• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,359 hits
  • Flag Counter

ГУЛРУ ТАБАРОВА: «МЕХОҲАМ ДАР СОЛИ НАВ КИНАҲО АЗ ДИЛ БЕРУН ШАВАНД»

Гулру Табарова

Гулру Табарова

Номи ин духтараки маҳинпайкари соҳиби овози дилпазир кайҳост, ки дили ташнагони таронаҳои эстрадиро тасхир кардаву меҳри ҳунараш дар хилватгаҳи қалбҳошон ҷойгузин гаштааст. У зебо тарона мехонад ва дар саҳна зебо мехиромад ва Худованд барояш бар замми овози фораму дилнишин инчунин қомати мавзуну чеҳраи беғуборро ҳадя бинмудааст. ӯ дилбарона, ошиқона месарояд ва кулли ошиқонро мафтуни таронаҳои пурмуҳаббаташ месозад. Гулрӯ кӯшиш намекунад, ки ҳар рӯз як  тарона офараду ба мазмун диққат надиҳад. ӯ маъниҳои баландро меҷӯяду пайдо мекунад ва сипас дар пайи таҳияи суруди наваш мешавад. Мо тасмим гирифтем бо ин духти  олами ҳунар ҳамсӯҳбат гардида, аз розу ниёзаш огоҳ гардем ва баҳри шумо, хонандагони арҷманди ҳафтаномаамон пешкаш созем.

-Суруд барои шумо, яъне чист?

 

-Суруд маънии зиндагиву ҳама буду набудам аст.

ӯсти беҳтарини шумо, ки рози дилатонро ба ӯ мегӯед, кист?

 

-Дӯсти аз ҳама беҳтарин, маслиҳатгару раҳнамо, аниси дилу маҳрами розҳои ниҳони дилам ин модари беҳтар аз ҷонам мебошанд.

-Худро духтари ба орзуи дил расида мепиндоред.

 

-Алҳол фикр мекунам, ки барои дар бораи худ ба чунин хулоса омаданам каме барвақт аст. Бо вуҷуди он ки ба чандин мақсаду ниятҳои дарпешгузоштаи худ ноил гаштаам, боз ҳам фикр мекунам, ки дар ҷодаи ҳунар бароям чандин дарҳои нокушода вуҷуд доранд, ки моро баҳри кушодани он талошу заҳмату кӯшишхо мебояд.  Ва барои ба тамоми орзуҳои дил расидан як умри инсон камӣ мекунад. Зеро орзуҳо ҳар соату ҳар лаҳза  тавлид мешаванд.

-Дар ишқ чиро хато мепиндоред?

 

-Албатта, хиёнату бевафоиро, ки душмани ишқ аст.

-Мисли он ки худ хиёнат ё бевафоӣ дида бошед?

 

-Не ҳоло ба ман хиёнатро раво надидаанд ва Худо мегӯям, ки ҳаргиз нисбатам бевафоиву хиёнатро раво набинад касе.

-Мухлисон кай дигаргуниеро дар ҳаёти шахсии шумо дида  метавонанд?

 

-Вақте ки ба ҳаёти мустақилона баромадам.

-Яъне кай расидани ҳамон рӯзи фараҳбахшро дар назар дорам.

 

-Инаш дар дасти тақдир аст. Кай вақту соати насибкарда расад.

-Мехоҳед чӣ гуна ҷавон ба суроғатон ояд?

 

-Ҳар як духтар мехоҳад, ки ҷавони бофарҳангу ботамиз ва соҳиби тамоми хислатҳои неки инсонӣ ба суроғаш ояд. Бигзор ӯ ҷавоне бошад, ки пеш аз ҳама  ба қадри падару модари  тарафайн бирасад. Вақте ӯ ба қадри волидон мерасад, фикр мекунам, ба қадри ману санъатам низ мерасад, иншоолоҳ.

-Шумо тез-тез тамғаи мошини худро иваз мекунед?

 

-Не, чунин нест. Албатта, аз рӯйи имкону шароит мешаванд чунин корҳо. Чанд вақт боз  ҳамин «LEХUS»  бо ман аст.

-Ба ҳасудони ҳунари худ чӣ гуфтан мехоҳед.

 

-Ҳаволаи бадкорону бадгӯёнро ба Худо месупорам. Медонам, ки инсони бахилу нотавонбин ҳеҷ гоҳ ба мақсади дил нахоҳад расид.

-Барои шумо оила муҳим аст ё ҳунар?

 

-Айни замон ҳунар.

-Барои таҳияи суруду албоматон кӣ мададгори шумост?

 

-Ёру дӯстони самимиам, ки аз буданашон шукргузорам ва мехоҳам онҳо ҳамеша сарбаланду хонаобод ва дар ҳама ҷодаи зиндагӣ муваффақ бошанд.

ӣ гуна хислатро дар ҷавондухтарон меписандед?

 

-Мехоҳам ҳар як духтар мисли худам, яъне дур аз ғайбатгӯиву суханчинӣ бошад. Намеарзад, ки дар чунин як фосилаи кӯтоҳи умри ҳадякардаи Худованд мо онро ба беҳудагӯиву ҳасудиву дурӯягӣ сарф намоем. Беҳтар аз он мебуд, ки ба ҳамдигар ҳарфҳои самимӣ мегуфтему кинаву ҳасадро аз дилҳо берун месохтем. Ва ба ҷои он меҳру муҳаббату садоқат ва меҳрубониро дар қалбҳоямон ҷой мекардем. Бузургон гуфтаанд, ки «агар гул нестӣ, хор ҳам набош».

-Шумо барои ҳусни худ зиёд заҳмат мекашед?

 

-Албатта, зебоӣ қурбонӣ мехоҳад мегӯянд-ку (механдад). Танҳо пеш аз консерту баромадҳо аз хизмати машшотаҳои чирадасти Душанбе  истифода мебарам.

-Агар хаставу ранҷур гардед, рӯй ба чӣ меоред?

 

-Барои бартараф кардани озурдагиҳо ман ба шабакаи Интернет ва сомонаи «Одноклассники» даромада. бо ёру дӯстони худ муошират мекунам ва ҳама хастагиҳоро фаромӯш месозам.

-Таманниёти шумо ба мухлисони ҳунаратон?

 

-Мехоҳам онҳо ҳамеша тансиҳату хонаобод бошанд ва соли оянда барояшон танҳо соли барору амалӣ шудани орзуҳояшон гардад.

Дилкушо

 

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст

%d такие блоггеры, как: