• Статистика

  • Blog Stats

    • 523,781 hits
  • Flag Counter

ЗУЛАЙХО МАҲМАДШОЕВА: МЕХОҲАМ МИСЛИ МАНИЖА БОШАМ

Зулайхо ва Манижа

Зулайхо ва Манижа

Имрӯзҳо шогирди мактаби Манижа Давлатова — Зулайхо Маҳмадшоева дар рӯйи саҳна аст ва бо сабку равияи ӯ месарояду ба қалбҳои ташнаи сурудҳои Манижа таскину тасаллӣ мебахшад. Мо ба ин ҷавонтарин ҳунармандаи эстрадаи тоҷик, ки ба хеле ҷавон буданаш нигоҳ накарда, аллакай маҳбуби дилҳо гаштааст, ҳамсӯҳбат гардида аз розу ниёзҳояш огоҳ гардидем ва ин сӯҳбатро пешкаши хонандагони азизи ҳафтаномаамон мегардонем.

-Аз оғоз мехостед ба ягон кас монанд бошед?

-Аз овони кӯдакӣ, яъне аз он рӯзе, ки худро шинохтаам ва ба маънии суруду мусиқӣ сарфаҳм рафтам, устод Манижаро  бо тамоми дил мепарастам ва хеле зиёд мехостам ба он кас ақаллан заррае монанд бошам.

-Мегӯянд, ки «дидадаро шав, ба дида ҷо шав». Шуморо чӣ гуна даст дода, ки ба дилу дидаи Манижа ҷой шавед?

-Ман, албатта, дидадаро ҳастам, ки ба дидаи устодам ҷой шудам.

-Агар Манижа дархости шуморо рад мекард, чӣ кор мекардед?

-Рости гап, навмед мешудам ва аз ҳунару ҳунармандӣ дилсард гашта, мумкин аст сароянда намешудам. Устод Манижа бо ризоияту дастгирии худ роҳи ояндаи маро муайян сохт ва дар ин ҷода аз сидқи дил раҳнамоям гашт. ӯ маро дилпур кард, ки метавонӣ сароянда бишавӣ. Вақте эҳсос кардам, ки ин ҳунарманди нотакрор дар ман заррае истеъдодро дарк намуд, дилпур гаштам ва дар ин пайроҳаи душвору заҳматталаб қадам ниҳодам.

-Шумо инсони хушбахтед, ки имрӯз байни мардум чун шогирди мактаби Манижа муаррифӣ мешавед, вақте дар тӯю маъракаҳо шуморо чунин ном мебаранд, чӣ ҳиссиёте фаро мегирад шуморо?

-Бовар кунед, ин ҳиссиёти шодӣ маро ба риққат меорад ва ҳатто аз чашмам ашк мерезад —  ашки шодию фараҳ. Ин бахти бузург аст, вақте туро чунин ном мебаранд. Ва ман хеле зиёд мекӯшам, ки ин номро сазовор бошам.

-Аз фардо чӣ умедҳо доред?

-Ҳар як инсон бо умеди рӯзи неки фардо ба пеш қадам мениҳад ва ҳар як ҳунарманд низ бо умеди расидан ба қуллаҳои баландтарини ҳунар кӯшиш мекунад. Ман ҳам орзуҳои зиёде дар дили кӯчаки худ дорам ва иншоолоҳ бо дастгирии устод Манижа ба орзуҳои дили худ хоҳам расид.

-Имрӯзҳо шумо ба чӣ ниёз доред?

-Албатта, ба дастгирӣ.

-Аз зиндагии имрӯзаи худ розӣ ҳастед?

-Бале, чаро розӣ набошам? Аз Худованди бузург барои атои ҳунар садҳо бор шукрона мекунам, ки ба нияти дар дил доштаам расидам. Дугонаҳои ҳамсолам мегӯянд, ки мо то ҳол дар фикри бозиву шӯхӣ ҳастем, аммо ту бошӣ пеш рафтаӣ ва дар фикри кору зиндагӣ ҳастӣ. Ин ҳарфашон боиси ифтихори ман аст.

-Ба мухлисони ҳунаратон чӣ таманниёте доред?

-Аз онҳо хеле зиёд миннатдорам, ки маро низ мисли устодам хеле самимона  қабулу қадрдонӣ карданд. Ман барои болидагии хотири онҳо ҳамеша   кӯшиш мекунам, то ки оҳанги дилчаспе ва таронаи пурмазмуне омода сохта пешкашашон намоям. Ҳамеша бахту иқбол ёрашон бошад. Хонаободу сарбаланду пирӯз бошанд. Соли нави имсола барояшон соли амалӣ гардидани тамоми орзуву ниятҳояшон гардад.

 АНДЕШАҲОИ МАНИЖА ДАВЛАТОВА ДАР

БОРАИ ШОГИРДАШ ЗУЛАЙХО МАҲМАДШОЕВА

 -Бисёриҳо суруди Зулайхоро шунида гуфтанд, ки ба Манижа монанд аст. Ба шумо низ гуворо буд шунидани он?

— Ҳар касе, ки назди ман бо як умеду ихлос меояд, ман наметавонам ӯро навмед созам.  Зулайхо духтари хуб аст, дар ниҳодаш меҳри ҳунар баланд аст.

Хурсандам, ки мактаби худро дорам ва сабки маро пайравӣ мекунанд. ӯ низ ин сабку услуби маро пайравӣ намуда, назди ман бо як муҳаббату ихлос омад ва ман инро аз чашмонаш эҳсос кардам. Эҳсоси қалби кӯчакаш дар чеҳраи беғубораш ҳувайдо буд. Ман эҳсос кардам, ки ин дилбастагии Зулайхо нисбати ман як ҳавасу худнишондиҳӣ набуда, болотар аз тамоми хоҳишҳо буд ва ӯ бо сад умеду орзу ба суроғи ман афтода буд ва дар назди худ мақсади конкретӣ дошт. Аз сидқи дил мехост, ки шогирди мактаби Манижа бошад.

— Оё шумо ӯро мисли як шогирд эътироф мекунед?

— ӯро на танҳо мисли як шогирд, балки мисли як фарзанд ва як хоҳар қабул кардам. Зулайхо бо муҳаббату ихлос ба кошонаи ман меояд, ман ҳам бо ҷону дил кӯмакаш менамоям. Чӣ қадаре ки аз дастам меояд, барояш дасти мадад дароз мекунам. Боз ҳам фикр мекунам, ки асоси муваффақиятҳояш дар дасти ӯст. Ба чизе ноил гаштанаш аз худаш вобастагӣ дорад.

Баъзеҳо ба худ монандро бубинанд, нороҳат мешаванд ва ҳисси бахилиашон бедор мегардад.

— Ҳар касе бахилӣ мекунад, ӯ аз худаш боварӣ надорад. Гумон мекунам бахилию нотавонбинӣ хислати бадтарини инсон аст ва Худованд низ чунин инсонҳоро дӯст намедорад. Шукри Оллоҳ мекунам, ки чунин ҳис дар қалби ман вуҷуд надорад. Қалби ман холӣ аз ҳама гуна бахилию кинаю адоват аст. Ба ҷойи он меҳру муҳаббат ва самимият бештар аст. Дар ин дунё ҳар як нафар ризқу насибаи худро дорад. Каси дигар ҳаргиз наметавонад насибаи дигареро соҳиб шавад. Ман аз ин иқдоми Зулайхо хеле мамнунам, ки ӯ бо равияи ман меравад ва давомдиҳандаи ҳунари ман аст.

— Санъати нотакрори шумо худаш дар дили ҳаводорони асилатон ҷовидонӣ аст. Меҳри ҳунари шуморо мардум дар дили худ барои якумрӣ ҷой додаанд. Барои шогирди худ Зулайхо чӣ таманниёте доред?

—   Бисёр мехоҳам, ки ӯ қадамҳои аввалини хешро дар ин ҷодаи мушкил устуворона ниҳад ва муваффақ бошад. Мехоҳам Зулайхо ва ҳар як наврасе, ки соҳиби истеъдод аст, ба орзуи дили худ бирасад ва дар ҷодаи ҳунар мавқеи хешро пайдо намояд. Албатта, дар олами ҳунар рақобати носолим вуҷуд дорад ва дар ин рақобат танҳо шахси дар ақидааш устувор ва оне, ки мақсади худро медонад, яъне нияти фатҳи қуллаи баландтарини ҳунарро дорад, метавонад тоб орад. Ман ба Зулайхо ҳамеша мегӯям, ки саросема нашавад. Сабур бошад ва ин сабурӣ дар ҳунар аз ҳама муҳим аст.

—   Зеро сабр пешаи оқилон аст. Бештар ба мазмуни суруд аҳамият диҳад ва танҳо маъниҳои баландро интихоб намояд. Вазифаи ман чун як устод маслиҳати дуруст додан аст. Агар ӯ маро дуруст фаҳмаду аз рӯйи ин гуфтаҳо амал намояд, бурди ӯст. Ман наметавонам ба нодурустӣ чашм пӯшаму ҳар чизи нодурустро дуруст гӯям.  Вақте ман сурудеро интихоб мекардам, ҳеҷ гоҳ саросема намешудам. Он суруд муддате дар ниҳонхонаи қалби ман маскун мегашт. Он дар ниҳоди ман зиндагӣ мекард ва шарики ғаму шодиям буд. Ман онро муддатҳо дар андешаҳоям таҳлил мекардам.

—   Ман аз суруду суруд аз ман мешуд ва сипас он рӯйи кор меомад. Ба андешаи ман чунин суруд умри абадро дорад.

Дилкушо

 Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст

комментария 2

  1. вы мне нравитесь

  2. МАН БА МАНИЖА ДАВЛАТОВА САЛОМИ ХУДРО РАСОНИДАНИАМ МАН МУХЛИСИ АШАДИИ У МЕБОШАМ (926-346-63-01)(988-48-88-89

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: