• Статистика

  • Blog Stats

    • 523,781 hits
  • Flag Counter

Дилноза Каримова: «ХУШБАХТИРО БО МАБЛАҒ НАМЕХАРАНД»

Дилноза Каримова

Дилноза Каримова

Дилноза духтари шӯхдилу самимӣ аст ва ҳазлҳои гуворояш мисли садои дилнишинаш қалбу рӯҳи моро навозишгар аст. Метавонад табъи  касро ба таронаҳои дилангезу ҳазли намакинаш болида гардонад. Мо аҳд кардем, талабу дархостҳои хонандагони азизи ҳафтаномаамонро ба инобат гирифта, бо ин духти ҳунарманди хушовоз, ки маскуни Хуҷандшаҳр аст,  сӯҳбати телефонӣ намуда ба саволҳоямон посух бигирем ва онро бо камоли меҳр ба кафи нигоҳи ҳаводоронаш гузорем. Бо вуҷуди андаке худро нотоб эҳсос намудан, ӯ баҳонае пеш наоварда, ба саволҳои мо бо камоли майл ва хоксории ба худ хос ҷавоб гардонд.

 

-Барои хонандагони кунҷкоби ҳафтаномаи «Дилкушо» шунидани он аҷиб аст, ки Дилноза Каримова имрӯзҳо дар зиндагии худ чӣ тағйироти назаррасе дорад?

 

-Медонед, дар асл дар зиндагии ман тағйирот зиёд аcт. Аммо мехоҳам онро  дар мавриди дигар бароятон бигӯям. Фикр мекунам, шумо аввалин касе мешавед, ки аз беҳтарин рӯйдоди зиндагиам  кулли мухлисонамро огоҳ месозед.

-Ба андешаи шумо, хушбахтиро бо пул харидан мумкин аст? Барои он мепурсам, ки бисёриҳо ақида доранд, бе пул хушбахтӣ нест?

 

-Танҳо ба наздикӣ бовар намудам, ки хушбахтиро бо маблағ харидорӣ кардан номумкин аст. Вақте тамоми боигариҳои оламро дошта бошӣ, аммо шавҳарат меҳру муҳаббатро бароят дареғ дорад, он ҳама сарват дар назарат наменамояд. Ва баръакси он, агар рӯзгори хоксорона дошта бошию ёри маҳбуб ва тифлакони нозанин,  зиндагӣ зебову гуворо менамояд. Ман хушбахтиро дар сиҳатмандии падару модар ва наздикону пайвандонам медонам, бо вуҷуди он ки имрӯзҳо барои барқарор кардани саломатӣ пеш аз ҳама пул лозим.

-Ба кадом зангҳои телефонӣ ҳамеша ҷавоб мегардонед?

 

-Албатта, ба зангҳои наздиконам ҷавоб мегардонам. Ба бегонагон, ки баъзан аз ҳад мегузаронанд, ҷавоб доданро нолозим медонам.

-Кадом ширкати мобилии Тоҷикистонро қадр мекунед?

 

-Реклама карданро лозим намедонам.

-Кадом рафторест, ки шумо онро ҳеҷ гоҳ рӯйи саҳна намекунед?

 

-Саҳна бароям ҷойи муқаддас аст ва кӯшиш мекунам дар рӯйи он ҳеҷ гоҳ хоксориро аз даст надиҳам, либоси ғайри қобили қабул дар бар нанамоям ва кӯшиш мекунам то ҳадди имкон  аз фонограмма истифода накунам.

-Дар кадом мавзӯъ шӯхӣ карданро барои худ ноҷоиз мешуморед?

 

-Албатта, дар бораи Худо шӯхӣ карданро ба худ раво намебинам. Ҳамчунин дар бораи падару модарам ва пайвандонам ҳеҷ гоҳ шӯхӣ намекунам, гарчи худам духтари шӯхтабиатам.

-Кадом кори хайрест, ки мехоҳед то 40-солагиатон ба анҷом расонед?

 

-Ҳама кору рафтор вақту соати худро дорад. Ман одати аз ниятҳоям пешакӣ огоҳ карданро дӯст намедорам. Ниятҳои некам барои ба анҷом расонидани корҳои хайр зиёданд ва вақте амалӣ кардам, сипас аз онҳо ҳарф хоҳам зад.

-Кадом рафтори шумо писанди шавҳаратон нест ва кадом рафтори ӯ ба шумо номақбул аст?

 

-Фикр мекунам якравиам писанди он кас нест.

-Аз таронаи гуворои шумо дили бинандагон ба ваҷд меояд ва худи шуморо он лаҳза чӣ ҳиссиёте фаро мегирад?

 

-Медонед, барои таҳияи як суруд чӣ қадар заҳмату талош ба харҷ медиҳад шахси ҳунарманд. Ин ҳама худсӯзиву хуни дил гаштанҳо барои эҷоди як таронаи нав баробари ба саҳна баромадану аз тарафи мухлисон гарм қабул шудан фаромӯш мегардад. Ман он лаҳзаи болои саҳна будан аз пазироии гарми мухлисони азизам болу пар мегирам ва аз онҳо бештар ба ваҷд меоям.

-Дар зиндагӣ такягоҳи шумо кист?

-Такягоҳи ҳамаи мо бандагон Худованди бузург аст. Ҳама рӯзҳои зиндагӣ,  новобаста аз он ки чӣ гуна рӯҳия дорам, аз Худоҷон ва аз сидқи дил тани сиҳату ободии рӯзгор ва тинҷиву осудагии Тоҷикистону мардуми азизашро металабам ва Кирдигор ҳамеша мададгори ман аст.

-Соле, ки сипарӣ гашт, ба андешаатон бобарор буд?

 

-Ҳар як сол аз худ нақши некеро дар лавҳи хотири мо инсонҳо мегузорад. Бале, соли гузашта бароям бобарор буд ва дар он амалӣ гаштани орзуҳоямро дидам. Чандин сафарҳои ҳунарӣ, аз ҷумла моҳи август ба ш. Тошканд, октябр ба давлати Туркия ва моҳи декабр ба Федератсияи Россия сафар намудан эҷодиётамро ғанитар гардонид.

-Аз соли дар пешистода чӣ орзуву умедҳо доред?

 

— Инсон ҳамеша бо орзу зинда аст. Мақсади зиндагӣ аст орзу.Аз соли 2012 умедҳоям калон аст.  Орзуи аввалинам  ба нияти асосиам расидан аст. Дигар ин ки аз ҳамаи додаву нододаи Худоҷон шукрона мекунам. Мехоҳам тамоми инсонҳои рӯйи замин ба орзуи дилашон бирасанд. Мухлисони азизам ҳамчунин обод бошанду шукуфтадилу шукуфтарӯй ва ҳеҷ гоҳ рӯйи каму ғамро набинанд. Инчунин орзу дорам, санъату ҳунари тоҷик дар сатҳи аз ин ҳам болотар қарор дошта бошад.

— Саломат бошед ва  ба орзуҳои некатон бирасед.

— Ташаккур!

Дилкушо

Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: