• Статистика

  • Blog Stats

    • 523,781 hits
  • Flag Counter

Нозия ва Муҳаммадрафии Кароматулло: «ПАДАРРО УСТОДИ МАЪНАВИИ ХЕШ МЕҲИСОБЕМ»

Нозия ва Мухаммадрафи Кароматулло

Нозия ва Мухаммадрафи Кароматулло

Имрӯзҳо номи  ин ду ҳунарманди беназир — Нозия ва  Муҳаммадрафӣ  вирди забонҳо гаштаву шӯҳрати ҳунарашон то дуриҳои дур расидааст ва дар тамоми чорабиниҳо, консертҳои бошукӯҳи давлатӣ мисли гули сари сабади маҳфилҳо ҳастанд, ки  боиси хурсандии мост. Ин ду нишони ҷовидонии ҳунарманди нотакрори Шарқ Кароматуллои Қурбон сабку суруди падарро зинда медоранд ва қалбҳои реши мухлисони ҳунари ӯро тасаллӣ мебахшанд. Мо дар арафаи Соли нав бо ин ду ҳунарманди соҳиби овози дилпазир дар сӯҳбат гардида, онро дар кафи нигоҳи ту,  хонандаи азиз, мисли армуғони солинавӣ мегузорему итминон бар он дорем, ки табъат болидаву идона хоҳад гашт.

— Падарро устоди маънавии хеш меҳисобед?

 

-Бале падарҷонамон устоди маънавии мо мебошанд. Аз рӯзе, ки чашм ба олами ҳастӣ боз намудаем, овози он касро мешунавему меомӯзем.

 

— Даҳ сол пеш аз ин фикр мекардед, ки чунин шӯҳрат насибатон мегардад?

 

— Албатта, ҳар нафаре, ки дар ҷодаи ҳунар қадам мениҳад, шӯҳратманд гаштанро орзу мекунад. Мо ҳам пеши худ мақсад гузошта будем, ки шӯҳратманд шавем. Шукри Худованд мекунем, ки каме бошад ҳам, ба ин ҳадафи хеш расидем.

— Ягон хотироти некеро аз айёми падардорӣ нақл мекардед.

 

Нозия: — Дар ёд дорам, вақте хурдакак, тахминан чорсола будам, падарам маро ба боғча мебурданд. Ҳаво ниҳоят сард  ва барфи зиёде борида буд. Ман ҳарчанд баҳона мекардам, ки ба боғча наравам, вале модарам маҷбур карданд. Вақте ки мо ба сӯйи боғча равон шудем, баногоҳ дастам аз дасти падарҷонам раҳо гардида, ба замини лойнок афтодам. Палточаи ман пури лой шуд ва дигар илоҷи ба боғча бурданам набуд. Он лаҳза падарам гуфтанд : «Ана, духтаракам, ба мақсадат расидӣ, акнун меравем ба хона». Ва ин лаҳза хеле хуб дар хотири ман нақш бастааст.

 

Муҳаммадрафӣ:- Хотироти лаҳзаҳои кӯдакии ман зиёданд, аммо як лаҳзааш бароям фаромӯшношуданӣ аст. Боре падарам маро ба тӯйи як дӯсташон ҳамроҳ гирифтанд. Он ҷо ҳунармандони зиёде иштирок доштанд. Чун навбати рақсу сурудхонӣ расид, ҳангоми сурудхонии дӯсти наздики падарам овозхони шинохта Субҳони Саид нафаре ману падарамро ба рақс даъват намуд. Ман, ки дар хурсолӣ хеле шармгину камгап будам, падарҷонам рақсидани маро дида ба риққат омаданд ва аз чашмашон ашки шодӣ ҷорӣ шуд.

 

—  Мардум бар он ақидаанд, ки консерти соли гузашта пешниҳодкардаатон шуморо байни ҳаводоронатон боз ҳам маҳбубтар гардонид, ба ин ақида розӣ ҳастед?

 

Нозия: -Аз рӯзе, ки ба саҳнаи ҳунар по гузоштаам, маро ҳамчун духтари овозхон Кароматуллои Қурбон ҳама мешинохтанду хеле хуб қабул мекарданд. Аз Яздони пок шукргузорам, ки кӯшишу эҷоди пайваста ва заҳматҳоям беҳуда нестанд ва аз ҷониби мардум қадр карда мешаванд. Бо вуҷуди ин, аз худ пурра қаноатманд нестам ва ҳамеша дар пайи талошу ҷустуҷӯ ҳастам, ки барои мухлисони азизам таронаҳои беҳтарин ва ба дилашон наздикро пайдо намуда, пешкаш созам.

 

-Даҳ сол пеш аз ин фикр мекардед, ки чунин шӯҳрат насибатон мегардад?

 

Муҳаммадрафӣ: -Ман орзу доштам, ки шӯҳратманд гардам ва пеши худ мақсад гузоштам, ки барои расидан ба ин орзу талошу кӯшиш хоҳам кард. Шукри Худованд, ки каме бошад ҳам, шӯҳратро ба даст овардам ва ба ҳадафи хеш расидам.

 

— Фикр мекунам, ба ҷуз суруду оҳанг боз чизе менависед? Зеро имрӯз ситораҳои олами ҳунари Руссия ва давлатҳои дигар  ба навиштани китоби ёддоштҳояшон пардохтаанд. Шояд дар бораи падар чизе менависед?

 

Нозия: -Модарҷонам китобе бо номи «Хотираҳо»-ро дар бораи падарам навишта истодаанд ва ман он касро ҳамроҳӣ хоҳам кард.

— Боз кай нияти консерт доданро доред?

 

Нозия: -Айни замон машғули таҳияи албоми нави худ ҳастам ва ният дорам, ки дар соли 2012 барои ҳаводорони хеш консерти гуворову хотирмон пешкаш созам.

 

ӯстони падаратон хеле зиёданд, аммо шумо бештар киро дӯсти беҳтарини падар меҳисобед?

 

Муҳаммадрафӣ: -Албатта дӯстони падарам  зиёд буданд, лекин мутаассифона шумораи ками онҳо бо оилаи мо рафтуомад доранд.

 

-Шумо шогирд доред? 

 

Нозия: -Ман худ ҳоло шогирдам.

 

— Зиндагиро чудо аз эҷод тасаввур карда метавонед?

 

Муҳаммадрафӣ: -Ман зиндагиро бе касбу ҳунарам, яъне бе санъат тасаввур карда наметавонам. Ин ҳарду бо ҳамдигар сахт марбутанд.

 

— Метавонед ишқро аз ҳунар болотар тасаввур кунед?

 

Нозия: — Агар ишқи ҳақиқӣ бошад.

 

— Худро дар Тоҷикистон озодтар ҳис мекунед ё дар хориҷи кишвар?

 

Нозия: -Шахсан ман танҳо дар ватанам — Тоҷикистони азиз, дар назди аҳли хонавода ва наздикону пайвандон худро бароҳату озод ҳис мекунам.

 

-Кадом ҳунармандро метавон хушбахт номид?

 

Муҳаммадрафӣ: -Он ҳунармандеро, ки ҳунари асил дорад ва аз тарафи халқ эътирофу қадрдонӣ карда шудааст.

 

-Имрӯзҳо пайравони сабки Кароматулло рӯз аз рӯз зиёдтар шуда истодаанд. Ин ба шумо гуворо аст ё нороҳататон месозад?

 

Нозия: -Албатта, гуворо аст. Ин гувоҳи ҷовидонӣ будани сабку услуби падар ва маҳбубияти он кас байни ҳаводорони ҳунарашон аст. Аз ин хурсанд мешавам ва ифтихор мекунам, ки фарзанди чунин шахси бузург ҳастам.

 

ӯҳратманд будани номи падар шуморо дар ҳар куҷо барои иҷрои корҳо кӯмак мерасонад ё  баръакс?

 

Муҳаммадрафӣ: -Албатта, номи падари бузургворам дар ҳар куҷо моро раҳнамову мададгор аст. Аммо ман танҳо такя бар он надорам, ки аз шӯҳрату номи падар зиёд истифода намоям. Ман ҳам кӯшиш мекунам, ки мисли падарам меҳнати зиёде намуда байни мардум маҳбубият пайдо кунам.

 

 -Гуворотарин лаҳзаи зиндагии шумо?

 

Нозия: -Гуворотарин лаҳзаи зиндагӣ бароям он рӯз аст, ки дар иҳотаи аҳли оила ва дар саҳнае, ки маро он ҷо мухлисони зиёд интизоранду хуш пазироӣ мекунанд, бошам.

 

-Барои шумо дар ҷойи аввал оила меистад ё ҳунар?

 

Муҳаммадрафӣ: -Ҳарду барои ман дар ҷойи аввал меистад.

 

— Модар барои шумоён чӣ гуна мавқеъ доранд?

 

-Модар бароямон мавқеи бениҳоят бузург доранд. Баъди аз дунё рафтани падар он кас барои мо ҳам қарзи падарӣ ва ҳам модариро адо карданд.  Моро дар ҷодаи ҳунар раҳнамоӣ намуда рӯҳи поки падарамонро шод намуданд. Месазад, ки назди чунин модари бузург сари таъзим фуруд орему бигӯем: «Аҳсант ба шумо, модарҷони беҳтар аз ҷон»!

 

— Аз соли 2012 чӣ умедҳо доред?

 

Нозия: -Орзуманди онам, ки Соли нави 2012 барои ҳар яки мо соли бобарор ва амалӣ гардидани орзуҳо бошад.

 

Муҳаммадрафӣ: -Умедворам, ки дар соли 2012 консерти навбатии худро пешкаши мухлисони азизам гардонам.

 

Дилкушо

 Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст

%d такие блоггеры, как: