҳам ҳастам (механдад). Бо дӯстонам дар машварат будан,  мутолиаи асарҳои фантастикӣ, мазҳакавӣ ва тамошои филмҳо  бароям бениҳоят писанд аст.

 —  Кадом филмҳоро меписандӣ?

— Филмҳое, ки анҷоми нек доранд, инсонҳоро ба роҳи дуруст ҳидоят мекунанд, қалбҳоро ба ҳам мепайванданд. Зеро зиндагӣ зебост ва дар синамо низ бояд зара- зара саҳнаҳои зебои ҳаёт инъикос ёбанд.

 — Болливуд аз кадом ҷиҳат писанди туст?

-Болливудро бениҳоят дӯст медорам ва ҳамчун хонаи дуюми худ мепарастам. Зеро маҳз бо шарофати санъати воло халқи моро дар тамоми сайёра мешиносанду эътироф мекунанд. Ҷаҳониён филмҳои моро тамошо мекунанду аз фарҳангу маданият ва тамаддуни бою пурғановати мо як андоза даричаи ошноӣ пайдо мекунанд.

  ДАР БОБАТИ ДУСТИ

 

-Киҳоро дар синамо ҳамчун дӯстони содиқ пазируфтаӣ?

Дар олами ҳунар дӯстони зиёд дорам, ки аз ҷумлаи онҳо Каран Ҷохар, Хритик Рошан ва ҳамсараш  Сюзанна, Катрина Кайф, Абхишек Баччан, Шоҳруххон бо ҳамсараш Гаури аз ҳама дӯстони наздики мананд.

ПРИТИ ДӯСТИ ҲАМДАМ АСТ

— Имрӯз дар Болливуд дӯстони ҳақиқиро пайдо кардан мумкин аст?

-Бале, хусусан дар байни ҷинси латиф дӯстони содиқу вафодор зиёданд, ки солҳои сол дӯстӣ доранд. Масалан Карина Капур ва Амрита Арора, Коена ва Танушри, Айшвария ва Рани. Мо низ бо Катрина Кайф гарчанде муддати начандон зиёд аст, вале дӯстони хеле наздикем.

Катрина дар Болливуд қариб, ки дӯстони  наздик  надорад, чӣ сабаб шуд, ки шумо ба ҳам риштаи дӯстӣ бастед?

-Албатта, дуруст аст, ки дар олами синамо дӯсти содиқу меҳрубонро пайдо кардан кори чандон  саҳлу  осон нест. Хусусан нафареро, ки дар тамоми лаҳзаҳои зиндагӣ ҳамрозу ҳамдами ту мемонад. Ва ҳангоме, ки ғубори ғам гулӯгират месозад, бояд ба касе рози дил намоӣ, ки  ниҳоди ӯ низ лабрези самимият бошад. Катрина маҳз дорои ин гуна хислатҳои наҷиб аст. ӯро  фориғ аз дунёи синамо як бонуи хоксору заминӣ дарёфт кардан мумкин аст. Гарчанде ҳарду ҳам реҷаи кории муайян надорем, вале ҳамеша кӯшиш мекунем, ки барои якдигар вақт ҷудо намоему дар мавзеи зебое фароғат кунем.

 — Солҳои зиёд дар байни мардум овозае ҳаст, ки гӯё шумо бо Рани Мукерҷи якдигарро чашми дидан надоред оё шумо ба ин овозаҳо хотима бахшиданӣ нестед?

-Бешубҳа, ин овозаҳо чун ҳамешагӣ муболиғаи журналистон аст, на беш. Дар ин ҷода журналистони мо ҳамто надоранд. Дар байни ҳунармандон низ нофаҳмиҳо зиёд мешаванд. Зеро ягон соҳа бе камбудӣ буда наметавонад, аммо ягон рақобати ҷиддие байни ману Рани вуҷуд надорад ва мухлисонам метавонанд нафаси осуда бикашанд.

АНДЕШАҲОИ ШОҲРУХХОН

 ДАР БОРАИ ПРИТИ:

— Ман худро марди бениҳоят хушбахт меҳисобам, зеро ҳамеша дар иҳотаи чунин нозанинони дунёи ҳунар амсоли Прити кору фаъолият мекунам. Аз замоне, ки бо ҳамроҳии Прити ва Рани мунтазам дар филмҳои зиёд нақшофарӣ намудам, дигар бе онҳо худро дар синамо танҳо ва нороҳат меҳисобам. Прити олами ботинии нотакрор ва бениҳоят ҳассос дорад ва соҳиби дили бузург аст. Аз сабабе ки дар оилаи ҳарбиён ба камол расидааст, ҳамеша кӯшиш мекунад, ки дар ҳама ҷо тартибу низом риоя шавад. ӯ пеш аз ҳама воқеъбину ҳақиқатпараст аст.  Барои ин ҳама хислатҳои наҷибе, ки дар  замир дорад, ин париваши ҷаззобро бо табассуми малеҳу ба худ хосаш бениҳоят дӯст медорам ва ҳамеша ҳурмату эҳтиромаш  мекунам.

             ДАР ОЛАМИ ХУД

 

-Чиро дар худ меписандӣ?

— Ҳама ҳусну ҷамоле, ки Парвардигор бароям тӯҳфа кардааст. Ҳеҷ гоҳ худро ягон нафари ғайриоддӣ ва ё бонуи бениҳоят зебо намеҳисобам. Балки як нафаре ҳастам бо як дунё  ишқу умеду орзуҳо. Ва ба онҳое, ки ба хотири зебоӣ худро қурбони ҷарроҳатҳо мекунанд ва ё пайваста дар парҳез умри худро сипарӣ мекунанд, ҳаргиз  ҳамрадиф нестам.

 — Гоҳе дар бораи бастани издивоҷ андеша нарондаӣ?

— Гумон мекунам дар дунё зане ёфт намешавад, ки дар ин бобат боре ҳам андеша наронда бошад. Албатта, ҳар як бону орзуи бахтро мекунад. Ман ҳам мисли аксари гулдухтарон гоҳе дар олами орзуҳои ширин парвоз мекунам ва худро дар тан пираҳани бошукӯҳи арӯсӣ тасаввур мекунам. Мехоҳам аз хандаҳои меҳрбор, қадамҳои аввалини тифли хурдакак аз лаҳзаҳои гуворои ҳаёти оилавӣ баҳравар шавам. Вале айни ҳол намедонам, ки кай ин санаи муборак фаро мерасад. Шояд пас аз ба шавҳар баромадан ба зодгоҳам Симле маскун шавам.

Дилкушо

 

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: