• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,359 hits
  • Flag Counter

Фарзонаи Хуршед: КУДАКИИ ШИРИН ДОШТАМ…

Фарзонаи Хуршед

Фарзонаи Хуршед

Хонандагони азизи ҳафтаномаи мо сарояндаи писанди дили хеш, ҳунарманди хушсалиқа Фарзонаи Хуршедро дер боз мунтазир буданд. Зангҳои бешумору дархостҳояшон тариқи интернет гувоҳи беқарории мухлисони асили Фарзона буд. Онҳо хеле зиёд донистан мехостанд, ки айни замон ин ҳунарманди маҳбубашон ба чӣ шуғле андармон аст ва саломатии модари ӯ—  устоди ҳунар Сурайё Қосимова дар кадом ҳолати аст. Мо низ тасмим гирифтем, ки бо ин духти нозанин ҳамсӯҳбат гардида, ба ҳамаи саволҳои мухлисон посух биҷӯем ва фишурдаи он сӯҳбати гувороро ба онҳо пешкаш созем. Фарзона низ бо лутфу меҳрубонӣ ва одоби сухангӯии ба худ хос ин хоҳиши ҳаводоронашро пазируфта, моро аз сӯҳбати гарму нармаш қаноатманд сохт.

 

— Беҳтарин тӯҳфае, ки ҳамеша интизораш ҳастед?

 

— Барои ҳар як инсон беҳтарин тӯҳфа ин ҳарфи нарму гуворо аст. Агар кулли дунёро тӯҳфа намоянду ҳарфи хуше нагӯянд, он тӯҳфа арзише надорад, албатта. Бароям тӯҳфаи беҳтарин ин озодӣ аст. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол зиста, нафаси озод кашидан бароям гаронбаҳотарин тӯҳфа аст.

 

— Аз хурдӣ чӣ гуна зиндагиро орзу мекардед? Оё ин орзуятон амалӣ гардид?

 

— Падару модари меҳрубон дорам, ки байнашон ҳеҷ гоҳе якдигарнофаҳмӣ вуҷуд надорад. Меҳру муҳаббати байни онҳоро дида, ҳавасам меояд ва чунин зиндагиро орзу дорам. Меҳри волидон, хоҳарони дилсӯз ва додарчаву хоҳарзодаҳои ширинам нисбати ман беандоза аст. Агар бори дигар насиби зиндагӣ мешуд, дар чунин оила ба дунё омаданро орзу мекардам.

 

— Кадом лаҳзаи кӯдакиро хеле хуб дар хотир доред?

 

-Метавонам бигӯям, ки кӯдакии хеле ширину гуворо доштам ва аз ҳама тифли нозпарвари волидонам будам. Ҳамеша ҳамроҳи модарҷонам мегаштам ва хеле барвақт бо айёми тифлӣ хайрухуш карда ба олами калонҳо ворид гаштам. Яъне дар 12-солагӣ аллакай рӯйи саҳна омада будам. Ман, ки ҳамеша ҳамроҳи модар будам, мушкилии ба сарам омада ба он кас гаронӣ кард.

 

-Имрӯзҳо саломатии апаи Сурайё хуб аст?

 

— Бале, шукри Худованди меҳрубон, имрӯзҳо саломатиашон нисбати пешина хеле зиёд рӯй ба беҳбудӣ овардааст. Барои ҳар як бандаи мусулмон пеш аз ҳама Парвардигор бузург аст, пас аз он падару модар. Фикр мекунам, ки танҳо ман чунин модари анису ғамбарору парастор дорам.

 

— Дар зиндагӣ боз чизи дигаре метавонад ҳунару эҷоди шуморо иваз намояд? 

 

— Сароянда шудан дар насибу тақдири ман будааст. Аз айёми наврасӣ ҳеҷ фикр намекардам, ки ҳунарманд мешавам. Аслан табиб ё худ дипломат шуданӣ будам. Соли 2000 дар консерти модарам бо номи «Аз Сурайё то Сурайё» бори аввал дар 11-солагӣ суруди «Борон бибор»- ро сароидам. Ин бори нахустин рӯйи саҳнаи бузург омаданам ва ҳам барои модарҷонам «сюрприз»-и ман буд ва роҳи ояндаи маро муайян сохт. Худ нафаҳмида мондам, ки чӣ тавр калон шуда мондам  ва сарояндагӣ пешаи ман гардид.

 

Барои таҳияи албом ва клипҳоятон айни замон кӣ шуморо мададрасон аст, яъне продюссерӣ дорад?

 

— Айни замон продюссери мусиқии ман ҳунарманди беназир Ҳабиб Ҳакимов мебошанд. Мададрасони ҳар як инсон аввал Худованд аст. Барои ман ҳам аввал Кирдигор, сипас падару модарам ва инчунин як дӯсти хеле хубе дорам, ки дар ҳамаи маврид  дастгиру мададгори ман аст.

 

— Мумкин аст ӯро муаррифӣ кардан?

 

— Бигзор махфӣ бошад. Ба ҳеҷ чиз нанигариста, ӯ маро мисли як бародар кӯмаку дастгирӣ мекунад. Агар ман ҷавоби ин ҳама некиҳояшро гардонда натавонам, бигзор аз Худо барои ӯ офияту некӣ бирасад.

 

-Кадом ҳодисаи зиндагӣ ба шумо сахт таъсир расонда хастаатон месозад ва ҳатто барои эҷод таъсири манфӣ мерасонад?

 

— Пеш аз ҳама бемории модари беҳтар аз ҷонам, сипас хиёнати дӯст хаставу ранҷурам месозад.

 

 —  Айни замон ба чӣ шуғле андармон ҳастед?

 

— Чӣ тавре ки дар боло қайд кардам, пеш аз ҳама дар пайи парастории модар ҳастам. Ба ҳама маълум аст, ки модари азизам муддати зиёде аст, ки беморанд. Фикр мекунам, ки агар умре модарро дар болои сари худ бигардонам, боз ҳам барои он кас кам аст. Зеро тамоми буду набудам модарам аст. Ҳамаи он заҳматҳое, ки модарҷонам барои мо фарзандонашон кашидаанд, ба як ҷаҳон меарзад ва баргардондани он мушкил аст. Модарон бузурганд, аз ин хотир муҷассамаи модарро бо он бузургӣ сохтаанд.

 

— Аз чӣ парҳез мекунед?

 

— Аз дурӯғу хиёнат ва ҳар он чизе, ки дар Қуръони карим лоиқи парҳез нишон дода шудааст, аз он мепарҳезам.

 

— Байни шумо ва Шабнам рақобат вуҷуд дорад?

 

— Ҳаргиз не. Умуман байни мо рақобат вуҷуд надорад.  Вай маро на танҳо чун хоҳар, балки мисли як дӯст ва дугона аст, ки дар ҳама ҳолат мефаҳмад ва дастгириам мекунад. Агар субҳ аз хоб хеста ғизое тановул накунам, аз гулӯи Шабнам низ чизе намегузарад.

 

— Ягон сурудро бо Шабнам якҷоя сароидан дар нақшаатон ҳаст?

 

— Ин суруди якҷояро мо аллакай сароидем. Рӯзи 3-уми декабри соли 2011 дар шаҳри Ню-Йорк зимни сафари ҳунарӣ , ки бо дастгирии ширкати продюссерии «Дафин-Интертейнмент» сурат гирифт, ману Шабнам якҷоя суруд хондем.

 

— Чӣ суруд буд он ва муаллифаш кист?

 

— Суруд  «Пеши Фарзона буро»  ном дошта ба қалами Орзу Исоев  тааллуқ дорад ва ба он Ҳабиб Ҳакимов оҳанг бастааст.

 

— Ба фикри шумо ба як нафар бонуи дар ҷодаи ҳунар муваффақ шарт аст, ки боз ҳунарҳои дигари кадбонугиро аз худ намояд?

 

— Бале, ҳар як бону новобаста аз касбу кори худ ба умеди техникаи ҳозиразамон нашуда, бояд аз тамоми кору бори рӯзғордорӣ  бархурдор бошад. Рӯзе шояд тасодуфан барқ хомӯш мешавад ва кас дар ҳолати ногувор меафтад. Фикр мекунам, ки бону бояд чуноне бошад, ки марди ӯ тавонад бигӯяд:»Беҳтарин зан зани худам аст».

 

—  Имрӯзҳо ба чӣ ниёз доред?

 

— Метавонам бигӯям, ки ба чизе ниёз надорам, ба ҷуз дастгириву қадршиносии мухлисони азизам.

 

— Таманниёти шумо ба мухлисони ҳунаратон?

 

— Орзу дорам, ки барои мухлисону ҳаводорони арҷмандам ва кулли мардуми азизи кишварам соли нави 2012 соли бобарор ва амалӣ гардидани орзуҳои некашон бошад. Таманнои онро дорам, ки ҳар як зани тоҷик соҳиби бахти худ бошад. Дар ин дунё ҳама чиро бо пул харидорӣ карда мешавад, аммо бахтро намефурӯшанд. Бигзор Худованд барояшон бахти безавол ва тани сиҳатро ато фармояд. Ва гуфтаниам: «Мухлисони гиромиқадр! Маро интизор бошед, хеле зиёд дӯстатон медорам, интизори пазироии гарму дастгирии шумоям! Беҳтарин таронаҳоро баҳри болидагии қалбу рӯҳи шумо омода намуда истодаам ва дар наздиктарин фурсат пешкашатон хоҳам кард. Фарзонаи шумо ҳамеша бо шумо аст! Тансиҳативу хонаободӣ ва осудаҳоливу хушбахтии шуморо ҳамеша аз даргоҳи Худованди бузург дар талабам! »

Дилкушо

 Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст

Один ответ

  1. Чавобхои Шумо хело хуб буданд вале гуфтед ки ончи дар куъон гуфтааст итоат мекунед Аммо нимурен дар сахна дар назди мардум баромад кардан дар кучои куръон бошад?

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: