• Статистика

  • Blog Stats

    • 523,781 hits
  • Flag Counter

РАНИ МУКҲЕРҶИ: «ДАР СОЛИ 2012 ИЗДИВОҶ ХОҲАМ КАРД»

Рани Мукхерчи

Рани Мукхерчи

Асрори зебогиаш: йога ва ғизои солим.  Дарозии қадаш: 157 см. Дар зиндагӣ муҳим аз ҳама: покии виҷдон.  Аз чӣ парҳез дорад: аз дурӯғ . Хӯроки дӯстдоштааш: ҳар он чизе, ки бо дастони модараш пухта шудааст. Филми дӯстдоштааш: «Black». 

 Тифли меҳрафзун

Рани — ин исми зебо барои дӯстдорони санъати асил ва ҳунари воло кайҳост, ки бегона нест. Рани худ зодаи муҳити фарҳангӣ буда, аз хурдӣ нисбати савту наво ва рақсу мусиқӣ бепарво набуд. Падараш, ки худ дар синамо ба ҳайси коргардон солҳои зиёд фаъолият намудаву аз душвориҳои ин соҳа то андозае ошно буд, сараввал барои ворид шудани ҷигарбандаш ба ин дунёи пуррақобату серташвиш монеъ буд. Вале меҳри беандозаи Рани нисбати ҳунар ҳатто қалби падари сахтгиру қавииродаро ором нагузошт ва дере нагузашта дар ин ҷода ӯро раҳнамо гашт. Имрӯз Рам Мукҳерҷи аз чунин духтари  ҳунарманду соҳибстеъдод ва шӯҳратёраш ифтихор дорад. Гузашта аз ин модари Рани бо овози ширадораш ба ҳайси овозхони пасикадрӣ дар синамо фаъолият мекард. Бародараш Раҷ Мукҳерҷи  ва  духтархолааш Каҷул низ аз аҳли синамо мебошанд. Санаи тавлиди ин паричеҳра ба 21 марти соли 1978  рост меояд. Ӯ дар яке аз мавзеъҳои бисёр зебои Ҳиндустон —  штати Банғола ба дунё омадааст.

 

Дидори тақдирсоз

Баъди хатми мактаби миёна худро пурра ба омӯзиши рақс мебахшад. Яке аз коргардонҳои хеле машҳури он даврон рӯзе дар толори рақс ин духтараки хурдҷуссаро дида ба ҳаракатҳои мавзун ва нигоҳи ҷозибадораш шефта гардида ӯро ба ҳамкорӣ даъват мекунад. Шояд ин дидор сабаб шуд, ки Рани имрӯз  яке аз ахтарони тобони самои беғубори олами синамои Ҳиндустон ба ҳисоб меравад. Аз синни 22-солагӣ инҷониб дар филмҳои зиёде нақш офаридааст, ки шумораашон то ин дам аз 50 гузаштааст. Филме, ки овозаи шӯҳрати Раниро то авҷи само расонид, «Вир ва Зара» мебошад . Гарчанде, дар ин филм ӯ нақши дуюмдараҷаро офарида бошад ҳам, вале маҳз дар саҳнаҳои ин филм мухлисон бори аввал ӯро ҳамчун бонуи ҷиддиву қавиирода пазируфтаанд.

 

Ҳаргиз ваъдахилофӣ накардаам

Рани хеле духтари боиффату меҳрубон ва покизарӯзгор аст. Дӯстонаш чун дар бораи ӯ ҳарф мезананд, албатта таъкид мекунанд, ки ӯ завҷаи вафодору модари ғамхор ва пойдевори хонадон хоҳад буд. Вале Рани худро ҳанӯз кӯдаки шӯху бебок ва паррандаи озод ҳисоб мекунад.

 

— Рани, хабарҳои охирин аҳли мухлисонатонро ором намегузоранд. Оё рост, ки дар соли нав Шумо ба падар ба ҳайси тӯҳфа ваъдаи издивоҷ бастанро кардед?

-Ба гумонам, аз Шумо журналистон чизеро пинҳон дошта намешавад. Дар хақиқат дар соли 2012 ба қиблагоҳам ваъдаи издивоҷ карданро додам, шояд ин сол соли амалӣ гардидани умеду орзуҳои кулли инсонҳои рӯи замин гардад ва шаҳзодаи хаёлҳои ман низ савори саманди орзуҳоям ба суроғам ояд.

 

— Агар ин шаҳзода ҳанӯз дар хоби ноз бошаду соли дигар ояд, пас Шумо ваъдахилофӣ мекунед?

-Не, боре ҳам ваъдахилофӣ накардаам, бахусус дар назди падар ҳарфи дурӯғ нагуфтаам. Мегӯянд, ки агар инсон бо тамоми ҳастӣ умед бандад, ба орзуҳои ниҳонияш мерасад. Муҳим аз ҳама дар зиндагӣ барои инсон ин ёри ҳамдаму ғамхор ва ҳамсафари ҳаётии  ҳамешагиро пайдо кардан аст. Мо ба қасри арӯсӣ на бо умеди бо шукӯҳу шаҳомат зистан, балки ба хотири як лаҳзаи хушбахтӣ ва ҳаёти осоишта қадам мениҳем. Ҷавҳари хушбахтӣ бошад, дар муҳаббат аст. Ман имрӯз метавонам, ҳазорон оилаҳои вайроншударо мисол оварам, ки маҳз бидуни муҳаббат бунёд гардидаанд. Имтиҳони қисмат баъзан ниҳоят сангин аст, баъзан дар танҳоӣ инсон қодир нест, ки ин имтиҳону санчишҳоро паси сар кунад.

 

— Шояд Шумо то ҳанӯз ба садоқати ҷавонмардон бовар надоред?

-Медонед, ки вафодорӣ бисёр бори вазнин аст, на ҳар кас тоқати бардошти онро дорад.

 

— Рани яке аз мухлисонатон аз  Калкутта суоли аҷибе  пешниҳод кардааст: оё аз Шумо зеботаре ҳаст дар дунё?

— Бале, хоҳарзодаам Миеша. Зебоӣ ин тӯҳфаи табиат аст ва шахс бояд пеш аз ҳама зебогии ботиниашро бо зебогии зоҳириаш мутобиқ созад. Ана, дар натиҷа инсон хақиқатан зебо мешавад.

 

— Мудоме, ки гап сари зебоӣ рафт, гуфтанием, ки чашмони ниҳоят зебо ва нотакрор доред. Асрорашон дар чӣ аст?

 

-Ба гумонам асрори зебогии чашмонамро бояд аз волидайнам бипурсид. Ва аз фурсат истифода бурда миннатдории худро ба эшон мерасонам. Дар оғӯши гарми худ ҳамеша маро бо меҳрубонӣ ба камол расонидаанд. То кунун танҳо бо дуои неки онҳо ман зиндаам. Ҳама комёбиву музаффариятҳо ва мукофотҳоям аз онҳост.

 

 Андешаҳои Рам Мукҳерҷи оиди духтараш:

-Рани аз хурди кӯдаки чусту чолок ва серкӯшиш буд. Ҳамеша аз пайи хонишу рақс ва омӯзишу талош буд. Имрӯз низ ӯ зиндагии худро бе синамо тасаввур карда наметавонад. Мисли тамоми падарони рӯи олам ман мехоҳам Раниро дар зери чодари арӯсӣ бубинам, табассуми малеҳу қадамҳои аввалини тифлаконашро бубинам. Вале ӯ ҳамоно аз синамо дил канда наметавонад. Дар соли ҷорӣ низ чун ҳамеша ҷадвали филмҳову нақшҳои меофаридааш аллакай дар рӯйи мизаш қарор дорад, вале боварӣ дорам,  ки дар ин соли накӯ ӯ орзуи деринаи волидонашро амалӣ месозад. Хеле шодам, ки ин хабар ба гӯши мухлисонаш расидааст ва онҳо хар лаҳзаву сония ба почтаи электрониаш номаҳо ирсол медоранд. Шояд маҳз ҳамин дастгирии маънавии ҳаводорони ҳунараш сабаб мегардаду ӯ ба остонаи бахт қадам мениҳад.

Дилкушо

 Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: