• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,359 hits
  • Flag Counter

ВАЛИҶОН АЗИЗОВ: «ҚИССАИ ДИЛ»-И ХУДРО БА ПОЙТАХТ МЕБАРАМ»

Валичон Азизов

Валичон Азизов

Вақте суруди Валиҷон Азизовро гӯш мекунӣ, дунёро бо ҳама гиру дораш фаромӯш мекунӣ ва ба дунёи дили ӯ ворид мешавӣ ва эҳсос мекунӣ, ки ин овози ишқ аст ва чӣ сон гӯшнавозу пурэъҷоз аст ва ин садои ширину дилнишин дари ҳикмати ҷаҳон — мӯъҷизоти асрори ишқро ба рӯйи кас боз мекунад. Ва инсонҳоро ҳушдор медиҳад, ки маънии зиндагӣ аст ишқ, бояд ба қадри он расид. Хонандагони кунҷкоби ҳафтаномаи мо баробари ошноӣ пайдо кардан бо эҷодиёти ҳунарманд, инчунин мехоҳанд аз зиндагиву рӯзгор ва шуғли писандидаи сарояндаи маҳбуби дилашон ошноӣ дошта бошанд. Бо ин мақсад Валиҷон Азизовро пайдо намудем ва сӯҳбати телефонӣ анҷом додем. Инак, он сӯҳбати гувороро ба кафи нигоҳи Шумо- хонандагони азизамон мегузораму итминон дорам, ки табъатон болида хоҳад гашт.

— Суруди шумо кай тавлид мешавад?

— Тавлиди таронаи нав вақту соати муайян надорад. Он дар дасти Худованд аст. Илҳоми эҷодӣ як вақте пайдо мешавад, ки худи кас бехабар мемонад.

— Бисёриҳо мегӯянд, ки манбаи илҳоми онҳо мусиқии рӯҳнавоз, табиати зебо, як зумра эҷодкорон дилбари нозанин ва як гурӯҳи дигар дарду ғамро манбаи асосии илҳоми худ медонанд.

— Албатта, нозанинони тоҷик манбаи илҳому сарчашмаи эҷоди мо ҳастанду мемонанд.

— Ҳар як суруди нави шумо ошиқона аст. Шумо ҳар гоҳ ошиқ мешавед ё ба он нафари пешина ошиқтар мешавед?

-Ҳар бор ошиқ мешавам (механдад). Ишқ аст, ки зиндагиро зебо месозад ва боиси эҷоди таронаҳои олист.

— Ва ин албатта боиси рашки ҳамсаратон мешавад?

— Ҳамсарам инсони бофарҳангу бомаърифатест ва беасос рашк намекунад. ӯ маро хуб мефаҳмад. Мефаҳмад, ки ман ҳунармандам ва эҷод наметавонад дур аз ишқ бошад.

— Барои тарбияи фарзандони худ сахтгирӣ мекунед ё нармгуфториро асоси дурусти тарбият медонед?

— Вақте бо писарам Самирҷон муомилаи дағал намоям, ӯ асабӣ мешавад. Вале, баръакс, агар ҳарфи нармаш гӯям, мехоҳад ҳама хоҳишҳоямро бо ҷону дил ба иҷро расонад. Духтаронам низ нармдилу ҳалиманд ва ба ҳарфҳои меҳрубонӣ одат кардаанд.

— Дар оилаи шумо анъанаи истироҳати якҷоя вуҷуд дорад?

— Бале, аз рӯйи имкону пайдо гардидани фурсати мувофиқ мо якҷоя бо кӯдакон ба истироҳатгоҳ низ меравем.

— Сабки киро пайравӣ мекунед?

— Ҳанӯз аз хурдӣ сурудҳои устод Кароматуллои Қурбон ва Аҳмад Зоҳирро бо ихлосу эътиқод гӯш мекардам, замзама мекардам ва сабки онҳоро пайравӣ мекардам. Ҳоло бошад соҳиби сабки худ будан мехоҳам.

— Суруде доред, ки танҳо барои худ навиштаед?

— Хамаи таронаҳои пешинаам ифодагари зиндагиву ҳолатҳои дар замони эҷоди онҳо доштаам мебошанд. Айни замон ҳамкорӣ бо оҳангсозон Роберт Мирзоянс (аз Тошканд), Даврон ва Баҳромшоҳ дунёи эҷоди маро фаррохтар гардонидааст.

— Албоми нави шумо, ки имсол ба дасти мухлисон расидааст «Қиссаи дил» аст ва он қиссаи дили кӣ бошад?

-Албатта, қиссаи дили Валиҷон аст. Бо ин албом, Худо хоҳад, дар Душанбе консерт пешниҳод хоҳем кард.

-Суруди «Эй дӯст»-и шумо низ шояд гувоҳи дӯстии шумо ва Садриддини Наҷмиддин аст?

— Бале, мо на танҳо дар саҳна, балки дар зиндагӣ ҳам дӯстони самимӣ ҳастем. Инсони комил ва дӯсти беҳамто аст Садриддин. Боре дар Дубай ӯ суруди «Гиря макун»-и моро гӯш мекунаду мегӯяд, ки як рӯз ҳатман бо ин сароянда суруд хоҳам хонд. Баъди ин мо дар «Суруди сол»-и 2005 дар Душанбе вохӯрдем. Ва бо хоҳиши мо шоири ширинкалом Озарахш ин сурудро навиштанду ба он оҳанг бастем ва аз тарафи мухлисон хеле гарму самимӣ қабул гардид.

— Ҳунарманд будан кори саҳлу осон нест. Агар мансаби баландеро пешниҳод кунанд, онро бо ҳунар иваз мекунед?

— Ҳаргиз! Имрӯз суруду мусиқӣ маънои зиндагии ман гаштааст ва ягон вазифае наметавонад онро бароям иваз намояд. Магар бо суруду тарона байни мардуми азизам маҳбуб гардидан мансаби аз ҳама баланд нест?

— Агар даврони бачагиро пеши назар оварданӣ шавед, бештар кадом лаҳзаи он пеши назаратон ҷилвагар хоҳад шуд?

— Чунин лаҳзаҳо хеле зиёданд. Ҳанӯз дар синфи ибтидоии мактаби рақами 19 деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ таҳсил намуданам муаллими мусиқиамон Абулҳай Муродов рубоб менавохтанду ман суруд мехондам. Ва ҳангоми таътил низ дар лагери пионерӣ устод бо мо буданд ва баъди хӯроки пешин мо ҳатман машқи суруд мекардем ва ҳамзамон хотири ҳамсолонамро шод мегардонидем. Устоди нахустинам дар ҷодаи ҳунар ин шахси бофарҳанг мебошанд, ки дар дили кӯчакам меҳри санъатро ҷой дода буданд.

-Орзуе ҳаст, ки дар дилатон ниҳон мондааст?

— Баъзан фикр мекунам, ки ба ҳамаи орзуҳои дилам расидаам. Аммо орзуҳо рӯз аз рӯз тавлид мешаванд ва инсон ҳамеша думболи орзуҳост.

— Саломат бошед ва ба ҳамаи орзуҳои дилатон бирасед.

— Шумо қаламкашон низ ҳамеша ободу тансиҳат бошед.

Дилкушо

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: