• Статистика

  • Blog Stats

    • 524,309 hits
  • Flag Counter

Саидаи Сироҷиддин: «РОЗИ ДИЛАМРО БА МОДАРАМ МЕГӮЯМ»

Саидаи Сирочиддин

Саидаи Сирочиддин

Саидаи Сироҷиддин муддати чанд сол аст, ки дар рӯйи саҳна бо сурудҳои дилнишину гуворояш дили ҳаводоронашро моили худ гардонда маҳбубият пайдо кардааст. Гарчи ӯро як суруди шӯхаш байни мардум  муаррифӣ  кард, имрӯзҳо шумораи сурудҳояш хеле зиёд гаштаву садои форамаш то дуриҳои дур расидааст.

 Саида соли 1989 дар Душанбешаҳр чашм ба олами ҳастӣ боз намуда  мактаби рақами 15-и пойтахтро хатм кардааст. Айни замон донишҷӯйи бахши эстрадии Консерваторияи Миллии Тоҷикистон аст ва назди устодони ботаҷрибаи санъат дарси ҳунару маҳорат меомӯзад. Садои гӯшнавози Саида мисли хониши булбулони кӯҳсор фораму дилпазир буда дили садҳо ҷавонро беқарор мекунад. Вале  ба саволи он ки: «Оё дили худи Саида ба касе моил гаштааст ё не», — инро хонандагони азизи мо дар ин саҳифа  метавонанд посух биҷӯянд.

 

-Соле, ки гузашт кадом нақшаи шуморо амалӣ кард?

-Аз он рӯзе, ки қадами хешро ба ҷодаи санъат гузоштаам, орзу доштам, ки дар Кохи Борбад консерти худро баргузор намоям. Ниҳоят 10-апрели соли 2010 дар рӯзи ҷашни зодрӯзам дар ин кохи бошукӯҳ консерти худро баргузор намуда ба орзуи дили хеш расидам. Албатта, ин яке аз нақшаҳои бузургам буд, ки амалӣ гардид. Нақшаҳои дигар бо хости Худованд амалӣ шуда истодаанд.

 

-Мухлисони кунҷкоби шумо бештар ба ҳаёти шахсии сарояндаи писандидаашон мароқ зоҳир мекунанд ва донистанианд, ки Саида фикри издивоҷро дар сар надорад?

-Рости гап, то ҳол инсоне, ки сазовори бовариам бошад, пайдо нашудааст, ки фикри издивоҷро бикунам.

 

-Мехоҳед, ки чӣ гуна ҷавон савори саманди орзуҳо ба суроғатон ояд?

-Аввал ин ки хиёнаткор набошад. Ҳеҷ чиз надошта бошад ҳам, лафзи пок ва дилу нияти тоза дошта бошад. Агар чунин рафторҳоро дошта бошад, аминам, ки  Кирдигор  барояш ҳама чизи боқимондаро хоҳад  дод.

 

— Хуб аст, ки аз аҳли ҳунар бошад ё муҳим нест?

-Аз аҳли ҳунар набошад, беҳтар аст.

 

-Рози дили хешро ба кӣ мегӯед? Умуман дугонаи наздики шумо кист?

-Рози диламро асосан ба модарҷони беҳтар аз ҷонам, ки бароям наздиктарин инсон ва анису ғамхору ғамгусорам ҳастанд, мегӯям. Ман хеле зиёд дӯстони самимиву наздик дорам. Аммо фикр мекунам, ки ба дӯстони ҷинси зан боварӣ намудан душвор аст.

 

-Ба шумо хиёнат кардаанд?

-Албатта, ҳатто дар ҳар як қадам ба хиёнат дучор гардидан мумкин аст. Аммо ҳаволаи он нафаронеро, ки нисбатам хиёнатро раво дидаанд, ба Худоҷон месупорам.

 

-Умуман, кадом рафтор шуморо хаставу озурда месозад?

-Ноҳақӣ ва дурӯягии мардум, хоса наздикон, маро озурда месозад. Агар бегонаҳо дар ҳаққат чӣ қадаре, ки овозаву  ҳарфҳои дурӯғ гӯянд, парво намекунӣ. Вале агар наздикон дурӯягӣ намоянд, сахт аламовар аст.

 

-Дар ин гуна лаҳзаҳои душвор бо чӣ қалби озурдаатонро таскин медиҳед?

-Ба интернет даромада бо дӯстони беғарази худ аз тамоми манотиқи олам дар тамос мешавам ва аз ҳарфҳои хушу тасаллибахши онҳо дилам таскин меёбад. Баъзан дарди дили онҳоро низ шунавида фикр мекунам, ки дар ҳама ҷо инсонҳои  дилозор будаанд, ки  касро озурда месохтаанд.

 

-Дар кадом давлати дунё будед?

-Ба Давлати Исломии Афғонистон сафари ҳунарӣ доштам. Ҳар сафаре, ки дошта бошам, мехоҳам танҳо сафари ҳунарӣ бошад. Зеро ҳаваси  сайру тамошо дар ман зиёд нест.

 

—  Чӣ гуна таассуроте боқӣ монд аз он сафар?

-Таассуроти нек боқӣ монд. Хеле хуб қабул карданд. Қариб ҳамаи сурудҳои маро аз ёд медонистаанд, ки вақти сароиданам ҳамовозӣ мекарданд.

 

-Барои лоғарбаданӣ заҳмати зиёд мекашед?

-Ҳамеша парҳез карда меистам. Агар ба парҳез риоя накунам, зуд фарбеҳ мешавам. Асосан ғизоҳои камкалория истеъмол мекунам.

 

-Бештар чӣ гуна таом истеъмол мекунед?

-Шавлаи биринҷии  беравғани обакӣ, ки бо чакка аралаш карда мехурӣ.

 

-Онро дар Панҷакент оши туруш мегӯянд.

-Бале, зимни сафари ҳунариам ба Панҷакент бароям оши туруши бахурёк оварданд, ки хеле зиёд писандам шуд. Он ҷо ба ҷойи сиёҳалаф хурёк ном гиёҳи табобатии хеле хуштамъро истифода мекардаанд, ки ба саломатӣ муфид аст. Умуман, мардуми диёри кӯҳистон аз гиёҳҳои шифобахш зиёдтар истеъмол  менамоянду саломатиашон нисбати шаҳрнишинон  беҳтар аст.

 

 -Марди идеалии шумо кист? Бо кӣ бечунучаро ба мулоқот мерафтед?

-Агар гӯям, ки инсони идеалӣ умуман нест, шояд дигарон бовар накунанд. Аммо дар асл мардҳои идеалӣ ангуштшуморанд.

 

 -Суруде доред, ки ифодагари зиндагиатон бошад?

-Оре, ин суруди нави ман «Таваллуди ишқ «аст, ки ҳамзамон номи  албоми навам аст ва Худо хоҳад, ба наздикӣ таҳия гашта ба дасти мухлисони азизам мерасад.

 

-Барои сӯҳбати гуворо сипосгузорам. Ҳамеша саломату пирӯз бошед.

-Ман ҳам аз ин фурсати муносиб истифода намуда, ба кулли хонандагони ҳафтаномаи писанди дилам «Дилкушо», ки дилкушои тамоми мардуми Тоҷикистон аст, ҳамаи хушбахтиҳои оламро таманно менамоям. Барояшон дар ин зиндагии душвор сабру тоқат ва кушоишҳоро орзу дорам.

Дилкушо

 Хангоми истифода аз маводхои блог истинод ба мачаллаи «Дилкушо» хатми аст

комментария 2

  1. Асалом алайкум Сайдай сирочиддин як савол ояду агар чавони базеб ба шумо аз тахти дил изхори мухаббат ва нияти хонадор шави кунад чиди намояд он чавон шумо рози мешавед?

  2. Чаро сайдахон дер дер баромад мекунеду шер ба майдон мебароед

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: