• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,359 hits
  • Flag Counter

Боғигул Саидова: «ФАРЗАНДОНАМ БОИСИ ИФТИХОРИ МАНАНД»

Богигул Саидова

Богигул Саидова

Боғигул Саидова ҳанӯз аз хурдӣ, аз айёми мактабхонӣ дар ҳамаи маҳфилҳо суруд мехонд  ва дар олимпиадаҳои фаннии  мактаби рақами 10-и пойтахт  фаъолона ширкат меварзид. Дертар дар  ансамбли тарона ва рақси «Машъал»-и назди  Хонаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе шомил гардид. Садои гӯшнавозу дилнишин дорад ӯ ва сабки ба худ хосаш мардумро зиёдтар ба сӯйи худ мехонад. Ӯ ҳамонест, ки бо таронаи «Зиндагӣ»-и худ, ки бо сарояндаи равшанзамир Матлюба Раҳимова сароидааст, байни ҳаводоронаш бештар маҳбубият пайдо кардааст. Зеро ин суруд ифодагари дарди дили ду бонуи ҳунар буда, мардуми ҳунардӯстро мафтуни худ гардонидааст. Ин бонуи нозанин бо сабку услуби ба худаш зебанда ва нотакрор  ба саҳнаи ҳунар ворид гардида, бо тозабаёнии худ азизи дили ихлосмандони  ҳунараш гардидааст.

                                 

-Зиндагӣ чист аз нигоҳи шумо?

-Зиндагӣ маҷмӯаи талошҳову кӯшишҳост ва он ба инсон як навбат эҳдо мешавад. Ва кӯшиш бояд кард, ки  шоиста зист. Қуръон низ талқин менамояд, ки инсон мебояд аз ҳама зиштиҳои зиндагӣ озоду покиза бошад.

 

-Кадом чиз инсонро ба зиндагӣ дилгарм месозад?

-Эътиқод ба зиндагӣ, ба зинда будан, ба Худованди бузург ва худ, тавлиди фарзандон ва чандин ҳодисаҳои гуворои зиндагӣ касро дилгарм месозанд.

 

-Дар ҳолати озурдагиҳо рӯй ба чӣ меоред?

-Бештар суруд замзама мекунам. Ҳамин суруд маро аз хастагиҳо, дилмондагиҳо ва озурдагиҳо дур месозад. Агар кас иродаи матин дошта бошад, душвориҳо худ аз худ ӯро тарк мегӯянд.

 

 -Модари сахтгиред?

-Модари се писари нозанин ҳастам.   Ифтихор аз он дорам, ки Худованд ба ҳар сеи онҳо меҳри донишомӯзиро ба фаровонӣ додааст. Нахустфарзандам Наимҷон мутахассиси соҳаи компютер шуданӣ асту Сиёвуш табиб ва Шаҳзод орзуи актёр шуданро дар дил мепарварад. Фикр мекунам, вақте фарзандон касро мефаҳманд ҳоҷат ба сахтгирӣ намемонад.

 

-Муҳити оила метавонад ба рӯҳияи фарзанд таъсири манфӣ ё мусбат расонад?

-Албатта метавонад. Зеро фарзанд пайванди мост. Муҳити берун низ метавонад ба камолоти фарзандон таъсири бад расонад. Аммо ин таъсири муваққатист ва фарзанди инсони нек албатта ба асли худ бармегардад ба ақидаи ман.

 

-Ба андешаи шумо ишқи ҳақиқӣ вуҷуд дорад?

— Аввалҳо боварӣ надоштам, ҳоло бошад боварам ҳаст, ки ишқи ҳақиқӣ мавҷуд асту қалби ошиқони асилро таскин медиҳад ва ба дардҳояшон даво аст. Будани ишқ зиндагиро рангину гуворо  мегардонад ва дар дили кас нури умеду садоқатро бедор месозад. Умуман, медонӣ, ки касе ҳаст, туро дӯст медораду дар ҳама ҳолат мунтазират ҳаст. Бо боварии қатъӣ гуфта метавонам, ки ишқу муҳаббат воситаи пешрафти зиндагист.

 

-Бисёриҳо бар он ақидаанд, ки барои шахси ҳунарманд ҳатман нозбардоре лозим аст?

-Нозбардори ҳамаи  инсон баъди модар Худованд аст.

 

 -Агар айёми тифлиро пеши назар оред, бештар кадом лаҳзаҳо пеши назаратон ҷилвагар мешаванд?

— Хотироти ғамгине дорам аз он айём. Ҳанӯз дар айёми тифлиам, падари меҳрубонам олами ҳастиро падруд гуфта, моро аз навозиши дастонашон маҳрум сохтанд. Шумо тасаввур карда наметавонед чӣ қадар душвор аст бе падар будан. Ва ман ҳанӯз дар сесолагӣ ин дардро дар қалби кӯчакам эҳсос намуда будам. Фикр мекунам, он ғаму андӯҳе, ки  мо фарзандони падар он замон доштем, агар ба кӯҳ андозӣ, кӯҳи бузург тиккаву пора мегашт. Азобҳои модарро дида, дили ман ҳам фиғон мекашид. Аз дасти тифл чӣ коре ҳам меояд ба ҷуз оҳу афсӯс. Ҳамаи он дарду озорҳо маро ба олами ҳунар овард ва онро тавонистам бо оҳанг тараннум созам. Имрӯзҳо шукрона дорам, ки ҳамааш паси сар гашта модарҷони азизам дуогӯи мананд.

 

-Модар дар зиндагии шумо чӣ нақше доранд?

-Модар дар зиндагии ҳар як фарзанд нақши муҳиме дорад ва муқаддасу беназир аст. Агар ҳар қадар барояш хизматгузорӣ намоем, боз ҳам кам аст ва ҳама ранҷу азобҳое, ки барои бузург кардани мо мекашад, ба сад ҷаҳон баробар аст ва фикр мекунам ҳеҷ фарзанде наметавонад онро ба модар баргардонад.

 

 -Пухтани кадом ғизо хеле хуб аз дастатон меояд?

— Албатта, ҳар як бону новобаста аз касбу кораш бояд кадбонуи хуб бошад. Пухтани  ҳама гуна ғизо аз дастам меояд, аммо мантуро дар хонадони мо дӯст медоранду бо завқи махсус онро омода месозам.

 

-Мехостам таманниёти шуморо ба хонандагони ҳафтаномаамон расонам.

— «Дилкушо» ҳафтаномаи фароғатии писандидаву хонданибоби  оилаи мо мебошад. Бо писаронам  ҳамеша онро харидорӣ намуда, сканвордҳои ҷолибашро пур мекунем ва аз сӯҳбатҳои фарҳангиаш як ҷаҳон лаззат мебарем. Итиминон бар он дорам, ки хонандагони дигар низ мисли мо ба ин ҳафтанома эътиқоди зиёд доранд ва ҳар ҳафта нашри онро бесаброна мунтазир мешаванд. Бигзор кулли мардуми Тоҷикистони азизам ва хонандагони асили ин ҳафтанома хонаободу сарбаланду сиҳатманд бошанд ва ҳамеша бо «Дилкушо» бимонанд. Зеро  бо ин ҳафтанома танҳо дилашон кушодаву фараҳманд хоҳад гашт.

 

—  Сипосгузорам аз лутфи шумо ва хоҳони амалӣ гардидани орзуҳои некатон ҳастам.

-Саломат бошед.

Дилкушо

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: