• Статистика

  • Blog Stats

    • 523,781 hits
  • Flag Counter

ФИРУЗА ҲАФИЗОВА: «БА ҲАДАФИ ХЕШ НОИЛ ГАРДИДАН БАРОЯМ МУҲИМ АСТ»

Фируза Хафизова

Фируза Хафизова

Фирӯза Ҳафизова. Ин ном аллакай дар сартосари ҷумҳурӣ ва берун аз он машҳуру маҳбуб гардидаастусадои форами ӯро дар дохилу берун аз марзи кишвар пазируфтаанду қадр мекунанд. Дунёи Фирӯза ҷолиб аст ва меарзад, ки ба он рӯй биоварем ва онро пешкаши хонандаи азизи худ гардонем. Чеҳраи ӯро табассуми  фарохи қаноатмандӣ навозиш мекунад. Зеро ӯ қаноатманд аз доди Худовандӣ, аз ҳунари худ  аст.  Форсизабонони давлатҳои дигар низ аз садои фораму ҳунари волои ӯ мафтун гардида, барои бо Фирӯза рӯбарӯ шудан талош мекунанд. Инак ӯро меҳру ихлоси мухлисони асилаш ба Канадаи Амрикои Шимолӣ бурд. Рӯзе қабл аз сафараш бо ин бонуи хушсадову хушхиром ҳамсӯҳбат гардида, як сӯҳбати кӯтоҳ намудем ва онро ба ту, хонандаи азиз, пешкаш сохта, итминон бар он дорем, ки мисли мо болидарӯҳ хоҳӣ гашт.

-Ба андешаи шумо бонуи ҳунарманд дар зиндагӣ бештар ба чӣ ниёз дорад?

-Албатта, ба дастгириву меҳрубонӣ ниёз дорад.

-Мегӯянд, ки зани муштипарро дар паҳлӯ ҳамдаму дастгире ҳамеша зарур аст?

Фикри шумо чӣ?

-Инро албатта инсонҳои рӯзгордида гуфтаанд, ки барҳақ аст. Зану мард ҳарду барои ҳамдигар офарида шудаанд . Зиндагии ин ҳарду бе якдигар бе рӯҳу сафо аст.

— Овозаҳо шуморо хаста намесозанд?

-Ман бонуи матиниродаам ва хаста намешавам. Охир, одамон дар бораи ҳар кас овозаҳо намебароранд-ку.

 —Вақте дар бораатон ҳарфи ноҷо гуфтанд, чӣ кор мекунед?

-Ҳаволаи бадгӯёнро ба Худо месупорам.

 -Кадом чизро дар мардҳо меписандед?

-Дар қавли худ устувор буданашонро.

-Суруд барои шумо зиндагист ё барои зиндагӣ?

-Ин ҳарду ба якдигар марбутанд ва наметавон ин дуро аз ҳам ҷудо тасаввур кард. Фикр мекунам, ки ҳунар барои ҳунарманд ҳам зиндагист ва ҳам барои зиндагист. Агар гӯям, ки он танҳо зиндагист, дурӯғгӯӣ мешуд, зеро дар ин ҷода ҳар қадар бештар заҳмат кашӣ, бештар истироҳат мекунӣ ва боиси беҳбудии зиндагиат хоҳад шуд.

 —Барои шумо ба ғайр аз эҷоди суруд ва замзамаи он боз чизи муҳимтаре ҳаст?

-Пеш аз ҳама, боварӣ ба Худованд, тансиҳатии фарзанду волидону пайвандонам,  ҳамеша мавриди таваҷҷӯҳи мардуми ҳунардӯст будан ва  пеш аз ҳама ҳадаф доштану ба он ноил гардидан низ бароям муҳим аст.

 —Ин сафаре, ки шуморо дар пеш аст, чанд муддат тӯл хоҳад кашид?

-Бояд тибқи шартнома муддати як ҳафта давом ёбад. Аммо боз вобаста ба талабу дархости ҳаводорони таронаҳои форсӣ шояд дигаргун шавад.

-Бароятон дар ин сафари ҳунарӣ кушоишу бурдбориҳоро таманно дорам ва орзумандам, ки ҳамеша мисли имрӯза сертаваҷҷӯҳтарин бонуи ҳунарманд бимонед.

-Ман ҳам аз фурсати муносиб истифода намуда,  ба аҳли эҷоди ҳафтаномаи шумо ва кулли мардуми азизи кишварам тансиҳатӣ ва барору комёбиро аз даргоҳи Кирдигор талабгорам. Бигзор хонандагони ҳафтаномаатон  ҳамеша пирӯзу сарбаланд бошанд ва сафашон бештар аз ҳарвақта гардад.

Дилкушо

 

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: