• Статистика

  • Blog Stats

    • 523,781 hits
  • Flag Counter

АМИТАБХ БАЧЧАН: «МАН БОБОИ ЗЕБОТАРИН ТИФЛИ ОЛАМ ГАРДИДАМ»

Амитабх Абхишек Айшвария Джия

Амитабх Абхишек Айшвария Джия

ЗАМИНИ БУНЁДИ ИШҚ
Филмҳои ҳиндӣ бо як хосияти ҷозибаноку пурэҳсос ва рабояндагиашон ҳеҷ як бинандаро бетараф намегузоранд. Замзамаи вафодорӣ, талоши қисмат, афсонаи ишқ, посу гиромӣ доштани арзишҳо, муҳаббати поку беолоиш ва самимияту садоқати ду дилдода, билохира ба мақсадҳои ниҳоии худ расидани инсон мавзӯъҳои асосии филмҳои ҳиндӣ мебошанд. Яъне синамои ҳинд тавонистааст, ки ишқро бо тамоми шукӯҳу шаҳомат ва зебогиву нафосаташ ба аҳли олам муаррифӣ созад. Ин аст, ки имрӯз дар тамоми ҷаҳон бо тамошои филмҳои ҳиндӣ қалбҳо тасхир мешаванду аз чашмҳо беихтиёр ашк ҷорӣ мегардад. Ва маҳз тавлидгари ин ҳама ашки шашқатору гоҳе хурсандии бемисол дар қалбҳои мо ҳунармандоне мебошанд, ки зери пардаи ҳарири синамои Болливуд шабу рӯз машаққати зиёд мекашанд, то бо нақшҳои ҷолибу нотакрорашон тамошобини закиву кунҷкобро қаноатманд созанд.

Амитабх Баччанро шоҳи синамои ҳинд бигӯем, хато нахоҳем кард. Зеро аз лаҳзаҳои аввалини ба саҳнаи ҳунар қадам ниҳоданаш ин марди қавииродав ва таҳамтан маҳбуби дили ҳамагон гашта буд.

ШАҲЗОДИ ОРЗУҲО
Амитабх 11 октябри соли 1942 дар шаҳри Оллоҳободи Ҳиндустон дар оилаи шахсони барӯманду фозили ҳиндӣ чашм сӯи ҳастӣ во намудааст. Падараш Хариванш Рай Баччан яке аз алломаҳои давру замони хеш буда, бо шеъру шоириаш шӯҳратёр буд. Бародари хурдиаш Аҷитабх ном дорад. Амитабх соли 1973 бо ҳунарпеша Ҷая Бахадур оила барпо мекунад. Айни ҳол онҳо соҳиби ду фарзанд мебошанд — Швета ва Абхишек Баччан. Бори нахуст соли 1969, пас аз иҷрои нақши асосӣ дар филми «Ҳафт ҳиндӣ» соҳиби ҷоизаи «Ҳунарманди беҳтарин» мегардад. Барои ҳунарманде, ки гомҳои нахустини худро дар соҳаи синамо ниҳода буд, ин бахти бузург буд. Баъди ин паиҳам ҷоизаву ифтихорномаҳо ӯро пайгирӣ мекарданд. Овозаи шӯҳрати ин ҷавони хушқаду қомат ва ҷасуру тавонои ҳиндӣ қарори дили садҳо нозанинони ташнаи санъату ҳунари асилро рабуда буду онҳоро боз ҳам ошиқтар месохт. Ҳар рӯзу ҳар соат аз тамоми гӯшаи дунё ба ӯ номаи муҳаббат ирсол медоштанд. Имрӯз шумораи филмҳои ӯ аз 200 гузаштааст.

ҚАДИ АМИТАБХ 2 МЕТР АСТ?
-Дар бораи Шумо мегӯянд, ки барору комёбӣ дар ҷодаи санъат аз азал дунболагираш буд. Ба шӯҳрати худ чӣ гуна муносибат доред?

-Бояд гуфт, ки вуруди олами синамо гаштану ба зудӣ дар он уқёнуси пуртуғён шино кардан ҳатто барои фарзанди шоири хеле шинохта ҳам дар он даврон кори саҳл набуд. Дар аввал ман низ мисли кулли ҳунармандон ба мушкилиҳои зиёд рӯ ба рӯ гаштам. Дар Болливуд муддати хеле зиёд дар нақшҳои дуюмдараҷа ширкат кардам. Яке аз коргардонҳоро баландии қаду қоматам, ки дар он даврон наздикии 2 метр буд, писанд намеуфтоду дигареро тарзи роҳгардиям ва ҳоказо. Вале бо вуҷуди ин ман умедро аз тинати худ дур намекардам. Ва ниҳоят ба орзуҳои дурпарвози худ расидам. Ман ин мисолҳои болоро аз ҳаёти худ барои он овардам, ки насли ҷавону соҳибистеъдод ҳеҷ гоҳ нияту орзуҳои дар пеш гузоштаи худро поймол накунанд, зеро Парвардигор собиронро дӯст медорад маҳз дар натиҷаи сабру таҳаммул мо ба мақсуди дили хеш хоҳем расид.

АМИТАБХ ДАР ДАМИ МАРГ

-Гуворотарин лаҳзаи зиндагиатон кадом аст?

-Соли 1982 буд, ҳангоми ба наворгирии филми «Сооlie», зимни иҷрои мустақилонаи як машқи душвор ҷароҳати ҷиддӣ бардоштам. Дар натиҷа таи чанд моҳ дар бистари беморӣ будаму табибон барои наҷоти ҷони ман мубориза мебурданд. Ба гуфти шоҳидон дар ин рӯзҳои бо марг дар набард буданам паси дари утоқи бемористон, ки ман бистарӣ будам, ҳамарӯза мухлисони бешуморам, ки аз тамоми гирду атроф ҷамъ омада буданд, ҳамроҳи табибон аз Парвардигор талаби шифои маро мекарданд ва охирин дороии худро ба бечорагон ҳадя мекардаанду дар ивазаш дуои ҷони маро мехостаанд. Пас аз шифо ёфтан шунидани ин хабарҳо маро мутаҳайир сохтанд. Шояд маҳз илтиҷои онҳо ба гӯши Худованд расид, ки ман боз рӯи саҳнаи зиндагиву ҳунар қадамҳои устувор мениҳаму чеҳраи пурмеҳру азизи онҳоро мебинам. Ва то ҳол маҳз ана ҳамин маҳбубияту самимияти эшон маро ба зиндагиву атроф ва санъат дилгарм месозад.

АБХИШЕКРО САВОЛИ РӯЗНОМАНИГОРОН АСАБӣ МЕКУНАД

Абхишек Баччан низ пайванди ин оилаи хушбахт буда дар муҳити ҳунар ба камол расидааст. ӯ 5 феврали соли 1976 ба дунё омада, таҳсили худро дар Аврупо, аниқтараш дар Швейтсария оғоз намудаааст. Дар он ҷо ихтисоси маркетологро гирифта бошад ҳам, аммо ба пайроҳаи падару модар қадам ниҳода дар ҷодаи ҳунар муваффақ ҳам гардидааст. Нақши аввалини хешро дар филми «Гурезаҳо» бо Карина Капур бозида, ба зудӣ маҳбуби дили бинандагон гардид. То имрӯз нақшҳои зиёди ҷолиб низ офарида бошад ҳам, боз аз худ қонеъ нест ва орзу дорад, ки дар филми боевик нақши нав офарад. ӯ дар оғоз бо Каришма Капур аҳди муҳаббат баста, ҳатто маъракаи фотеҳаро гузаронида буданд. Аммо ин муҳаббат ба нокомӣ анҷомида, боиси малоли хотири оилаи Баччанҳо ва Капурҳо гардида буд. Инак ин ҷавони нозанини соҳиби маҳорати баланди ҳунарӣ Абхишек ба маликаи зебоиву нафосат Айшвария Рай издивоҷ намуд. Чанде пеш, яъне каме пештар аз падар шудани Абхишек, рӯзноманигорон ба ӯ дар ин хусус савол доданду ӯ асабиёна мегуфт, ки «Ман дар ҷодаи ҳунар муваффақ ҳастам ва дар филмҳои хориҷӣ низ даъват гашта, нақш бозидаам. Имрӯз шумо бошед ба ҳаёти шахсии ман дахолат мекунед, ба мавзӯе, ки ба шумо таалуқ надорад, дахл карданро дӯст медоред. Рост аст, ки Айш ҳомиладор аст ва чанде пас мо волидайн хоҳем шуд ва инро тамоми дунё хоҳад фаҳмид. Ман, албатта, падари беҳтарини олам хоҳам шуд».

МАЛИКАИ ЗЕБОТАРИНИ ШАРҚ

Зебосанами ҳиндӣ, яке аз зеботарин бонувони олам, дорандаи ҷоизаи » Зебосанами дунё» (соли 1994) Айшвария- ин ном бо тамоми зебогиву назокаташ соҳибашро боз ҳам дилработар месозад. Имрӯз Айш (чихеле. ки пайвандонаш ном мебаранд) яке аз машҳуртарин бонувони ҳунар натанҳо дар Ҳиндустон балки дар тамоми сайёра мебошад. Санаи тавлидаш ба 1 ноябри соли 1973 рост меояд. Айшвария дар оилаи афсари баҳрӣ ва нависанда ба дунё омадааст. Зиёда аз панҷ забонро медонад.

АЙШ АКНУН МОДАР АСТ

Айшвария 20 апрели соли 2007 бо Абхишек Баччан издивоҷ бастааст. Тӯйи арӯсии бошукӯҳи эшон дар Мумбай қариб се рӯз давом кардааст. Зиндагии оилавии ин нозанин бо марди меҳрубону таҳамтан ба амсоли Абхишек хеле гуворо мегузарад. Тӯҳфаи беҳтарине, ки Айш 16 ноябри соли равон ҳадяи азизаш кардааст — духтарчаи зебояк мебошад. Падари ҷавон низ аз ин тӯҳфаи беҳтарини тақдир боли парвоз баровардааст. Хурсандии падаршӯи Айшвария Амитабх Баччанро бошад, ҳадду канор нест, зеро ӯ бори аввал бобо шудааст: » Ман бениҳоят хушҳолам, ки бобои ширинтарин тифли рӯи дунё ҳастам. Зеро чун ба наргисони хурдтараку шаҳлои ин ширинак менигарам, ба гумонам аз ӯ зеботар навзоде нест дар дунё ва ба гумонам дар оянда ӯ дар ҳусну ҷамол модари худро дучанд мегузаронад.»

Волидайни ҷавон зебосанами 38-сола Айшвария Рай ва марди орзуҳо Абхишеки 35-сола меҳри хурдтаракро байни ҳам тақсим карда наметавонанд:

Абхишек:
» Айш ҳамеша мегӯяд, ки чашмони зебояки мо ба ӯ монанд аст, лек ман бошам фикр мекунам, ки чеҳра, тарҳи рӯй ва ҳатто бинияш ба ман шабоҳат дорад.»
Айш:
» Ман гоҳе шӯхиомез мегӯям, ки духтарчаамон бузург шавад, мисли ман зебо мешавад (механдад), вале падари номуросояш бошад, мегӯяд, ки агар духтар зоҳиран мисли падараш бошад, хушбахт хоҳад шуд. Бигузор чунин бошад ва азизи дили ҳардуи мо хушбахттарини хушбахтҳо гардад».
Мо низ таманнои онро мекунем, ки ин ду ҷуфти муносибу зебо ҳамеша дар канори ҳам бошанду кабӯтари бахт болои боми манзилашон абадан лонаи худро гузорад.

ҶАЯ БАЧЧАН — НОЗБАРДОРИ СИТОРАҲО

Ҷая Баччан дар шаҳри Калкуттаи Ҳиндустон дар оилаи зиёӣ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Ҷая фаъолияти ҳунарии худро аз нақши хурде дар филми «Mahanagar» оғоз кардааст. Ҳарчанд, ки дар зебогиву назокат мисли ситораҳои Болливуд он қадар ҷаззоб набуда, қомати баланду чашмони рахшандаро соҳиб набуд, вале тавассути ақлу идрок ва дидаи бинои хирад тавонист, ки дар синамо мавқеи хосаи худро пайдо намояд. Ҳангоме Ҷая бори аввал Амитабхро мебинад, ба ин ҷавони хушқаду қомат ва хело ботамкин бо як нигоҳ ошиқ мешавад. Он замон Баччан танҳо қадамҳои аввалини худро дар роҳи ҳунар мениҳод. Шӯҳрати Ҷая бошад, ба авҷи само расида буд. Пас аз издивоҷ Ҷая муддате аз синамо дур мешаваду комилан худро ба тарбияи фарзандон мебахшад. Вале соли 1981, ҳангоме ки Амитабх хеле машҳур мешавад, нисбати оилаи онҳо овозаҳои гуногун паҳн мешавад ва Ҷая маҷбур мешавад, ки дубора ба синамо баргардаду бо ҳамроҳии шавҳараш дар филми «Ситсилия» нақш офарад ва ба ин тариқ бори дигар исбот созад, ки оилаи Баччанҳо мустаҳкаму устувор аст. Бояд гуфт, ки дар шӯҳратёр гаштани Амитабх саҳми Ҷая хело бузург аст. Ва дар баробари ин Ҷая завҷаи меҳрубону бофаҳму идрок аст. Дар ҳама лаҳзаҳои шодиву ғам, умеду навмедӣ, барору нобарорӣ ӯ шарику ғамхори шавҳараш буда, Амитабхро бениҳоят дӯст медорад.

Дилкушо

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст

Один ответ

  1. Хеле оли

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: